Камоли Хуҷандӣ — Ғазал

Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро,
Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро.
Гўиям рав з-ин дару султони вақти хеш бош!
Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.
Чокаронатро намегўям, ки хоки он дарам,
Бо бузургон худситоӣ хуш намеояд маро.
Гуфтамаш: дар оби ораз акси ҷони мо намо!
Гуфт: ҳар дам худнамоӣ хуш намеояд маро.
Аз лаби лаълат напарҳезам ба даври он ду чашм,
Пеши мастон порсоӣ хуш намеояд маро.
Мункири зўҳдам ба рўят то назарбоз омадам,
Покбозам ман, дағоӣ хуш намеояд маро.
Сўфиён гўянд чун мо хезу дар рақс о, Камол,
Ҳолату ваҷди риёӣ хуш намеояд маро.

***

Дил муқими кўи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтан танҳо ғариб.
Орзўманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас, илло ғариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рўзе напурсидӣ, ки чист,
Ҳоли зори мустаманди монда дур аз мо ғариб.
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре,ки мебинӣ кӣ афтад бо ғариб?!
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!

***

Дарди ту беҳ аз давост, эй дўст!
Андўҳи ту ҷонфизост, эй дуст!
Дарюза, ки кард ошиқ аз ту,
Ҷуз дарду бало нахост, эй дўст!
Ман он ки зи муфлисӣ надорам —
Чизе ки туро сазост, эй дўст!
Пеши ту ниҳам ду чашми равшан,
Гўям назари сафост, эй дўст!
Гуфтӣ:— Кушамат, вале раво нест; —
Гар дўст кушад равост, эй дўст!
Дил ҳар чӣ ба васфи қоматат гуфт,
Овард худош рост, эй дўст!
Кардам ба қади ту ин ғазал рост,
Бинвис, Камол, рост, эй дўст!

***

Гар ба майхона ҳарифи маю шоҳид бошам,
Беҳ ки дар савмиа биншинаму обид бошам.
Вақти он шуд, ки иқомат ба харобот кунам,
То ба кай мўътакифи гўшаи масҷид бошам?
Домани пири муғон гар фитад ин бор ба даст,
Мани саргашта чаро толиби муршид бошам?
Солҳо бар дари майхона нишинам беҳ аз он,
Ки аз ин гўшанишинони муқаллид бошам.
Зўҳд дар савмиа меварзаму ин риндӣ нест,
Риндӣ он аст, ки дар майкада зоҳид бошам.
Ёр агар з-оҳи мани хаста накў андешад,
Фориғ аз қасди бадандешии ҳосид бошам,
Зиндагӣ дар сари тақво шуду ҳайф аст, Камол,
Ки ҳама умр дар ин фикрати фосид бошам.

***

Ёр гуфт: «Аз ғайри мо пўшон назар». Гуфтам: «Ба чашм».
«В-он гаҳе дуздида дар мо менигар». Гуфтам: «Ба чашм».
Гуфт: «Агар ёбӣ нишони пои мо бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар». Гуфтам: «Ба чашм».
Гуфт: «Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бибар». Гуфтам: «Ба чашм».
Гуфт: «Агар гардад лабат хушк аз дами сўзони мо,
Боз месозаш чу шамъ аз дида тар». Гуфтам ба чашм»,
Гуфт: «Агар бар остона об хоҳӣ зад зи ашк,
Ҳам ба мижгонат бирўб он хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм».
Гуфт: «Агар гардӣ шабе аз рўи чун моҳаш ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар». Гуфтам: «Ба чашм».
Гуфт: «Агар дорӣ хаёли дурри васли мо Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар». Гуфтам: «Ба чашм».

***

Биҳамдуллаҳ, ки дигарбора рўи дўстон дидам,
Чу булбул мекунам мастӣ, ки боғу бўстон дидам.
Ман он мурғи хушилҳонам, ки берун аз қафас худро,
Ба иқболи баҳор эмин зи ташвиши хазон дидам.
Фалак гар тофт рўи меҳру баргардид аз ёрӣ,
Фаромўшам шуд он боре чу рўи меҳрубон дидам.
Шаби rадре, ки меҷустам ба хобу рўзи некўӣ,
Чу он мў дидаму он рў, ҳам ин дидам, ҳам он дидам.
Муроди ман миёни ёр буд, он дар канор омад,
Миёни роҳат афтодам, чу ранҷи бекарон дидам.
Замони васл, к-аз дигар замонҳо беҳ ниҳад ошиқ,
Ба рўи дўстон ман ин замонро аз замон дидам.
Камол он дам, ки хоҳӣ дид бо ёрон қарин худро,
Бигў ин давлат аз юмни шаҳи соҳибқирон дидам.

***

Хоки поят дўст дорад рўи ман,
Нест айбе, дўстон, ҳуббулватан.
Хок гаштам, ин сухан чанд, э рақиб,
Дар даҳан дорӣ, ки хокат дар даҳан!
Орзўи мост зулфат бишканаш,
Дар ҷаҳон як орзўи мо шикан!
Гуфтаӣ: дигар насўзам ҷони ту,
Ҷони ман, дигар чӣ бошад сўхтан?
Ман хасам, ту оташӣ дар интизор,
Дар дили хас з-интизор оташ мазан!
Э рақиб, ар чашмам аз сар барканӣ,
Чашм аз ў гар барканам, чашмам бикан!
Ақлу дил гуфтам, кӣ дуздид аз Камол,
Зери лаб хандон: «Чӣ донам», — гуфт — ман.

Баъд аз имрўз ошкоро дўст медорам туро,
Аз ту чун пўшам, нигоро, дўст медорам туро.
Дар вуҷуди ман зи ҳастӣ ҳар сари мўе, ки ҳаст,
Дўст медорад маро, то дўст медорам туро.
Хоҳ дар дил бош сокин, хоҳ дар ҷoн шав муқимӣ.
Гар дар ин ҷоӣ в-ар он ҷо, дўст медорам туро.
Орам ояд пеши сарву лола рафтан дар чаман,
То бад{он рухсору боло дўст медорам туро.
Гар набошӣ дўстдорам: дўст дорам ҳамчунон,
3{он ки ман бе ин таманно дўст медорам туро.
Дидаву дил ҳар яке танҳо туро доранд дўст,
Худ мани бедил на танҳо дўст медорам туро.
Гуфтаӣ, Хун резамат, то душманам дорӣ, Камол,
Ман худ аз баҳри чунинҳо дўст медорам туро.
***
Каъбаи кўяш мурод аст ин дили овораро,
Бо муроди дил расон, ё раб, дили бечораро.
Дил дар он кў рафту шуд овора, ман ҳам меравам,
То аз он оворатар созам дили овораро.
Дар миёни хору хоро гар туӣ ҳамраҳ маро,
Гул шиносам хорро, дебо шуморам хораро.
Гар аз он доман бад-ин дарвеш васле мерасид,
Порае медўхтам ин ҷони пора-пораро.
Сўи зулфаш рафтаму дидам, ки дар банди дил аст,
Ҷуз мани шабрав кӣ донад макри ин айёраро.
Пеши ноаҳлон чӣ ҳосил зикри пурдонӣ, Камол,
Донаи гавҳар чӣ резӣ мурғи арзанхораро.
***
Ҷоно ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест,
Ширинтар аз лабони ту ба олам набот нест.
Рўзи нахуст, эй шаҳи хубон, ба ошиқон,
Рухро чаро намудӣ, агар майли мот нест.
Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис,
Гуфто: Давот чун бинависам, давот нест.
Доғи ҷафот ба ҷони мани хастадил манеҳ,
Рўзе ки дар вафот бимирам, вафот нест.
Гуфтам: Закоти лаъли лабат бўсае бидеҳ,
Гуфто: Бирав Камол, ки вақти закот нест.
***
Харобаи дили ман пур шуд аз муҳаббати дўст,
Мабод ҳеҷ диле холӣ аз муваддати дўст.
Кадом давлату фурсат биёфт, ҳар кӣ наёфт,
Саодати шарафи васли ёру сўҳбати дўст.
Агарчи дархўри ў хидмате намеояд,
Шавем мўътакифи остони хидмати дўст.
Расад ба ғояти ҳимат чунон ки дилхоҳ аст,
Забону дасту дили ман зи шукри неъмати дўст.
Камоли хастадилу номуроду беҳосил,
Чӣ бошад, ар ба муроде расад зи давлати дўст?

***

Дур аз Худост хоҷа магар бе иродат аст,
Хидмат насиби бандаи соҳибсаодат аст.
Аз сидқ дам мазан, чу нагаштӣ шаҳиди ишқ,
Даъвии ин мақом дуруст аз шаҳодат аст.
Бишкан бути ғурур, ки дар дини ошиқон
Як бут, ки бишкананд, беҳ аз сад ибодат аст.
Зоҳид ниҳад миёни кулоҳу амома фарқ,
Мискин ҳанўз дар ҳуҷуби* расму одат аст.
Нози табиб дур зи ҳикмат бувад кашид,
Моро, ки аз ҳабиб умеди аёдат аст.
Бо ҷавр меҳри дил нашавад мунтаҳӣ,** Камол,
Он ҷо ки мунтаҳои камоли иродат аст.
Гў, ҷавр беш кун ба муҳиббони хеш боз,
Чандон, ки ҷавр беш муҳаббат зиёдат аст.
——————
* Ҳуҷуб — ҳиҷобҳо.
** Мунтаҳӣ — ба охир расида.

***

Дўстон, гар кушт моро дўст, мо донему дўст,
Чун ҳалоки мо ризои ўст, мо донему дўст.
Гар навозад, гар гудозад ҷони мо, касро чӣ кор
В-ар ба ҷон душман шавад ё дўст, мо донему дўст.
Дидаи гирёни мо дар пои ҳар сарву гуле,
Гар аз ин ғам кам зи тори мўст, мо донему дўст.
Кас надонад аз барои кист сар бар хоки роҳ,
Он, ки доим бар сари он кўст, мо донему дўст.
Чанд печидан дар ин, к-аз ғам танат шуд риштае,
Гар аз ин ғам зи тори мўст, мо донему дўст.
Ин суханҳо то каят гуфтан, ки бе раҳм асту меҳр,
Гар дилаш дил нест, сангу рўст, мо донему дўст.
Бо накўхоҳону бадгўён бигў аз мо, Камол,
Дўст бо мо бад в-агар некўст, мо донему дўст.

***

Дўстон, ёри ману дилбару дилдори ман ўст,
Ман дигар дўст надорам ба ҷуз ин мўнису дўст.
Фикри бисёр чӣ ҳоҷат, ду рухаш чун дидам,
Гар бибозам сару гар низ назар, ҳар ду накўст.
Хондаӣ қиссаи тўбӣ, ки баромад зи биҳишт,
Тўбӣ ин қомати дилҷўю биҳишт он сари кўст.
Ҳамчу зулфаш ба салосил натавон дошт нигоҳ,
Ҳар киро силсилаҷунбон дили он силсиламўст.
Бори саҷҷода кашидӣ ҳама вақте дўшам,
Дар сар акнун маю бар дўш маро бори сабўст.
Баски дар пой кашон кард сари мискинон,
Зулфи мушкинаш аз ин шарм сарафканда фурўст.
Зоҳидам гуфт: Нашуд оқилу ҳушёр Камол,
Ҳар кӣ ҳушёртар аст, аз ҳама девонатар ўст.

***

Зоҳидон камтар шиносанд он чӣ моро дар сар аст,
Фикри зоҳид дигару савдои ошиқ дигар аст.
Носеҳо, даъват макун моро ба фирдавси барин,
К-остони ҳиммати соҳибдилон з-он бартар аст.
Гар биронд аз хонақоҳам пири хилват, бок нест,
Дигаронро тоату моро иноят раҳбар аст.
Май ба рўи гулрухон хўрдан хуш аст, аммо чӣ суд,
К-ин саодат зоҳидони шаҳри моро камтар аст.
Чун қалам ангушт бар ҳарфам манеҳ сўфӣ, ки ман
Хирқа кардам раҳни* мастону сухан дар дафтар аст.
Мо ба риндӣ дар бисоти қурб рафтему ҳанўз
Ҳамчунон пири маломатгар ба пои минбар аст.
Дошт он савдо, ки дар поят сар андозад Камол,
Сар ниҳоду ҳамчунонаш ин таманно дар сар аст.

* Раҳн — ба гарав додав.

***

Зи ишқат бекасу мискинам, эй дўст,
Агар бедил наям, бе динам, эй дўст.
Маро сад бор гуфтӣ: Хоҳамат кушт,
Бикуш якраҳ, макуш чандинам, эй дўст!
Ту душмандўстӣ, ман дўстдушман,
Ту онӣ дар вафо, ман инам, эй дўст.
Гузинтар аз ҳама рои ман ин аст,
Ки бар ту дигаре нагзинам, эй дўст.
Чу шамъам, гуфтаӣ, биншин бар оташ,
Зи ҷон бархезаму биншинам, эй дўст.
Ба шабҳои ғамат парвонасон сўхт,
Магасро бол бар болинам, эй дўст.
Камол аз зафъ шуд ҳеҷу ту ҳеҷаш,
Намепурсӣ чунин мебинам, эй дўст.

***

Орифи пинҳон зи пайдо хуштар аст,
Ганҷро ганҷина маъво хуштар аст.
Олами озодагӣ хуш оламест,
Эй, дил, он ҷо рав, ки он ҷо хуштар аст.
Андар ин пастӣ дилат нагрифт ҳеҷ,
Азми боло кун, ки боло хуштар аст.
Ошиқонро дил ба ваҳдат мекашад,
Мурғи обиро ба дарё хуштар аст.
Хоҷа инкори қиёмат мекунад,
3-он, ки имрўзаш зи фардо хуштар аст.
Як назар қонеъ шав аз олам Камол,
Нахли мумиро тамошо хуштар аст.

***

Ишқи ту саросар ҳама сўзу ҳама дард аст,
Ин шева ба андозаи мардест, ки мард аст.
Он кас, ки дар ин сарф накардаст ҳама умр,
Бечора надонам, ки ҳама умр чӣ кардаст.
Зоҳид, чӣ аҷаб гар кунад аз ишқи ту парҳез,
Кас лаззати ин бода чӣ донад, ки нахвардаст.
Ошиқ, ки на гарм аст чу шамъ аз сари сўзе,
Гар оташи маҳз аст, ба ҷони ту, ки сард аст.
Ашке, ки бувад сурх зи рухсори ту дорем,
Моро зи ту ташриф на танҳо рухи зард аст.
Бас шаб, ки бар он дар мани хокӣ зи заифӣ,
Биншастаму пиндошт рақиби ту, ки гард аст.
Гар ҳаст Камол аз ду xаҳон фард, аҷаб нест,
Ин низ камолест, ки озодаву фард аст.

***

Ишқ дар тинати дилҳо намак аст,
Шўри ошиқ зи само то самак* аст.
Барпар аз ишқ ба боли малакӣ,
Ки вало аҷнаҳа** васфи малак аст.
Нақду қалби сараи оламро,
Ишқ — саррофу муҳаббат маҳак аст.
Сарбаландӣ талабӣ, ишқ гузин,
Исо аз ишқ ба боми фалак аст.
Ҳасад, эй зоҳид, аз ин роҳ бирўб,
Ки ҳасад дар раҳи покон хасак аст.
Ишқ дар иду маҳи зўҳд ҳанўз,
Рамазон асту дар он низ шак аст.
Ҳафт байти ту дар ин гуфта, Камол,
Ҳар як аз маънии ҳар ҳафт як аст.

* Само то самак — аз осмон то зери замин.
** Авло аxнаҳа — олитарин болҳо

***

Илму тақво сар ба сар даъвист маъно дигар аст,
Марди маънӣ дигару майдони даъво дигар аст.
Ошиқ ар омад ба кўяш дуняву уқбо нахост,
Ҷониби Тур омадан мақсуди Мўсо дигар аст.
Ҳусни маҳрўён чӣ мемонад ба рўи ёри мо,
Партави маҳ дигару нури таҷалло дигар аст.
Аз дараш то равза фарқ аст аз замин то осмон,
Хоки ин кў дигару фирдавси аъло дигар аст.
Гарчи парҳез аз биҳишту ҳур ҳаст аз шаръ дур,
Дар ривоят дидам ин фатвост, тақво дигар аст.
Чашм бар фардо манеҳ, чун зоҳидон дидорро,
Баркушо имрўз чашме, кори аъмо дигар аст.
Гар дилат бишкаст дилбар, мастӣ афзун кун, Камол,
К-аз шикасти ҷоми Маҷнун қасди Лайло2 дигар аст.

***

Ғамат дорам маро шодӣ ҳамин аст,
Зи бахтам ҷои озодӣ ҳамин аст.
Зи бедодат харобобод шуд дил,
Дар ин вайрона ободӣ ҳамин аст.
Агар бедод натвон кард, гуфтӣ:
Маро дод аз ту бедодӣ ҳамин аст.
Туро дар дил зи мо, гуфтӣ, чӣ шодист,
Ғуломи туст дил, шодӣ ҳамин аст.
Накў омўхт чашмат аз ту шева,
Дар ин шогирдӣ устодӣ ҳамин аст.
Зи ман пурсӣ, дилат чун сайд кардам,
Чӣ гўям, ҳадди сайёдӣ ҳамин аст.
Камол, аз худ бибур, он гаҳ рав ин роҳ,
Ки қатъи ин чунин водӣ ҳамин аст.

***

Аз ман, эй аҳли назар, илми назар омўзед,
Нозук аст он рух, аз ў чашму назар бардўзед.
Пеши он рўй мадоред раво зулмати шамъ,
Хона пурнури таҷаллӣ, чӣ чароғ афрўзед.
Сўхтед аз аташ, эй аҳли вараъ, бе маи ишқ,
Ки чу хушкед, бисўзед, ки хуш месўзед.
Ба ҳаво xангкунон дар сафи ушшоқ равост,
Ки дар он саф ҳама лашкаршикану пирўзед.
Гар бидўзед дили пора(и) фақире ба карам,
Беҳ, ки сад новаки дилдўз ба кин андўзед.
Дар таби меҳнати ў сабр кунед, эй дилу ҷон,
Ки аз ин ориза имрўз беҳ аз ҳар рўзед.
Аз шифохонаи дард аст суханҳои Камол,
Дард доред, аз ин ҷо сухане омўзед.