Касби ман-ифтихори ман.

Айб аст, ки дар ҳунар на кӯшӣ,

Сад айб ба як ҳунар накӯшӣ.

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст.

Дар дидаи мардумон азиз аст.

Оре, ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, ки соҳибақлу соҳибхирад ба воя бирасад. Байни дӯстону наздикон обрӯю эътибор ва манзалату қимат дошта бошад. Муҳити иҳотакарда ӯро пазируфта эҳтиромашро ба ҷо оранд. Лекин ин нишонаҳои бузург барои инсон ба осонӣ муяссар намешаванд. Барои ба даст овардани обрӯ машаққати зиёд лозим меояд. Барои соҳибкасб гаштан бисёр мебояд омӯхт. Барои ифтихорманд гаштан худ бояд кони ақлу заковат ва мардонагиву далерӣ буд. Соҳибақл бояд буд, то пешаи дурустеро интихоб намуда, тавассути меҳнати бузург обрӯ пойдор кард.

Шахсияти баркамол ва озодфикр ҳанӯз аз овони хурдӣ дар худ фикри интихоби пешаи асосиро мепарварад. Ин ақидаи бузург ҳар инсонро аз аввал бояд дар дилаш бедор гардад. Зеро равшании ҳар як рӯз аз оғози саҳари он маълум мегардад. Интихоби касб низ пешаи худододист, ки табиатан дар дили кас пайдо мегардад.

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Интихоби касб бояд дар кас бо як фикри дурандешонаву ҷиддӣ ва таҳаммулпазир пайдо гардад, зеро барои омӯхтану соҳибкасб гаштан машаққатҳои зиёд пеш меоянд. Барои омӯхтани касб ҳамаи он машаққату азиятҳоро пурбардор будан лозим аст. Шахсони сабуксору бетааммул наметавонанд соҳибкасб гарданд.Сабуксарон дар интихоби касб сахт азият мекашанд, зеро ба машаққату заҳмати зиёд тобовар бошанд. Ин аст, ки дар ҳаёт на ҳар кас соҳибкасб буда метавонад.

Аммо шахсияти пурбардор ва барнодил ба ҳеҷ гуна душворӣ нигоҳ накарда, ҳунар меомӯзад ва пешаи худро интихоб  карда,  ҳар   лаҳзаи   ҳаёташро   баҳри   касби пуршарафи худ дареғ надошта меҳнат мекунад. Мегӯянд, ки меҳнат одамро аз се хокистари бузург мераҳонад: “дармондагӣ, фиск ва эҳтиёҷ”. Агар кас пешаи дуруст интихоб карда меҳнат намояд. Пас ӯ ҳамеша ҳама гуна дар ту ранҷро низ аз сари худ дур карда метавонад. Илова бар ин пешаи дурусту пурмаҳсул ва ҳунари воло чун давлати поянда ва чашмаи афзоянда ба кас танҳо ва танҳо давлат, хушбахтӣ ва ободиву нур меорад.

Албатта, ҳунарвар ва соҳибкасб ҳамеша соҳибиззат аст, зеро заҳмати бепоёнаш ҳамеша ба хонадонаш сарбаландӣ меорад. Сарбаландии ҳар як қавм натиҷаи меҳнату машаққати худи ӯст. Ифтихори ҳар як соҳибкасб мояи ранҷи пурмаҳсули уст, ки осон ба даст наомада. Баҳри ҳар як ободи ва бурдбории зиёд меҳнати ҳалол мебояд.

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,

Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.

Ин  ҷо музд ба  маънои саховату бурдборӣ ва обруву манзалати бузург аст, ки танҳо тавассути меҳнату интнхоби пешаи пуршараф омада.

Хулоса, умр барои инсои танҳо як бор муяссар мегардад. Танҳо илм омӯхту амали бузург намуд. Пешаи дуруст интихоб карду ифтихор пайдо намуд, то умри азиз ройгону сарсон нагзарад:

Умре, ки баҳо бувад гаронаш,

Бо ҳар баду нек магзаронаш.

 Дар коргаҳе чунин дилафрӯз,

 Коре куну ҳунар биомӯз.

Интихоби пешаи дурусту манфиатбахш  тамоми умр ба инсон хушию сурур, рӯзгори осоишта ва хони обод меорад. Соҳибкасбон ҳамеша соҳибиззатанд. Ифтихори бузург танҳо аз ҳунари воло ва касби пуршараф ба даст меояд.