Мирзо Абдулқодири Бедил

Достони «Комде ва Мадан»

Достони мазкур дар дохили «Ирфон» омада, зиёда аз 900 байтро дар бар мегирад. Сюжети достон аз эҷодиёти даҳанакии халқи Ҳинд сарчашма мегирад. Дар қарнҳои пешин дар байни ҳалқи ҳинду саргузашт ё ишқу ошиқии ду намояндаи аҳли ҳунар хеле машҳур будааст. Бедил ҳам сюжети афсонаро омўхта, аз нав кор карда, асоси достони худ қарор дод. Сюжети мухтасари достони «Комде ва Мадан» чунин аст:
«Дар аҳди қадим яке аз подшоҳони Ҳинд раққосаи бисёр ҳунарманде дошт, ки ин раққоса дар ҳусну ҷамол низ ягона буд. Овозаи ҳунари зебо ва Ҳусну ҷамоли беназираш ба кишвару мамолики дуру наздик паҳн мегардад.

 

Мадан, ки худ ҳофизи хушхону соҳибистеъдод буд, барои дидани Комде аз як кишвари дуре ба мамлакати Комде мерасад. Боре ба ў муяссар мегардад, ки дар як базми шоҳ иштирок намуда, ҳунари худро намоиш диҳад. Хониши буррою овози дилнишини Мадан ба шоҳ чунон маъқул меафтад, ки шаддаи марворидеро, ки дар гардан дошт, ба Мадан инъом мекунад. Дили Комде ҳам ба шўру ҳаяҷон омада, нихоят ба рақс медарояд ва чунон рақси дилфиребе мекунад, ки тамоми ҳозирин, аз ҷумла Мадан мафтуну шефта мегарданд ва ҳамон шаддаи марворидеро, ки ба ў чанд лаҳза пеш шоҳ тўҳфа карда буд, ба зери пои Комде ҳаво дода, мегўяд:

К-он чӣ ман дорам аз сарафрозӣ,
Беҳ, ки халхоли пои худ созӣ.

Албатта, шоҳ аз ин беҳурматии Мадан ба хашму ғазаб омада, фармон медиҳад, ки ўро аз кишвар бадарға намоянд ва ҳар касе, ки ба Мадан кўмаке расонад, ба қатл расонда мешавад. Комде аз ин ҳодиса хеле мутаассир мегардад:

Комде ҳар тараф «Мадан» гўён,
Буд чун ашк аз қафо пўён.

Ба ивази зару зевар ба Комде муяссар мегардад, ки бо Мадан вохўрда, як шаб бо ҳам бошанд. Фардо Маданро одамони шоҳи золим ба биёбони тафсон ва бедолу дарахт мебаранд ва ўро танҳо гузошта боз мегарданд. Пас аз ҷустуҷўи зиёд Мадан дарахти муродро пайдо мекунад ва дар зери он муддате хоб мекунад. Дар ҳамин айём подшоҳи мулки Шимол, ки аз он биёбон гузар дошт, аз назди он дарахт гузашта, Маданро дар ҳолати афсурдагию парешонҳолӣ дида, ўро ба ҳуш меорад ва аз Мадан аҳвол мепурсад. Пас аз шунидани саргузашти ғамангези ин ду дилдода подшоҳи мулки Шимол мутаассир гашта, нисбат ба корҳои ношоистаи подшоҳи золим хашму ғазабаш зиёд мегардад ва дар назди худ вазифа мегузорад, ки бо кадом роҳе, ки бошад, бояд ин ду ҷавонро ба мақсад расонад. Ба ин мақсад ба номи подшоҳи мулки Комде мактуб менависад. Дар мактуб гуфта шудааст, ки ба Комде ва Мадан садди роҳ нашавад ва имкон диҳад, ки онҳо ба мурод расанд. Агар ба ин розӣ нашавад, дар байни онҳо ҷанг барпо хоҳад гардид. Подшоҳи золим розӣ намешавад ва дар байни онҳо ҷанг ба амал меояд. Дар ин ҷанг подшоҳи мулки Шимол ғолиб мебарояд.
Ғалаба дидори ду дилдодаро ба ҳам наздик гардонд. Гўё барои Комде ва Мадан Хуршеди оламоро тулўъ кард. Ҳар ду шоду масрур буданд.
Подшоҳи мулки Шимол барои фаҳмидани муҳаббату садоқати онхо мехоҳад Комде ва Маданро имтиҳон кунад. Барои ин мувофиқи супориши шоҳ шахси қаллоберо ба назди Комде мефиристанд. Ў ба Комде мегўяд, ки Мадан дар ҷанг шаҳид гардид. Комде ба ин бовар карда беҳуш мегардад.Шахси қаллоб ба назди подшоҳи одил, ки Мадан ҳам дар ҳузури ў буд, омада, ин хабари нохушро ба шоҳ арз мекунад ва дар охир мегўяд, ки Комде ҳалок шуд. Ин суханонро Мадан шунида беҳуш мегардад. Подшоҳ ва ҳамаи аркони давлат аз ин ду ҳодисаи нохуш ғамгин ва пушаймон мегарданд.
Подшоҳ фармон медиҳад, ки ҳар ду дилдодаро биёранд ва табибони ҳозиқ, ҳакимони донишмандро даъват намоянд, то ки онҳоро аз марг наҷот диҳанд. Мувофиқи супориши ҳакимон ҷасадҳои «Комде ва Мадан»-ро ба ҳам наздик намуда, ба гармоба мебаранд. Пас аз муддате, ки ҳарорати гармӣ ба ҷисм таъсир кард, дили «Комде ва Мадан» ба задан медарояд ва осори ҳаёт дар онҳо пайдо мешавад. Ду дилдода чун чашм мекушоянд, якдигарро дар оғўши ҳам дида, ба муроди дил мерасанд
Шоир дар ин достон зиндагӣ, ишқу муҳаббат, ғаму дарди табақаҳои поёни ҷамъиятро ба таври ҳаққонӣ нишон додааст. Қаҳрамонҳои асосии асар — «Комде ва Мадан» аз молу сарват бенасибанд. Онҳо дили пок, иродаи қавӣ, ҳунари зебо доранд. Бедил ба ин восита нишон додааст, ки ҳунар ва аҳли ҳунар дар рўзгори шоир қадру қимате надоранд ва ҳуқуқи ишқ варзидан ҳам надоранд. Меҳнат мекунанд ва дигарон, аз ҷумла шоҳу ҳокимон аз ҳунари зебои онҳо лаззат мебаранд. Вале худ дар дарду ғам, ботинан ашки ҳасрат мерезанд. Шоир ба ин восита тазодҳои зиндагии табақаҳои ҷамъиятро ба хубӣ инъикос намудааст
Ба ҳамин тариқ, достони «Комде ва Мадан» ба масъалаҳои муҳими рўзгори адиб бахшида шуда, дар симои «Комде ва Мадан» озодии шахс, адолатпарварӣ, некию некўкорӣ, ишқи поки инсонро нишон додааст. Адиб дар достон роли санъату мусиқиро дар пешрафту такомули инсон хеле мўҷаз тасвир намудааст. Фарқи нахустини достони «Комде ва Мадан» аз достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Хусраву Ширин» он аст, ки қаҳрамонҳои асосӣ Комде ва Мадан ба мурод мерасанд, вале ишқи қақрамонҳои достонҳои зикршуда фоҷиавӣ буда, ба мақсад намерасанд
Дуюм, қаҳрамонҳои асосии достони «Комде ва Мадан» намояндагони аҳли ҳунар, яъне аз табақаи поёни ҷамъиятанд, аммо қаҳрамонҳои достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хусрав ва Ширин» аз табақаи боло мебошанд.
Бедил ба воситаи як қатор персонажҳои достони худ одамони рўзгорашро ба сидқу сафо, далерию қадршиносӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ҳидоят мекунад. Идеяи шоҳи одил яке аз муваффақиятҳои Бедил ба ҳисоб меравад. Шоҳи одил барои ба мақсад расидани ду дилдода-Комде ва Мадан саъю кўшиши зиёд карда, онҳоро ба мурод расондааст. Дар баробари ин шоир шоҳи золим ва наздикони вайро сахт мазаммат намудааст

Таҳлили образҳои асосии достон

Абдулқодири Бедил бисёр фикрҳои пешқадами худро дар симои қаҳрамонҳои достон Комде ва Мадан ифода намудааст. Дар симои Комде сифатҳои беҳтарини зани санъаткорро ҷамъбаст намудааст. Комде духтари соҳибҷамол ва соҳибҳунар аст. Ишқи ў ба Мадан поку самимист ва барои ба мақсад расидан саъю кўшиш ва иродаи устувор дорад. Вай барои дидани Мадан азобу ранҷи зиёд мекашад, аммо аз роҳ пас намегардад. Пулу молашро дода пинҳонӣ аз шоҳ бо Мадан мулоқот менамояд. Комде ба ҳамаи золимон, ба он касоне, ки садди роҳи ишқи поки онҳо шудаанд, дар дил нафрату адовати зиёде дорад. Ӯ ин кирдори ғайриинсонӣ, ноодилонаи шоҳи золимро сахт маломат намуда, хитобан ба шоҳ мегўяд:

К-эй ҷаҳон масти даври ҷоми шумо!
Бод чандин замон ба коми шумо!
Аз мукофот агар ҳазар доред,
3-ин ситамкушта даст бардоред!

Комде бидуни ба Мадан ишқи пок доштан боз маънавиёти бой ва одаму одамгарӣ дорад. Ӯ дар масъалаи азобу машаққат кашидани Мадан хешро гунаҳгор ҳисоб мекунад. Аз ин рў санги маломат ба сари хеш зада чунин мегўяд:

Ғурбат оташнишини аҳволат!
Бекасӣ доғи сурати ҳолат!
Кардӣ аз баҳри ман видои ватан,
Хок бар фарқи ошноии ман!
Боядам тарфи доманат гирам,
Дар ҳавои ту парфишон мирам!

Шоир дар образи Комде занони санъатвари нокомро, ки ҷамъият онҳоро дар ниҳояти хорию забунӣ ва беҳукуқӣ гузошта буд, ҷамъбаст намудааст. Мадан ҳам аз ҷумлаи санъаткори моҳирест. Ў хеле хуб навохта, сурудҳои дилошўб мехонад. Маҳз бо меҳнати ҳалол ва бо санъати олии худ тавонист дилҳоро тасхир кунад. Мадан тавассути ҳунари худ ба дарбор роҳ ёфта, бо Комде шинос мешавад ва якумр бо ишқи Комде пайванд мегардад. Ў дар ишқ устувор аст. Ҳатто тўҳфаи пурқиматтарини шоҳро ба пеши пои Комде мепартояд. Мадан аз шоҳ тарсу ҳарос надошт. Барои Мадан шаддаи марворид арзише надорад. Ў молпарасту чизпараст нест. Аз ҳама чиз муҳимтару олитар ишқи Комдест. Ба ёди Комде менолад:

К — «Эй ҳавои ту барқи офати ман!
Шўри ман, доғи сад қиёмати ман!
Гар харобам ва гар ба ҳоли худам,
Ватановораи хаёли худам.
Он хаёлам тўӣ, ки дар ҳама ҳол,
То ба маргам фитода дар дунбол.
Бе рухат сар ба сангу по дар неш,
Сайри рўзи сиёҳ дорам пеш.
Бе чароғам, зи дарду доғ мапурс!
Мебарам доғат, аз чароғ, мапурс»!

Мадан дар роҳи ба мақсад расидан устувор буда, саъю кўшиш менамояд. Аз ин ҷост, ки ба таъқиби шоҳи золим нигоҳ накарда аз пайи ҷустуҷўи дарахти мурод меравад. Ниҳоят пас аз азобу машакққати зиёд дарахтро пайдо мекунад.Ба ҳамин тариқ, қаҳрамон ба хулосаи дуруст меояд ва мегўяд, ки дар ҳар як кор саъю кўшиш ва ҳиммати баланд, сидқу вафо лозим аст. Агар инсон ба чунин корҳо қодир бошад ва чунин сифатҳоро дошта бошад, ба мурод мерасад:

Ҳиммат он ҷо, ки бастааст камар,
Мўр бар шер бурдааст зафар!
Арақи саъйи мард дар ҳама ҳол,
Нест беобёрии иқбол.
Кўшиши мард агар қадам сояд,
Осмон бо замин ба ҳам сояд.

Бешубҳа, Мадан бо чунин хислатҳо ороста буд ва бинобар ин ба муроду мақсад расид. Ғайр аз ин, Бедил дар достони «Комде ва Мадан» ду шоҳро тасвир намудааст, ки онҳо аз рўи кирдору рафтор зидди якдигар гузошта шудаанд. Яке золиму хунхор. Барои молу мулк, савлату шавкати худ мубориза мебарад. Дигаре бошад, шоҳи одил, раиятпарвар, хайрандеш ба қалам дода шудааст. Яке мукобили ишқи поки ин ду дилдода буда, дигаре саъю кўшиш намуд, то ки ин ду ҷавонро ба мурод расонад. Аммо ин кор ба осонӣ ба шоҳи одил муяссар нагашт. Ў бо шоҳи золим ҷанг намуд ва бо мубориза ва хунрезӣ ўро мағлуб кард. Пас аз ин Комде ва Мадан ба орзу расиданд. Бедил ба ин восита таъкид кардан мехоҳад, ки бадхоҳон харгиз ба мурод намерасанд. Некӣ ба бадӣ, адолат аз болои беадолатӣ ғолиб мебарояд. Аз ин ҷост, ки Бедил аз ғалабаи шоҳи одил хеле хурсанд гашта, чунин мегўяд

Хоки он бевафо ба хун тар шуд.
Подшоҳи Мадан музаффар шуд

Санъатҳои бадеӣ дар эҷодиёти Бедил

Санъати сухан дар эҷодиёти пурбаракати Бедил бо тамоми нозукиҳояш ифода ёфтааст. Дар забон дар эҷодиёти Бедил ва тарзи ифода, истифодаи санъатҳои бадеӣ дар мероси адабии Бедил ду услубро ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Аввалан, услуби сода ва барои ҳар як хонанда фаҳмою дастрас, сониян, услуби мураккаб, душворфаҳм. Баъзан ғазалу рубоиҳои шоирро хонда, гумон мекунед, ки ин ғазал ё рубоӣ чунон содаю фаҳмост, ки гўё моли халқ бошад. Барои исботи фикр рубоии зерро мулоҳиза кунед:

Имрӯз насими ёри ман меояд,
Бўи гули интизори ман меояд.
Вақт аст, ки з-он ҷилва ба ранге бирасам,
Ойинааму баҳори ман меояд.

Баъзе рубоиёти Бедил дар байни халқ чунон машҳур гардидаанд, ки вариант пайдо намудаанд. Чунончи, Бедил мегўяд:

Ид омаду гул кард баҳори ҳама кас,
Олам чамане гўш зад аз ишқу ҳавас.
Бо ҳар ранге, ки ман назар во кардам,
Дидам, ки ба гирди сари ту мегардаду бас.

Дар байни халқ бошад, рубоии боло бо тарзи зайл шўҳрат дорад:

Ид омаду тоза шуд баҳори ҳама кас,
Ҳар сў чамане шукуфта аз ранги ҳавас.
Бо ҳар ранге, ки ман назар во кардам,
Дидам, гирди сари ту мегардаду бас.

Дар намунаҳои боло хеле шоирона ва бо санъати баланд муҳаббати поки қаҳрамони лирикӣ, иди Наврўз, оғози сол, таровату зебоиҳои он бо камоли ҳунармандӣ тасвир ёфтаанд.
Бедил дар рубоии аввал ёрашро ба баҳори нозанине монанд кардааст Дар рубоии сонӣ қаҳрамони лирикӣ аз омадани иди Наврўз, баҳори нозанин, шукўҳи табиат басо шоду масрур аст, зеро дар ҳар як ҷилою дурахши он маҳбубаашро мебинад, зебоии онро эҳсос менамояд.
Дар девони ғазалиёти Бедил ғазалҳои содаю равон кам нестанд. Ҳофизон ғазалҳои шоирро ба оҳанг дароварда, хеле марғуб месароянд. Махсусан ғазали «Эй ҳузури мақдамат дар зиндагӣ бурҳони ман» хеле самимӣ ва дилкаш ба гўш мерасад:

Эй ҳузури мақдамат, дар зиндагӣ бурҳони ман!
Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман!
Пеш меомад ба ҳар ҷо дар раҳат барги гуле,
Бурда буд оинае аз дидан ҳайрони ман.
Баҳри побўси ту ҳар ҷо сабзае сар мекашид,
Дошт бо худ нусхае аз касрати мижгони ман.
Интизорӣ доштам дар гўшаи вайронае,
Юсуфистон кард фазлат кулбаи эҳзони ман.
Бедил, аз сози дилу дасти тиҳӣ шармандаам,
Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман.

Бедил дар ғазали «Асрори дигар дорад баҳор» табиати нотакрори баҳори Ҳиндустонро бисёр зебою дилкаш ба қалам додааст:

Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор,
Он чӣ дар ваҳмат нағунчад, ҷилвагар дорад баҳор.
Соате чун бўи гул аз қайди пироҳан баро,
Аз ту чашми ошноӣ он қадар дорад баҳор!
Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тўфон гаштааст,
Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор.
Чашм то во кардаӣ, ранг аз назарҳо рафтааст,
Аз насими субҳ доман бар камар дорад баҳор.
Аз хазон ойна дорад субҳ, то гул мекунад,
Ҷуз шикастан нест ранги мо, агар дорад баҳор.
Абр менолад, к-аз асбоби нишоти анҷуман,
Ҳар чӣ дорад, дар фишори чашми тар дорад баҳор.
Аз гулу сунбул ба назму насри Саъдӣ қонеам,
Ин маонӣ дар «Гулистон» бештар дорад баҳор,
Мў ба мўям ҳасрати заҳмат табассум мекунад,
Ҳар кӣ гардад бисмилат, бар ман назар дорад баҳор.
3-ин чаман, Бедил, на сарве асту на шамшод раст,
Аз хаёли қоматаш дуде ба сар дорад баҳор.

Бедил дар ғазали боло аз санъатҳои бадеӣ — ташбеҳ, истиора, тавсиф ва махсусан санъати талмеҳ ба хубӣ истифода бурда, ғазалро хушобуранг намудааст. Ёдовар шудани адиб аз Саъдӣ намунаи бараҷастаи санъати талмеҳ дар абиёти классикист. Аз тарафи дигар, равшан мегардад, ки Бедил ба Саъдию эҷодиёти пурбаракати ў муҳаббату самимияти бепоён доштааст. Дар байти зер ҳолати рўҳӣ, дунёи ботинии қахрамони лирикӣ хеле табиӣ ба қалам дода шудааст. Шоир барои равшан намудани ҳиссиёти ботинии ошиқ санъати тазодро мавриди истифода карор додааст.

Ба ту нақши сўҳбати мо чӣ қадар ба ҷо нишаста,
Ту ба нозу мо дар оташ, ту ба хобу мо нишаста.

Санъати тавсиф, сифатчинӣ ва муболиға дар ашъори ошиқонаи Бедил бештар мушоҳида мешаванд:

Ба сад улфат фиребам дод, аммо доғ кард охир,
Гуландоме, суманбўе, чаманранге, шарархўе.
Зи пои мўр то боли магас сад бор санҷидам,
Нашуд беэътибориҳои ман санги тарозуе.

Шоир дар байти аввал ба тарзи киноя сифатҳои маҳбубааш (гуландоме, суманбўе, чаманранге, шарархўе)-ро ба тарзи тибиӣ зикр намуда, худашро хеле дарднок ва аламзада ба қалам медиҳад. Қаҳрамони лирикӣ кӯшиш мекунад, ки сабаби беилтифотии маъшуқаашро пайдо кунад, аммо ба мурод намерасад. Гўё ў ҳама чизро аз пои мўр то боли магас санҷидааст, вале илоҷашро наёфтааст. Санъати муболиға бисёр зебо афтодааст.
Бедил зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, панду ҳикматҳои адибони бузурги гузаштаро омўхта, аз онҳо илҳом гирифтааст ва худаш суханҳои пурҳикмате гуфтааст, ки имрўз ҳам қимату арзиши баланди тарбиявӣ доранд. Барои исботи фикр муште аз хирвор:

Ба як — ду рўза сару барги зиндагӣ маписанд,
Ки баҳри халқ пайи суди худ, зиён бошӣ.
Агар ғубор шавӣ, маҳви домани худ бош,
Чунон мабош, ки ташвиши дигарон бошӣ.
Нафас бидузду сабукрўҳ зиндагонӣ кун,
Мабод, бар дили оинае гарон бошӣ.
Гар ризои ҳақ тамаъ дорӣ, ба нафъи халқ кўш!
Ҳар ғизо к-афтад мувофиқ бо бадон, ҷонпарвар аст.
Бар ҷаловат мефизояд улфати соҳибдилон,
Меваи нахле, ки пайвандаш кунӣ, ширинтар аст.
Бе такаллуф касби хешӣ кун, ки дар девони роз,
Андаке фаҳмидан аз бисёр гуфтан хуштар аст.

Албатта, он намунаҳое, ки дар боло оварда шуданд, сода буда, барои хонандаи имрўза фаҳмидани маъниҳои онҳо чандон душвор нест. Аммо бояд эътироф кард, ки қуллаи эҷодиёти Бедил ва махсусан насраш чи дар замонашу чи дар асрҳои минбаъда ва имрўз ҳам барои хонандагони оддӣ душворгузар ва дастнорас мебошад. Аз ин рӯ, дар таърихи адабиёти тоҷику форс Бедил бо сабки хоси худ шўҳрат дорад. Ин сабк бо ду ном-Сабки Бедилӣ ё Сабки ҳиндӣ машҳур аст.

Сабки ҳиндӣ

Ҳанўз дар замони ҳукмронии Маҳмуди Ғазнавӣ (998-1030) домани шеъру шоирӣ дар сарзамини Ҳинд паҳн мегардад ва дар асрҳои минбаъда нуфузи шеъри точикӣ — форсӣ зиёд мешавад. Махсусан ривоҷи шеъру шоирӣ дар айёми салтанати Бобур Мирзою (1483-1531) авлодони вай Акбар (1556-1627), Шоҳи Ҷаҳон (1627-1658) ва Аврангзеби Оламгир (1658-1707) ба дараҷаи олии худ мерасад. Зикр кардан лозим аст, ки сабки ҳиндӣ пеш аз Бедил пайдо шуда буд ва намояндагони барчастаи он Файзии Даканӣ, Урфии Шерозӣ, Толиби Омулӣ, Абўтолиби Калим, Соиби Табрезӣ ва дигарон ба ҳисоб мераванд, ки дар инкишофу ривоҷи ин сабк саҳм гузоштаанд. Аммо Бедил хусусиятҳои ин сабкро ба воситаи эҷодиёти худ равшан намуда, сабки ҳиндиро ба дараҷаи олӣ расонд. Аз ин ҷост, ки дар таърихи адабиёти тоҷику форс ин сабк бо номи ў низ шўҳрати хосса дорад.
Шоироне, ки номашон дар боло зикр шуд, аслан аз Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон буданд, ки дар асри XVI ва XVII ба Ҳиндустон рафта, эҷод намуда, пояҳои сабки ҳиндиро гузошта буданд. Ғайр аз ин, адибони дигаре аз қабили Бедил, Носиралии Сарҳиндӣ, Фонии Кашмирӣ, Ғании Кашмирӣ низ буданд, ки дар сарзамини Ҳинд таваллуд ёфта, ба камол расидаанд. Маҳз онҳо дар инкишофи ҳаматарафаи сабки ҳиндӣ хизмати калон кар-данд. Пеш аз ҳама, адибон зисту зиндагонӣ, урфу одат, фолклори бойи мардуми Ҳиндро омўхта, дар асарҳои худ инъикос намуданд. Ин сабк хусусиятҳои ба худ хос дорад:
1. Шеъри шоирони сабки ҳиндӣ аз лиҳози забон сода буда, калимаю ибораҳо, таркибҳо оммафаҳманд. Хонанда калимаю ибораҳоро мефаҳмад, дарк мекунад, вале маънӣ пўшидаву душвор аст. Аз ин рў, кас дар дарк намудани мазмун ва ғояи асар душворӣ мекашад. Барои равшан гардидани масъала ба тариқи муқоиса як мисол меорем. Саъдӣ дар байти зер нозу истиғнои маҳбубаашро тасвир намуда, чунин мегўяд:
Дидор менамоию парҳез мекунӣ,
Бозори хешу оташи мо тез мекунӣ.

Мазмуну ғояи байт барои ҳар хонанда фаҳмою дастрас аст. Шоир гуфтан мехоҳад, ки худатро (маъшуқаашро дар назар дорад) як ҷилва медиҳию ғоиб мешавӣ ва бо ин амалат дар дили қахрамони лирикӣ оташ меафканӣ. Ин намуна бо сабки шоирони пешин ё сабки хуросонӣ эҷод шудааст. Ана ҳамин маъниро Соиб дар байти зер ба тарзи зайл додааст:

Зи пуркорӣ назар мепўшад аз ушшоқи савдоӣ,
Дўкондорест дар ҷўши харидорон дўкон бастан.

Дар ин байт калимаю ибораҳо содаю фаҳмоянд, аммо маънии онҳо пўшидаву душвор аст. Дар мисраи аввал «пуркорӣ», «назар мепўшад» киноя аз озу истиғно, дидаю дониста худро ба нодонӣ задан буда, «ушшоқи савдоӣ» бошад, ошиқи бечораю девонаро, ки дар ғами ў ба ин дараҷа расидааст, дар назар дорад. Мисраи дуввум ирсолулмасал буда, ба тариқи тамсил ҳолати ошиқу маъшукро ба дўкондору харидор монанд кардааст. Аз ин ҷост, ки барои дарк намудани чунин байтҳо бояд хонанда амиқтар фикру андеша кунад.
Ин хусусиятҳо дар эҷодиёти Бедил бисёр барҷаста ба назар мерасанд. Барои фаҳмидани абёти Бедил дониши мукаммал бояд дошт. Танҳо донистани забону адабиёт кифоя нест. Илмҳои таърих, нуҷум, баёну калом ва ғайраро донистан муҳим аст. Илова бар ин, урфу одат, нақлу ривоятҳои таърихӣ, динию мазҳабии мардуми ҳинд ва дини исломро пурра аз худ кардан ба мақсад мувофиқ аст. Чунончи, рубоии зерини Бедилро гирем:
Бар одами бечора ба ғайр аз мурдан,
3-ин варта маҳол аст саломат бурдан.
К-аз хўрдани гандум он чӣ дирўз кашид,
Имрўз ҳамон мекашад аз нохўрдан.

Дар ин рубоӣ Бедил ба ҳаёти пурмашаққати миллионҳо деҳқонони қашшоқ, гадоёни гурусна, ки дар рўзгори шоир дар Ҳиндустон зиндагӣ мекарданд, ишорат мекунад. Байти аввалии рубоӣ барои хонанда фаҳмост. Адиб мегўяд, ки одамони қашшоқ аз ин қашшоқӣ илоҷи халосӣ надоранд. Танҳо марг онҳоро аз ин варта халос мекунад. Байти сонӣ тақвияти фикри болост. Дар ин байт санъати талмеҳ, тазод, тамсил бо ҳам омезиш ёфта, маъноро душвортар кардаанд, Бедил дар байти сонӣ ба ривояти Ҳазрати Одам, ки дар Биҳишт гандумро хўрда, аз Биҳишт ронда мешавад, ишорат кардааст ва ин ривоятро бо ҳаёти қашшоқонаи мардумони Ҳинд ҳамчун тазод муқобил гузоштааст. Яъне Бедил гуфтан мехохад, ки агар Одам гандум хўрда аз Биҳишт ронда шуда бошад, пас ин мардум аз гуруснагӣ, аз нахўрдани гандум ба ҳалокат расида истодааст.

Таъсири сабки ҳиндӣ ё бедилизм ба адабиёти асрҳои минбаъда хеле зиёд аст. Ҳанўз дар замони Бедил муқаллидони эҷодиёти ў кам набуданд. Махсусан шоирони асрҳои XVIII ва XIX Мирзо Содиқи Муншӣ, Муҳаммадшарифи Шавқӣ, Парии Ҳисорӣ, Ҳасрати Ҳисорӣ, Қонеи Насафӣ, Гулмуҳаммади Афғон ва дигарон ба Бедил пайравӣ карда, дар ҷавоби ғазалу мухаммас ва рубоиёти ў назира гуфтаанд. Вале бояд гуфт, ки тақлиди онҳо бештар дар шаклу услуби шеъри Бедил буд. Аксарияти тақлидкунандагон мазмунҳои фалсафию иҷтимоии абёти шоирро сарфи назар кардаанд ва ё дуруст дарк карда натавонистаанд.
Шоирони ибтидои асри XX Асирӣ, Туғрал ва Ҷавҳарӣ бо муваффақият Бедилро пайравӣ намуданд. Зуфархон Ҷавҳарӣ, ки соли 1945 вафот ёфт, охирин намояндаи сабки ҳиндӣ буд.
Хулоса, дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Ҳиндустону Эрон дар тўли 350 сол ҳазорон шоирон ба эҷодиёти Бедил тақлид карданд, пайравӣ намуданд. Вале ягонтои онҳо ба дараҷаи Абулмаонӣ нарасиданд. Дар ин бора устод Айнӣ ҳаққонӣ менависад: «Аз шоирони ин сарзамин бисёр касон Бедилро тақлид кардаанд, лекин ҳатто забардасттаринашон ҳам санъати худро ба ин шоири нозукхаёл расонида натавонистанд».