Зарбулмасал

  1. Оғо дар кайфу молаш дар барф.
  2. Дар бораи одами бекас касе чизе намегўяд.
  3. Барфҳо об мешаванд, аммо кўҳҳо барҷо мемонанд.
  4. Бигзор душман шер бошад, на рўбоҳ.
  5. Бигзор одам саг бошад, на хар.
  6. Бо банди бегона ба чоҳ фурў марав.
  7. Чароғ бе равған рўшноӣ намедиҳад.
  8. Кўҳи баланд беҳ аз ҳамсояи бад.
  9. Нақора дар дасти ману ту чўб мезанӣ?
  10. Қарзи андак мисли кўдак зуд калон мешавад.
  11. Дояи хуб беҳ аз ҳазор муаллим.
  12. Гурусна имон надорад.
  13. Душмани мард забон ва зан аст.
  14. Дили камбағал фарох аст.
  1. Дунё ба сабр қарор гирифтааст.
  2. Дунё мисли гуле аст, бўй мекашиву ба дигаре медиҳӣ.
  3. Вақте оҳиста роҳ равам, бадбахтӣ дарёбам мекунад, агар зуд равам – ман бадбахтиро дармеёбам.
  1. Ман мегўям: «ана хирс», ту мегўӣ: «мана изи он».
  2. Ман як чӣ мегўям, тамбури ман дигар чӣ.
  3. Тақдир чархе аст, гоҳ ба росту гоҳ ба чап давр мезанад.
  4. Бо гургон мехўраду бо чўпон мекобад.
  5. Гургро вохўрдан фоли нек аст, аммо беҳтараш бо он вонахўрӣ.
  1. Гург туманро дўст медорад.
  2. Гурге, ки ба ман рў ба рў нашавад, бигзор ҳазор сол умр бинад.
  1. Сарват барои мардон шох5 асту бенавоӣ – барас6.
  2. Ҳам ба масҷид дер карду ҳам ба калисо.
  3. Аспи ҳар кас мувофиқи тақдираш метозад.
  4. Асп медавад, аммо савора худро таъриф мекунад.
  5. Ҳурмат ҳурматро талаб мекунад.
  6. Касе бисёр хобад, кам медонад.
  7. Аз мурдани шамъ кўрро чи ғам.
  8. Худо, ки диҳад, мулло чӣ лозим?
  9. Агар сабр кунӣ, амири Миср мешавӣ.
  10. Зани зиштрў чашмро месўзонаду зани зебо – дилро.
  11. Духтари нобино беҳ аз писари бепарво.
  12. Бадбахт ҳамон мардест, ки ду чашми занаш ба дар бошад.
  13. Зан – девори даруна, мард – девори беруна.
5 Дар фарҳанги мардуми курд шох рамзи қудрат, далерӣ ва тавоноӣ аст.
6 Барас – бемории пўст, пес.
  1. Санг ба кўза афтид, вой ба ҳоли кўза; кўза ба болои санг афтид, вой ба ҳоли кўза; дар ҳар сурат вой ба ҳоли кўза.
  1. Дар тобистон сангчаҳоро ҳам ба анбор андоз.
  2. Санги калонро санги хурд нигоҳ медорад.
  3. Нобинои бе асо – кампири безабон.
  4. Агар ятимҳо хушбахт мебуданд, падарашон намемурд.
  5. Касе ба ду роҳ нигоҳ мекунад, олус мешавад.
  6. Хар чӣ донад, ки заъфарон чист.
  7. Поп ба нони ҳаррўза одат кардааст.
  8. Аз море, ки намегазам, мегўяд, битарс.
  9. Моҳии дарёӣ дар баҳр зиндагӣ карда наметавонад.
  10. Мардҳо танҳо ба дидаашон бовар мекунанд.
  11. Марди дузана дурўя аст.
  12. Мулло қарзашро фаромўш мекунаду қарздорҳояшро не.
  13. Инсон дар умри худ ду бор кўдак мешавад.
  14. Ҳар вақт писардор шудан мумкин, аммо соҳиби бародар не.
  1. Муқобили шахси беадолат тир адл аст.
  2. Ба одами ношукр шарбат диҳӣ, шарбат талх аст, мегўяд.
  3. Шаргин ба мақсад намерасад.
  4. Бо шахси сабукфикр ҳеҷ гоҳ баҳс накун.
  5. Одами умедашро аздастдода, имону виҷдон надорад.
  6. Беҳунар ҳамеша баҳона меёбад.
  7. Фиребгар нони худро танҳо мехўрад.
  8. Аблаҳ дар тўю мотам ҳамавақт маълум аст.
  9. Дузд аз худаш ҳам гумон мебарад.
  1. Кўчӣ7 аз корҳои кишоварзӣ фарсахҳо дур аст.
  2. Бо хешон савдо намекунанд.
  3. Калонсол қадри калонсолро медонад.
  4. Истеъдоди хар ҳангоси ўст.
  5. Мор агар хуб мебуд, бо шикамаш роҳ намерафт.
  6. Моҳии дар ҳавзро савдо намекунанд.
  7. Амир ҳам мемурад, мўйсафеди Авдал ҳам.
  8. Амир ҳам ба чўпон ва ҳам ба сўзан эҳтиёҷ дорад.
  9. Мову ту сохтему шўҳрат насиби Шозар8 шуд.
  10. Маймун дар чашми модараш ғизол менамояд.
  11. Оҳангари хуб мўрчаро ҳам наъл мезанад.
  12. Нангу виҷдонро харида наметавон.
  13. Шамшерро кашидан дигар асту задан дигар.
  14. Таъми нон аз ваҷоҳати мизбон вобаста аст.
  15. Нисфи ҳазор – панҷсад, фикрат куҷо рафт?
  16. Аз ҳосили нисфи кор умед мадор.
  17. Намедонам – роҳати ҷонам.
  18. Ҳеч кас барои мурда чашмонашро аз косахонааш намебарорад.
  1. Мўйсафед аз хурсандӣ ҷавон мешаваду ҷавон аз ғам пир.
  2. Суханони бад зуд паҳн мешаванд.
  3. Бадкор бо бадкор шавад хонадор, аз онҳо фарзанде ояд талабкор.
  1. Фирор нисфи мардонагист.
  2. Рўшании давлат ақл аст.
  3. Зебогии хар ду гўши ўст.
7 Кўчӣ – кўчнишин, кўчманчӣ
8 Шозар – номи курдӣ = Шоҳзар
  1. Морбача ҳам заҳр дорад.
  2. Рўз дар калисо хидмат мекунаду шаб дар масҷид.
  3. Хешон дар рўзҳои сахт дастгират мешаванд.
  4. Ба рўйи камбағалон касе нангарад.
  5. Соле як бор биёӣ, султони манӣ; моҳе як бор биёӣ, меҳмони манӣ; агар ҳар рўз биёӣ – балои ҷони манӣ.
  1. Сабркунанда ҳокими Миср мешавад.
  2. Сари хўшаи гандуми пухта хам аст.
  3. Ҳангоми ҷанҷол оши палав тақсим намекунанд.
  4. Коса, ки афтад, хоҳ шиканаду хоҳ не, ҷарангос мезанад.
  5. Ширро чўпон мехўраду сарширро чўпонбача.
  6. Тўфанг пайдо шуду мардонагӣ гум гашт.
  7. Бо дурўғу фиреб танўр намтафсад.
  8. Дар вақти низоъ – холу хорзӣ, дар вақти наҳор – апу брозӣ.
  1. Гуреза ҳам Худо мегўяд, таъқибкунанда ҳам.
  2. Кўдакон бо бозӣ калон мешаванд.