Маводҳои гигиенӣ дар ҳаёти мо.

Ҳаёти одами ҳозиразамонро бе шампун, гел ва собун тасаввур намудан мумкин нест. Аммо интихоби дуруст на ҳама вақт муяссар мешавад.
3 литр шампун, 1 литр гел барои душ ва 1 килограм собун дар як сол, ана ҳамин қадар маҳсулоти шустушӯӣ барои одамиҳозиразамон лозим аст. Бо ин мақсад барои мо корхонаҳои калон заҳмат мекашанд. Истеҳсолкунандагон моро бовар мекунонанд, ки ҳамарӯза бо шампун сар бишӯем, ҳар саҳар ва бегоҳ аз гел барои душ истифода намоем ва ҳашт бор дастони худро бо собуни зидди микробӣ шӯем.
Байни танки Т-80 ва мӯйҳои мо ягон умумияте вуҷуд дорад? Агар ба баъзе тадқиқотҳо бовар намоем, ба мо маълум мегардад, ки ин техникаҳоро бо бо маводҳои шустушӯие тоза мекунанд, ки мо мӯйҳои худро тоза мекунем. Дар солҳои Ҷанги 2-юми Ҷаҳонӣ барои тоза намудани техникаи ҷангӣ аз маҳлули химиявии сулфати натрий истифода менамуданд. Ана ҳамин пайвастагӣ имрӯз ба таркиби шампунҳо дохил карда шудаанд.
Агар шампун қудрати кафки зиёд карданро дораду ҳар гуна техникаву таҷҳизотро ба тезӣ тоза намояд, ин маънои онро дорад, ки дар таркиби он пайватагии сулфати натрий мавҷуд аст. Агарқобилияти кафккунии шампун кам бошаду ҳар гуна техникаву таҷҳизотро ба зуддӣ тоза накунад, дар ин ҳолат дар таркиби он ин гуна пайвастагӣ вуҷуд надошта, таркиби собунӣ дорад.   Барои ҳаминҳам аз нисф зиёди шампунҳое, ки дар мағозаҳо фурӯхта мешаванд, дар таркиби худ павастагии сулфати натрий доранд. Ба харидоронҳам ин гуна шампун маъқул аст, зеро вай хуб кафк мекунад. Аммо бисёрии ташхисгарон ба он назаранд, ки сулфати натрий пусти сарро хушк мекунад ва мӯйҳоро заиф месозад. Ҳатто ба воситаи пусти сар ба организм дохил шуда, ба узвҳои дохилии инсон таъсири манфӣ расонадида метавонад, аз ҷумла ба ҷигар ва узвҳои таносул.
Барои ҳамин ҳам, пеш аз он ки аз ин гуна шампунҳо истифода намоед 5-10 дақиқа пештар мӯи сари худро тар кунед, зеро агар пусти сар нам гирад, моддаҳои дигарро қабул намекунад ва хавфи ба организм дохилшудани сулфати натрий кам мешавад.
Қариб дар ҳамаи шампунҳое, ки дар мағозаҳо фурӯхта мешаванд, чунин навиштаҷот ҷой дорад: «Барои истифодаи ҳаррӯза». Бисёрии мо одат кардаем, ки ҳамарӯза сари худро шӯем. Аммо мутаасифона 30 сол пеш ба сари ҳар кас намеомад, ки ҳамарӯза сар шӯяд. Умуман одамон дар як ҳафта як бор ба ҳаммом мерафтанд. Наход мӯйҳои мо тез-тез чиркин мешаванд? Мутахассисон дар он назаранд, ки сабаби чиркиншавии мӯйҳо ин аз ифлосшавии муҳити атроф вобастагӣ дорад. Аммо онҳо бештар дар он ақидаанд, ки истеҳсолкунандагон таъиноти асосии шампунро дигар кардаанд. Сӣсол пеш шампунҳо дигар хел буданд.
Шампунҳои онвақтаро бо мақсади босамар тоза намудани муйҳо аз ифлосиҳо истеҳсол менамуданд. Таркиби онҳо аз пайвастагиҳои табиӣ иборат буд. Онҳо на он қадар хуб кафк мекарданд ва барои тоза намудани мӯйҳо якчанд бор бо он шустан лозим буд. Аз тарафи дигар бошад мӯйҳо дер чиркин мешуданд ва таркиби он осеб намедид. Аммо аз вақте ки ба таркиби шампунҳо натрий сулфатро ҳамроҳ намуданд, мӯйҳо зуд тоза мешаванд, зеро он ба таркиби муйҳо дохил шуда, аз чирк тоза мекунад. Аммо аз рӯи гуфти трихологҳо, баъди шустушӯй мӯйҳо осеб дида, чиркро ба худқабул мекунанд.
Барои ҳамин ҳам истеҳсолкунандагон манфиатдоранд, ки мо ҳамарӯза сарро шӯем ва аз ин сабаб ин гуна шампунҳо истеҳсол карда мешаванд. Агар шумо мӯйҳои дароз дошта бошед, маҷбурҳастед, ки дар як моҳ ду қуттӣ шампун харед. Ва ҳамон қадаре, ки зуд-зуд шустушӯ намудед, ҳамон қадар зуд-зуд мӯйҳо ифлос шудан мегиранд, зеро қабати муҳофизатии мӯй осеб мебинад ва побанди тозагӣ шуда мемонем.
Барои он ки мӯйҳои шумо тез-тез ифлос нашаванд, аз ниқоби табобатӣ, ки аз хардал (горчитса) тайёр карда шудааст, истифода намоед. Агар аз ин ниқоб истифода намудед, метавонед мӯйҳои худро на зиёдтар аз 2 бор дар як ҳафта шӯед.
Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки ҳангоми харидорӣ намудани шампун дар тамғақоғази он бо диққат таваҷҷӯҳ намоед, ки дар таркиби он «сулфати натрий» ё «лауретсулфат» надошта бошад. Агар таркиби шӯяндагии табиӣ дошта бошад,дар он ҳолат гарчанде мӯйҳоро зуд тоза накунаду кафки зиёд ҳам надошта бошад ҳам, баҳар ҳол ба мӯйҳои шумо осеб намерасонад.
Инчунин, дар тамғақоғаз нигоҳ кунед, ки дар таркиби шампун асал, шир, равғани зайтун, растаниҳои табобатӣ дошта бошад, зеро онҳо мӯйҳоро қавӣ ва зебо мегардонанд, агар дар ҳақиқатан ҳам дар таркибаш дошта бошад.
Баъд бодиққат бошед: агар ин маҳсулотҳои номбаршуда дар қатори 7-уму 8-ум нишон дода шудагӣ бошад, дар ин ҳолат комилан гуфтанҷоиз аст, ки дар таркиби шампун ҷой надоранд.
Инчунин, ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки аксарияти шампунҳои дар фурӯш буда қалбакӣ истеҳсол шудаанд.
Шампунҳое, ки мо дар мағозаҳо мехарем, нисбати он шампунҳое, ки дар дорухонаҳо фурухта мешаванд арзонтар аст, зеро аксари шампунҳои дар аптека фурухташаванда хосияти табобатӣ доранд.
Масалан, сабусаки сар аз парпанак (грибок) пайдо мешавад ва онро бояд табобат намуд. Он шампунҳои зидди сабусак, ки дар мағозаҳо фурӯхта мешаванд, дар ягон муддат сабусаки сарро гум мекунанд, аммо боз пайдо мешавад. Барои ҳамин ҳам пулро дареғ надоред ва шампунро аз дорухона харидорӣ намоед, ин барои саломатии шумо хоҳад буд.