Фотеҳ Ниёзӣ.

Фотеҳ Ниёзӣ Нависандаи ҷанговари тоҷик 18 апрели соли 1914 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1929 Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, баъдан Академияи омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Баробари таҳсил, бо рӯзномаҳои «Ленин юли» ва «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ҳамкорӣ доштааст. Аввалҳо ба забони ӯзбекӣ шеъру ҳикояву мақола менавиштааст.

Аз соли 1934 дар Душанбе кору зиндагӣ кардааст. Аввалҳо котиби масъули рӯзномаҳои «Тоҷикистони сурх» ва «Газетаи муаллимон» будааст. Соли 1941 ба ҷанг рафта, дар рӯзномаҳои ҷабҳаӣ кор кардааст. Иштирокчии муҳорибаҳои Сталинград будааст. Баъди ҷанг муовини муҳаррири рӯзномаи ҳарбии «Фрунзевец» будааст. Ҳамзамон дар шуъбаи шабонаи Донишгкадаи давлатии омӯзгории Тошканд таҳсил кардааст.

Баъди хидмати ҳарбӣ ба Душанбе баргашта, чанде котиби масъул ва сармуҳаррири моҳномаи «Шарқи Сурх» будааст. Соли 1953 котиби Иттифоқи нависандагон, солҳои 1968-1970 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик будааст. Баъдан, дигарбора котиби Иттифоқи нависандагон интихоб шудааст.

Фаъолияти эҷодиро аз нимаҳои солҳои сиюми асри гузашта шурӯъ карда, шеърҳои ӯзбекияш дар маҷмӯаҳои «Маяк» (1933), «Таронаҳои рӯз» (1935), «Муҳаббат» (1939) чоп шудаанд. Баъдан асарҳояшро комилан ба тоҷикӣ таълиф кардааст. Соли 1938 Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ драмаи «Ватандӯстон»-и ӯро (ҳамроҳи С. Ғанӣ) саҳнагузорӣ кардааст.
Соли 1946 китоби очеркҳои ҷангияш «Интиқоми тоҷик» интишор ёфтааст.

   Романи аввалини ӯ «Вафо» (аз ду қисм-1949, 1958) соли 1959 ба русӣ, соли 1960 ба форсӣ аз чоп баромадааст, ки воқиъоти солҳои ҷангро дар бар мегирад. Ин роман борҳо ба тоҷикӣ ва русӣ, соли 1954 ба хитоӣ чоп шудааст.

Баъдан қиссаҳои «Димаи диловар» (1957), «Ҳисса аз қиссаҳои ҷанг» (1962), «Одамон ва мулоқотҳо» (1964), «Духтари ҳамсоя» (1965)-и ӯ ба табъ расидаанд.
Романҳои ӯ «Ҳар беша гумон мабар, ки холист….» (1974), «Сарбозони бесилоҳ» тасвири манозири ҷангро идома дода, борҳо ба русӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Қиссаҳои «Пахта ва гул», «Фоҷиаи Боғистон» дар мавзӯи мубрами рӯз – деҳқонӣ ва маданият офарида шудаанд.

Куллиёти осораш дар чаҳор ҷилд чоп шудааст (1974-1978). Драмаи «Кӯпрук» (1969) аз тарафи Театри давлатии академӣ-драмавии Точикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ борҳо пешкаши тамошобинон гардидааст. Дар асоси филмномаҳояш филмҳои ҳунарии «Духтари сеюм» (ҳамроҳи И. Филимонова, 1971), «Оилаи Ғаюровҳо» (ҳамроҳи А. Стругатский, 1975) бардошта шудаанд. Асарҳои алоҳидаи М. Садовяну, Ш. Рашидов, Ю. Фучик ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1977), Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1970). Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986). Бо чандин ордену медали ҷангию меҳнатӣ ва ифтихорнома сарфароз гардидааст.
Аз соли 1938 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. 1 сентябри соли 1981 аз олам даргузашт.