Абулқосими Фирдавсӣ — Зиндагинома

Эҷодкори асари безавол — «Шоҳнома» Абулқосими Фирдавсӣ соли 934 дар Хуросон (дар шимоли шарқии Эрони имрўза) дар деҳаи Божи вилояти Тўс таваллуд ёфтааст. Номи пурраи шоир Абулқосими Мансур бинни Ҳасани Фирдавсист. Мансур номи аслии ў буда, Фирдавсӣ тахаллус ва Абулқосим куняи шоир мебошад. Падару бобои Абулқосим аз деҳқонони он деҳ буда, орому осудаҳолона зиндагӣ мекарданд. Дар он замон деҳқон маънии ашрофзодаи заминдорро мефаҳмонд.
Падари меҳрубони Абулқосим кўшиш менамуд, ки фарзанди ў тандурусту солим ба воя расад ва илмҳои замонаашро ба хубӣ аз худ намояд. Абулқосим зери сарпарастии падар дар мактаб ва мадраса илмҳои замони худро меомўзад. Ӯ забонҳои арабӣ ва паҳлавиро хуб медонист.

Фаъолияти адабии Фирдавсӣ.
Давраи бачагӣ ва овони ҷавонии Фирдавсӣ ба замони салтанати Сомониён рост меояд. Дар аҳди Сомониён таваҷҷўҳ ба гузаштаи пурифтихори мо мақоми хос дошт.
Амирони сомонӣ барои мустаҳкам шудани истиқлоли давлаташон ба гузаштаи халқи худ мароқи беандозае зоҳир намуда, мехостанд, ки дар хусуси тарзи зиндагӣ, урфу одат ва одоби ҳукмронии гузаштагон китоби арзандае тартиб дода, ба ин восита шукўҳи гузаштагони худро намоиш диҳанд. Бинобар ҳамин, пеш аз Фирдавсӣ низ ҳам ба наср ва ҳам ба назм дар асоси таърихномаю ривоятҳо, қиссаҳо ва афсонаҳо чанд асаре бо но¬ми «Шоҳнома» тартиб дода шуда буд. Дар ин кор, махсусан Дақиқӣ (ваф. 978) кўшиши зиёде кард. Ў бо супориши амири сомонӣ Абулқосим Нўҳ ибни Мансур ба навиштани «Шоҳно¬ма» сар карда буд. Шоир пас аз сурудани ҳазор байт аз тарафи душманони маънавиаш кушта шуд. Кори саркардаи Дақиқӣ нотамом монд. Фирдавсӣ чун ба навиштани «Шоҳнома» камар мебандад, достони сурудаи Дақиқиро айнан бо номи ў ба асари худ ҳамроҳ менамояд.
Абулқосими Фирдавсӣ дар синни 37-солагӣ ба навиштани «Шоҳнома» сар кард. Вале баъди андаке кор кардан дид, ки барои мақсади пешгузоштааш манбаъҳо, ҳуҷҷатҳо ва таърихномаҳо кофӣ нестанд. Вай барои ҷамъ овардани ахбори иловагӣ ва такмил додани қиссаву ривоятҳо ба шаҳру деҳоти гуногуни Хуросон ва Мовароуннаҳр сафар намуда, бо донишмандон, мўбадон ва гўяндагон вохўрда, аз онҳо бисёр чизҳоро навишта гирифт. Бар замми ин, шоир бисёр маъхазҳо, ҳуҷҷатҳо ва таърихномаҳоро аз назар гузаронда, қисматҳои заруриашро интихоб намуд. Ӯ ҳамчунин, макони вуқўъи бисёр воқеаҳои таърихӣ ва афсонавиро бо чашмони худ мебинад. Ҳангоми навиштани «Шоҳнома» ба асарҳои адабӣ низ муроҷиат намуда, то андозае аз «Шоҳнома»-и Абулмуайяди Балхӣ (соли таълифаш 963), «Шоҳнома»-и Масъуди Марвазӣ (соли 966 тартиб дода шудааст) истифода бурдааст.
Дигар китобе, ки нисбатан мукаммал буда, бо фармони сарлашкари Сомониён Абўмансур Муҳаммад ибни Абдураззоқ тартиб дода шудааст, «Шоҳномаи Абўмансурӣ» мебошад. Ин китоб соли 957 мураттаб гардидааст. Фирдавсӣ ҳангоми офаридани шоҳасари худ асосан ба ин китоб такя намуда, онро ба риштаи назм кашидааст.
«Шоҳномаи Абўмансурӣ» китобе буд, ки аз забони чандин гўяндагон бо сардории чаҳор мўбади зардуштӣ ба тариқи наср навишта шуда буд.
Ғайр аз ин, Фирдавсӣ ҳангоми навишт ба «Авесто», «Худойномак» ва китобҳои дигари қадимӣ муроҷиат кардааст. Вале аз гуфтаҳои шоир маълум мешавад, ки ў бештар ба эҷодиёти даҳонакии халқ муроҷиат ва такя карда будааст.
Абулқосими Фирдавсӣ баъди пурра ҷамъ овардани маъхазҳо ва қиссаю ривоятҳо бевосита ба навиштани «Шоҳнома» оғоз мекунад. Вай саъй менамуд, ки асарашро зудтар ба охир расонад. Аз ин сабаб ў пайваста кор карда, тамоми қуввату истеъдоди худро ба ин кор сарф менамояд.
Фирдавсӣ дар ин кор, на танҳо давлату сарват, балки ҷавонии худро низ сарф кард. Меҳнати пуразобу шабҳои бехобӣ осори худро дар он гузошта буданд. Шоир баъди ранҷу меҳнати 30-сола назми «Шоҳнома»-ро ба итмом мерасонад.
Вақте ки Абулқосими Фирдавсӣ қисматҳои охирини «Шоҳнома»-ро менавишт, дар мамлакат ҷангҳои байнихудии феодалҳои саркаш давом дошт. Дар натиҷаи саркашии феодалҳои маҳалпарасти марказгурез, ки ҳар кадом мехостанд ба сари худ ҳукумати алоҳидае ташкил намуда ҳукмронӣ намоянд, иқтидори давлати Сомониён рўз то рўз суст мешуд. Аз ин истифода бурда £арохониҳо ба Бухоро ҳуҷум намуда, давлати Сомониёнро аз байн бурданд. Дар мамлакат ҳукуматҳои нави бегонагон барпо шуд. Дар Осиёи Миёна £арохониён ва дар шимоли Афғонистон Ғазнавиён давлатҳои худро барпо намуданд.
Абулқосими Фирдавсӣ ният дошт, ки «Шоҳнома»-ро тамом намуда, ба амирони Сомонӣ пешкаш намояд. Агар ин нияти шоир амалӣ мегашт, Сомониён ба ў мукофоти сазоворе медоданд, ки боқии умрро бо хушнудӣ мегузаронид, лекин, чуноне ки гуфтем, ҳангоми ба итмом расидани «Шоҳнома» давлати Сомониён аллакай аз байн рафта буд. Дар Мовароуннаҳру Хуросон чунин шахси мўътабаре ва ё давлате, ки сазовори ин асари безавол бошад, вуҷуд надошт.
Фирдавсӣ, ки «Шоҳнома»-ро бо умедҳо навишта, дар ин роҳ ҳамаи буду шуди худро сарф карда буд, дар охирҳои умр камбағал ва боз ба болои ин пиру нотавон шуда монд. Дар Хуро¬сон ва Мовароуннаҳр ҷангҳои хонумонсўзи дохилию берунӣ да¬вом мекард. Дар мамлакат оромӣ набуд. Аз ин сабаб, шоир «Шоҳнома»-ро ба касе пешкаш накарда, чандин сол онро ниҳон дошт:
Замона саросар пур аз ҷанг буд,
Ба ҷўяндагон бар ҷаҳон танг буд.
Бар ин гуна якчанд бигзоштам,
Суханро наҳуфта ҳамедоштам.

Абулқосими Фирдавсӣ ба ин нокомиҳо тан надода, китоби худро борҳо аз нав кор карда, баъзе достонҳои онро каму беш таьир дод, баъзеи дигарро мукаммал намуд, достонҳои парокандаи онро ба тартиб овард.
Баъди чандин сол дўстони шоир ба ў маслиҳат медиҳанд, ки «Шоҳнома»-ро ба Султон Маҳмуд пешкаш намояд.
Султон Маҳмуд касе буд, ки ҳанўз дар замони Сомониён вилояти худро аз тасарруфи онҳо бароварда, фақат бо ном тобеи онҳо буд. Ў Ғазна (дар Афғонистони имрўза) -ро пойтахти худ интихоб карда, то соли 1030 ҳукумат рондааст.
Абулқосими Фирдавсӣ маҳсули ранҷи беш аз сисолаи худро ба Султон Маҳмуд пешкаш намуд. Вале Маҳмуд «Шоҳнома»-ро қабул накард, чунки «Шоҳнома» манфиати Ғазнавиҳо ва махсусан, манфиати Султон Маҳмудро ҳимоя намекард. Баръакс, тамоми ғояҳои ин асари безавол бар зидди истилогарони хориҷӣ равона шуда буд.
Идеяи дигари «Шоҳнома», ки меросӣ будани шоҳӣ, ягона нигоҳ доштани обу хоки кишвар, муҳофизати халқу ватан ва накўҳиши истилову ғорати замину кишварҳои дигарон аст, низ ба Маҳмуд мақбул набуд, зеро Султон Маҳмуд аслан на шоҳзода, балки аз лашкариёни кироя буда, мувофиқи ақидаи Фир¬давсӣ, чунин шоҳи бенасаб бояд нест карда мешуд. Бар болои ин Маҳмуд шоҳи золиму ғоратгар буд. Танҳо ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки ў 15 маротиба ба Ҳиндустон лашкар кашида, он кишварро помол ва тороҷ карда буд.
Фирдавсӣ ба динҳои пеш аз исломии халқи худ — зартуштӣ ва монавӣ назари нек дошт. Инчунин, ў ба намояндагони халқ ва сардорони шўришҳои халқӣ (Кова ва Маздак), ки зидди шоҳони золиму ситамгар қиём мекарданд ва исён мебардоштанд, бо эҳтирому муҳаббати тамом менигарист. Ин ақидаи шоир низ бар хилофи манфиати Султон Маҳмуд буд.
Султон Маҳмуд баробари золимӣ шахси бағоят мутаассиб буд. Ў аксарияти ҷангҳои ғоратгаронаи худро бо шиори «ҷанги муқаддас» мегузаронд. Бо зарби шамшер ба гардани халқҳо бор кардани дини исломро гўё назди худ вазифа гузошта буд. Ӯ бо ҳар роҳ мехост, ки хизматгори арабҳо будани худро нишон диҳад. Маҳз халифаҳои Аббосӣ ба ў унвонҳои «Аминуддавла» ва «Яминуддавла»-ро дода, шоҳ шудани ўро эътироф карда буданд. Дигар ин ки яке аз персонажҳои ниҳоят манфии «Шоҳнома» Заҳҳоки морд¢ш, ки мағзи сари инсонро мехўрд, намояндаи халқи араб буд.
Абулқосими Фирдавсӣ, ки 30 соли умри худро дар навиштани «Шоҳнома» сарф намуда буд, аз ин достони ҷовидонаи худ умедҳои калоне дошт. Ӯ гумон дошт, ки ба ин васила аз сахтию нодориҳо халос мешавад, вале, чуноне ки дидем, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ тамоми орзую умедҳои шоирро ба бод дод. Сул¬тон Маҳмуд дар «Шоҳнома» ақидаҳои хилофи мақсадашро дида, онро қабул накард.
Баъди он ки Султон Маҳмуд ба қадри шоир нарасид, Фирдавсӣ бар ивази бадгўӣ ва бадрафториҳои Маҳмуд ва наздикони ў ҳаҷви машҳури худ «Гуфтор дар ҳаҷви Султон Маҳмуд»-ро навишту аз Ғазна баромада рафт.
Баъди ин, Султон Маҳмуд фармон дод, ки Абулқосими Фирдавсиро дастгир намуда, ба зери пои фил партоянд. Фирдавсӣ аз сн хабар ёфта, гурехт. Вай аввал ба Ҳирот, сипас ба Табаристону Ироқ, баъд аз он ба шаҳру вилоятҳои дигаре, ки дуртар аз Ғазна буданд, рафта, бо сарсонию саргардониҳо рўз мегузаронд. Одамони Султон Маҳмуд барои дастгир намудани Фирдавсӣ ба бисёр шаҳру деҳот рафта, ўро мекобанд. Халқ, ки шоири худро ниҳоят д¢ст медошт, доимо ўро пинҳон мекард. Одамони Маҳмуд ноумед шуда ҷустуҷўро тарк карданд. Дар ин айём бар болои ин сахтию ғурбатҳо ва таъқиб шоирро пирӣ ва фақирӣ ҳам азоб медод. Вай баъди азоб ва гурезагии дуру дароз ва пасанда шудани кофтуковҳо соли 1020, дар ҳолати нотавонию фақирӣ ба зодгоҳи худ Бож баргашта, ҳамон сол аз олам гузашт. Ўро дар боғе, ки аз падараш мерос монда буд, дафн кар¬данд. Ҳоло дар болои турбати ў аз санги мармар мақбараи мўҳташаму зебое сохта шудааст. Акнун оромгоҳи шоир ба зиёратгоҳи мардум табдил ёфтааст.