Абулқосими Фирдавсӣ — Шоҳбайтҳо

Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афгандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бад-ин нома бас умрҳо бигзарад,
Бихонад, ҳар он кас, ки дорад хирад.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ҳар он кас ки дорад ҳушу ройу дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин.

 

ШОҲБАЙТҲОИ «ШОҲНОМА»

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.

Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише,
Биёбӣ зи ҳар донише ромише.

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфтор кирдор беҳтар бувад.

Ба дониш бувад мардро обрӯй
Ба бедонишӣ то тавонӣ мапӯй.

Ҳама гӯш доред панди маро,
Сухан гуфтани судманди маро.
Замоне маёсой аз омӯхтан,
Агар ҷон ҳамехоҳӣ афрӯхтан.
Чу фарзанд бошад, ба фарҳанг дор,
Замона зи бозӣ бад-ӯ танг дор.

Ҷуз аз некномиву фарҳангу дод
Зи рафтори гетӣ магиред ёд.

Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор,
Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.
Туро бо ҳунар гавҳар асту хирад,
Равонат ҳаме аз ту ромиш барад.

Бикӯшед то ному нанг оваред,
Сари душманон зери чанг оваред.

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем.
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Ба некӣ гирою маёзор кас,
Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас.

Нахустин ба нармӣ сухангӯй бош,
Ба доду ба кӯшиш беоҳӯй бош.
Чу корат ба нармӣ нагардад накӯй,
Дуруштӣ кун он гоҳу пас разм ҷӯй.

Зи бад то тавонӣ сиголиш макун,
Аз ин марди донанда бишнав сухан.
Чу гуфтору кирдор некӯ кунӣ,
Ба гетӣ равонро беоҳу кунӣ.

Сари мардумӣ бурдборӣ бувад,
Чу тезӣ кунӣ тан ба хорӣ бувад.

Зи чизи касон даст кӯтаҳ кунем,
Хирадро сӯи равшанӣ раҳ кунем.

Маёзор касро, ки озодмард,
Сар андар наёрад ба озору дард.

Ба некӣ гирою ба некӣ бикӯш,
Бар ҳар неку бад панди доно нийӯш.

Туро оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг,
Фарохӣ макун бар дили хеш танг.

Ҳама гӯшу дил сӯи дарвеш дор,
Ғами кори ӯ чун ғами хеш дор.

Ба ҳар кор-дар пеша кун ростӣ,
Чу хоҳӣ, ки нагзоядат костӣ.
Сухан ҳар чи пурсам ҳама рост гӯй,
Ба кажжӣ макун рою чора маҷӯй.

Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест,
Зи кажжӣ батар ҳеҷ андеша нест.

Беҳ аз ростӣ дар ҷаҳон кор нест,
Аз ин беҳ гуҳар бо ҷаҳондор нест.

Чу бо ростӣ бошиву мардумӣ,
Набинӣ ҷуз аз хубиву хуррамӣ.

Ҳама бурдборӣ куну ростӣ,
Ҷудо кун зи дил кажживу костӣ.

Ҳар он кас, ки бо ту нагӯяд дуруст,
Чунон дон, ки ӯ душмани ҷони туст.

Агар доддеҳ бошӣ, эй номҷӯй,
Шавӣ бар ҳама орзу комҷӯй.
Зи худ дод додан ба ҳар неку бад,
Беҳ аз ҳар чи гӯй ба назди хирад.

Ба ҳар кор бо ҳар касе дод кун.

Ҳама дод ҷӯю ҳама дод кун,
Зи гетӣ тани меҳтар озод кун.

Ба доду деҳиш гетӣ обод дор.

Нигар, то набошӣ ҷуз аз додгар,
Маёвез чанг андарин раҳгузар.

Фаридуни Фаррух фаришта набуд,
Зи мушку зи анбор сиришта набуд.
Ба доду деҳиш ёфт он некӯй,
Ту дод деҳиш кун, Фаридун туӣ.

Ҷавонмардиву рустӣ пеша кун,
Ҳама некӯӣ андар андеша кун.
Бибахшу бихӯр, то тавонӣ дирам,
Ки ҷуз ин, дигар ҷумла дард асту ғам.

Бубахшой бар мардуми мустаманд,
Нанозад дилат сӯи дарду газанд.

Ҳаме номи ҷовид бояд, на ком,
Бияндоз кому барафроз ном.
Зи ном аст то ҷовидон зинда мард,
Ки мурда бувад колбад зери гард.

Чунин гуфт мӯъбад, ки мурдан ба ном —
Беҳ аз зинда душман бар ӯ шодком.

Ба гетӣ мамонед ҷуз номи нек,
Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.

Ба осоишу некномӣ гирой,
Бурезон шав аз марди нопокрой.

Зи гетӣ ҳаме панди модар ниюш,
Ба бад тез маштобу бар бад макӯш !

Зи модар сухан дар пазиру марав,
Ба рою хирад панди модар шунав.

Писарро падар гар ба зиндон кунад,
Аз он беҳ, ки душман гулафшон кунад.

Ту донӣ, ки хашми падар бар писар,
Беҳ аз хуб меҳри писар бар падар.

Ту панди падар ҳамчунин ёд дор,
Ба некӣ гирову бадӣ боз дор.

Падар, к-аз писар ҳеҷ нохушнад аст,
Бидон, к-он писар тухми бори бад аст.

Маёзор ҳаргиз равони падар,
Агарчанд аз ӯ ранҷат ояд ба сар.

Зи фарзанд бошад падар шоддил,
Зи ғамҳо бад-ӯ дорад озод дил.
Агар меҳрубон бошад ӯ бар падар,
Ба некӣ гирояндаву додгар,
Дигар он ки ба ҷои бахшоиш аст,
Бар ӯ муждаро ҷои полоиш аст.

Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,
Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.

Гаронмоятар кист аз дӯстон,
К-аз овози ӯ дил шавад бӯзтон?!

Сухан ҳамчун қуфл асту посух калид,
Ба посух бад аз нек ояд падид.

Сухан нарм гӯй, эй ҷаҳондида мард,
Маёлой лабро ба гуфтори сард.

Набинӣ, ки мӯъбад ба Хсрав чӣ гуфт,
Бад-он гаҳ, ки букшод роз аз нуҳуфт?
Сухан, — гуфт, — ногуфта чун гавҳар аст,
Куҷо нобисуда ба банд андар аст
Чу аз банду пайванд ёбад раҳо,
Дурухшанда меҳре бувад бебаҳо.

Ҳамон ганҷу динору кохи баланд,
Нахоҳад будан мар туро судманд.
Сухан монад аз ту ҳаме ёдгор,
Суханро чунин хормоя мадор.

Намояд, ки бошӣ фаровонсухун,
Ба рӯи касон порсой макун,
Сухан бишнавӣ веҳтари ёдгир,
Нигар, то кадом оядат дилпазир.

Ҷавонӣ ҳанӯз, ин баландӣ маҷӯй,
Суханро бисанҷу ба андоза гӯй.

Магӯ он сухан, к-андар ӯ суд нест,
К-аз он оташат баҳра ҷуз дуд нест.

Ба гетӣ ду чиз аст ҷовид бас,
Дигар ҳарчи бошад, намонад ба кас.

Сухан гуфтани нағзу гуфтори нек,
Нагардад кӯҳан то ҷаҳон асту рек.

Зи ман ёдгор аст чандин сухан,
Гумонам, ки ҳаргиз нагардад куҳан.

Чӣ гуфтанд? Гуфтанд, к-эй пурхирад,
Ҳар он кас, ки бад кард, кайфар барад.

Зи душман макун дӯстӣ хостор,
В-агар чанд хонад туро шаҳриёр.
Дарахте бувад сабзу бораш кабаст,
Агар пой гирӣ сар ояд ба даст.

Зи хун рехтан даст бояд кашид,
Сари бегуноҳон набояд бурди.

На мардӣ бувад хира ошудфтан,
Ба зер андаровардаро кӯфтан.

Дигар марди бекору бисёргӯй,
Намонад ба назди касаш обрӯй.

Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст.

Дилат гар ба роҳи хато моил аст,
Туро душман андар ҷаҳон худ дил аст.

Ба ҳар кор маштоб, эй некбахт,
Ба вижа ба худ, з-он ки корест сахт.
Таносоиву коҳилӣ дур кун,
Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун.
Ки андар ҷаҳон суд беранҷ нест,
Ҳамонро, ки коҳил бувад, ганҷ нест.

Чу коҳил бувад марди барно ба кор,
Аз ӯ сер гардад дили рӯзгор.
Намонад равон тандурусту ҷавон,
Мабодаш равону мабодаш забон.

…Ки чун коҳилӣ пеша гирад ҷавон,
Бимонад манишпасту тираравон.

Ҳар он кас, ки бугрезад аз коркард,
Аз ӯ дур шуд ному нанги набард.
Ҳамон коҳили мардум аз баддилист,
Ҳамовоз бо баддилӣ коҳилист.

Набошад фаровонхӯриш тандуруст,
Бузург он ки ӯ тандурустӣ биҷуст.

Чунин гуфт мӯъбад ба Бузарҷмеҳр
Ки “эй номвартар зи гардонспеҳр,
Чӣ донӣ, ки бешиш бигзоядат,
Чу каммӣ бувад, зуд бифзоядат?”
Чунин дод посух, ки “камтар хӯрӣ,
Таносон шавӣ, ҳам равон парварӣ”.

Ба чизи касон даст ёзад касе,
Ки баҳра надорад зи дониш басе.

Машав дар ҷавонӣ харидори ганҷ.

Парастандаи озу ҷӯён кин
Ба гетӣ зи кас нашнавад офарин

Марезед хун аз паи хоста,
Ки ёбед худ ганҷи ораста.

Чу хоҳиш зи андоза берун шавад,
Аз он орзӯ дил пур аз хун бувад.

Ба гетӣ ба ҷуз порсозан маҷӯй,
Зани бадкуниш хорӣ орад ба рӯй.

Ҳамоварди худ ҳамчу худ баргузин,
Ба хира меёрой тундӣ бар ин.

Ҳар он кас, ки дар биму андӯҳ зист,
Бар он зиндагонӣ бибояд гирист.

Аз имрӯз корат ба фардо мамон,
Кӣ донад, ки фардо чӣ гардад замон
Гулистон, ки имрӯз бошад ба бор,
Ту фардо чинӣ гул, наояд ба кор.

Ту донӣ, ки дидан беҳ аз огаҳист,
Миёни шунидан саросар тиҳист.

…Ки тундиву тезӣ наёяд ба кор,
Ба нармӣ барояд зи сӯрох мор.

Чӣ гуфт он сухангӯи посухниюш,
Ки девор дорад ба гуфтор гӯш.

Ҳамон тобиши моҳ натвон нуҳуфт,
На рӯбоҳ тавон кард бо шер ҷуфт.

Пароканда лашкар н-ояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.