Ғазали «Лилладҳ-ил-ҳамд, ки он маҳ зи сафар бозомад»-и Ҷомӣ.

Лилладҳ-ил-ҳамд, ки он маҳ зи сафар бозомад, Нурам аз омадани ӯ ба басар1 бозомад. Аз нами дидаи соҳибназарон сӯи чаман Лолаву сунбули ӯ тозаву тар бозомад. Он ҷигаргӯша, ки чун ашк бирафт аз назарам, Хун шуд аз ғaм ҷигарам, то ба назар бозомад. Бандам аз ҷон камари бандагии ӯ, ки ба лутф Баҳри хунрезии ман … Читать далееҒазали «Лилладҳ-ил-ҳамд, ки он маҳ зи сафар бозомад»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад»-и Ҷомӣ.

Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад, Саҳрову шаҳр бар дили мо танг мекунад. Эй номабар, ба маҷлиси ӯ номи ман мабар, К-аз гуфтугӯи номи манаш нанг мекунад. Шарҳи камоли шавқ ҳамин бас, ки чашми ман Унвони ин саҳифа ба хун ранг мекунад. Ошиқ фишонда ҷон ба раҳи каъбаи мурод, Зоҳид нишаста пурсиши фарсанг мекунад. … Читать далееҒазали «Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Хоки кӯяшро пас аз куштан ба хунам гил кунед»-и Ҷомӣ.

Хоки кӯяшро пас аз куштан ба хунам гил кунед, Хонае созеду ҷонамро дар ӯ манзил кунед. Чун бирезад хуни ман ин бас дият, к-аз баъди қатл Гоҳ-гоҳе нисбати хунам ба он қотил кунед. Ҳайф бошад хуни ман дар гарданаш, баҳри Худо, Пеш аз он дам, к-ӯ кашад ханҷар, маро бисмил кунед. Тан агар бемор шуд, … Читать далееҒазали «Хоки кӯяшро пас аз куштан ба хунам гил кунед»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад»-и Ҷомӣ.

Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад, Тӯтӣ аз шаккар ривоят мекунад. Ҳар кӣ мегӯяд ҳадиси салсабил, 3-он лаби нӯшин киноят мекунад. Аз рақибон мекунад паҳлӯ тиҳӣ, Ҷониби моро риоят мекунад. Чашми шӯхаш мекашад теғи ҷафо, Лаъли ҷонбахшаш ҳимоят мекунад. Дур аз он лаб ҷон яке нолон най аст, «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»1, 3-он … Читать далееҒазали «Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Сароям ба хаёлаш ғазале»-и Ҷомӣ.

На ғизоле, ки сароям ба хаёлаш ғазале, Ё занам аз рухи хуршедмисолаш масале. На кариме, ки кунам фикри мадеҳаш, чу фитад, З-офати даҳр дар аркони маишат халале. На фасеҳе, ки ба бурҳони суханҳои латиф, Бошадам қуввати баҳсею маҷоли ҷадале. Тай шуд асбоби сухан, соқии гулчеҳра куҷост? Ки маи лаъл бувад, он чи надорад бадале. Май … Читать далееҒазали «Сароям ба хаёлаш ғазале»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Боз ҳавои чаманам орзуст»-и Ҷомӣ.

Боз ҳавои чаманам орзуст, Ҷилваи сарву суманам орзуст. Накҳати гулро чӣ кунам, эй насим. Бўе аз он пираҳанам орзуст. Тавба зи май кардаму омад баҳор, Соқии тавбашиканам орзуст. Ман кияму базми ту, лекин зи дур Дидани он анҷуманам орзуст. Зистанам бе ту муяссар мабод, Бе ту агар зистанам орзуст. Беш магў, Ҷомӣ, аз он лаб … Читать далееҒазали «Боз ҳавои чаманам орзуст»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Он ки бар гул гиреҳ»-и Ҷомӣ.

Он ки бар гул гиреҳ аз ҷаъди суманбўи ту баст, Риштаи ҷони маро дар шикани мўи ту баст. Таъна бар тўтии табъам мазан аз камсуханӣ, Ки бар ў роҳи сухан лаъли сухангўи ту баст. Лиллаҳулҳамд, ки ҷон мўътакифи ҳазрати туст, Гарчи тан бори иқомат зи сари кўи ту баст. Субҳу шаб дида набандам мани ғамдида … Читать далееҒазали «Он ки бар гул гиреҳ»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Аз ёри куҳан намекунӣ ёд»-и Ҷомӣ.

Аз ёри куҳан намекунӣ ёд, Ин пешаи нав муборакат бод! Фарёди касе намекунӣ гўш, Пеши кӣ кунем аз ту фарёд? Бо давлати бандагет ҳастем, Аз хоҷагии ду олам озод. Шояд, ки туро фаришта хонанд, К-ин лутф надорад одамизод. Он сўхта ёфт лаззати ишқ, К-аз васл нишон надиду ҷон дод. Аз шаккари ҷонфизои Ширин Парвез наёфт … Читать далееҒазали «Аз ёри куҳан намекунӣ ёд»-и Ҷомӣ.

«Муқаттаот»-и Ҷомӣ.

Муқаттаот Дар ин нишемани идбор1, Ҷомиё коре, Агар кунӣ на чунон кун, ки шармсор шавӣ. Ниҳоди чархи фалак чун зумуррадин кўҳест, Ки ҳар садо, ки бад-ў дар диҳӣ ҳамон шунавӣ. Басити2 рўи замин мазраи мукофот аст, Ки донае, ки дар ў афганӣ ҳамон даравӣ. —————— 1. Идбор – бахтбаргаштагӣ, бадбахтӣ. 2. Басит — паҳновар, фарох. … Читать далее«Муқаттаот»-и Ҷомӣ.

Тавзеҳи «Луҷҷат-ул-асрор»

Тавзеҳ Ин қасида машҳури ҳазрати Ҷомӣ низ ҷавобия аст ва он дар пайравии қасидаи «Дарёи аброр»-и Хусрави Деҳлавӣ эҷод шудааст. Матлаъи қасидаи Хусрави Деҳлавӣ чунин аст: Кўси шаҳ холиву бонги ғул-ғулаш дарди сар аст, Ҳар ки қонеъ шуд ба хушку тар, шаҳи баҳру бар аст. Матлаи «Луҷҷат-ул-асрор»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ин аст: Кунгури айвони шаҳ, к-аз … Читать далееТавзеҳи «Луҷҷат-ул-асрор»

«Луҷҷат-ул-асрор» ворид дар ҷавоби Хусрав аст.

«Луҷҷат-ул-асрор» ворид дар ҷавоби Хусрав аст Кунгури айвони шаҳ, к-аз кохи Кайвон бартар аст, Рахнаҳо дон, к-аш ба девори ҳисори дин дар аст. Чун саломат монд аз тороҷ нақди ин ҳисор? Посбон дар хобу бар ҳар рахна дузде дигар аст. Чист зарри ноб? — Рангин гашта хоке з-офтоб, Ҳар кӣ кард афсар зи зарри ноб, … Читать далее«Луҷҷат-ул-асрор» ворид дар ҷавоби Хусрав аст.

Тавзеҳи «Қасидаи шайбия»-и Ҷомӣ.

Қасидаи мазкур ҳасбиҳолӣ буда, бо оҳангҳои шиквоию иҷтимоии хосе рўи кор омадааст. Зеро шикваи шоир аз ибтидо то интиҳо аз тангии маишӣ нест, балки аз пирӣ, солхўрдагӣ, куҳансолист. Ҳадаф ҳамоно ғанимат донистани умр, баҳрабардорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёт, беҳуда нагузаронидани рўзгор, сарфи нафъи халқу ватан намудани умр, тезгузар будани ҳаёт, дурӣ аз ғафлатварзӣ, эҳтиёт аз … Читать далееТавзеҳи «Қасидаи шайбия»-и Ҷомӣ.

«Қасидаи шайбия»-и Ҷомӣ.

Қасидаи шайбия Сафед шуд чу дарахти шукуфадор сарам, В-аз ин дарахт ҳамин меваи ғам аст барам. Ба ҳам шукуфаю мева кӣ дид, турфа, ки ман Шукуфаро нигарам бар дарахту мева х(в)арам, Шукуфа дер напояд, шигифт аз он дорам, Ки дам ба дам зи замона шукуфаноктарам, Зи шири модари даҳрам зарар расид, на нафъ, Кунун шукуфакунон … Читать далее«Қасидаи шайбия»-и Ҷомӣ.

«Дар мавъиза аст ин қасида»-и Ҷомӣ.

Дигар аз қасидаҳои хеле ҷолиби Мавлоно Нуруддин Абдурраҳмони Ҷомӣ қасидаест таҳти унвони: «Дар мавъиза аст ин қасида». Мавзўи марказии он аз унвонаш пайдост, ки мавъизат, андарз, ҳикмат, панд, суханони ҳикматомез, насиҳатомез мебошад. Аммо ин ҳама дар қасидаи мазкур ба маънои оммафаҳми он нест, балки ба маънои панд ба соликон, насиҳат ба пайравон, андарз ба онҳоест, … Читать далее«Дар мавъиза аст ин қасида»-и Ҷомӣ.

«Ҷило-ур-рўҳ»-и Ҷомӣ.

Ин қасидаи Ҷомӣ дар пайравии қасидаҳои ҳамноми Хоқонӣ ва Хусрави Деҳлавӣ («Миръот-ус-сафо») эҷод шудааст, ки бо тақозои мавзўъ ва бардоштҳои ғоявӣ ирфонӣ-фалсафӣ буда, мавзўи такмили нафс ва камолоти рўҳ ва сайри манозили тасаввуфу ирфонро фаро мегирад. Қасида бо чунин матлаъ шурўъ мешавад: Муаллим кист? -Ишқу кунҷи хомўшӣ дабистонаш, Сабақ нодониву доно дилам тифли сабақхонаш. ва … Читать далее«Ҷило-ур-рўҳ»-и Ҷомӣ.

Қасоиди Ҷомӣ.

Эҷодиёти Ҷоми серсоҳа, гуногунжанр ва мухталифмавзўъ буда, дар достони «Хирадномаи Искандарӣ» чунин ишораи муфиде оид ба ин масъала дорад: Задам умре аз бемисолон масал, Сурудам ба васфи ғизолон ғазал. Ба қасди қасоид шудам тезгом, Баромад ба назми муаммом ном. Зи бечорагиҳо дар ин чорсўй, Ба назми рубоӣ шудам чораҷўй. Кунун кардаам пушти ҳиммат қавӣ, Диҳам … Читать далееҚасоиди Ҷомӣ.

«Рисолаи муншаот»-и Ҷомӣ

Рисолаи мазкур таҳти унвонҳои «Руқъаот», «Мактубот», «Муншаот» низ машҳур мебошад. Аз унвонҳои рисолаи мазкур пайдост, ки он асосан номаҳои навиштаи адиб ва номаҳои ба ӯ (ба Ҷомӣ) навиштаи дигарон ва аз ҷавоби номаҳо иборат буда, асосан аҳамияти шарҳиҳолӣ доранд ва аз сӯи дигар равобити адабию фарҳангии ҳазрати Ҷомиро ба муосиронаш нишон медиҳад. Ҳамаи номаҳои маҳфузмондаи … Читать далее«Рисолаи муншаот»-и Ҷомӣ

«Чиҳил ҳадис»-и Ҷомӣ.

«Чиҳил ҳадис»-и Ҷомӣ. Асари мазкур таҳти унвонҳои «Арбаъин», «Арбаъина ҳадис», «Тарҷумаи арбаъин», «Тарҷумаи чиҳил ҳадис», «Ҳадиси шариф» ва ғайра машҳур буда, онро Ҷомӣ соли 886 ҳ. (соли 1481м.) таълиф кардааст. Асари мазкур 40 ҳадиси Расули Акрамро (с) дар бар мегирад, ки Ҷомӣ онҳоро тарҷума кардааст. «Чиҳил ҳадис» аз як муқаддимаи кӯтоҳи мансур, чиҳил қитъа, яъне, … Читать далее«Чиҳил ҳадис»-и Ҷомӣ.

Осори бадеии Ҷомӣ.

Ба ин қисмати осори Ҷомӣ се девон, «Ҳафт авранг», «Баҳористон», «Чиҳил ҳадис» ва «Муншаот» дохил мешавад. Ҷомӣ тӯли 50 соли фаъолияти эҷодии хеш тавонистааст аз худ мероси серсоҳаву гуногунмавзӯъ боқӣ гузорад. Асарҳои бадеии Ҷомӣ: 1. Се девони ашъор, ки аз рӯи марҳалаҳои умри шоир унвонгузорӣ шудаанд: «Фотиҳат-уш-шубоб» (соли 1478), «Воситат-ул-иқд» (соли 1489), «Хотимат-ул-ҳаёт» (соли 1491). … Читать далееОсори бадеии Ҷомӣ.

Осори илмии Абдураҳмони Ҷомӣ.

Ба дандон рахна дар пӯлод кардан, Ба нохун роҳ дар хоро буридан, Фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор, Ба пилки дида оташпора чидан, Ба фарқи сар ниҳодан сад шутур бор, Зи Машриқ ҷониби Мағриб давидан, Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд, Ки бори миннати дунон кашидан.    Аз унвони фасл бармеояд, ки Ҷомӣ на танҳо шоир, нависанда … Читать далееОсори илмии Абдураҳмони Ҷомӣ.