Мирзо Абдулқодири Бедил — Ғазалиёт

Зи чашми бенигаҳ будам харобободи ғоратҳо,
Ба ҳайронӣ мижа бардоштам кардам иморатҳо.
Саводи номаам кам нест дар манъи сафои дил,
Ғубори маънии улфат набошад аз иборатҳо.
Ба завқи каъба магзар аз тавофи кулбаи Маҷнун,
Зи дил ҳар ҷо сувайдо ҷўш зад, дорад зиёратҳо.
Ҳуҷуми доғи шавкат кард эҷоди сиришки ман,
Арақрез аст ҳар ҷо ҷамъ мегардад ҳароратҳо.
Шикасти барги гул ҳам аз табассум оламе дорад,
Ҳам овард обрўи нози ту бори ишоратҳо.
Ба хоки худ таяммум соҳили амни дигар дорад,
Машав чун зоҳидон тўфонии оби таҳоратҳо.
Зи касби халқ, Бедил, то тавон дар ҷаннат осудан,
Чӣ ҳоҷат дар дили дўзах нишастан аз шароратҳо.
Ваҳшии саҳрои ҳусн наргиси фаттони кист?
Фавҷаи дарёи ноз абрўи ҷонони кист?
Сояи зулфи ки шуд сурмакаши чашми шом,
Ханда-фиреби саҳар чоки гиребони кист?
Ҳусни бутон ин қадар нест фиреби назар,
Гарна туӣ, ҷилвагар, ойина ҳайрони кист?
Сад гули айшам ба дил ханда зад аз шавқи захм,
Тукмаи ҷайби умед ғунчаи пайкони кист?
Оташи дил шуд баланд аз кафи хокистарам,
Боз масеҳои шавқ ҷунбиши домони кист?
Ранги баҳори хаёл мечакад аз дидаам,
Ин гули ҳайратнигоҳ шабнами бўстони кист?
Ноз ба худ метапад дар сафи мижгони ёр,
Бар дари ин майкада ҳалкаи мастони кист?
Сабҳаи дилро нашуд риштаи ҷамъияте,
Дар такупўи хаёл реги биёбони кист?
Дил зи паяш рафту ман меравам аз хештан,
Айби ҷунунам макун нола ба фармони кист?
Аз мижа то доманам машқи зи худ рафтан аст,
Ашки ҷунунтози ман тифли дабистони кист?
Бедил, агар лаъли ў нест табассумфурўш,
Шабнами гулҳои захм гирди намакдони кист?
* * *
Мавҷи ҷунун мезанад, ашки парешони кист?
Нола ба дил мехалад бисмили мижгони кист?
Пои равони видоъ, роҳ ба кўи кӣ бурд
Даст ба дил бастаам маҳрами домони кист?
Ёди хироми туам мебарад аз хештан,
Қомати барҷастаат мисраи девони кист?
***
Дида гар аз ҷилваат майкадаи ноз нест,
Ашк чакидан хиром лағзиши мастони кист?
Сурма зи хокам барад чашми ғазолони ноз,
Бахти сиях бар сарам сояи мижгони кист?
Лахти диле, дар назар в-ин ҳама чоки ҷигар,
Ҳайратам ойина кард, шона гиребони кист
Қатраи мо чун ҳубоб синаи дарё шикофт,
Ҳиммати парвози мо хандаи тўфони кист?
Гарна тапишхои дил фоли чунун мезанад,
Шўъланиқоб ин қадар нолаи урёни кист?
Риштаи амвоҷро иқд нагардад ҳубоб,
Обила дар роҳи шавқ монеи ҷавлони кист?
Ғайри муҳаббат дигар, дин чӣ? — Оин кадом!
Уммати парвона бош, сўхтан ойини кист?
Бедил аз ин монда дасти ҳавас шустаем,
Паҳлуи дилхўрдаро орзуи нони кист?
***
Хате, ки бар гули рӯи ту об мерезад,
Ба соя оби рухи офтоб мерезад.
Забони нагҳати гул аз саводи худ хиҷил аст,
Лабат зи баски ба нармӣ ҷавоб мерезад.
Хаёли теғи нигоҳи ту хуни дилҳо рехт,
Ба нашъае, ки зи мино шароб мерезад.
Биё, ки бе туам имшаб ба ҷунбиши мижаҳо,
Нигаҳ зи дида чу ашк аз кабоб мерезад.
Даме, ки аз дами теғат сухан равад ба забон,
Ба ҳалқи ташна бо ҳасрат об мерезад.
Ба гиря мункири тардоманони ишқ мабош,
Ки ашки баҳр зи чашми ҳубоб мерезад.
Дар ин муҳит зи бас ҷои хуррамӣ танг аст,
Агар ба хеш биболад ҳубоб, мерезад.
Шиканҷи ҳалқаи доме, ки ҷайби ҳастӣ баст,
Агар зи хеш бароӣ, рикоб мерезад.
Фалак зи хуни шафақ он чи шаб ба сина кунад,
Сабоҳ дар қадаҳи офтоб мерезад.
Ту, эй ҳубоб, чӣ ёбӣ хабар зи ҳусни муҳит,
Ки чашми шўхи ту ранги ниқоб мерезад…
Бар оташе, ки ниҳоданд паҳлуи Бедил,
Ки ҷои ашк шарар з-ин кабоб мерезад.
* * *
Гар бе ту нигаҳро ба тамошо ҳавас афтод,
Бар ҳар чӣ кушудам мижа дар дида хас афтод.
Аз бахти сияҳ чора надорам чӣ тавон кард,
Чун зулф ба ошуфтагиям дастрас афтод?
Дар гиря тунукмоятар аз ман дигаре нест,
К-аз заъф сиришкам ба шумори нафас афтод.
То бекасиям қофиясолор фиғон кард,
Хун шуд дилу чун ашк зи чашми ҷарас афтод..,
Шуд айни ҳакиқат чу миҷозат зи миён рафт,
Ишқ аст гар оташ ба бинои ҳавас афтод.
Чун шона раҳи мо ҳама печу хами зулф аст,
Чандон, ки қадам пеш ниҳодем пас афтод.
Умрест парафшони гулистони хаёлем,
Ғам нест агар тоири мо дар қафас афтод.
Асбоби ғубори нигаҳи ибрати мо нест,
Дар дидаи оташ натавон гуфт, хас афтод…
Бедил, лаби он барги гуландом надорад,
Шаҳде, ки тавонад ба хаёлаш магас афтод.
* * *
Дил хоки сари кўи вафо шуд, чӣ ба ҷо шуд?
Сар дар раҳи теғи ту фидо шуд, чӣ ба ҷо шуд?
Ашкам, ки диле дошт гиреҳ бар сари мижгон,
Дар кўи ту аз дида ҷудо шуд, чӣ ба ҷо шуд?
Моро ба бисоте, ки ту чун фитна нишастӣ,
Бархостан аз хеш асо шуд, чӣ ба ҷо шуд?
Чун соя ба хоки қадамат ҷабҳаи моро.
Як саҷда ба сад шукр адо шуд, чӣ ба ҷо шуд?
Ин дида, ки ҳасраткадаи шавқи тамошост,
Эй хушнигаҳон, ҷои шумо шуд, чӣ ба ҷо шуд?
Аз ҳайрати дидори ту ашки ҳавасолуд,
Имшаб нигаҳи чашми ҳаё шуд, чӣ ба ҷо шуд?
Чашмат ба ғамат сўи ман андохт нигоҳе,
Тире, ки аз ин шаст хато шуд, чӣ ба ҷо шуд?
Дар базми ту охир нигаҳи шўълаинонам
Чун шамъ зи ашк обилапо шуд, чӣ ба ҷо шуд?
Лахти ҷигаре бар сари ҳар ашк фишондам,
Ҳаққи намаки гиря адо шуд, чӣ ба ҷо шуд?
Гарде, ки ба уммеди ту додем ба бодаш,
Ороиши сад дасти дуо шуд, чӣ ба ҷо шуд?
Чун соя сари роҳ дурангӣ нагирифтем,
Рўзи сияҳи мо шаби мо шуд, чӣ ба ҷо шуд?
3-ин як-ду нафас умр миёни ману дилдор
Гирам, ки адоҳое ба ҷо шуд, чӣ ба ҷо шуд?
Бедил, ҳаваси нашъаи оворагие дошт,
Чун ашк кунун бе сару по шуд, чӣ ба ҷо шуд?
* * *
Чашми ту ба ҳоли ман гар нимназар хандад,
Хорам ба чаман нозад айбам ба ҳунар хандад.
То чанд бар он ораз бар рағми нигоҳи ман
Аз ҳалқаи гесўят гулҳои назар хандад.
Дар кишвари муштоқон бе партави дидорат,
Хуршед чаро тобад, баҳри чӣ саҳар хандад?
Дил мечакад аз чашмам, чун абр агар гирям,
Ҷон медамад аз лаълат чун барқ агар хандад.
Бо аҳли фано ҳар кас дорад сари якрангӣ,
Бояд, ки ба ранги шамъ аз рафтани сар хандад.
Дар коргаҳи хубӣ, ё раб, чӣ назокатҳост,
Сад кўҳ ба худ болад то мўи камар хандад.
Дар ҷўи дами теғат ширинии обе ҳаст
К-аз ҷўши ҳаловатҳо захмаш ба шакар хандад.
Сомони тараб саҳл аст з-ин нақд, ки мо дорем
Субҳ аз ду нафас фурсат бар худ чӣ қадар хандад?
Ҳар шабнам аз ин гулшан тамҳиди гуле дорад,
Бо гиря мадоро кун, чандон, ки асар хандад.
Аз саъи ҳавас бигзар, Бедил, ки дар ин гулшан
Гул низ агар хандад, аз паҳлўи зар хандад.
* * *
Гул ба сар, ҷом ба даст он чаманоин омад,
Майкашон, муждабаҳор омаду рангин омад.
Табъам аз дасти забоне шўртабе дошт чу шамъ,
Оқибат хомўшиям бар сари болин омад.
Нахли гулзори муҳаббат самари айш надод
Мисраи оҳ ҳамон яъси мазомин омад.
Ҳайратам бе асар аз анҷумани олами ранҷ
Ҳамчу ойина зи сураткадаи Чин омад.
Ҳосили ин чаман аз судани дастам гул кард,
Ба каф аз обилаам домани гулчин омад.
Ҳеч кас аз ғами асбоб наёмад берун,
Бори нобастаи ин қофила сангин омад.
Чӣ хаёл аст сар аз хоби гарон бардорем,
Паҳлўи мо чӣ гуҳар дар таҳи болин омад.
Чун нафас сар ба хати ваҳшати дил метозем,
Ҷода дар домани ин дашт ҳамон Чин омад.
Боз бе рўи ту дар фасли ҷунунҷўши баҳор,
Сояи гул ба сараш панҷаи шоҳин омад.
Хун ба дил, хок ба сар, оҳ ба лаб, ашк ба чашм,
Бе ҷамоли ту ҷаҳон бар мани мискин омад.
Бедил осудатар аз мавҷи гуҳар хок шудем,
Рафтан аз хеш чӣ миқдор ба тамкин омад.
***
Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад баҳор,
Он чӣ дар ваҳмат нагунҷад, ҷилвагар дорад баҳор,
Соате чун бўи гул аз қайди пироҳан баро,
Аз ту ҷашми ошноӣ он қадар дорад баҳор.
Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тўфони гул аст,
Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор,
Аз салои ранги айши ин чаман ғофил мабош,
Пораҳое чанд бар хуни ҷигар дорад баҳор.
Чашм то во кардаӣ, ранг аз назарҳо рафта аст,
Аз насими субҳдоман бар камар дорад баҳор…
Абр менолад, ки асбоби нишоти ин чаман
Ҳар чӣ дорад, дар фишори чашми тар дорад баҳор.
Аз гулу сунбул ба назму насри Саъдӣ қонеам,
Ин маъонӣ дар «Гулистон» бештар дорад баҳор.
Мў ба мўям ҳасрати заҳмат табассум мекунад,
Ҳар кӣ гардад бисмилат бар ман назар дорад баҳор.
3-ин чаман, Бедил, на сарве ҷусту на шамшод руст,
Аз хаёли қоматаш дуде ба сар дорад баҳор.
* * *
Сайри гулзори кӣ ё раб, дар назар дорад баҳор,
Аз пари товус доман бар камар дорад баҳор.
Шабнами моро ба ҳайрат об мебояд шудан,
К-аз дили ҳар зарра тўфоне дигар дорад баҳор.
Ранги доман чидану бўи гул аз худ рафтан аст,
Ҳар куҷо гул мекунад барги сафар дорад баҳор
Ҷилва то дидӣ ниҳон шуд, ранг то диди шикаст,
Фурсати арзи тамошо ин қадар дорад баҳор.
Маҳрами набзи раму ороми мо ишқ асту бас,
Аз раги гул то хати сунбул хабар дорад баҳор.
Эй хирад, чун бўи гул дигар суроғи мо магир,
Дар ҷунун сар дод моро, то чӣ сар дорад баҳор
Сайри ин гулшан ғанимат дон, ки фурсат беш нест,
Дар тилисми хандаи гул болу пар дорад баҳор.
Бўи гул умрест хунолудаи ранг асту бас,
Новаке аз оҳи булбул дар ҷигар дорад баҳор.
Лола доғу гул гиребончоку булбул навҳагар,
Ғайри ибрат з-ин чаман дигар чӣ бар дорад баҳор?
Зиндагӣ мебояд асбоби тараб маъдум нест,
Ранг ҳар ҷо рафта бошад, дар назар дорад баҳор
Захми дил умрест дар гарди нафас хобондаам,
Дар гиребоне, ки ман дорам, саҳар дорад баҳор.
Кўҳнадарси фитратем, эй огаҳи сармоягон,
Чанд рўзе шуд, ки маро бехабар дорад баҳор.
Ҷаҳд бояд буд мағрури тароватҳаи ваҳм,
Шабнамистон нест, Бедил, чашми тар дорад баҳор,
* * *
Cоме магар аз базми ҳаё дарзадаӣ боз,
К-оташ ба дили шишаву соғар задаӣ боз!
Он зулфи парешон задаӣ шона, надонам
Бар дафтари дилҳо зи чӣ мистар задаӣ боз?
Бар гўшаи дастори ту он лолаи сероб,
Лахти ҷигари кист, ки бар сар задаӣ боз?
Эй соғари табхола аз ин ташна саломе,
Хуш хайма бар-он чашмаи кавсар задаӣ боз?
Махмуриву мастӣ ҳама фарш аст ба роҳат,
Чун чашм худ иимрўз чӣ соғар задаӣ боз?
Абри чи баҳор аст, ки шуд биcмили нозат,
Теғи мижа бо барқ баробар задаӣ боз?..
Бар ҳастии мавҳум мачин хиҷлати таҳқиқ
Бар киштии дарвеш чӣ лангар задаӣ боз?
Аз хок дамидан ба бақо сарфа надорад,
Эй гул, зи гиребони кӣ сар барзадаӣ боз?
Бедил, зи фурўғи гуҳари назми ҷаҳонтоб
Доман ба чароғи маҳу ахтар задаӣ боз?!
Субҳ асту дорад он гул дар сар ҳавои наргис,
Аз чашми мо бирезад обе ба пои наргис.
Абри баҳори иқбол имрўз сояи кист?
Гул кард тоҷ бар сар боли ҳумои наргис.
Обу гили тааюн ин дилкашӣ надорад,
Ранги шикастаи кист сарфи бинои наргис?
Ҳам чашми навбаҳорам, хобам чӣ эҳтимол аст,
Дорам ғунудан, аммо то ғунчаҳои наргис.
Беинтизор натвон аз васл коми дил бурд,
Гул мерасад дар ин боғ яксар қафои наргис.
Ҳайрат буруни ин боғ роҳе намекушояд,
Ҳарчанд ришта бошад чашм аз асои наргис.
Моро ба ин ду дам айш бо чатри гул чӣ хор аст?
Ҳамсояи хазонем,зери ливои наргис.
Иқболи авҷи гардун гар мекушуд коре,
Майли замин намекард дасти дуои наргис,
Тақлид чанд бояд дар ҷилвагоҳи таҳқиқ,
Помоли нури шамъат ранги лиқои наргис.
Мазмуни пеши по низ осон наметавон хонд,
Сад сифру як алиф буд ибратфазои наргис.
Чандон ки во расидем ранги хазон ҷунун дошт,
Эй кош, доғ меруст з-ин боғ, ҷои наргис.
Бедил, зи чашми мардум дур аст ҳақшиносӣ,
Кўрост хирман ин ҷо чун дастаҳои наргис.
* * *
Субҳ аз чӣ хароботи ҷунун кард баҳораш,
К-офоқ ба хамёза гирифтаст хумораш
Шом ин ҳама сомони қудурат зи куҷо ёфт,
К-аз ранг нашуд пок кафи оинадораш
Гардун ба таманнои чи гул меравад аз хеш?
Умрест, ки бар гардиши ранг аст мадораш.
Дарё ба ҳузури чӣ ҷамол аст муқобил,
К-аз хонаи оина гарав бурд канораш.
Саҳро ба рами ноз чӣ маҳмил назар афганд,
К-андеша пари хома шуд аз рақси ғубораш.
Кўҳ аз чӣ адаб забти нафас кард, ки ҳар санг
Дар дил мижа хобонд чароғони шарораш?
Абр аз чӣ талош ин ҳама сомони арақ дошт.
К-ойина чакид аз намади хурдфишораш
Барқ аз чи тараб рахш ба маҳмези талаб дод,
К-аз арз бурун бурд лаби ханда савораш.
Гулшан зи чӣ айш ин қадар андўхт шукуфтан,
К-афтод сару кор ба дилҳои фигораш.
Булбул зи чи соз анҷуманорои талаб буд,
К-аз як наи минқор сутуданд ҳазораш
Товус ба парвози чӣ гулзор пар афшонд,
К-аз хулд чакид орзуи нақшу нигораш
Шабнам ба чӣ ҳайрат қадам афшурд,ки чун ашк,
Як обила гардад ба ҳар ғам дучораш?
Мавҷи гуҳарошўб, чӣ тўфон хабараш кард,
К-аз рабта сару зонуӣ аҷз аст ҳисораш?
Ойина зи таклифи чӣ машраб зада соғар,
К-аз ҳар чӣ расад пеш на фахр асту на ораш
Дил рамзи чӣ саҳрост, ки дар дидаи таҳқиқ
Ҳусн асту наяфтод ба ҳеҷ ойина кораш
Умр аз чӣ шитоб ин ҳама ошуфтагӣ ангехт,
К-оташ ба нафас дарзаду бигирфт шумораш.
***
Зи бас домони ноз афшонд зулфи анбарафшонаш,
Хати мушкин дамид охир зи мавҷи гарди доманаш.
Зи ҷўши шўхии чашми тамошо мекунад пинҳон
Ба тавқи қумриён нақши қадам сарви хиромонаш.
Дар ин маҳфил, ки шавқ оинаи асрор мегардад,
Надорад дил тапидан ғайри чашмакҳои пинҳонаш,
Зи дил якбора душвор аст қатъи илтифоти ў, ,
Нигоҳаш барнамегардад, агар баргашт мижгонаш.
Шикасти мавҷ дорад арзи бепарвоии дарё,
Ману ороиши ранге, к-аз ў бастанд паймонаш
Ба ин ранг аст агар ҳайрат ҳузури қотили моро,
Наёрояд равоне маҳмили хуни шаҳидонаш.
Зи файзи ишқ дорад маҳви он дидор сомоне,
Ки сад ойина бояд рехт аз як чашми ҳайронаш.
Фалак гар нусхаи ҷамъияти имкон занад барҳам,
Ту равшан кун саводи сатр аз зулфи парешонаш.
Дили бемуддао, яъне баёзи соддае дорам,
Ба оташ мебарам то сафҳа созам зарраафшонаш.
Вуҷудаш дар адам шояд ба фикри хеш пардозад,
Ки оташ ғайри хокистар намебошад гиребонаш.
Дар он гулзори ҳайрат ҳар кӣ бисмил мешавад,Бедел
Чу ашки дидаи шабнам тапидан нест имконаш,
***
Боз о, ки бе ҷамолат тӯфон шикаста бар дил,
Ту бор баста бар ноз, мо даст баста бар дил.
Сарви ту дар чӣ гулшан дорад хироми ишрат,
Чун доғи нақши поят сад ҷо нишаста бар дил?
Аз оҳи беасар ҳам мамнуни илтифотем:
Гар яъс омад, охир, ин тир ҷаста бар дил
Натвон ба ҷаҳд бурдан ғалтон аз гуҳарҳо,
Оворагӣ иноне дигар гусаста бар дил.
Шабнам ба боғи ҳасрат дидор мепарастад,
Афтодаам ба роҳат, ойина баста бар дил.
Афсўс аз ин ду дам умр, гар яъс боядам зад,
Дар ҳар нафас кашидан теғи дудаста бар дил.
Чун ашки шамъи Бедил дур аз бисоти васл аст,
Оташ фишонд бар сар, мино шикаста бар дил.
***
Ба ранге яъс ҷӯшидаст бо дил,
Ки дард ояд агар гӯям биё дил.
Хиҷолат мақсади чашм аст,ку чашм?
Ғамат боби дил аст,аммо куҷо дил?
Саропо нола меҷӯшем чун мавҷ,
Тапиш хун кард дар ҳар узви мо дил.
Дирои кориони дашти яъсем,
Чӣ созад гар нанолад бенаво дил?
Суроғи мо ғубори боли анқост,
Ба ранги рафта дорад нақши по дил. !
Зн ашку оҳи муштоқон мапурсед,
Ҳуҷуми бисмил аст аз дида то дил.
Зи парвози нафас ғофил мабошед,
Чу шабнам реша дорад дар ҳаво дил,
Зи хоки мо қадам фаҳмида бардор,
Мабодо, бишканӣ дар зери по дил.
Дар ин маҳфил касе мўҳтоҷи кас нест,
Ҳамин кори дил афтодаст бо дил.
Гирифторам, гирифторам, гирифтор,
Намедонам нафас дом аст ё дил.
Ба сурат Бедилам, аммо ба маънӣ
Бувад чун ашк сар то пои мо дил.
***
Захми теғе, зи ту бардоштаам ҳамчу ҳилол,
Решаворе ба назар коштаам ҳамчу ҳилол.
Қонеам з-ин чаманистон ба раги барги гуле,
Аз табассум лабе анбоштаам ҳамчу ҳилол.
Оқибат саркашиям саҷдафурўшиҳо кард,
Дар дами теғ сипар доштаам ҳамчу ҳилол.
Нашавад арзи камолам калафи чеҳраи аҷз
Дар бағал ойина нагзоштаам ҳамчу ҳилол.
Сақфи кўтоҳи фалак маърази раъноӣ нест.
Аз хамидан алам афроштаам ҳамчу ҳилол.
Нотавонӣ чӣ кадар ҷавҳари қудрат дорад,
Осмон бар мижа бардоштаам ҳамчу ҳилол.
Бедил аз ҳастии ман по ба рикоб аст нуму,
Шоми раҳам саҳар ангоштаам ҳамчу ҳилол

***
Зи ман умрест мегардад ҷудо дил,
Надонам бо кӣ гардад ошно дил?
Зи ҳарфи ишқ хоро мегудозад,
Ману розе, ки натвон гуфт бо дил,
Ба фикри новаки абрўкамоне
Чу пайконам гиреҳ аз сина то дил,
Ба уммеди парӣ минопарастем,
Зи шавқат кард бар мо нозҳо дил
Нафас ойинаро зангори яъсест,
Зи ҳастӣ бохт умеди сафо дил.
Ба ранги лола нақде дигарам нест,
Магар аз доғ хоҳад хунбаҳо дил?
Тапиш кам карда ашке нотавончашм
Гиреҳ болида оҳе норасо дил.
Суботе нест бунёди нафасро,
Ҳубоби мо чӣ бандад бар ҳаво дил?
Мазан, эй бехабар лофи муҳаббат,
Мабодо, об гардад аз ҳаё дил.
Дар он маъзар, ки ҷўшад шўри маҳшар,
Қиёмат ҳам ту хоҳӣ буд бо дил.
Ҳарифон аз нишони ман мапурсед,
Хаёле доштам гум гашт бо дил.
Фусурдан, Бедил, аз бедардиям нест
Чу мавҷи гавҳарам дар зери по дил,

* * *
Сайди каманд шавқест аз меҳр то ба моҳам,
Ҷўши баҳори ҳайрат яъне гули нигоҳам.
Бо ҳар фусурдарангӣ шодам, ки пеши шамъат
То бол мефишонам парвона дастгоҳам.
Ҷавлони ноз сар кун, андеша мухтасар кун,
Зулм он қадар надорад помолии гиёҳам.
То ранги парда бардошт ойина маҳви софист
Хобидааст авфат дар сояи гуноҳам.
Занҷир менависад сатре зи ҳоли Маҷнун,
Дар даъвии асирон зулфи дуто гувоҳам.
Cавҳар зи заъфи парвоз ойина мепарастад.
Нақши нигини доғат сатре, ки дорад оҳам.
Омад ба ёди шавқам кайфияти хироме,
Шуд мавҷи соғари май дар чашми тар нигоҳам.
Эй зулфи ёр, то -кай бо шона ҳамзабонӣ.
Мо низ синачокем раҳме ба ҳоли мо ҳам.
Торест пайкари ман дар чанги нотавонӣ
Аз захмаи нигоҳе бинвоз гоҳ-гоҳам.
Арзи мисоли имкон манзури улфатам нест,
Дар олами таҳайиюр ойина боргоҳам.
Қасрам саре надорад бо гиру дори фағфур,
Ё раб чу мўи чинӣ дил бишканад кулоҳам.
Ҳамдўши соя рафтам то хоки остонаш,
Аз бахти тира Бедил, з-ин бештар чӣ хоҳам?
***
Шаб аз рўят суханҳои баҳорандуда мегуфтам,
Зи гесў ҳар кй мепурсид мушке суда мегуфтам.
Вафо дар ҳеҷ сурат нест нанголуди камзарфӣ,
Зи худ чун сифр агар мекоштам афзуда мегуфтам.
Хароботи ҳузурам, гардиши чашми кӣ буд имшаб,
Ки ман аз ҳар чи мегуфтам, қадаҳ паймуда мегуфтам
Гузашт аз осмон чун субҳ гарди ваҳшатам, аммо
Ҳанўз афсонаи боли қафас фарсуда мегуфтам.
Надомат кам набуд аз чоракорони сияҳкорӣ,
Абас бо ашки дарди домани олуда мегуфтам.
Ҷунун карду гиребонҳо дарид аз банд банди ман
Ду рўзе беш аз ин ҳарфе, ки лаб накшуда мегуфтам.
Зи ғайрат фурсати завқи талаб доман кашид аз ман
Ба ҷурми он ки ҳарфи даст барҳам суда мегуфтам,
Навоҳои сипанди ман абас доғи тапидан шуд,
Ба ҳайрат гар нафас месўхтам, осуда мегуфтам.
Гаҳ аз ваҳдат нафас рондам, гаҳ аз касрат ҷунун хондам,
Шунидан дошт ,ҳазёне, ки ман нағнуда мегуфтам,
Суханҳо доштам аз дастгоҳи илму фан, Бедил
Ба хамўшӣ яқинам шуд, ки пур баҳуда мегуфтам.
* **
Чӣ сон бо дўст дарду доғи чандинсола бинвисам,
Наистон сафҳаи мистар занад, то нола бинвисам.
Ба сатре гар расам аз нусхаи бахти сиёҳи худ,
Хати насхи саводи Ҳинд то Бангола бинвисам.
Зи фурсат он қадар тангам, ки гар мақдури ман бошад,
Бароти нўҳ фалак бар шўълаи ҷаввола бинвисам.
Заволи эътибороти ҷаҳон фурсат намехоҳад,
Зи хиҷлат об гардам, то гуҳарро жола бинвисам…
Ба хотир шиквае з-он лаъли хомўшам ҷунун дорад,
Қалам дар мавҷи гавҳар бишканам табхола бинвисам…
Аз он маҳпора халқе бурд доғи ҳасратоғўше,
Кунун ман ҳам тиҳӣ кардам зи хешу ҳола бинвисам,
Баҳори фурсати машқи ҷунунам меравад, Бедил,
Замоне сабр кун, то як ду доғи лола бинвисам.
* * *
Омад зи гулшани ноз он ҷавҳари табассум,
Дил дар кафи тағофул гул бар сари табассум.
Хат ҷўши Хизр дорад бар чашмаи хаёлаш,
Ё хуфта хоксоре сар дар бари табассум.
Масти адабтироз аст ё чашми нимбоз аст,
Ё нотавони ноз аст бар бистари табассум.
Шамъи кадом базмӣ, эй нусхаи тағофул,
Субҳи кадом шомӣ, эй пайкари табассум?!
Аз ғунчаи итобат гулчини илтифотем,
Эй ҷабҳаи ту аз чин равшангари табассум
Хун мекунӣ чу мино дар соғари табассум.
Овард хатти нозе дар қатли бегуноҳон,
Як мўҳри бўса боқист бар маҳзари табассум.
Эй оҳи хуфта дар хун хоки адаб муборак,
Он ғунчаи тағофул дорад сари табассум,
Гар барқ хунфишон шуд бо шўъла хасми ҷон шуд
Бисмил наметавон шуд бе ханҷари табассум.
Арзи тараб вабол аст дар ишқ в-ар на ман ҳам
Чун ғунчае саропо болу пари табассум.
Он беҳ, ки шабнами ноз з-ин боғ пар фишонад.
Чун ашк пурғарибем дар кишвари табассум.
Аз субҳи боғи имкон ғофил мабош Бедил
Бе гарди фитнае нест ин лашкари табассум.