Абулқосими Фирдавсӣ — Дар ситоиши хирад ва дониш

Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос.
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой,
Аз ў шодмонию з-ў мардумист,
Аз ўят фузунию з-ўят камист.
Хирад тираву марди равшанравон
Набошад ҳаме шодмон як замон,
Чӣ гуфт он ҳунарманд марди хирад,
Ки доно зи гуфтори ў бар хўрад,
Касе к-ў хирадро надорад зи пеш,
Дилаш гардад аз кардаи хеш реш,
Ҳушивор девона хонад варо,
Ҳамон хеш бегона донад варо.
Нахуст офариниш хирадро шинос,
Нигаҳбони ҷон асту ҳам он се пос,
Се поси ту: гўш асту чашму забон,
К-аз ин се расад неку бад бегумон,
Ҳамеша хирадро ту дастур дор,
Бад-ў ҷонат аз носазо дур дор,

* * *
Ба гуфтори донандагон роҳ, ҷўй,
Ба гетӣ бипўю ба ҳар кас бигўй!
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Нигаҳ кун, саранҷоми худро бубин,
Чу коре биёбӣ, беҳӣ баргузин,
Ба ранҷ-андар орӣ танатро — равост
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост,
Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Аз омўхтан як замон нағнавӣ.
Чу дидор ёбӣ ба шохи сухун,
Бидонӣ, ки дониш наёяд ба бун,