Қаҳрамони шеъри Камол

  Дар лирикаи ишқии Камол асосан се қаҳрамон амал мекунад: ошиқ, ёр ва рақиб. Ошиқ, ки бештар дар симои образи лирикӣ (худи шоир) зоҳир мегардад, шахсест ниҳоят муассир, ҷонсупор, вафодор, ҳаётдўст, лаззатписанд, кўшо, барои ў ҷуз ёр ҳеҷ чизи дигар вуҷуд надорад, ў пайваста шефта ва мафтуни ёр аст, барои ба васли дилдор расидан бо тақдир даст ба гиребон мешавад, фасли баҳор, нолаи обшор, саҳни чаман, ҳусни гул, хониши булбул, накҳати насим, шамими раёҳин танҳо дар он сурат ба ў ҳаловат мебахшад, ки аз висоли маҳбуба комрон гардад. Ҳусни табиатро ҳам ҷамоли ёр оро медиҳад ва табиат бо тамоми зебоиҳояш танҳо чун розгоҳи ошиқу маъшуқ, паногоҳ аз ҷавру зулми замона, макони айш аҳамият дорад. Барои ошиқи тасвиркардаи Камол ҷаннату ҳур, ғилмон ва фариштаву парӣ қатъан арзише надоранд, ёр барои ў таҷассуми ҳастӣ, муҳаббат, ҳаёт, зебоӣ ва ҷовидонист. Бевафоӣ ва зулми ҷонона, ки аксар ба подшоҳи золими бераҳм ва муқтадир ташбеҳ мешавад, вуҷуди ошиқро ба ларза меорад, аз ҳеҷ монеа ва садди роҳ намеандешад ва аз ҳайбати рақиб намеҳаросад. Ошиқ ҳамеша бо шавқи висол ва орзуи лутфу инояти ёр умр мебинад, дар балову ранҷ сабр мекунад ва ба ёри худ хитоб менамояд:

Гар теғ кашад душману гар таъна занад дўст,
Қатъ аз тую савдои ту қатъан натавон кард.

  Ёр дар тасвири Камол, пеш аз ҳама, маҳбуба ва маъшуқаи зебомазҳари ҳаёт, ҷононаи дилрабои кони малоҳату латофат аст, ки бо ҷозиба, қувваи илҳомбахш ва ҳусни табиӣ дар худ ошиқро тобеъ мегардонад. Камол маҳви ҷамоли ёри гандумгун аст, ки худи ҳамин образ ҳам лирикаи ўро бо лирикаи халқӣ ва идеали ўро бо идеали аҳли меҳнат наздик мекунад. Вале Камол ҳамин образро ҳам бо суханбозии шоирона ба қалам медиҳад:

Ёри гандумгуни ман, гў, рўи хирмансўз пўш,
Варна хоҳад сўхт хирман, ҳар киро ақл асту ҳуш.
Рўи гандумгун намуду ҷони мо як ҷав фурўхт,
Аз чӣ шуд ёр инчунин гандумнамои ҷавфурўш.

  Набояд фаромўш кард, ки дар ғазали Камол баробари ишқи заминӣ аз ишқи рўҳонӣ, ишқи ирфонӣ низ сухан меравад. Танҳо ҳангоми ба назар гирифтани ин ҳол маънии сухани шоирро дарк кардан мумкин аст.

  Рақиб дар ғазалҳои Камол тимсоли зиштӣ, мунофиқӣ, фитнагарӣ, ҳилагарӣ буда, аз саг ҳам рақиқ ва бадтар аст. Камол ҳар қадар маъшуқаро ситояд, ҳамон қaдар аз дасти рақиб афғон мекунад ва ўро накўҳиш менамояд.

Рақиб гуфт: Ту донb, Камол қимати ман?
Бигуфтам: Эй дили сахтат ба ғусса арзонӣ.

  Дар шеърҳои Камол дарвешу подшоҳ ҳамеша зид гузошта мешавад. Вале таваҷҷўҳи ў ба тарафи дарвеш буда, вай дарвеширо, ки дар он зулм нест, аз подшоҳӣ волотар медонад:

Хоҷа, чаро нишастй? Хез, ки рафт корвон,
Бор бибанду шав ту ҳам дар пайи корвон равон.
Қасри амал чӣ мекунӣ, равзани дилкушо бубин,
Кулбаи фақр хуштар аз шоҳнишини хусравон.

  Бар замми ин дар ашъори Камол подшоҳ ҳамеша чун муҷассамаи зулм, бераҳмӣ, бедодгарӣ ва аз ҳоли бечораву бенавоён бехабар тасвир меёбад, ки ин ҳақиқати зиндагии замони ўро ифода намуда, баёни ин маънӣ аз шоир ҷасорати беҳамторо дархост мекард. Камол мегўяд:

Чӣ суд аз нолаву зорӣ бар ин дар додхоҳонро,
Ки султон ҳоли мискинони бозорӣ намепурсад.

  На танҳо подшоҳ, балки ҳамаи онҳое, ки ғанӣ, соҳибмансаб ва ҳукмронанд, мегўяд Камол, танпарвар, ғафлатзада ва аз халқ дуранд. Камол ҷамъбаст мекунад:

Он кӣ машғули неъмату ноз аст,
Ҳеҷаш андўҳи бенавоён нест.

  Ба муқобили зулму ҷавр эътироз кардани Камол аз воситаҳои бадеии ашъори ў ҳам ҳувайдост. Байти зерин ҳар қадар «ошиқона» бошад ҳам, ҳолати табиии шахси мазлумро равшан пеши назар меорад:

Магар зулфат парешон аст аз зулм,
Ки дорад аз надомат сар ба зону?

  Дар баробари ин, Камол душмани ашаддии аҳли риёву солус, зоҳидони пуч, фақеҳони ҳаромхўр, мўҳтасибони рўсиёҳ, обидони ҳилагар ва амсоли ин фирқаи нобакор буда, онҳоро афсурда, бехабару бебасар, дарахти хушк, авомфиреб номида, ба муқобили ҷаҳолатписандӣ, зўҳдфурўшӣ, ғафлатзадагӣ ва танпарварии ин фирқа мебарояд:

Шароби лаъл менўшам ман аз ҷоми зумуррадгун,
Ки зоҳид афъии вақт аст, месозам бад-ин кўраш.

  Шикоят аз ғарибӣ, аламу ҷудоb аз ватан, дурӣ аз диёр ва иштиёқи ёрони қадимӣ аз мавзўъҳои ҳамешагии ғазалиёти Камоли Хуҷандист. Ин чун алами иҷтимоӣ аҳамият касб намуда, ба дарду ҳасрат дар солҳои охири зиндагии Камол нотавонӣ ва аҷзи пирӣ илова гардида, ин оҳанги ғамангез дар ашъори солҳои охири умри ў торафт зиёд мешуд.