36 саволу ҷавоб аз фанни забони тоҷикӣ.

  1. Савтиёт чист? Савтиёт илм дар бораи овозҳо аст.
  2. Зада чист? Шиддатнок талаффуз шудани яке аз ҳиҷоҳои калимаро зада меноманд.
  3. Исм чист? Исм ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, номи ашёро ифода мекунад ва ба саволҳои чӣ? чиҳо? кӣ? киҳо? ҷавоб медиҳад.
  4. Исмҳои хос чист? Исмҳои хос ба шахс ва ашёи алоҳида мансубанд.
  5. Сифат чист? Сифат ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, аломат, хосият ва чигунагии ашёро мефаҳмонад ва ба саволҳои чӣ хел? чӣ гуна? кадом? ҷавоб медиҳад.
  6. Шумора чист? Шумора ҳиссаи номии нутқ буда, миқдор ва тартиби ашёро бо адад ифода мекунад.
  7. Ҷонишинчист? Ҷонишин ҳиссаи мустақили нутқ буда, аломат, ашё ва миқдори онҳоро далолат мекунад, вале худи онҳоро номбар намекунад, вай ба ҷои исм, сифат ва шумора меояд.
  8. Феъл чист? Феъл ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, амал ва ҳаракати ашёро мефаҳмонад.
  9. Масдарчист? Масдар шакли ибтидоии феъл буда, номи амал ва ҳолатро ҳамчун протсесс мефаҳмонад. Масдар шакли тасрифнашавандаи феъл ба шумор меравад.
  10. Феъли ҳолчист? Феъли ҳол амалу ҳолатеро ҳамчун аломати феъли асосӣ мефаҳмонад. Он амали иловагии ба феъли асосӣ пайравбударо ифода мекунад.
  11. Зарфчист? Зарф ҳиссаи мустақили нутқ буда, аломати амал ва аломати аломатро мефаҳмонад ва шароити воқеъ гардидани амалу аломатро нишон медиҳад.
  12. Пешояндчист? Пешоянд ҳиссаи номустақили нутқ буда, бо исм, ҷонишин ва дигар ҳиссаҳои исмшудаи нутқ омада, муносибатҳои синтаксисии онҳоро бо дигар калимаҳо нишон медиҳад. Пешоянд пеш аз калима меояд.
  13. Пасояндчист? Пасоянд ҳиссаи номустақили нутқ буда, бо исм, ҷонишин ва дигар ҳиссаҳои исмшудаи нутқ омада, муносибатҳои синтаксисии онҳоро бо дигар калимаҳо нишон медиҳад ва пас аз калима меояд.
  14. Пайвандак чист? Пайвандак ҳиссаи номустақили нутқ буда, аъзоҳои ҷумлаи сода ва ҷумлаҳоро ба якдигар мепайвандад.
  15. Ҳиссача чист? Ҳиссачаҳо ҳиссаи номустақили нутқ буда, ба фикри гуфташуда муносибати гўяндаро мефаҳмонанд. Онҳо барои ифодаи тобишҳои гуногуни маъноии калима, ибора ва ҷумла хизмат мекунанд.
  16. Нидо чист? Нидо ҳиссаи номустақили нутқ буда, ҳаяҷону ҳиссиёт ва майлу иродаро ифода мекунад.
  17. Муродифчист? Муродифҳо калимаҳои аз ҷиҳати маъно ба ҳамдигар наздик, вале аз ҷиҳати таркиби овозиашон ҳархела мебошанд.
  18. Мутазодчист? Мутазод калимҳои муқобилмаъно мебошад.
  19. Омонимчист? Омонимҳо калимаҳоеанд, ки шаклан якхела буда, маъноҳои гуногунро ифода мекунанд.
  20. Архаизмчист? Калимаҳои кўҳнашударо архаизм меноманд. (кал. юнонӣ архаиз — қадима)
  21. Воҳидҳои фразеологӣчист? Воҳидҳои фразеологӣ таркиб, ибора ва ҷумлаҳои рехтае мебошанд, ки маънои яклухти маҷозӣ доранд.
  22. Иборачист? Ибора калимаи арабӣ буда, маънои баён, ифода, суханро дорад. Ибора аз ҷамъбастагии ду ва ё зиёда калимаҳои мустақилмаъно бо ёрии бандаки изофӣ ё бидуни он ташаккул меёбад.
  23. Ҷумлачист? Гурўҳи калимаҳои ба ҳам алоқаманд ё калимаи алоҳидае, ки фикри томро мефаҳмонад, ҷумла номида мешавад.
  24. Ҷумлаи содаи дутаркибачист? Ҷумлаи содае, ки дар он ҳар дуи сараъзои ҷумла (мубтадо ва хабар) иштирок менамояд, дутаркиба ном дорад.
  25. Ҷумлаи содаи яктаркибачист? Ҷумлаҳои содае, ки дар таркибашон танҳо яке аз сараъзоҳо (ё мубтадо ё хабар) мавҷуд аст, яктаркиба меноманд.
  26. Ҷумлаи мураккабчист? Ҷумлаи мураккаб аз ду ва ё зиёда ҷумлаҳои сода ташкил ёфта, дорои ягонагии маъно, сохт ва оҳанг мебошад, баръакси ҷумлаи сода фикри мураккабро мефаҳмонад.
  27. Ҷумлаи мураккаби пайвастчист? Ҷумлаҳои мураккаби пайваст аз ҷумлаҳои содаи баробарҳуқуқ ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунанда таркиб меёбад.
  28. Ҷумлаи мураккаби тобеъчист? Ҷумлаи мураккаби тобеъ аз ҷумлаҳое таркиб меёбад, ки яке дигареро шарҳ дода ба воситаи пайвандакҳои тобеъкунанда алоқаманд мешавад.
  29. Пунктуатсиячиро меомўзад? Пунктуатсия тарзи истифодаи аломатҳои китобатро меомўзад.
  30. Аломати нохунакбарои чӣ хизмат мекунад? Аломати нохунак барои ҷудо кардани обекти сухан ва маънои киноявӣ хизмат менамояд.
  31. Услубчист? «Услуб» калимаи арабӣ буда, дар фарҳангҳо ба маънои тарз, тариқ, сабк, шева маънидод шудааст.
  32. Услуби бадеӣ чист? Услуби бадеӣ усули таълифи асарҳои бадеӣ мебошад.
  33. Ҳуҷҷатнигорӣчист? Ҳуҷҷатнигорӣ аз ҳуҷҷатҳои расмӣ иборат аст. Ҳуҷҷатҳои расмӣ бояд мухтасар, далелнок, равшану фаҳмо ва ҷавобгўи меъёрҳои сохторӣ (шаклӣ) бошад.
  34. Аризачӣ хел ҳуҷҷат аст? Ариза ҳуҷҷатест, ки тавассути он хоҳиши нависандаи он ба тариқи расмӣ ба муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иброз мегардад.
  35. Лексикологиячист? Лексикология илм оид ба луғат аст.
  36. Истилоҳотчист? Истилоҳ луғати хоси мансуб ба илму фарҳанг буда, мазмуни он асосан ба мутахассисони соҳа маълум аст.