Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома»

«ШОҲНОМА» ВА ҚИСМАТҲОИ АСОСИИ ОН

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ достони бемисли қаҳрамонӣ буда, аз 60 ҳазор байт иборат аст.
Вазни «Шоҳнома» оҳанги ҷанговарона дорад. Агар афоили онро бо шиддат талаффуз кунем, як навъ оҳанги марш пайдо мешавад, аз ин вазн садои мусиқии ҳарбӣ, овози нағораи ҷанг, зарбаи пои аскарон ва ба таври ҳарбӣ баробар қадам задани онҳо шунида мешавад. Фирдавсӣ дар ин асар худро ҳамчун донандаи беҳамтои таъриху фолклори бои халқҳои эронинажод, достонҳои қаҳрамонии давраҳои қадим, урфу одатҳои қадимии халқи худ ва устоди моҳири забони тоҷикӣ нишон додааст.
«Шоҳнома» асари томи бадеӣ буда, таърихи пайвастаи халqҳои Эрону Тўронро аз ҳазораи дуюми пеш аз мелод то замони истилои араб дарбар мегирад. Аз ин рў, он чун эпоси миллӣ шинохта шудааст. Барои ин ки воқеаҳо дар замону макони муайян гузаранд ва вақту фазои муайян дошта бошанд, Фирдавсӣ дар силсилабандии воқеаҳо тарзи хронология таърихияти хонадонҳои подшоҳиро интихоб намудааст.
«Шоҳнома»-ро одатан, ба се қисм тақсим мекунанд:
Қисми якуми «Шоҳнома» «Подшоҳии Пешдодиён» аз афсонаҳои асотирӣ ва ривоятҳои афсонавӣ иборат буда, дар хусуси мифҳои қадим нақл мекунад. Ин қисм аз подшоҳии Каюмарс сар шуда то подшоҳии Гаршосп давом мекунад ва ҳамагӣ саргузашти 10 подшоҳро фаро мегирад.
Каюмарс аз рўи тасвири шоир, подшоҳи аввалин дар дунё мебошад. Вай марди бохираде буда, ба одамон шикори ҳайвонҳоро ёд медиҳад, аз санг ва чӯб олатhои буррандаву шикофанда тарошида, ба воситаи онҳо ҷонваронро шикор мекунад. Аввалин шуда Каюмарс либосҳои аз барг дӯхтаашро бо либосҳои аз пӯсти ҳайвонҳо дўхташуда иваз кард. Одамон ром кардани ҷонваронро дар замони ў ёд гирифтанд. Ӯ ба одамон ҷӯшидани модагов ва бузро ёд дод. Одамон саги ёбоиро ба худ ром карда гирифтанд. Каюмарс бо адлу дод подшоҳӣ кард.
Авлоди Каюмаре низ ҳар кадоме ба мардум дар зиндагӣ кашфе мекунанд. Тахти подшоҳӣ ба Фаридун мерасад. Фаридун дунёро дар байни фарзандонаш тақсим мекунад. Салм ва Тур ба Эраҷ рашк бурда бародарашонро мекушанд. Зиддияти байни Эрон ва Тўрон сар мешавад. Корҳои сиёҳи Аҳриман бо дасти тўрониён сурат мегирад. Сардорри тўрониён сарлашкари девсиришт Афросиёб мебошад. Ба Эрон марги ногузир таҳдид менамояд. Вале ҳамаи ин як заминае буд, ки зарурати пайдоиш ва корнамоиҳои Рустамро омода мекард.
Қисми дуюми «Шоҳнома» аз достонҳои қаҳрамонӣ иборат буда, моҳиятан ба Рустам ва корнамоиҳои ў бахшида шудааст. Ин қисм бо воқеаҳои Искандари Мақдунӣ поён мепазирад. Аз ин қисм воқеаҳои зерин барои равшантар инъикос ёфтани хислати Рустам аҳамияти бештаре доранд. Зави Таҳмосӣ мемурад, ба ҷои ў писараш Гаршосп ба тахти подшоҳӣ менишинад. Гаршосп баъди 9 соли подшоҳӣ вафот мекунад. Ў аз худ авлоде нагузошта буд. Аъёну ашрофи Эрон боз аз нажоди Фаридун шоҳ ҷустанд. Эрон муддате бе шоҳ монд. Шоҳи Тўрон—Афросиёб тахти Эронро холӣ дида ба Эрон лашкар мекашад:
Баромад ҳаме кӯю барзан ба ҷўш,
Аз Эрон саросар баромад хурўш.

Аъёну ашроф дар талаби сардор ва сарлашкар боз ба Зобул рафта, рўи ниёз ба Зол оварданд.
Золи Сом ин вақт пир шуда буд. Ў мегўяд, ки акнун шамшери кобулӣ ба дасти ман вазнинӣ менамояд, лекин шукри Худои пок, ки аз бехи ман шоҳи фаррух рўид, писарам Рустам ҷои маро мегирад. Баъд ў ба писараш рў оварда, мақсади худро мегўяд:
Ба Рустам чунин гуфт, к-эй пилтан,
Ба боло сарат бартар аз анҷуман.
Яке кор пеш асту ранҷи дароз,
К-аз ў бугсилад хобу орому ноз.
Туро низ, пуро, гаҳи разм нест,
Чи созам, ки ҳангомаи базм нест.
Hаме аз лабат шир бўяд, ҳаме,
Дилат нозу шодӣ биҷўяд ҳаме.
Чигуна фиристам ба дашти набард
Туро назди шерону мардони мард?

Рустам Рахш ном аспи ба худаш мувофиқро интихоб менамояд. Ӯ ба кўҳи Албурз рафта Кайқубодро, ки аз авлоди Фаридун аст, оварда, ба тахти шоҳии Эрон мешинонад. Дар роҳи бозгашт онҳо ба ҷанговарони Афросиёб дучор мешаванд. Кайқубод шамшер аз ғилоф кашида, ҷанг карданӣ мешавад. Рустам аз ин кор ўро манъ менамояд. Рустам ба Қулун ҳамла карда, найзаро аз дасти Қулун гирифта, ба худи Қулун мезанад. Қулун аз зин парида, лағаткўби аспи Рустам мегардад.
— Офарин, Таҳамтан!— ба Рустам хитоб мекунад Кайқубод. Аз ҳамин рўз сар карда Таҳамтан, яъне паҳлавони бузург ва беҳамто, лаqаби Рустами Дастон гардид. Ҳамин тариқ, Эрон дар симои паҳлавонони систонӣ муҳофизони худро ёфт. Лекин аз нокасии шоҳони камхирад муҳофизони ватан нобуд меша¬ванд. Муҳофизаткунандаи Эрон — Исфандиёр кушта мешавад. Рустам ҳалок мегардад. Мамлакат боз бе пушту паноҳ мемонад.
Қисми сеюми «Шоҳнома» қисми таърихӣ буда, асосан ба давраи Сосониҳо баҳшида шудааст. Ин қисмат бо кушта шудани охирин шоҳи Сосонӣ Яздигурд ва мамлакатро истило кардани арабҳо хотима меёбад. Дар қисми дуюм, чунон ки гуфтем, мамлакат бе пуштибон мемонад. Дар қисми сеюм ба ин савол ҷавоб меёбём. Муҳофизати ватан ба дӯши Сосониён меафтад. Фарр, яъне нуре, ки шарти подшоҳист, ба Ардашер мерасад ва мудофиаи ватан ба ўҳдаи ў ва авлодаш гузошта мешавад, лекин ин қисмати «Шоҳнома» низ бо фоҷиа хотима меёбад. Давлати Сосониён аз байн меравад. Боз Аҳриман — қувваи бадӣ тантана мекунад, ин дафъа лашкари ў дар сурати аскарони арабҳои истилогар зуҳур мекунад.
Чунон ки мебинем, ҳар се қисми «Шоҳнома» як хел тамом мешавад. Дар ду қисми аввал-эрониҳо наҷотдиҳанда меёбанд. Аз рўи ақидаи шоир, бояд муҳофизони ватан дар қисмати сеюм Сомониён бошанд. Он гуна ки медонем, Фирдавсӣ гузаштаи Сомониёнро сароида, «Шоҳнома»-ро ба онҳо тақдим карданӣ буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *