Авзои Мовароуннаҳру Хуросон пас аз давлати Сомониён

Давлати Сомониён феодали, яъне ҷомеаи ашрофи буд. Сардори давлат амир ба ҳисоб мерафт. ҳам хокимияти дуняви ва ҳам дини дар ихтиёри у буд. Амир аз ҷумлаи шахсони маъруфу донишманд шурои маслиҳати дошт, ки он ба у тарзу усулҳои самароноки идораи мамлакатро маслиҳат медод.

Сомониён дастгоҳи пурзури боэътимоди марказию махаллии идораи давлатӣ доштанд, ки онро хукумат гуфтан чоиз аст. Ҳукумат аз даҳ девон иборат буд ва ба воситаи ин девонхо давлати Сомониён идора карда мешуд.

Пойтахти далати Сомониён шахри Бухоро буд. Ин давлат аз ду минтақаи калон идорат буд – Мовароуннаҳр ва Хуросон, вале ҳудудхои алоҳидаи он аз ин минтақаҳо ҳам берунро дар бар мегирифт.   Ҳардуи онҳо, дар навбати худ, аз вилоятҳои сершумор иборат буданд. Вилояти Мовароуннаҳр бевосита ба воситаи шахри Нишопур тобеъ буданд. Яъне, Хуросон аз шахри Нишопур идора мешуд.

Амирони охирини Сомони барои нигоҳ доштани иқтидори давлати Сомониён коре накарданд. Онҳо ба низоъҳои дарбори машғул шуда, бехабар монданд, ки ҳам кишоварзию ҳам ҳунарманди ва ҳам тиҷорат таназзул кардаааст. Лашкар аз назорати ҳочиби бузург баромад. Ба он ашхоси худхоҳ соҳиб шуданд. Хазинаи амир холи шуд. Низоми давлатдори таназзул ёфт. Аз ин кабилахои турки қарахониён истифода бурда, соли 999 бо сардории Элокхон шахри Бухороро ба даст дароварданд ва ба мавчудияти  далати Сомониён хотима бахшиданд.

Баъди барҳамхурии давлати Сомониён дар ҳудуди ин давлат давлатҳои қарахитоиён ва Газнавиён таъсис ёфта, замоне арзи вучуд доштанд. Дар давраҳои гуногуни асрхои XI – XIII қисматҳои алоҳидаи каламрави собик далати Сомониён ба далатхои Салчукиён ва Гуриён низ дохил буданд.

Мухаммад мачбур шуда буд, ки заминҳои дар Фарғона доштаи қарахонихоро то сарҳади Чирчиқу Арис ба фоидаи қулчуқ дихад. Сархади байни қулчуқу Муҳаммад аз  Хуҷанд то Сунаққурғон муайян гашт.

Дар баробари қарахитоихо, инчунин муғулҳо низ сарҳадҳоии шаркии давлати Хоразмро халалдор менамуданд. Онҳо ба баҳонаи чаронидани чорво ва галаи уштурҳояшон ҳар сари вакт сарҳадро вайрон менамуданд. Муҳаммад Хоразмшоҳ бошад барои зада гардонидани ҳамлахои ғоратгаронаи қулчуқ ва Муғулхҳо якчанд маротиба ба соҳилхои поёноби Сирдарё юриш намуда буд. Дар рафти яке аз ҳамин юришҳои у тобистони соли 1216 дар байни лашкари Муҳаммад ва дастаи мусаллаҳи писари Чингизҳон-Чузи задухурди тасодуфи ба амал омад.

Аммо баъди гуфтушунидҳои кутоҳ муғулҳо ақиб нишастаанд. Зеро бо ташаббуси  Муҳаммад соли 1215 Чингизхон сафири Хоразмро дар Пекин қабул намуда, оид ба ҳамкори ва бехатарии сархадҳо намуда буданд. Сарчашмаҳо ёдовар мешавад, ки Мухаммад барои нобуд сохтани Қулчуқ гуё бо Чингизхон иттифоқ баста бошад. Вале хамаи ин кушишҳо пеши роҳи забткории муғулҳоро гирифта натавонист. Ин буд, ки Чингизиён то соли 1218 кисми шимолии ҳафтруд ва соҳилхои Иртишро забт намуда, ба истилои Осиёи Миёна омода гаштанд.

Вахшиёна пахш намудани шуриши соли 1207 дар Бухоро ва шуриши соли 1211 дар Самарқанд норозигии сокинони ин шаҳрҳоро нисбат ба Хоразмшоҳиён дучанд зиёд кард. Руҳониён низ аз сиёсати давлатдории Хоразмшоҳиён норизо буданд.

Давлати Хоразмшоҳиён дар чунин вазъияти душвори сиёсиву иктисодӣ зери хамлаи муғулхо карор гирифтаанд.Гарчанде, ки Мухаммади Хоразмшоҳ дорои қувваи азими ҳарбӣ бошад ҳам лекин қувваҳои асосии у пароканда буданд.

Дар ибтидои ҳама қабилаҳои муғул пароканда буданд ва байни худ дар ҳолати душмани қарор доштанд. Лекин онҳоро Темучин ном сардори қабилаи муғулхо дар давлати ягонаи муттаҳид карда, қувваи бузурги ҳарби табдил дод.

Соли 1206 Темучин дар Қурултойи навбати худро Хони Бузург эълон карда, унвони Чингизхонро гирифт. Лашкаркашиҳои азими истилогаронаи Чингизхон иктидори ўро руз аз руз бештар мегардонид. Дастахои чангии муғул бо сардори Чучи ном писари калони Чингизхон <<халқҳои чангалнишини>> соҳили дарёи Енисейро ба худ тобеъ намуданд. Халки уйғур бо ихтиёри худ хукумронии Чингизхонро қабул кард Хубилай ном сарлашкари муғул қисми шимоли Хафтрудро ишғол намуд. Худи Чингизхон ба Чини шимоли лашкар кашида, шахри Пекинро, ки пойтахти он буд забт намуд. Баъдар дар солҳои 1218-1219 муғулҳо ба осони сарзамини Қарахитоиҳо Ҳафтруд ва Туркистони Шарқиро тасарруф намуданд ва ба сархади давлати Хоразмшохиён наздик шуданд. Дар бобати ранги душмани гирифтани муносибатхои ин ду давлатӣ азими онвақта саҳми тоҷирони Осиёи Миёна хеле бузург аст. Бисёр тоҷирони сарватманд, ки бозоргонии Муғулистон ва Осиёи Миёнаро дар дасти худ нигоҳ медоштанд, ҳануз пеш аз хамсарҳад гардидани ин ду давлат бо ҳамкориҳои уйғурҳо дар умури ташкилот ва сохти дохилии Муғулистон аз мушовирони асосии Чингизхон ҳисоб мешуданд. Чингизхон дар бораи вазъияти дохилии давлати Хоразмшоҳиён муттасилан ба воситаи ин тоҷирон маълумот ба даст меовард.

Мухаммад Хоразмшох, ки дар он вақт назар ба Чингизхон бештар қувва дошт, равияи ҷангталабонаеро пеш гирифт. Дар соли 1218 ҷанговарони Хоразм ба ичозати ў дар қалъаи сарҳадии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воқеъ гардида буд, як корвони аз тарафи Чингизхон фиристодашударо, ба гумони ин, ки мақсади ҷосуси дорад, тороҷ намуданд. Бори корвон аз 500 шутур тилло маснуоти абрешими  чини, пустҳои қиматбахо ва амсоли ин иборат буд ва 450 тоҷир, аъёну ашроф ва ашхоси муътамади хони муғул маъмури овардани онхо буданд. Гумоштагони Хоразмшоҳ ҳамаи ин одамонро ба қатл расонида, тамоми молҳоро фурухта, пули онҳоро ба маркази давлати Хоразмшоҳиён фиристоданд.

Чингизхон аз вокеаи Утрор, ки бештар бо номи <<Фоҷиаи Утрор>> маълум аст, хабардор шуда, аз Хоразмшох талаб кард, ки сабабгорони ин фоҷиа яъне ҳокими Утрорро ба у супоранд ва тавони ҳисоротҳои воридшударо бидиҳад. Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талаб ба пойтахти давлати Хоразмшоҳиён омада буд, бо амри Муҳаммади Хоразмшоҳ ба катл расонида мешавад ва ҳамрохони ў бо ришу мўйлаби бурида пас гардонида шуданд. Аз руи баъзе маълумотҳои дигар онҳоро қатл карданд. Ин рафтори ҷангталабонаи Мухаммади Хоразмшох ҳучуми Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид.

Пайдоиши худи сулола маълум нест, номи дар илм қабулшудаи тамоман шарти буда муаррихон асри XI ба ду унвони маъруф: қарахон ва шоҳ гирифтаанд. Зоҳиран хастии асосии давлати Қарахониёнро кабилоҳои турки Яғмо ва Чингили ташкил мекарданд, ки дар ному лақабҳои давраи зуҳури Қарахони бештар дучор меояд. Аммо лақаби аз хама олии Арионҳон ва Буғрохон хисоб мешуд.

Дар ин давра умуман давлати Қарахониён ба чанд амлок тақсим шуда ҳудуди онхо ҳамеша тағир ёфта меистод. Сохибони амлок ҳуқуқ ва имтиёзҳои калоне доштанд, онҳо метавонистанд ҳатто ба номи худ пул бароранд. Мулкдорони хурд ҳам амлок ва ҳам амлокдорро иваз карда метавонистанд. Алоқаи тобеият серзина буд. Таърихи сиёсии ин давра пур аз ҳаводиси ҷангу талошҳои байни ҳудуди мебошад.

Дар мавқеи аввал имтиёзи сиёсӣ ба чониби авлоди Алиён буд. Пас аз истилои Мовароуннаҳр онхо ба сарзамини бузурге сохиб гардиданд, ки дар ғарбу кад-кади Амударё бо ҳудуди давлати Ғазнавиён тўл мекашид, дар шарқ бародари Наср Кашғарро ба даст овард. Дар ин овон сардорони сулола гоҳҳо аз байни намояндагони гуногуни хонадони Алиёнҳои хоста шуданд.

Бояд қайд кард, ки кашмакашиҳои миёни Қарахониён ва давлатҳои хамзамон махсусан Салчуқихо хеле шадид сурат мегирифт. Ба дигаргуниҳо ворид намудан дар давлати Карахониён, ки ба вилоятҳои ҷудогона тақсим шуда буд, дар натиҷаи муборизаҳои дохили Мовароуннаҳр аз он ҷудо шуд. Соли 10480 Наср Буритегин пойтахтро аз Узген ба Самарқанд кучонид.

Дар замони Буртегин давлати Қарахониён дар Мовароуннаҳр шуҳрат пайдо кард, вале дар давраи ҳукумронии писараш Шамсулмалик заминҳои шимоли Мовароуннаҳр ба дасти Қарахониҳои шарқи гузашт. Ғайр аз ин Салчуқихо соли 1072 ба сардории Арслон аз дарёи Ому гузашта Бухороро  муҳосира намуд. Фавти Арслон Мовароуннаҳрро аз хучуми Салчуқихо наҷот дод . қайд кардан зарур аст, ки cарзамини қарахониён ба ду ҳоқони асоси таксим мешуд. Ҳокони кисми шарки марказаш Балагун ва Хокони кисми гарби — марказаш Узганд.

Дар давраи хукумронии Иброхими Иброхими Тамгосхон сиёсати дохилии давлат чолиби диккат аст. Агар бо сарчашмахои таърихи диккат кунем. Иброхими Тамгосхон то як дарача мувозиби амният оромиш ва эхтиёчоти халки худ буд ва аз ин лихоз дар байни мардум шухрат дошт. Хусусан Касони ба моликияти даст  дарозкунандаро беамон чазо медод. Дар ин бобат сарчашмахо гуногун мебошанд.

Чунин муносибат зулми феодалонро камтар накарда бошад хам вале пеши зиёд шудани онро гирифтанд. Инак дар шароити давлати феодали худи хамин хам як ходисаи прогресиви ба шумор мерафт.

Дар сиёсати дохилии давлвти Карахониён аз дигар давлатхо дида одилона буд. Шохи Карахони кушиш мекард ки  иктисодиёти кишоварзи таракки карда дар мамлакат арзони хукумфармо бошад. Аз ин ру бозорхоро бевосита дар тахти назорати хеш гирифта нарху наворо танзим мекардааст. Сиёсати пешгирифтаи уро писар ва наберааш давом дод.

Вале ворисони минбаъдаи ин хонадон дар сиёсати хоричи ва лашкаркашон кори уро давом дода натавонистаанд. Холо дар замони Шамсулмалик онхо ба фишори Карахониён шарки тоб оварда натавонистанд. Фаргонаро аз даст доданд ва минбаъд марзи ду давлат аз Хучанд муайян шуд.

Дар ибтидои Қарахониён бо рухониёни иртиҷоии дини Имом барзидди ғояхои озодфикри ва шуришҳои халқи забон як карда буданд Вале дертар дар байни онхо норозигиҳо ба амал омад Сабаб он буд ки руҳониён мехостанд Хонҳо бо хохиши иродаи онҳо амал намоянд Аммо хон инро намехост.  Дар натиҷа кашмакашиҳои давлат заиф шуд ва Маликшоҳи Салчуқи Самаркандро ишғол кард ва Ахмадхонро асир гирифт.

Дар солхои 1092-1093 Ахмадхон ба Исфара ва Самарканд баргашта бар зидди онҳо муборизаро сар кард. Аммо руҳониён суиқасд карда уро куштанд. Ва ба хамин давраи пурзуршавии нуфузи рухонийни мусулмон сар шуд.

Аслан ин Карахитоиҳо аз кабилаҳои сершуморе, ки дар водии Тарум маскун буданд дар натиҷаи омезиш бо дигар қабилахо ташаккул ёфтанд. Онҳо дар муборизаи зидди хонҳои Қарахони дастболо шуда ба он мувафак шуданд, ки дар соли 1125 давлати худро ташкил намоянд. Қарахитоиҳо дере нагузашта ба тамоми заминҳои Шарқии Қарахониён соҳиб гашта ба мулкҳои Мовароуннаҳрии онҳо низ таҳдид намуданд.

Кушиши аввалини Қарахитоихо ба Ғарб аз тарафи Ҳоқонии Кашғар Ахмад ибни Ҳусайн баргардонида шуд. Аммо дертар онхо таёрии пурзур дида дар наздикии Хучанд ба Маҳмуди Қарахони зарбаи сахт заданд, дар ин мубориза ба Маҳмуд маслиҳатгараш Султон Санҷар дасти ёри дароз мекард чунки худаш дар чанги Хоразм банд буд. Дар вакти кулай истифода бурда Қарахитоиҳо Қарахониёнро шикаст доданд.

Қарахитоиён барои баргардонидани заминҳои худ кушишҳои зиёд намуданд. Ҳатто бо Султон Санчар забон як карда муборизаро шадид намуданд. Аммо Қарахитоихо бо лашкари зиёде онхоро сахт шикаст дод ва ба тамоми сарзамини Мовароуннаҳр сохиб шуд. Акнун Қарахониён бо Қарахитоиҳо маҷбуран андоз месупориданд.

Агарчи Қарахитоихо қариб тамоми сарзамини Қарахониёнро ишғол карда намуда бошанд хам, аммо ба сохти давлатдории онхо танҳо сардори Қарахитоихо хироҷ ситонида мешуд халос. Онҳо ҳам мисли Салчуқиҳо ба корҳои дохили Қарахониён чандон дахолат намекарданд. Ҳонҳои онхо мисли пеш аз байни ашрофиёни Қарахони таъин мешуданд.

Чуноне, ки қайд намудем дар давраи пош хурдани давлати Сомониён ташаккул ёбии давлати Ғазнавиён ба назар мерасид. Ин давра хамчун як маркази сиёси сар бардоштани Ғазнавиён ҳануз аз аввалхои асри X сар мешаавад.

Дар сарчашмаҳои таърихи Сабук-Тегин ҳамчун асосгузори сулолаи Ғазнавиён дар асрхои X эътироф гардидааст. Зеро Сабук-Тегин на Фақат истиқлолияти Ғазнавиёнро таъмин намуд, балки заминҳои соҳилии дарёи Кобулро ба он хамрох карда, хоки давлати худро васеъ намуд. Илова бар ин ба ивази кумаке, ки бо амри Сомон Нухи 11 расонида буд, ҳокимияти Хуросон низ ба ихтиёри у гузашт.

Умуман давраи тараққиёт ва ба авҷи аълои худ расидани далати Ғазнавиён ин дар давраи ҳукумронии Маҳмуди Ғазнавӣ мебошад. Хусусияти хоси давраи ҳукумронии Маҳмуд дар он зохир мешуд, ки Маҳмуд аҳолиро ба ду гуруҳ ҷудо мекард.

Ба қувваҳои муссалаҳ ва халқи одди.  ба аскарон мохона медод ва ба ивази ин аз онҳо талаб менамуд, ки ҳамагуна амри ўро бо садоқат ичро кунанд. Вай барои ин, ки гуё халқи мамлакатро бо қувваҳои аскари худ аз ҳуҷуми душмани хориҷи мухофизат мекунад, аз аҳолии одии заҳматкаш ҳам талаб мекард, ки ҳар як фармони ўро бегуфтугу бачо оранд. Илова бар ин андозхои давлатиро адо карда истанд.

Чуноне, ки аз мушоҳидаҳо бар меояд Маҳмуд ҷангҳои худро дар асоси шиори << Ғазоват >> мебурд. Ба ин восита Ў аз тарафи Халифа дастгири меёфт ва инчунин дар атрофии худ мусалмонони зиёдеро ҷамъ овард. Махмуд худро пайрави мазҳаби сунни эълон карда ба муқобили ҳамагуна ҷараёни динии дигар мубориза бурда ғорат мекард. Барои Маҳмуд мазҳаби сунни фақат як воситае буд, ки ба ин роҳ у мавқеи ҳокимияти худро мустаҳкам мекард ва сарваташро меафзуд.

Маҳмуд ба корхои давлатдори низ то як дарача диққат медод. Маҳмуд худаш дар ҳар як Ҳоким ҷосуси махфи мегузошт инчунин ғайр аз ҷосусон боз дар пеши ў маъмури махсус бо унвони машриф ба кор мегирифт. Инҳо аз вазъияти дохили кордори ва аҳволи ҳокимон хабар дода меистод.

Маҳмуд ҳатто аз паси писари худаш Масъуд, ки вориси салтанат буд, ҷосус гузошт. Махмуд бештар ба лашкари мустаҳкамаш такя мекард. Дар ихтиёри у филҳои ҷанги, барои мусоираи қалъа, мошинҳои сангандоз, пулҳои шиновар дошт. Нафарони зиёди лашкари ўро ғуломони зархарид ва таълими ҷанги гирифта ташкил медод. Дастаҳои сарбозони ғулом аз туркҳо ва ҷанговарони дигар халқҳо мавчуд буд, ки дар байни онҳо точикон низ набуданд.

Баъди марги Маҳмуд писараш Масъуд ба сари хоқимият омад. Дар сиёсати ғоратгаронаи падар тағироте ворид накарда балки худаш чунин сиёсатро тақвия дод. Ин холат тамоми аҳолии то рафт қашоқ мекард. Мардум аз хокимияти Шох норози буданд.

Аз вазъият истифода бурда Салчуқиён ба Ғазнавиён итоат накардаанд. Дар соли 1035 байни онхо ҷанги шадид ба амал омад, ки Масъуд шикаст хурд. Масъуд қисми зиёди Хуросонро аз даст дод. Сипас бо лашкари зиёд Масъуд кушиши аз нав бар гардонидани минтақаи худро кард аммо ин дафъа ҳам ў сахт шикаст хурда ба ҳамин хокимияти Ғазнавиён дар Хуросон ба итмом расид,  яъне ин шаходати он буд, ки чои давлати Ғазнавиёнро давлати Салчуки гирифт.Давлати Салчуқи давлати сулолави буд. Ҳокимият  хосияти мероси дошт яъне аз сулолаи салчуқихо таъин мешуд.

Умуман кайд зарур аст, ки дар ин марҳилаи таърихи асрхои Х-ХIII дар тамоми давлатхо муносибатхои феодали рушд карда буд. Дар ин давра ба намояндагони табақахои ҳукумрони мамлакат бахшидани заминхо пахн мегардид. Чунин бахшидани заминҳоро иктаъ меномиданд. Дар аввал онхо ҳуқуқи андозчини доштанд аз асрхои ХI сар карда онхо заминхои деҳқонон ва дигар молу мулкашонро кашида мегирифтанд. Кушиш мекарданд, ки барои аз як чой ба чои дигар рафтани деҳқонон роҳ надиҳанд.

Баъди сар даровардани Муғул ба Мовароуннаҳр Ҳонхои муғул ба тадриҷ дини исломро қабул карда ба атрофии худ намояндагони уламо ва тоҷиронро ҷамъ намуда сиёсати марказият додани ҳокимияти хеширо пеш гирифтанд Чунин рафтори онҳо норозигии пешвоёни кабилахои муғул ва туркро ба вучуд меовард. Ин буд, ки дар нимаи аввали карни ХIV дар улуси Чагатой яъне Мовароуннаҳр муборизаи байни хонҳо ва аъёни қабилаҳои аксари турк ва туркшуда ниҳоят дарача шадид гирифт. Дар натиҷаи ин мубориза пешвоёни қабила хеле нуфуз пайдо намуда вале ҳокимияти хони бисёр заиф гардид.

Дар чунин як вазъияти хеле печида ва ҳасос дар хаёти сиёсии кишвар писари беки қабилаи барлос-Темур пайдо мешавад. Қабилаи барлосҳо дар ибтидои асри XIV дар заминаҳои водии Қашкадарё дар баробари зиндагии бодиянишини-биёбонгарди (кучманчи) хаайти муқими низ доштанд ва тадриҷан забону расму ойини мардуми точикро қабул карда буданд.

Дар аввалҳои руи сахнаи сиёсат омаданаш хамчун сардори дастаи роҳзанон ном бароварда буд. Темур хангоми ба мукобили Чағатойҳои Мовароуннаҳр ҳучум оварданд хони муғулистон Туглуқ-Темур ба ў ёри мерасонад ва барои ин хизматаш аз тарафи муғулхо ҳокими вилояти Кеш ( Кашкадарёи хозира) таъин мешавад. Тeмур борхо ба собик хучаинои худ ҳокимони ин ё он вилоят хиёнат карда буд ; гох ба тарафдории онҳо сар мебардошту гоҳ мукобили онхо мубориза мебурд. Дар айни замон зираку маккор хам буд, дар ин мудат дах сол бо маҳорату кордониву далери ҳамқабилаҳои худ барлосҳоро дар атрофи худ муттаҳид менамуд.

Темур дар ин навбат ба ҳокимияти Мовароуннаҳр Илёсхуҷа — писари Туғлук-Темур хиёнат намуда, бо амири Балх Ҳусайн итифоқ баста ва ба хоҳари ў хонадор шуд. Амир Хусайн ва Темур ба мукобили Туғлук-Темур мубориза сар карданд, вале дар ҷанг шикаст хурда маҷбур гаштанд, ки Осиёи Миёнаро гузошта ба Сиистон фирор намоянд. Соли 1362 дар яке аз ҷангхои ғоратгарона дар ҳаволии Сииситон Темур аз дасту пояш ярадор шуда тамоми умр ланг монд Минбаъд уро бештар ба унвони Темури Ланг номгир  мекарданд.

Соли 1364  амир Ҳусайн ва Темур  Мовароуннахро аз таҳти тасаруфи хони муғулистон берун оварда худ ҳукумрони ин сарзамин  гардиданд. Халқ харду амирро ва хусусан  Ҳусайнро, ки бо золими ном бароварда буд, бад медид Ҳусайн ҳангоми шунидани арзу доду хоҳиши мардуми Самарканд дар даст шашпари  оҳанинро дошта меистод. Аксари вақт ба чойи ба доди корафтодагон расиданиу ба онҳо дарафтода бераҳмона онҳоро лату куб мекард. Пас аз чанде Илёсхоча — писари Туғлук-Темур бо мақсади дубора ба тахти тасаруфи худ даровардани Мовароуннаҳр ба мукобили Хусайн ва Темур лашкар кашид.

Дар баҳори соли 1365 амир Ҳусейн ва Темур лашкари фаровон чамъ намуда дар соҳили дарёи Чирчик байни Чиноз ва Тошканд бо силоҳи душман ру ба ру шуданд. Ин хабардар таърих бо номи <<Ҷанги Лой>> машхур аст зеро хангоми чaнг борони сел борида хамачоро лой карда буд ва аспхо дар лойу об гутида аз по меафтиданд.

Дар чанги Темур ва Ҳусайн шикаст хурда Самарқанду Шахрисабзро бесоиб гузошта ба Балх гурехтанд. Лашкари Илёсхуча мардуми атрофу акнофро талаву тороҷ  намуда ба сўӣ Самарқанд равон шуданд. Мутаасифона дар Самарқанд қувваи харбие намонда буд, зеро Темур ва Хусайн лашкари боқимондаро низ бо худ бурда буданд.

Соли 1365-1366 дар Самарқанд бар зидди Туғлук – Темур шуриши Сарбадорон сар мезанад, ки ба он Мавлонзода ном донишчуе чке аз мадрасахои шахр рохбари мекард. Ба Сарбадорон муяссар шуд, ки муғулхоро аз Самарқанд ва гирду атрофи он ба ихтиёри Мавлонзода Абубакр ва Хурдаки Бухорои гузашт. Муғулхо хостанг, ки ба Самарканд ногаҳон ҳамла оварда, Сарбодоронро торумор кунанд, вале шикаст хурданд. Баъди ин Сарбадорон хокимияти худро бо тези дар тамоми Мовароуннаҳр паҳн кардан гирифтанд. Аз ин лахзаи муносиб Темур ва Ҳусейн истифода бурданд.

Ҳусейн ва Темур бо фиребу найранг аз Балх ба Самарқанд меоянд. Ҳамин тавр бо фиреб роҳбарони шуриши Сарбодоронро дастгир ва қатл карданд. Онҳо танҳо Мавлонзодаро зинда дар зиндон нигоҳ медоштанд. Дар давлати Мовароуннаҳр ташкилкардаи Сарбадорон Темур ва Ҳусейн хукумрон шуданд, вале амир Ҳусейн дар макоми аввал буд. Ба чунин мартаба Темур рози шуда наметавонист. Барои хамин у лахзаи мувофи мекофт, то ки ҳокими ягонаи Мовароуннаҳр шавад. Дере нагузашта барои ҳокимият дар байни онхо зиддият ба амал омад ва он ба задухурди мусаллаҳона мубаддал гардид. Соли 1370 Темур дар яке аз задухурдҳо аскарони Хусайнро торумор карда, худи уро асир гирифт ва баъд уро ба қатл расонда худро амири Моавроуннаҳр эълон кард. Ҳамин тавр, давлати Темур ба вуҷуд омад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *