Камоли Хуҷандӣ

Зиндагинома

  Номи ў Камолиддин, лақабаш Масъуд ва тахаллуси адабиаш Камол буда, соли 1318 таваллуд шудааст. Зодгоҳи Камолиддин Масъуд шаҳри Хуҷанд аст, ки ҳамеша аз  шаҳрҳои ободу дилкушои пурмева, мардумаш некўихлос ва адабиётпарвари Осиёи Миёна буд. Падари ў аз
бузургони Хуҷанд буд. Айёми кўдакӣ ва замони тахсили ибтидоии Камол дар зодгоҳаш гузашт. Вайдар мактаб хатусавод, ибтидои илмҳои зарурӣ ва Қуръонро аз худ карда, баъд ба мадраса даромад. Сипас ў барои такмил додани дониши худ ба шаҳрҳои дигари Осиёи Миёна-Самарқанд, Тошканд ва Хоразм сафар карда, дар назди устодони номӣ илмҳои маъмули замони худро фаро гирифт. Омўхтани китобҳои Мифтоҳи Саккокӣ оид ба балоғат, Кашшофи Замахшарӣ доир ба фасоҳат ва амсоли онҳоро Камол худ хабар медиҳад. Ў чун марди олиму фозил, махсусан, дар илмҳои арабӣ, калом, мантиқ, ҳикмат, таърих, фикҳ, зироатпарварӣ, боғдорӣ ва ҳисоб дар шумори устодон шинохта шуда буд.

Баъди хатми таҳсили илм Камоли Хуҷандӣ вақти худро муддате дар шаҳрҳои Осиёи Миёна — Самарқанд, Тошканд, Бухоро, Хоразм ва ғайра ба сайру саёҳат гузаронд. Сипас, ў дар 40-45 солагӣ ба нияти ҳаҷ ба тарафҳои Арабистон сафар кард. Барои ҳаҷ   гузаронидан ба ҷониби Ҳиҷоз сафар намуд, Камол аз ҳаҷ ба ватани худ бо роҳи Табрез баргаштан мехоҳад, вале дар Табрез, ки аз шаҳрҳои мўътабари Эронзамин аст, мемонад. Табрез шаҳре буд ободон, миёни кўҳҳо, бо наҳру ҷўйҳои зиёд, майдонҳою хиёбонҳои сабзу хуррам, дўконҳою корвонсаро ва бозорҳои бодабдаба. Дар он дусад ҳазор аҳолй зиндагӣ мекард. Тазкиранависон ба он муттафиқанд, ки аз сабаби хубии обу ҳавои Табрез Камол он ҷо рахти иқомат мeгузинад. Вале гуфтаи худи Камол собит менамояд, ки дар Табрез мондани Камол танҳо хубии обу ҳавои ин шаҳр набудааст. Аз як ғазали ў ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар Табрез рахти иқомат гузоштани Камол ҳадафи тири ишқ қарор гирифтани ӯст, зеро ў мегўяд:

Эй боди баҳор, к-аз ту хушбўст
Маҷлис ба равоеҳи абирам
Бигзар ба Хуҷанду гў ба ёрон
Аз ман, ки ба ёри Чин асирам.
3-он бурд Камол ҷаври он шўх,
К-ў мўҳташам асту ман фақирам.

Дар Табрез чанд гоҳ мондани Камол аниқ маълум нест. Ба ҳар ҳол Табрез минбаъд иқоматгоҳи Камол қарор гирифта, ў муддате дар ин шаҳр зиндагонии осоишта мегузаронад. Вай аввал дар маҳаллаи Абдуллоҳи Ҷуббаҷӣ мезист. Баъд дар беруни шаҳр, дар мавзеъе, ки Валиёнкўҳ ном дошт, зиндагӣ ба сар бурд. Соли 1385 подшоҳи дашти Қипчоқ Тўхтамишхон аз Дарбанд ба Табрез ҳуҷум оварда, Табрезро талаву тороҷ кард. Тўхтамиш дар қaтори ғаниматҳои худ бо хоҳиши завҷааш Камолро низ ба пойтахти давлати Олтин-Урда шаҳри Сарой бурд. Сарой дар канори поёноби Волга (дар наздикиҳои Астрахани ҳозира) воқеъ гардида буд. Тўхтамиш Камолро аз муқаррабони худ гардонд. Ў шоирро хамроҳи худ ба юришҳояш низ мебурдааст, ки ба ин ишорати зерини шоир гувоҳӣ медиҳад:

Камол, имсол чанде шуд ғазал бар асп гуфт аксар,
Fазалҳои сариаспӣ набошад ғолибан беҳ з-ин.

Зоҳиран дар Сарой зиндагонии Камол осуда ва бо фароғат мегузаштааст, зеро ў дар тавсифи Сарой, дилбарони моҳталъати он ва осоиштагии худ байтҳои зиёде дорад, мисли:

Бўстонест Сарой аз гули он рўй, Камол
Ба Сарой омадӣ, эй булбули хушгў, бисарой.

Вале Камол дар Сарой, бо вуҷуди фароғат, аз ҳиҷрон ва дурии ёру диёр танҳоӣ мекашад. Ў бештар Табрез ва Сурхобу Чарандобу Гаҷил барин маҳалҳои онро ёд мекунад, ғазалҳои худро ба Табрез мефиристад, зеро аҳли хонаводаи шоир он ҷо монда буданд:

Табрез маро ба ҷои ҷон хоҳад буд,
Пайваста маро вирди забон хоҳад буд.
То дарнакашам оби Чарандобу Гаҷил,
Сурхоб зи чашми ман равон хоҳад буд.

Соли 1395 Темур Саройро истилою ғорат намуд. Камол ба Табрез баргашт.

Fазали зеринро Камол баъди аз Сарой ба Табрез гашта омаданаш суруда, дар он кайфияти висоли баъд аз фироқи ҷонгудозро ба хубӣ ифода мекунад:

Биҳамдиллаҳ, ки дигарбора рўи дўстон дидам,
Чу булбул мекунам мастӣ, ки боғу бўстон дидам.
Ман он мурғи хушилҳонам, ки берун аз қафас худро
Ба иқболи баҳор эмин зи ташвиши хазон дидам.

Камол умри дароз дидааст. Вале ин умри азизи тўлонии ў аксар дар мулкҳои ғарибӣ, дур аз ёру диёр, дар зери азоби бекасӣ ва маҳрумӣ гузаштааст. ғазали ғарибии ўро ба ёд оред. Вай гоҳе аз он бекасӣ, ғарибӣ ва оворагардиҳои худ чунон ба танг меояд, ки садои нолаҳои дилхароши ў то имрўз ҳам ба гўш мерасад:

Дилам ба зулфи ту чун аст, аз ин ғариб мапурс,
Ки шом чун гузарад бар ғариб ман донам.

Камол, ки шоири ватандўст буд, ҳеҷ гоҳ зодгоҳи азизи худ Хуҷандро аз ёд набароварда, ҳамеша аз он меваҳои шакаринаш, кўҳи рў ба рўи он — Мевағул (кўҳи Муғули имрўза, ки аслан аз ду калимаи сирф тоҷикӣ мева-ғул ном гирифтааст ва Камол онро маҳз бо ин ном ёд мекунад), дарёи канори он ва Мовароуннаҳру Самарқанд ёд карда, тамоми умр аз хуҷандӣ будани худ фахр мекард ва худро низ ифтихори Хуҷанд мешумурд:

Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Камол
Бовар намекунанд, ки гўям: хуҷандиям

Дар қасидаи ягонааш, ки се матлаъ дорад, мегўяд:

Чун кўҳи Хуҷанд омад ин шеър,
Бообу баландному маҳкам.

Камол шахси покдоман, назарбаланд, вақтхуш, хушсўҳбат, давраоро, вораста ва бетамаъе буд. Аз ин рў ў аладдавом ба риёзат машғул гардида, ба дари ягон давлатманд нарафта, ба истиснои хидматҳои маҷбурии ў дар рикоби Тўхтамишхон, мадеҳагўи касе нашуд. Ин маъниро дар ашъори ў гаштаву баргашта мушоҳида кардан мумкин аст:

Камол аз подшаҳ дорад фароғат,
Ба вақти хеш ў ҳам подшоҳ аст.

Камол соли 1401 вафот кард. Ўро дар ҳамон боғи пурдарахти худаш, ки Биҳишт номаш карда буд, ба хок супурданд.

1 Равоеҳ — хушбӯиҳо.
2 Мўҳташам — боҳашамат, бузург.

 

Мероси адабӣ

  Камоли Хуҷандӣ аз худ девоне боқӣ гузоштааст, ки ҳаҷми онро Абдуллоҳи Кобулӣ (асри XVI) 14000 байт мегўяд. Вале Тақии Кошӣ (асри XVI) менависад: «Девони шеъри вай, он чӣ ба назари ин муаллиф расид, қариб ба даҳ ҳазор байт буд, муштамил бар ғазал ва муқаттаот ва рубоӣ ва гўё Шайхро ба ғайр аз ин девони ғазал шеъри дигар нест ва ба мадҳу мулук ва қасоид ва маснавиёт илтифот нашуда». Зоҳиран, аз худи ҳамин девони номбурдаи Кошӣ ҳам баъзе ашъори Камол аз байн рафтаанд. Девони Камол, ки соли 1975 бо кўшиши К. А. Шедфар дар Москва ба табъ расидааст, 4 қасида, 977 ғазал, 101 қитъа, 1 мустазод, 37 рубоӣ, 1 маснавии kўтоҳ, 11 муаммо ва 7 байти мутафарриқаро фаро мегирад, ки аз 7335 байт иборат аст.