Абдураҳмони Мушфиқӣ — Ғазалиёт

АЗ ҒАЗАЛИЁТ

Фитод аз лола оташ тавбаи парҳезгоронро,
Ки оташбарг шуд қавсу қузаҳ абри баҳоронро.
Чи гуна чоки гул дўзад сабо аз сўзани сабза,
Ки дар ҳар ришта беш аз сад гираҳ афтода боронро.
Бақое нест бедоди гулу фарёди булбулро.
Басе гулҳо тамошо кардаму дидам ҳазоронро,
Саги ў дар вафо аз худ маро камтар намедонад,
Касе беҳтар намедонад зи ёрон қадри ёронро.
Рақибо, гар навиди лутфи он бадхў намеор,,
Ба дашноми дурўғе шод кун уммедворонро.
Зи марҳам беҳ шавад ҳар ҷо ба дил доғе бувад, лекин
Беҳ аз доғи ту набвад ҳеҷ марҳам дилфигоронро
Пас аз куштан чу аз хоки ту рўяд, Мушфиқӣ, лола,
Ту хоҳ, сохтан равшан чароғи хоксоронро.
****
То ба боғ ояду тасвир намояд гулро,
Қалами мўй зи минқор шавад булбулро.
Гар бунафша ба ту дорад сари нофармон,.
Аз баногўш аён соз сари кокулро.
Ин димоғе, ки ман аз накҳати зулфат дорам,
Дар гулистон чи кунам роиҳаи сунбулро.
Даври гул мешиканад тавбаи мардум, чи аҷаб,
Ки тааммул накунад зоҳиду гирад мулро.
Мушфиқ, меҳри туро дар дили ҳар зарра шинохт,
Назар он аст, ки дар ҷузв шиносад кулро.

Пора кардам пираҳан з-он сарви симинтан ҷудо,
Ман ҷудо нолидам аз ҳиҷрону пироҳан ҷудо.
Ҳамчу гул дастам ба хун олуда шуд, азбаски ман
Дар ғамат хори маломат кардам аз доман ҷудо.
Давлати дидор хуш бошад, агар рўзи висол,
Остин бошад зи чашми хунфишони ман ҷудо.
Аз маҳи рўят маро маҳрум месозад рақиб,
Золиме, ё раб, шавад аз дидаи равшан ҷудо.
Дар қиёмат ҳаҷри ағёр аст васли ошиқон,
Эй хуш он рўзе, ки гардад дўст аз душман ҷудо.
Бар асирон чун назар андозию тир афган,,
Раҳм кун бар ман, нигоҳу новаке афган ҷудо.
Мушфиқ, дур аз сари кўят дили хуррам надид,
Ғунча ҳаргиз нашкуфад, чун гардад аз гулбан ҷудо.
****
Аз дили рафта насими ту хабар кард маро,
Чун сабо дарбадару хок ба сар кард маро.
Кард ҷону дилам он ғамзаи мастона асир,
Ғорати дигару тороҷи дигар кард маро.
Даст дар домани ҳар аҳли дуое, ки задам,
Гуфт: «Девона ҷунуни ту асар кард маро».
Дар дилам буд, ки ҳаргиз ба касе дил надиҳам,
Ногаҳ аз сина хаданги ту гузар кард маро.
Омадам бар сари кўят қадам аз сар карда,
Назбаи шавқ ба побўси ту сар кард маро.
Бодаи ишрате аз даври фалак меҷустам,
Соғари дида пур аз хуни ҷигар кард маро.
Мушфиқ,, бе назаре нестам аз сабзхатон,
Хизр гўё, ки дар ин роҳ назар кард маро.
****
Ба дил гуфтам ғами он симтанро,
Бало гуфтам, нагуфтам ин суханро.
Маро дар ошиқӣ сарриштае ку,
Ки дўзам чокхои пираҳанро?
Зи дил хун мехўрам, аз ман мапурсед,
Касе он беҳ, ки накшояд даҳанро.
Суман дар бўстон бўи ту дорад,
Ба бўят дўст медорам суманро.
Дили гумгаштаро рафтам, ки ёбам,
На дилро ёфтам, на хештанро.
Агар пеши ту дар хидмат намирам,
Ба умри худ нахоҳам зистанро.
Гуле аз ишқ беҳтарӣ Мушфиқӣ, нест,
Ҳазорон озмудам ин чаманро.

Ман к, бошам, моҳи ман, то меҳрубон бинам туро?
Толеъе бояд, ки бо худ ончунон бинам туро.
Чашми мардумро ч, сон густох бинам дар раҳат,
Ман, ки мехоҳам зи чашми худ ниҳон бинам туро?
Дар вафо сад бор агар пеши сагонат ҷон диҳам,
Боз бо худ дар мақоми имтиҳон бинам туро.
Гарчи аз як диданат расвои олам гаштаам,
Оламе бояд, ки оямӣ ҳар замон бинам туро.
Пеш аз он дам пур шавад паймонаи умрам, ки ман
Аз хумори базми хуб, саргарон бинам туро.
Гашт коми Мушфиқӣ талх аз ту, эй заҳри фироқ.
Дар ҷаҳонӣ ё раб, ба коми душманон бинам туро!
***
То зи ғам чок задам ҷайби шикебоиро
Ишқ бинмуд ба ман кўчаи расвоиро.
Зери хокам зи мулоқоти рақибон хуштар,
Ба ҷаҳоне надиҳам гўшаи танҳоиро.
Ҳар дам, эй шохи гули тоза, ба ранги дигар,,
Аз кӣ омўхта, ин ҳама раъноиро?
Қадам аз фарқ ба савдои висолат кардам,
Аз қадам фарқ накардам сари савдоиро.
Гар хаёли хати мушкини ту набвад, ки ниҳад,
Мушк дар зери нигин хотами биноиро?
Ғайри хунобаи ҳасрат к, кушояд зи дилам,
Аз гулистон чи кушояд мани савдоиро?!
Мушфиқӣ, аз қадами ёр марав ҷои дигар,
Ки қабуле набувад бандаи ҳарҷоиро.

Чун насими субҳ дарёбад маи гулфомро,
Чини мавҷи ў гули садбарг созад ҷомро.
Соғари майро даҳан аз ханда чун гул бозмонд,
То ба лаб рўзе расид он сарви симандомро.
Гар нишоти умр хоҳ,, бе маи гулгун мабош,
Ҳамчу даври гул ғанимат дар ин айёмро.
Соқиё, лутфе куну аз лаъли худ коме бидеҳ,
Ҳамдаме ку, то ба махмурон барад пайғомро?
Он к, дорад аз ҳарифони куҳан дилбастагӣ,
Нест ғайр аз лои бода ринди дурдошомро.
Мушфиқӣ, тоси фалакро нест имкони даранг,
Сарфи ҷоми бода гардон умри бефарҷомро

Агарам ба ҷуз ту бошад бути дигаре, худоро,
Напарастаму надонам ба ягонагӣ худоро.
Ҳамаро навиди лутфи ту ба доғ баст марҳам,
Зи миёни дардмандон ба кӣ вогузошт маро?
Манаму дуои умрат, ба шикастахонаи худ
Зи дили шикаста, оре, асаре бувад дуоро.
На манӣ, чӣ подшоҳӣ, ки зи хони хубии ту
Нарасад ба ғайри ҷое, ки ба лаб расад гадоро.
Ба ҳавои хоки пои ту зи сайри боғ гаштам,
Чӣ кунам зи гашти боғе, ки наёбам ин ҳаворо.
Зи баҳори васл бўе ки ба Мушфиқӣ расонад,
Магар аз ту ҷониби ў гузаре фитад гадоро?

Орзу дорам ба домони ту рўи хешро,
То ба кай пўшам ба доман орзўи хешро?
Гарчи гардад фитнае боз аз барои ҷони ман,
Боз кун аз хоб чашми фитнаҷўи хешро.
Чун ба ёдат хона дар кўи фаромўшон кунам,
Ёд кун гоҳе фаромўшони кўи хешро.
Бар сари кўи ту гирён рафтаму расво шудам,
Рафта-рафта ҳеҷ кардам обрўи хешро,
Мегудозам ҳамчу шамъ аз риштаҳои ҷони худ,
Душмани худ ёфтам ҳар тори мўи хешро.
Номаи қатли маро аз холи мушкин мўҳр кун,
Ҳамчу Ҳотам то ба кай гирам гулўи хешро?
Мушфиқ, аз бўи гулзори рухат ҷон медиҳад,
Бо насими зулф ҳамраҳ соз бўи хешро.

Маҷлис имшаб тираву чашми ту, эй мутриб, ба хоб,
Субҳ шуд, бархезу оташбарг соз аз гўшабоб.
Гул шавад аз ғунча хандон, гарчи дар базми чаман
Ғунчаи лаъли ту хандон шуд зи гулҳои шароб.
То ба зулфи шабмисолаш нисбате пайдо кунад,
Хештанро бар маҳи рўи ту мебандад ниқоб.
Пунбаи марҳам фитад пеши ту аз доғи дилам,
Баски дорад аз барои доғи дигар изтироб.
Бо хаёлат рўзу шаб чашм аз ҷаҳон пўшидаам,
Не ба рўи моҳ бинам, на ба сўи офтоб.
Мушфиқӣ, гар бандаи ишқӣ, зи меҳнат сар мапеч,
Меҳр меварзӣ ба хубон, аз маломат сар матоб.
***
Қадаҳ ки ҳамдами ў ашки лолагуни ман аст,
Даме ки лаъли ту бўсад сиришқ хуни ман аст.
Ба ғайри оҳ надорам рафиқи дилсўзе,
Ки шаб ба рафтани кўи ту раҳнамуни ман аст.
Ба хоки пои рақибон баробарам кардӣ,
Камоли заъфи тану толеи забуни ман аст.
Ситамгаре, ки ба заҳри фироқ кушт маро,
Кунун ба ваъдаи васл аз паи фусуни ман аст.
Касе ба ман сухани он парӣ намегўяд,
Ба худ, ки дар суханам, ғояти ҷунуни ман аст.
Ба базми ҳаҷри ту аз хуни дида дар аҷабам,
Ки бода ин ҳама дар соғари ҷунуни ман аст.
Магў, ки Мушфиқӣ аз оташи кӣ сўхтаӣ,
Касе ки сўхт маро, оташи даруни ман аст.

Ба дилу ҷони худ аз кўи ту натвон шуду рафт,
Тарки дил гуфтаму ҷон додаму осон шуду рафг.
Сари зулфи гираҳе нола кушод аз дили ман,
Дили ҷамъе, ки маро буд, парешон шуду рафт.
Аҷал омад, ки халос, диҳад аз ҳаҷр маро,
Буд бетолеии ман, ки пушаймон шуду рафт.
Гуфтам аз кўи ту гирам сару овора шавам,
Пеш аз он дам ки равам, он сару сомон шуду рафт.
Хоб дидам, ки биноҳои тараб сохтаам,
Ваҳ, ки то чашм кушодам ҳама вайрон шуду рафт.
Дар ғамат риштаи умре, ки ба каф буд маро,
Сарф дар дўхтани чоки гиребон шуду рафт.
Мушфиқӣ дасттиҳ, рафт зи олам берун,
Ҳарчи будаш ҳама сарфи раҳи хубон шуду рафт.
***
Набарӣ гумон, ки ҷое равам аз ҳарими кўят,
Ҳама ҷо асир бошад, на чунон ки ман ба рўят.
Бикушой чашми раҳмат ба шикастабастаи ман,
Ки дили шикаста бастам ба каманди орзуят.
Ту зи хўи бад насоз, ба касе, ки мубтало шуд,
Чӣ кунам, агар насозам мани мубтало зи кўят?
Гул агар ҳазор ҷилва зи никоби ғунча дорад,
Ба шунидану ба дидан нарасад ба рангу бўят.
Сару зар нисор кардам ба ду зулфи тобдорат,
Дилу ҷон зи даст додам ба ду чашми фитнаҷўят.
Ба ҳавас гузашт умру нафасам ба охир омад,
Нафасе хамўш ҳаргиз нашудам зи гуфтугўят,
Зи ҷаҳон фитад иқомат дилу хоки Мушфиқро,
Наравад ҳанўзаш аз дил ҳаваси рухи накўят.

Гуфтамаш, сунбули тар зиннати барги суман аст,
Ба каҷӣ бурд суханро, ки сари зулфи ман аст.
Ҷони ҷонҳо ту, имрўз ба нозукбаданӣ,
Бидиҳанд ҷону дигар ҷумлаи ҷонҳо бадан аст.
Меканад ҷону зи ёрони вафодор касе
Нест ҷуз теша, ки рўяш тарафи Кўҳкан аст.
Нома аз раҳгузари шавқ рақам созаму боз
Мирам аз шавқ, ки ўро ба ту роҳи сухан аст.
Ҳар куҷо дар сафи тоат ба худо орам рўй,
Зулфи ту пурдилу чашми сияҳат сафшикан асг.
Мушфиқиро, ки ба кўи ту бувад ғарқа ба хун,
Чашми ғамдида, аҷаб нест, гули ин чаман аст.
***
Он ки дуд аз ҷон барорад ҷуз навои чанг нест,
Оташи бедуд ғайр аз оби оташранг нест.
Шишаи номус бар санги маломат мезанам,
Мутриби ушшоқро хуштар аз ин оҳанг нест.
Ҳар нафас як манзил аз умр аст дар роҳи фироқ,
Умр рафту эътимоди қатъ, як фарсанг нест.
Гарчи дар ишқи ту кори ман ба расво, кашид,
Дорам аз худ нангу аз коре, ки дорам нанг нест.
Ғунча аз лаъли лабат дар тангнои ҳайрат аст,
Варна дар гулзор бар боди ҳаво дилтанг нест.
Баъди мурдан миннат аз санги мазорам гў,мабош,
Дасти ман аз ҳеҷ кас боре ба зери санг нест.
Рўзи ҳиҷрон Мушфиқӣ мушту гиребон чок-чок,
Чист инҳо, гар ба бахти хештан дар ҷанг нест?
***
Наълу алиф ба сина роҳи балои ҷон аст,
Дорад тафовут, аммо ин тиру он камон аст.
То дар саводи чашмам хатти ту ҷо гирифта,
Ҳар қатраи сиришкам тифли саводхон аст.
Дасти умед шустам, з-он дам зи хоки поят,
Чун оби зиндагон, аз чашми ман ниҳон аст.
Ҳар устухон, ки ёбад аз ман сагат шикаста,
Печида дуди ҳасрат дар мағзи устухон аст.
Сад нома аз ғами дил дар нома шарҳ кардам,
Хоҳад баён намудан, чун нома нуктадон аст.
Шохи гуле зи дастам рафтасту з-оташи дил
Оҳи шарарфишонам чун дастаи хазон аст.
Чашми туро ниҳон, бо Мушфиқи нигохест,
Хурсандие, ки дорад дар ошиқӣ, ҳамон аст.
***
Дур аз саги ёрам, алами ман ҳама ин аст,
Касро ғами ман нест, ғами ман ҳама ин аст.
Ман ошиқу хўи ту баду ҷаври рақибон
Дар кўи ту бар худ, ситами ман ҳама ин аст.
Ҷон бар лабу хун бар мижа дорам зи ҷафоят,
Аз ту гилаи дам ба дами ман ҳама ин аст.
Беш аз ҳама ғам дораму кам аз ҳама сомон,
Сомони ману бешу ками ман ҳама ин аст.
Ҳарчанд ки нолам зи ҷафоҳои ту, гўй,
Ман инаму лутфу карами ман ҳама ин аст.
Чун хору хасам, Мушфиқӣ, афтода ба кўяш,
Гулзори биҳишту ирами ман ҳама ин аст.
***
Гул зи бўи ту ба гулзор хабар ёфтааст,
Наргис аз чашми сиёҳи ту назар ёфтааст.
Лоласон ҳар кӣ ба дил доғи таманнои ту бурд,
Доманаш ранг ба хуноби ҷигар ёфтааст.
Гар ба кўи ту наёбам гузаре, хоҳам шуд
Хоки пое, ки ба кўи ту гузар ёфтааст.
Ҷунбиши меҳри ту аз силсилаи ашки ман аст,
Гўиё риштаи ғаввос гуҳар ёфтааст.
Сина бутхона шуд аз сурати хубону дилам
Каъба бигзоштаю буткада дарёфтааст.
Мушфиқӣ дар раҳи ишқи ту хуш аст аз рухи зард,
Хоксори ту магар муфлиси зарёфтааст.
***
Баҳри девонагии ман санаме шуд боис,
Ҳар куҷо доғ ниҳодам, аламе шуд боис.
Гиря рў дод маро бе ту бар атрофи чаман,
Гашт гулзор пароканда, ғаме шуд боис.
Хонумони мани беҷой агар гашт хароб,
Золиме пеши ман омад, ситаме шуд боис.
Рафта будам, ки наёям ба сари кўи ту боз,
Шавқи дидори туам дар қадаме шуд боис.
Чанд сўзам зи ғамат, кош набуд, ин дил,
То бар ин оташи ҷонсўз намешуд боис!
Кимиёи карам аз майкада мебояд ҷуст,
Ки бар он химати сохибкараме шуд боис.
Мушфиқиро, ки тан аз нола чу нои қалам аст,
Орзуи хати мушкинрақаме шуд боис.
***
Соқиё, хез, ки омад ба тамошо гули сурх,
Боғ шуд базму қадаҳ лолаю саҳбо гули сурх.
Боз шуд оташи хокистари булбул равшан,
Ки барафрўхта рухсораи зебо гули сурх;
Ба ҳавои гули рухсори ту созад ҳар субҳ
Тугмаи ғунча зи пироҳани худ во гули сурх.
Сўзан аз ҷайб бароварда, магар мехоҳад
Дар ғамат хори маломат кашад аз по гули сурх?
Ашк аз чашми ману ҳай зи ҷабини ту чакад,
Рўяд ин ҷо гули зарду дамад он ҷо гули сурх.
Мушфиқӣ доғи дилу дидаи пурхун дорад,
Накунад дар чамани даҳр таманно гули сурх.
***
Он шўх, ки сад дилшуда девонаи ўянд,
Шамъест, ки хубон ҳама парвонаи ўянд.
Онҳо, ки ба як чашм задан дил бирабоянд,
Дар орзуи наргиси мастонаи ўянд.
Қавме, ки тавон хок шудан дар раҳи хубон,
Аз хокнишинони дари хонаи ўянд.
Хубони паричеҳра ба ҳар хона, ки бошанд,
Муштоқи тамошои парихонаи ўянд,
Хуррам дили он ҷамъ, ки бо тафриқаи ҳаҷр
Шаб то ба саҳар маҳрами кошонаи ўянд.
Ҳар ҷо ки сухан Мушфиқӣ аз лаъли ту гўяд,
Соҳибназарон гўш ба афсонаи ўянд.
* * *
Эй, ки мехоҳ, баҳори умр хуррам бигзарад,
Чашм то барҳам зан, чун барқ олам бигзарад.
Ҳар дам аз шасти ҷафоят бар дили афгори ман
Новаки бедод сад биншаст, агар кам бигзарад.
Бар дилам дирўз агар ханчар кашидй, он гузашт
Мекашй тири чафо имрўз, ин хам бигзарад.
Дар миёни дардмандон номи ман ҳаргиз мабод,
Дар замири захм мангар, ёди мархам бигзарад.
Гўш мекардам, ки дигар нашнавам номи фирок.
Чашм медорам, ки рўзи гиряву ғам бигзарад.
Мушфиқӣ то зинда бошад бо сагони кўи дўст,
Нокасе бошад, ки аз ёрони ҳамдам бигзарад.
***
Дурри дандону шакархандаи он лаб нигаред,
Дар гуҳар ҳуққаи ёқут лаболаб нигаред.
Шамъи фонус, ки сўзад ба хаёлаш ҳама шаб,
Ҷонфишонию тиҳ, кардани қолаб нигаред.
Аз таби ман, шаби ғам, бистару болин ҳама сўхт,
Рафта-рафта ба куҷо мерасад ин таб, нигаред.
Кард дурам зи дараш, оташи ман пинхон нест,
Мисли он оташи аз дур, ки дар шаб нигаред.
Ҳалқаи зулфи ту ҷое, ки шавад қибланамоӣ,
Нури тоат ба рухи анбари ашхаб нигаред.
То фиребад дили мо дар назари ғамзаи ў,
Ба забон мижжаи сад сеҳри муҷарраб нигаред.

Мушфиқӣ дам назаду умр ба ҳасрат гузаронд,
Солҳо хуни ҷигар хўрдани машраб нигаред.
***
Ид асту дорад ҳар касе коми диле аз ёри худ,
Ман ноумед аз кори дил, ҳам ноумед аз кори худ.
Дорам зи сарви наврасе чун лола доғи дил басе,
То кай ниҳон дорад касе доғи дили афгори худ?
Лаълат Масеҳу ман зи таб аз по фитода рўзу шаб,
Баҳри худо, бикшой лаб дар пурсиши бемори худ.
Ҳам нозукӣ, ҳам нозанин, бархезу бар чашмам нишин,
Мапсанд маҳрумам чунин аз давлати дидори худ.
Эй боғбон, гул менигар, дорам ба раъное назар,
Ашки ману хуни ҷигар, чашми туву гулзори худ.
То Мушфиқиро сўхт дил аз меҳри он паймонгусил,
Чун шамъ дорад по ба гил аз гиряи бисёри худ.
***
Ушшоқ агарчи рози дили худ нухуфтаанд,
Чизе намондааст, ки мардум нагуфтаанд.
Дар ишқ миру зинда шавӣ эй дил, ки зери хок
Осудаанд зиндадилоне, ки хуфтаанд.
Мо ҳам шукуфтаем зи гулҳои доғи дил
Дар мавсиме, ки лолазорон шукуфтаанд.
Ағёр шаб ба кўи ту буданд то саҳар,
Дар хотири ман аст ғуборе, ки рўфтаанд.
Ашки ниёз гавҳари ишқ аст, Мушфиқӣ,
То дидаем, беҳтар аз ин дур насуфтаанд.
***
Сўзе, ки пинҳон доштам, ҳаҷри ту пайдо мекунад,
Табро ниҳон дорад касе, марг ошкоро мекунад.
Зулфи парешон чун ниҳад дар ҷилва сар бар пои ту,
Аз баҳри ҷони бедилон сад фитна барпо мекунад.
Гўянд ишқу мушкро натвон нуҳуфтан дар ҳарам,
Ишқи ту кард афсонаам, зулфи ту расво мекунад.
Шодию роҳат аз дилам омад зи танг, бас бурун
Чандин ғам аз ҳар ҷонибе дар рўи ҷон ҷо мекунад.
Ҳар нохуни булбул. агар хоре шавад дар пои ў,
Аз хор-хори ошиқй бо гул мадоро мекунад.
Рўзи фироқ аз сўзи дил теғи ту дорам орзу,
Лабташна дар оби равон мурдан таманно мекунад.
Шабҳо, ки дорад Мушфиқӣ андешаи моҳи рухат,
Бар ёди рўят то саҳар маҳро тамошо мекунад.
***
Дил дар сари он наргиси мастона шуд охир,
Ҳушёр намуд аввалу девона шуд охир.
Хам шуд сари шамъ аз ҷиҳати бод ба маҷлис,
Ханҷар зи паи куштани парвона шуд охир.
Он шўх, ки умрам ҳама шуд сарфи вафояш,
Аз ошиқи худ баҳри чӣ бегона шуд охир?
Афсўс, ки дар ишқи ту дарди дили худро
Аз халқ ниҳон кардаму афсона шуд охир.
Он турфа ғизол аз мани девона рамидаст,
Хоҳам зи чунун сокини вайрона шуд охир.
Бо он ки дили Мушфиқӣ аз каъба нишон дошт,
Аз сурати зебои ту бутхона шуд охир.
***
Олами ҳуснат баҳори хурраме дорад ханўз,
Нест хол, аз сафое оламе дорад ҳанўз.
Ҳар камоле нест бе нуқсон, вале моҳи рухат
Хубии бисёру нуқсони каме дорад ҳанўз.
Кишвари дилҳо парешон гашт дар мулки хилтат,
Ҳалкаи ҳар мўи мушкин хотаме дорад ханўз
Давр бигзашту ҳарифон масти лояъқил шуданд,
Ҷуръае соқӣ ба майхорон намедорад ҳанўз.
Баъди мурдан лола рўяд гар зи хоки Мушфикӣ,
Сар ба пеш афганда дар хотир ғаме дорад ҳанўз.
***
Зи мастӣ дошт қасди куштани ман чашми шаҳлояш,
Қадам бархост баҳри узру зулф афтод дар пояш.
Ба суратхона ҳар сурат, ки дидам, маҳви он гаштам,
Чу дидам сурати он маҳӣ шудам маҳви тамошояш.
Зи хубон орзўи дил таманно мекунад хар кас,
Маро ин орзу дар дил, ки мирам аз таманнояш.
Ту менолӣ ба тарфи бўстон, эй қумрию ман ҳам,
Ту аз болои сарву ман ба ёди сарви болояш.
Зи гул домони худ чидам, гирифтам дида наргисро,
Чӣ гуна дида баргирад касе аз сарви болояш?!
Бар ин дар Мушфиқӣ умрест лофи бандагӣ дорад,
Гар аз баҳри сагонаш хидмате бошад, бифармояш.
***
Ҷафоҷўе, ки шуд дарди мани бедил фаромўшаш,
Равам ҷое, ки дигар нолаи ман бишнавад гўшаш.
Буте дорам, ки гар ҷон медиҳам, ҳарфе намегўяд,
Мусулмонон, балои ҷони ман сад лаъли хомўшаш.
Рухаш ойинаю ман дар тамошои рухаш ҳайрон,
Лабаш майхораю ман аз маи наззора мадҳушаш.
Камон ҳар ҷо, ки аз худ меравад бар ёди абрўят,
Ба сўи хона мебояд кашидан бар сари дўшаш.
Шаб аз рашки даҳонат ғунча мепечад ба худ чандон,
Ки пероҳан саҳар садчок мегардад дар оғўшаш.
Ба ҳуши худ наёям то абад гар ҷуръае нўшам
Аз он ҷое, ки бар шоир расад лаъли кадахнўшаш.
Аз он шуд Мушфиқӣ девонаи зулфи парирўён,
Ки занҷири ҷунун хуштар намуд аз миннати ҳушаш.
***
То зи наққоши хазон суратгаре дорад ба боғ,
Беди маннун сурати болу паре дорад ба боғ.
Озари саҳбо деҳӣ эй соқӣ, ки ҳар барги хазон
Ранги рухсори бутони озарӣ дорад ба боғ.
Сад гираҳ бар риштаи оби равон зад аз ҳубоб,
Абрӣ пиндорӣ, хаёли соҳирӣ дорад ба боғ.
Домани кўҳу садои об агар набвад, равост,
Шишаи май хандаи кабки дарӣ дорад ба боғ.
Шуд ду ҳарфи зар қарини ҳам хазони барги бед.
Турфа бошад он к, ҳарфи безаре дорад ба боғ.
Ҷуръа бар рўи зарин мекаш, ки дар базми сабўҳ
Шўълаҳои офтоби ховарӣ дорад ба боғ.
Мушфиқӣ ҷон аз лаби лаъли майолуди ту дид,
Гул надорад боғу гулбарги таре дорад ба боғ.
* * *
Кўҳканро чу диҳад лола шароби гулранг,
Дар дили кўҳ бувад лола кабоби дили санг.
Мардум аз дард биноланд, ман аз нола, ки ў
Дам ба дам аз таҳи дил сўи ту дорад оҳанг.
Дастам аз кор шуду як гираҳ аз ғам накушод,
Ин ҳама нохуни ҳасрат, ки задам бар дили танг.
Чашми ту он чӣ ба ман кард зи мижгони сиёҳ,
Ҳеҷ кофар ба мусулмон накунад дар сафи ҷанг.
Дар мақоме, ки манам, ҷанг агар нест, бас аст
Чоки доман, ки дар ў хори маломат зада чанг.
Чун ба доғи дилу хуноби ҷигар хок шавам,
Лолаҳо рўяду гулҳо шукуфад ранг ба ранг.
Мушфиқӣ гашт ба савдои ту расвошудае,
Боз расвошудаи ном бароварда ба нанг!
***
Манаму мотами ҳаҷру ҳама шаб зории дил,
Нест дар паҳлўи кас ба вафодории дил.
Сари мову қадами сояи девори ту бод,
Ки фитодем ба ҳам рўзи гирифтории дил.
Дили худ металабам, гар бикушо, хами зулф
Бедилонро чӣ кушояд зи талабгории дил?!…
Шаби ҳиҷрон чӣ табибест диламро, ки дар ў
Нест уммед, ки ояд паи ғамхории дил
Дил ба ҳар бор супурдан бувад аз бехабар,,
Хоҷа ёре, ки бувад бехабар аз ёрии дил.
Мушфиқӣ ҷони ба лабомадае дораду бас,
Сар ба болини аҷал монда зи ҳамсории дил.
***
Шаб, ки бар ёди ту ҳамчун шамъ меафрўхтам,
Мекашидам оҳу ҷон медодаму месўхтам.
Бо сагат омўхтам ҳарфи вафо, бегона шуд,
Кошкӣ ҳаргиз чунин ҳарфе намеомўхтам!
Гар наяфтод, гираҳ дар риштаи уммеди ман,
Чокҳои синаи садпораро омўхтам.
Сўи ман ҳар санг, к-аз роҳи ҷафо андохтӣ,
Гавҳари мақсуди худ донистаму андўхтам.
Гарчи муфлис гаштам аз савдои хубон, Мушфиқӣ,
Дарду доғи ишқро бо оламе нафрўхтам.
***
Ҳар шаб чу шамъ гиряи ҷонсўз мекунам,
Мурдан беҳ аз шаб аст, ки ман рўз мекунам.
Фардо магар худой ба фарёди ман расад,
Ин нолаҳо, ки бе ту ман имрўз мекунам.
Хўи ту бад набуд бад-ин сон, ҳабиби ман,
Ин шиква аз рақиби бадомўз мекунам.
Месўзам аз ҳикояти бахти сиёҳи худ,
Шабҳо ба моҳи анҷуманафрўз мекунам.
Ишқат кадом дил, ки ба тороҷи ғам надод,
Беҳуда фикри ҷони ғамандўз мекўнам.
Чоки дилам зи ханҷари ёр аст, Мушфиқӣ,
3-ў илтимоси новаки дилдўз мекунам.
***
Бе лаби лаълат намехоҳам маи нобе хўрам,
Оташе дар ҷонам афтад, гар дами обе хўрам.
Бо шароби лолагун мастон кабоби дил хўранд,
Аз кабоби дил ман он мастам, ки хунобе хўрам.
Наргиси мастонаат аз дин маро бегона кард,
Соқие хоҳам, ки май дар тоқи меҳробе хўрам.
Ҳастии ман дар раҳи беэътибор, беш нест,
То ба кай ғам баҳри хуршеди ҷаҳонтобе хурам?!
Шарбате беҳ дар таби ҳӣҷрон намесозад маро.
Аз ҳубоби ашки гулгун беҳ, ки уннобе хўрам.
Аз лаби ў, Мушфиқӣ, харгиз надидам коми дил,
Чанд хуни дил барои лаъли ноёбе хўрам?!
***
Ба душман дўст шуд, моҳи дилафрўзе, ки ман дорам,
Набинад ҳеҷ кас, эй дўстон, рўзе, ки ман дорам!
Суруди ҳасрат аст, ин нолаи зоре, ки дил дорад,
Самуми меҳнат аст ин оҳи ҷонсўзе, ки ман дорам.
Ба шоми бекасӣ мушкил, ки таскин ёбад аз гиря
Ба рўи некўвон ҳашми бадомўзе, ки ман дорам.
Қиёмат бар сарам овард,, аз ҳиҷрон наметарсӣ?
Зи фардое, ки хоҳад буд, имрўзе, ки ман дорам.
Дилам садпора аз дасти рақибон аст, ҳар пора
Бувад пайкони тир он оҳи дилсўзе, ки ман дорам.
Ба дасти хеш мебанд, хазон бар нахли тобутам,
Чӣ суд ар рашк хоҳад мурд, наврўзе, ки ман дорам.
Кабуд аз санги бедоди бутон шуд рўи зарди ман,
Кӣ дорад, Мушфиқӣ, ин бахти фирўзе, ки ман дорам?!
***
Ҳар шабе аз оҳи худ кошонаро оташ занам,
Шамъро сўзам, дили парвонаро оташ занам.
То ба рағми ман насозад хонаи ишрат рақиб,
Пеш аз мурдан ба кўят хонаро оташ занам.
Бо ҳама раъно, аз оҳи дилам андеша кун,
Хирмане сўзад, агар як донаро оташ занам.
Ин ҳама оташ ба ҷони ман-зи дасти дил фитод,
Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам!
Ҷои ҳар оташ дар ин вайрона доғи ҳасрат аст,
Ҷои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.
Мушфиқӣ, дар дафтари айём мазмуни фаност,
Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.
***
Лаби ту барги гул асту шароби ноб бо ҳам,
Хўю узори ту борону офтоб бо ҳам.
Фасонаи ғами ҳиҷрони худ чи сон гўям
Ба наргиси ту, ки дорад хумору хоб ба ҳам.
Зи дурии ту маро оби чашму шўълаи оҳ
Бувад муоина барги хазону об ба ҳам.
Ту меравию зи тоби рухи ту дуди дилам
Бувад чунон ки расад оташу кабоб ба ҳам.
Саҳар сабо, ки тавонад савори масти маро,
Инон гирифтану бўсидани рикоб ба ҳам.
Зи зулми чашми ту ҷои Мушфиқӣ чи гуна барад,
Балои ҷон шуда нози туву итоб ба ҳам.
****
Бо рақибони ситамгар майли ҳамроҳ, макун,
Хоҳӣ, аз мо ин сухан бовар куну хоҳӣ, макун!
Чеҳраю соид намудӣ, оламе барҳам мазан,
Арзи асбоби ҷамол аз моҳ то моҳ, макун.
Ҳарчӣ бояд, сарви манӣ дор, зи идроки баланд,
Паҳлўи ҳар нокасе маншину кўтоҳ, макун.
Аз сафи хубон ба таъзими гадоён бармахез,
Рахна дар номуси ҳусну иззати шоҳ, макун.
Мутриби базми ту шабҳо нолаи дилҳо бас аст,
Гўш бар фарёди мурғони саҳаргоҳ, макун.
Мушфиқӣ, маънии ишқ аз ҳастии худ бехудист.
Бехабар гар нестӣ, даъвои огоҳӣ макун.

Қасам ба каъбаву тавқи ҳарими хонаи ту,
Ки нест қиблаи мо ғайри остонаи ту.
Гузашт навбати хубон, замони хубӣ нест,
Ба хубии ту касе нест дар замонаи ту.
Шавам ба роҳи саманди ту хоку бархезам,
Ба номаи сияҳ аз захми тозиёнаи ту.
Касе ба давлати ҷовид дар ҷаҳон нарасад,
Магар ба давлати ғамҳои ҷовидонаи ту.
Мабош ранҷа, ки хуш нест, ба базми рақиб,
Куҷо шуд он ҳама бадхўӣ, баҳонаи ту.
Ба ёдгори ту гар Мушфиқӣ намонд касе,
Бимонд номи ту аз шеъри ошиқонаи ту.
***
То кай ба сабр чораи ҳиҷрон кунад касе,
Аз ҳад гузашт дарду чӣ дармон кунад касе.
Нуре, ки равшан аст, ба он чашми ман ту,,
Эй нури дида, аз ту чӣ пинҳон кунад касе?
Ҷоно, ба хубии ту надидам, чӣ дилбарӣ,
Дил мекашад, ки ҷои ту дар ҷон кунад касе,
Созад зи ҷону дил зи барои ту хонае,
Равзан зи чашму ҳуҷра зи мижгон кунад касе,
Ғамхонае куҷост, ки чун бе дар он мақом,
Ҳамдам шавад ба нолаву афғон кунад касе.
Ҳеҷ аст ғайр, ба фирқаи ишқ аст Мушфиқӣ,
Хотир чаро ба ҳеҷ парешон кунад касе.