Зан-модар ҳастии зиндагӣ.

Модар — модар ту беҳтарин армонӣ,

 Шодӣ ба дилу ба хонадон эҳсонӣ.

Аз меҳру навозишат мунаввар олам,

Дар даҳр ҳамеша ҷовидон мемонӣ.

Модар беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин муъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии паӣкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноии модар касро зинату самар, симу зар, болу пар ва шаҳду армон мебахшад.

Такя бар вуҷуди ҷаҳону инсонофарини модар такя бар Яздони пок аст. Модар ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Аз ин офаридаи бузурги у замину осмон, ҷаҳони ҷовидон ва ҳамаи ҳастии олам пур аз рози ниҳондошта, равшанию нур, хушию сурур ва ҳастии руҳу ҷон мегиранд. Ҳастии бузурги модар ҳамаи афзалиятҳои зиндагиро сабабгор аст.

Хуршед ниҳам ном туро ё ки ҷаҳонтоб?

Модар, зи бузурги сару пои ту нигин аст.

Бар гуш расад аз ту садое хушам он руз.

Эӣ хуш, бувад он руз садоят ба танин аст.

Модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Офтобест, ки лазае аз болои куҳе баромада, дунёро равшанию ҳаёт мебахшад.

Модар ба қавли бузургон бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медаҳад. то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад. Барои ба тарбият бавоя расонидан ва баобру гардиданаш кушиши зиёде мекунад. Даме тифлаш роҳгардон мешавад, модар мефахрад.

Даме, ки аввалин сухани бузург — «Модар»-ро ба забон меорад, модар бештар хушҳол гашта мефахрад, ки чун муъҷизоти пурафзуни инсони комилро офаридааст.

Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшандиҳандаи ҳар як хонадон қуввату мадори дилҳои нотавонанд. Онҳо сабабгори ҳамаи афзалиятҳои зиндагианд. Модарон қуввати дилу Ҷонанд, ки дар ҳар таппиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд.

Занону модарон дар қатори тавлиду тарбияи фарзанд боз бисёр вазифаҳои пурмасъулро ба душ доранд. Онҳо, бахусус занони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ кору фаъолият мекунанд. Дар қатори мардон истода, ба оила мададгор мегарданд. Зани тоҷик имруз ронанда, бофанда, пазанда, духтур, муҳандис, роҳбар, тоҷир аст:

Гаҳе бинам, ки чун тоҷир ту дар бозор мегардӣ.

Гаҳе бинам ба беморе табибу ёр мегардӣ.

Гаҳе бинам, ки медузӣ ба тифлат ҷомаву дастор,

Гаҳе бинам ба ёрат мунису гамхор мегардӣ.

Зани тоҷик, ба миллат боиси сад ифтихор астӣ.

Хулоса, азизон, волидон беҳтарин ганҷинаҳои ноёбу нотакроранд. Онҳо беҳтарин дороии ҳаётанд. ки барои ба дунё омадану ба камол расидани насли оянда хизмати арзанда доранд.

Намоед тоҷи cap, нуру басар модар — падарҳоро,

Ки аз хубони олам хубтар худ волидон бошанд.

Меҳри модарро ягон мавҷудоти дигар ки моро ҳастию ҷон бахшидаанд ҷоӣгир буда наметавонад:

Он ҷо ки туӣ модар, он ҷой гулистон аст.

 Он ҷо ки набошӣ ту, як манзили ваӣрон аст.

 Аз меҳри шарарборат, равшан шавад ин олам,

 Дурию фироқи ту, сузест, ки дар ҷон аст.

Зеро у худ мабдаи меҳр асту орзуву ормон. Зеро у ободгару руҳбахши ҳаёт аст. Ҳар ҷо ки уст, аз он ҷо буи гулу гиёҳ меояд. Ин маъниро басе хуб баён намудаанд.