Сухан ганҷинаи бузургест.

Бо сухан мардум омадааст падид,

Бо сухан ҷони у расад ба ҷинон.

Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё ҷизеро ҳалок созад. Сухан нушдоруеро мемонад, ки беморонро куввату мадор, ҳастию тавон ва нерую ҷон ва солимонро акту хуш ва заковату ибрат мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,

Гар сухан ҷон набувао, мурда чаро хомуш аст.

Сухан аст, ки ҳаёт поӣдор аст. Сухан аст, ки кас ҳушдор аст. Сухан аст, ки аблаҳонро окилу окилонро аллома мегардонад. Сухан ҷавҳари хираду сирати гуяндаро таҷассумгар аст, зеро тавассути сухангуии кас доираи васеи фикронии гуянда маълум мегардад.

Сухандони бузург дар ягон давру замон дар намемонад. Сухани накуяш роҳнамои ҳаёти осоиштааш мегардад.

Паӣдост, ки сухан метавонад бо мазмуни баланду шуниданиаш иттифокро барпо созад ё метавонад иттифоки бунёду бузургро пароканда созад. Як сухани хуб таҷассумгари сад роз аст ва гуяндаӣ он иброзкунандаи розҳои бузургу ҷолиб. На ҳар сухан метавонад писанди шунавандаи окилу фарзона бигардад. Сухан метавонад аблаҳеро аз кори носазое дур гардонад. На ҳар сухангуӣ метавонад дили хуфтаро бедор ва акли хастаро ҳушёр созад. Бузурге гуфта:

«Аӣ инсон! Сухане гуӣ, ки маъшуқаҳо Лаӣли шаванду ошикон Маҷнун, акдҳои хуфта бедор шаванду дилҳои мурда ҷондор. Сухане гуӣ, ки таҷассумгари некӣ бошад. Одамонро якҷо кунад, на ҷудо, ба зидагӣ

фаро хонад, на ба марг. Сухане гуӣ. ки болу пари Симург дошта бошаду макону замонҳоро таӣ кунад. Сухане гуӣ, ки кудрати Илоҳӣ дошта бошаду хирадро дил ва дилро хирад созад. Ҷоно, агар ин ҳамаро натавонӣ, хомуш бош ва ҳарфе мазан.

Нашавад тутӣ сухангуӣ, чу суханпардоз аст,

Пур бувад нукта басе, з-он ба яке пур роз аст.

 Ҳама кушанд ба ибрози яке маъние,

Маънӣ овар ба сухан, в-арна ҳама барбод аст.

Каломи    инсоният    беҳтарин    ва   кимматтарин алфози нуҳуфтаи уст. Агар он пуробуранг, бамаврид, дилчасп ва таъсирбахш садо диҳад, гуяндаашро машҳур мегардонад. Сухани беҷою бемаврид бошад, дилхарош аст.    Сухани   дурушту   ноҷо   метавонад   наздикону паӣвандони ба дил ҷонро руӣгардон созад.

Донишманди Юнони кадим Эзоп дар бораи суду зиён ва манзалату бузургии забон фармуда:

Чи чиз беҳтар аз забон шуда метавонад, ки калиди дари дониш ва силоҳи хақиқату хирад аст. Дар ҳолате, ки бо забон ҳарф мезанем, дарс меомузем, шаҳрҳо бунёд месозем. хақро ба субут мерасонем, Офаридгорро зикр мекунем. Инчунин дар катори хубиҳо Эзоп забонро бадтарин чизи дунё номидааст, зеро забон огози фитнаву баҳсу ҷанҷолҳост, манбаи дасисаву балоҳост. Забон дуруг мебофад, гаӣбат мекунад, дурусту нодурустро нишон медиҳад, нафрин мехонад, носазо мегуяд, фасод меандозад, хилаву фиреб ба кор меборад. Чӣ гуна забонро хуб метавон гуфт. Ин гуфтаҳоро метавонем бо мисраҳои Румии бузургвор таквият бидиҳем:

Оламеро як сухан ваӣрон кунад,

Рубахони мурдаро шерон кунад.

Метавон гуфт, ки ба воситаи забон оламу одам бунёд ва оламу даҳр ваӣрону валангор ва барбод метавон кард. Аз ин ру, ҳар як инсони комилро вазифаи мукаддас ин аст, забонро посбони сари худ ҳисобида, мулоҳизакорона   андеша   ронад,   то   сазовори   ҳамаи хубиҳои олам бигардонду соҳибобру.

Сухандони парварда пири куҳан.

Биандешад, он гаҳ бигуяд сухан.

Мазан бе тааммул ба гуфтор дам.

Наку гу, агар дер гуӣ чӣ гам.

Хулоса, сухан огозу анҷом аст, сухан розу роҳнишондиҳандаи ҳаёт аст. Сухан дард аст, сухан хушию илҳом аст, ки онро инсони бузург офарида. Наметавон лол гашт, наметавон пурдард буд, наметавон танҳову хомуш ибрози андеша сохт, аммо ба ибораи халк: «Як сухан 366 паҳлу дорад«, ҳар як суханро дар тарозуи акл баркашид, сипас пеш оварду талаффуз кард. Бояд кушид, ки суханвари асил буд. Бояд каломи бообуранг гуфт. Бояд дили ҳамагонро бо сухан ба даст овард. Бояд суханвар гардад кас, ки сухан гуяд, на алфози аз нотавониҳо танида. Бояд сухане гуфт, ки бо хун аз дил падид омада бошад, бояд сухане гуфт, ки дурри маънӣ гардад ва касро ҳузури ҷону зуру тавон бахшид.

Ба забон ҳам касе наёзорӣ,

Ки забон захм мекунад кори.

Гар баруи касе занӣ сад мушт,

Беҳ, ки гуем як ҳадиси дурушт.