Гӯшти мурғ.

Дар замони Шӯравӣ дар рафҳои мағозаҳо гуштҳои мурғи ба назар лоғар дар фурӯш буданд, аммо тамъи хубе доштанд. Аммо мурғҳои ҳозира ба назар фарбеҳменамоянду, лекин тамъи хуб надоранд. Аз рӯи гуфти мутахассисони соҳаи мурғпарварӣ дар замони гузашта мурғҳои зоти бройлерро парвариш наменамуданд. Бройлер аз калимаи англисии «бройл» гирифта шада маънояш «дар оташ доғ кардан аст» ва зоти мурғҳои гуштӣ буда, тухм намегузоранду пас аз 6-8 моҳи умри худ ҳамчун гӯшт ба рафҳои мағозаҳо ба савдо мебароянд. Албатта дар таркиби гӯшти онҳоҳормонҳо ва антибиотикҳо мавҷуд аст, зеро аз сабаби он, ки ин мурғҳо ба касалиҳо гирифтор мешаванд, ба таркиби хӯроки онҳо антибиотикҳо ҳамроҳ карда шуда, онҳоро прививка мекунанд. Ғайр аз ин, ба хӯроки онҳо барои тез инкишоф ёфтанашон ҳормонҳои зудинкишофдиҳанда ҳамроҳ карда мешавад.
Албатта дар тиҷорати гӯшти мурғ истеҳсолкунандагон даромади хуб ба даст меоранд. Гушти мурғи хонагӣ барои тайёр намудани мурғшурбо ба мақсад мувофиқ аст ва гӯшти мурғи зоти бройлер барои мурғшурбо ин лазатро надорад. Аммо барои мурғбирён албатта гӯшти мурғи зоти бройлер хуб аст, зеро агар аз гӯшти мурғи хонагӣ истифода намоем, ҳангоми доғ додан гӯшти он нисбатан сахт ва хушк мешавад, ки дар байни дандонҳо руст мемонад.
Гӯшти мурғи яхкунонидашуда нисбати гӯшти мурғи хунуккардашуда арзонтар аст. Бисёрии харидорон гӯшти яхкардашударо харидорӣ менамоянд, зеро бар ҳар ҳол ба яхдон гузоштан лозим меояд. Аммо ба тамғақоғази гӯшти мурғи яхкунонидашуда назар афканед: ҷӯҷаи бройлери яхкунонидашуда, намакоб дар асоси иловаҳои комплексии хӯрока, намаки ошӣ, стабилизатори Е451, Е452, эмулгатори Е415.
Бояд дар хотир дошт, ки стабилизатори Е451, Е452 кислотаи намаки ортофосворӣ мебошад ва дар миқдори зиёд метавонад миқдори холестеринро зиёд намуда, сабабгори ба вуҷуд омадани касалиҳои саратон гардад.
Саволе ба миён омаданаш мумкин аст, ки пас ин иловагиҳо барои чӣ лозим аст? Эмулгаторҳо ва стабилизаторҳо намиро хуб нигоҳ медоранд ва ҳангоми яхобкунонии гӯшт об аз таркиби гӯшти мурғ ҷуда нагардида, дар дохили он мемонад.
Аз рӯи меъёрҳои ГОСТ ҳангоми яхобкунии гушти мурғ вазни он набояд аз 4% кам шавад. Аммо ҳангоми доғ додан то чанд андоза гушти мурғ бояд вазни худро гум намояд, дар ҳеҷ куҷо ба меъёр гирифта нашудааст. Ҳамин нуқтаи назарро ба ҳисоб гирифта истеҳсолкунандагон бо ҳамроҳии гӯшти мурғ фурӯши обро ба роҳмондаанд. Пеш аз яхкунонӣ ба дохили пусти гӯшти мурғ бо воситаи сузан намакоб мегазаронанд, ки миқдори он аз виҷдони истеҳсолкунандагон вобаста дорад. Пас аз доғкунӣ маълум мегардад, ки мурғи харидаи мо қариб нисфи вазни худро гум намудааст.
Аз рӯи қонун ҳангоми яхобкунонӣ мурғ набояд аз 4%-и вазни худро гум кунад. Аммо истеҳсолкунандагон ин қонунро вайрон намекунанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо «мурғ» ном нагирифта, «масолеҳи нимтайёр» (полуфабрикат) ном мегирад. Барои ҳамин ҳам ин маҳсулот ҳуқуқ дорад, ки на 4%-у 10%, балки то 60% вазни худро гум намояд ва инро ҳеҷ кас маҳдуд карда наметавонад. Намакобро чанд қадаре метавонӣ ба дохили мурғ ҳамроҳ намоӣ ва мурғи як килограммиро та ба якуним килограмм расонӣ. Ба гуфти истеҳсолкунандагон ҳамаи ин ба манфиати истеъмолкунандагон хоҳад буд, зеро имкони мурғи қимматро бо нархи арзон дастрас намудан фароҳам оварда шудааст.

Барои ҳамин ҳам тамға коғази онро бодиққат хонед. Агар дар таркиби он «намакоб (рассол) дар асоси иловаҳои комплексии хӯрока» навишта шуда бошад, маълум мегардад, ки ин мурғ набуда маҳсулоти нимтайёр (полуфабрикат) мебошад ва ҳангоми доғ додан қариб нисфи вазни худро аз даст медиҳад.
Мурғи яхкунонидашуда бояд то ним сол нигоҳ дошта шавад, барои ҳамин ҳамин хел шуданаш ҳам мумкин аст, ки мурғи мӯҳлати истифодааш гузаштаро низ ба фурӯш гузошта бошанд. Барои ҳамин ҳамҳангоми харидори намудан аз фурӯшанда талаб намудани чекро аз хотир набароред, зеро агар ба шумо маълум гардад, ки ин мурғи харидорӣ намудаи шумо мӯҳлати истифодааш гузаштааст, метавонед онро пас гардонед.
Ҳангоми харид гушти мурғи дуюмбора яхкунонидашударо ошкор намудан мумкин аст. Аз гӯшти мурғ ях ҷудо мегардад; дар зери борбасти он хуни яхкарда намудор аст; пусти он доғҳо дорад ё сохти берунии он шакли худро гум кардааст. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин гӯшт бори дуюм ях кунонида шудааст.
Қисми зиёди гӯшти мурғҳое, ки дар мағозаҳо фурӯхта мешаванд, гирифтори касалии салмонелез мебошанд. Инро донишкадаи умумируссиягии озмоишҳои истеъмолӣ муайян намудааст. Салмонелезм касалии инфексионии меъда мебошад, ки нишонаҳои он партофтан, понос, судорог буда оқибатҳои вазнин доштанаш ҳам мумкин аст ва дар баъзе ҳолатҳо ба марг оварда мерасонад.

Мумкин аст, ки ҳар яки мо аз чунин гӯшти гирифтори чунин беморӣ истифода намуда бошем. Аммо на ҳама ба ин касалӣ гирифтор мешаванд. Иммунитети одами калонсол ба ин беморӣ тобовар аст. Аммо организми кӯдаки хурдсол ба ин тобовар нест ва баъди истеъмоли ин намуд гӯшт метавонад ба заҳролудшавӣ гирифтор шавад. Дар ҳолатҳои вазнинӣ ин касалӣ ба муолиҷа дода намешавад.
Барои ҳамин ҳам мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки барои истеъмол намудан, гӯшти мурғро ҳатман бо равған дар дараҷаи 200 градус доғ диҳед ва 30 дақиқа бо оташи паст гузоред. Ин касалӣ баҳарорати баланд тобоавр нест.
Ҳамаи он асбобҳое, ки ҳангоми реза кардани гӯшти мурғ истифода намудед, бо оби ҷӯш шӯед, зеро ин касалӣ паҳншаванда аст.
Инчунин гӯшти мурғи мӯҳлаташ гузашта ва ё вайроншуда бо маргансов ва ё белизна тоза намуда, бу фурӯш мегузоранд, ё ин ки аз он дигар маҳсулотҳо тайёр менамоянд. Барои ҳамин ҳам пеш аз харидорӣ метавонед онро бӯй кашед, агар бӯи хлор намояд, дар ин ҳолат онро бо белизна шӯстаанд.