Аттори Нишопурӣ

Бузургтарин мутафаккир ва шоири сўфӣ Шайх Фаридуддин Абўҳомид Муҳаммад ибни Абўбакри Иброҳим Аттори Нишопурӣ соли 540 ҳиҷрӣ (соли 1146 мелодӣ) дар деҳаи Кадкани Нишопури Эрон ба дунё омадааст. Номи ў Муҳаммад буда, дар ин бора ишораҳои зиёде дорад. Чунончи, дар «Мусибатнома» ном асари худ мегўяд:

Он чӣ онро сўфӣ он гўяд ба ном,
Хатм шуд он бар Муҳаммад вассалом.
Ман Муҳаммад номаму ин шева низ
Хатм шуд он бар Муҳаммад, ай азиз.

  Вале дар баъзе манбаъҳо номи ин бузургворро Саид низ қайд кардаанд, ки саҳеҳ нест. Кунияташ Абўҳамид, унвони эҳтиромиаш Фаридуддин, исми падараш Иброҳим ва кунияти падари шоир Абўбакр аст. Падари Аттор аз пешаи доругарӣ касби маош мекард ва волидайни ў то поёни ҷавониаш зистаанд. Аз ин рў, Аттор аз илмҳои ҷории замон ба хубӣ баҳравар шудааст. Ў аз илмҳои сарфу наҳв, мантиқ, таърих, шеъру адаб, «Қуръон»-у тафсир, фиқҳ, калом, нуҷум ва  ҳатто тиб баҳраи комил доштааст. Аттор асосан дар Шодях таҳсил намудааст.

Ман дар ин ҳар илм бўе бурдаам,
Пеши ҳар ранге рўкўе бурдаам.

  Волидайни ў то вопасин лаҳзаи умр пайваста дар фикри ў буданд. Аттор дар «Асрорнома»-и худ аз васияти қиблагоҳаш бо муҳаббати хоса ёд мекунад, ки гуфта будааст:

Ба охирдам чунин гуфт он накўкор,
Худовандо, Муҳаммадро нигаҳ дор.
Падар ин гуфту модар гуфт: Омин
В-аз он пас з-ў ҷудо шуд ҷони ширин.

  Санаи вафоти падари шоир соли 595ҳ. (соли 1199 м.) буда, модараш тақрибан соли 603ҳ. (соли 2007 м.) олами фониро падруд гуфтааст. Фаридуддини Аттор пас аз хатми мадраса низ хидмати дарборро ихтиёр накардааст, ки мегўяд:

Ба умри хеш мадҳи кас нагуфтам,
Дурре аз баҳри дунё ман насуфтам.

Ва ё:

Ман зи кас банде куҷо бар дил ниҳам,
Номи ҳар дуне худованде ниҳам.
Не таоми ҳеч золим хўрдаам,
Не китоберо тахаллус кардаам.

   Ў баъди таҳсил бо пешаи атторӣ касби маош намуда, бо корҳои эҷодӣ дар ҳамон дўкони атторӣ оғоз кардааст:

«Мусибатнома» к-андўҳи ҷаҳон аст,
«Илоҳинома», к-асрори ниҳон аст,
Ба дорухона кардам ҳар ду оғоз,
Чӣ гўям зуд растам з-ину он боз.

  Сабаби тарк намудани дўкондорӣ ва рў бурдани Атторро ба тасаввуф Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» чунин шарҳ медиҳад:

«Рўзе дар дўкони атторӣ… буд. Дарвеше ба он ҷо расид ва чанд бор шайюлиллаҳ1 гуфт. Ба дарвеш напардохт. Дарвеш гуфт:

— Эй хоҷа, ту чӣ гуна хоҳӣ мурд?
Аттор гуфт:
-Чунон ки ту хоҳӣ мурд.
Дарвеш гуфт:
-Ту ҳамчун ман метавонӣ мурд?
Аттор гуфт: -Бале.

Дарвеш косаи чўбин дошт, зери сар ниҳод ва гуфт:-Аллоҳ, ва ҷон бидод.

Атторро ҳол мутағайир шуд ва дўкон барҳам зад ва ба ин тариқ даромад…».

  Ў сараввал ба сафар баромада, кишвару шаҳрҳои Миср, Димишқ, Макка, Ҳинд, Туркистон ва ғайраро сайр кардааст. Аз баъзе ишораҳояш пайдост, ки ў аз пешаи атторӣ канораҷўӣ накардааст ва дар баробари касби мазкур ба фаъолияти эҷодӣ низ сахт шуғл варзидааст:

Ба ман гуфт: Ай, ба маънӣ оламафрўз,
Чунин машғули тиб гаштӣ шабу рўз.
Тиб аз баҳри тани ҳар нотавон аст,
Валекин шеъру ҳикмат қутти ҷон аст.

  Аз ин фармуда пайдост, ки таваҷҷўҳи Фаридуддин Аттор ба тибу адабиёт мисли улуми ислому тасаввуф беш будааст. Поёни умри Аттор дар Нишопур сипарӣ гардида, дар ҳамон ҷо соли 618 ҳ. (соли 1221 м.) ҳангоми қатли оми Нишопур аз ҷониби хуношомони муғул ҷоми шаҳодат нўшидааст.

  Дар бораи чигунагии марги ў ривояте мавҷуд аст, ҳарчанд эътибор ва санади таърихӣ надорад. Мухтасари ривоят чунин аст:

   Гўянд Аттор ба дасти муғуле аз сипоҳиёни Тулӣ, писари Чингизхон, асир шуд ва он муғул ба фаросат дарёфт, ки Шайхро мақом ва манзалате аст ва ўро дар банд мебурд, то савдо кунад. Дар роҳ яке аз муридон пеш омад, ки Шайхро ба сад дирҳам бифурўш. Муғул хост то савдо кунад. Шайх гуфт: — Баҳои ман беш аз ин аст. Дигаре пеш омад ва сад динор пеш овард. Шайх гуфт: — Мафрўш, ки зиён кунӣ,  маро бартар аз ин қиматҳост. Ва ҳамчунон баҳо фузунӣ меёфт ва Шайх муғулро ба фузунхоҳӣ бармеангехт, то муриде фақир пеш омад ва гуфт: — Шайхи моро куҷо мебарӣ? Ин бастаи коҳ биситон ва Шайхро раҳо кун. Муғул бо ришханд дар вай нигоҳ кард ва Шайх гуфт: — Бифурўш, ки ман беш аз ин намеарзам. Муғул дар хашм шуд ва сар аз тани Шайх ҷудо кард ва бирафт ва надонист, ки одамӣ пурбаҳотарин ва бебаҳотарин коло хоҳад буд. Гўянд он муғул баъдҳо аз мақоми рўҳонии Шайх хабар шуд ва аз оқибати кори хеш битарсид ва тавба кард ва солҳо муқими даргоҳи Шайх буд, то даргузашт.

  Мазори Шайх акнун дар Нишопур зиёратгоҳи аҳли завқ аст.

————————

  1.  Шаюлиллаҳ-чизе аз барои Худо.

          Мероси адабии Аттор 

  Аттор адиби сермаҳсул буда, мероси адабии ў аз назму наср иборат аст. Оид ба миқдори осори эҷодкардаи Аттор фикрҳои гуногун вуҷуд дорад. Шумораи осори маҳфузмондаи ўро беш аз 190 адад қайд кардаанд ва аз нигоҳи шумораи абёт бошад, фузун аз 50 ҳазор байт гуфтаанд. Аз ҷумла, Луфталибеки Озари Бекдилӣ дар «Оташкада» шумораи болоро таъкид намудааст. Дар ҳақиқат агар ба мероси адабии маҳфузмондаи ў такя карда шавад, ишораи Лутфалибек тасдиқ мешавад. Чунончи: «Мантиқ-ут-тайр» («Мақомоти туюр») 4600 байт, «Илоҳинома» 6511 байт, «Мусибатнома» 7535 байт, «Асрорнома» 3305 байт, «Хусравнома» 7838 байт, «Мухторнома» 5000 байт ва девони ашъор-9943 байт, ки дар маҷмўъ 44732 байт ҳосил мешавад ва аз ин миён ду асари адиб «Ҷавоҳирнома» ва «Шарҳ-ул-қалб» ҳанўз дар даст нест ва бидуни шубҳа метавон гуфт, ки шумораи абёти эҷодкардаи ин шоири мутафаккир фузун аз 50 ҳазор байт будааст. Инчунин, асари илмии насрии Аттор-«Тазкират-ул-авлиё», ки ин асар доир ба саргузашти 96 шайхи тасаввуф маълумот дода, дар он 2864 қавли бузургони ҷараёни тасаввуф оварда мешавад ва 988 ҳикоятро дарбар мегирад. Инчунин, ба ў «Булбулнома»-ву «Уштурнома»-барин асарҳо низ мансуб дониста мешавад. Албатта, то таълифи «Тазкират-ул-авлиё» дар таърихи адабиёт асарҳои «Табақоти сўфия»-и Абдурраҳмони Суламӣ, «Рисолат-ул-қушайрия»-и Абулқосими Қушайрӣ, «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирӣ ва дигарон ва пас аз Аттор низ «Тазкират-ул-авлиё» ба адабиёти аҳди муаллиф ва минбаъда таъсири фаровон кардааст. Махсусан, ба «Нафаҳот-ул-унс»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ таъсири хеле амиқ гузоштааст.

Дар бораи асарҳоҳяш гўяд:

«Мусибатнома» зоди роҳравон аст,
«Илоҳинома» ганҷи хусравон аст.
Ҷаҳони маърифат «Асрорнома»-ст,
Биҳишти аҳли дил «Мухторнома»-ст.
«Мақомоти туюр» аммо чунон аст,
Ки мурғи ишқро меъроҷи ҷон аст.
Чу «Хусравнома»-ро тарзе аҷиб аст,

Зи тарзи ў кеҳу меҳро насиб аст…

Дар пайравии Атторӣ

  Аз Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ нақл кардаанд, ки гуфта: «Рўҳи Ҳусайни Мансури Ҳаллоҷ пас аз 250 сол бар Аттор таҷаллӣ кард» ва аз ин ҷост, ки Аттор Ҳусайни Мансури Ҳаллоҷро устоди маънавии худ медонист ва ирфони ўроваҳдати вуҷуд» — аз роҳи ишқ ва тазкияи нафс расидан ва пайвастан ба Худо, андешаи ИнсонхудоӣИнсони худогуна, Инсони комил) пайравӣ кард ва онро ба баландтарин дараҷаи камол расонд. Вале эҷодиёти Аттор низ ба шоирон ва мутафаккирони баъдина таъсири амиқ гузошт. Унсурҳои пешқадами тасаввуф, ки аз Абўязиди Бастомӣ, Ҳусайни Мансури Ҳаллоҷ, Абулҳасани Харақонӣ ва дигарон шурўъ шуда ва ба Абулмаҷди Саноӣ расид ва Аттор онро инкишоф дод, дар ташаккули ҷаҳонбинии мутафаккирон ва орифони баъдӣ таъсир кард. Ба ин маънӣ Ҷалолуддини Балхӣ мегўяд:

Аттор рўҳ буду Саноӣ ду чашми ў,
Мо аз паси Саноиву Аттор омадем.

Ё:

Ман он муллои Румиям, ки аз килкам шакар резад,
Валекин дар сухан гуфтан ғуломи Шайхи Атторам.

Ё худ:

Он чӣ гуфтам дар ҳақиқат, ай азиз,
Он шунидастам ман аз Аттор низ.

Шайх Маҳмуди Шабустарӣ низ мегўяд:

Маро аз шоирӣ худ ор н-ояд,
Ки дар сад қарн чун Аттор н-ояд.

  Дар ҳақиқат, тозакориҳои ин бузургвор дар навъҳои адабӣ чӣ аз нигоҳи хусусиятҳои шаклӣ ва чӣ аз ҷиҳати мазмуну мўҳтаво хеле зиёд аст. Пас аз Саноию Аттор ба онҳо ғолибан муосирону шуарои минбаъда пайравӣ кардаанд. Аз ҷумла, Саъдию Ҷалолуддини Балхӣ, Авҳадии Мароғиву Фахруддини Ироқӣ, Хоҷуи Кирмониву Носири Бухороӣ, Салмони Соваҷиву Имоди Фақеҳ ва махсусан Ҳофизу Камолу Ҷомӣ асосан ба Саноиву Аттор бештар пайравӣ намудаанд.

Аттор на танҳо яке аз бузургтарин сарояндагони забони форсист, балки яке аз бузургтарин мутафаккирин ва мутасаввифини Эрон аст ва касест, ки тасаввуфро дар забони форсӣ ба болотарин дараҷаи камол расонида ва ба ҳамин ҷиҳат ҳамвора дар Эрон ўро ҳамдўши Саноии Ғазнавӣ ва Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ – Мавлавӣ донистаанд.

Саид Нафисӣ – донишманди Эрон

Умуман, дар осори Аттор ситоиши инсон, баробарии инсонҳо, дўстию рафоқат, ҳимояи инсон аз ҳама гуна нохушиҳову ноадолатиҳо, бародарии инсонҳо, робитаи мунтазами моддию маънавии одамон мақоми асосӣ дорад. Ба қавли ин бузургвор, махсусан ҷавонмардию саховатмандӣ, Олиҳимматию назарбаландӣ, фурўтанию хоксорӣ, дастгирии дармондагону бечорагон ва ғ. яке аз хусусиятҳои асосӣ ва яке аз мавзўъҳои марказии осори Аттор, хусусан маснавиҳои ў мебошад. Ў ба хусус, ба тарбияи инсон, махсусан бепарасторон, ятимон диққати хос медиҳад. Ба қазовати ў:

Ҳар ки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Аттор, дар маснавиҳои хеш саховату ҳимматбаландӣ, ҳимояву дастгирии инсонҳоро яке аз бузургтарин сифатҳои накўии инсони ҷавонмард мешуморад ва камтарин кореро, ки ҷавонмард сомон медиҳад, барои инсонҳо худфидокунӣ аст. Ў мегўяд:

Гуфт, назди ман ҷавонмард он бувад,
Камтарин кораш фидои ҷон бувад.
* * *
Аз ту гар инсоф ояд дар вуҷуд,
Беҳ, ки умре дар рукўъу дар суҷуд.
Худ футуват нест дар ҳар ду ҷаҳон,
Бартар аз инсоф додан дар ҷаҳон.

Адл кун дар мулк чун фарзонагон,
То нагардӣ сухраи девонагон.
Одил он бошад, ки дар мулки ҷаҳон,
Дод бистонад зи нафси худ мудом.
Набвадаш дар адл кардан хосу ом,
Халқро чун хештан хонад мудом.
Нахустин ростиро пеша кардан,

Чу некон аз бадӣ андеша кардан.
Ҳама касро ба ёрӣ доштан дўст,
Нагуфтан он яке мағзу дигар пўст.
Зи банди нафси бад озод будан,
Ҳамеша пок бояд чашму доман.

Макун бад бо касе, к-ў бо ту бад кард,
Ту некӣ кун, агар ҳастӣ ҷавонмард.

Забонро дар бадӣ гуфтан маёмўз,
Пушаймонӣ хурӣ ту ҳам яке рўз.
Туро он гоҳ беҳ ояд мардиву зўр,
Ки бинӣ хештанро камтар аз мўр.
Муроди номуродонро баровар,
Ки то ёбӣ муроди хеш яксар.

Ҳар кӣ пой аз ҳадди худ берун ниҳад,
Сар диҳад бар боду дин бар сар ниҳад.
Ҳар кӣ дар беҳурматӣ гоме ниҳад,
Дар шақоват хешро доме ниҳад.

Ҳар кӣ соҳибҳиммат омад, мард шуд,
Ҳамчу хуршед аз баландӣ фард шуд.

Бидеҳ нон, то барояд номат, эй дўст,
Чӣ хуштар дар ҷаҳон аз номи некўст.
Забону дил яке кун бо ҳама кас,
Чунон к-аз пеш бошӣ бош аз пас.

Тариқи порсоӣ варз модом,
Ки некў нест фосиқро саранҷом.
Дарунро пок дор аз кини мардум,
Ки киндорӣ нашуд ойини мардум.

Рийзат каш, ки марди нафспарвар,
Бувад аз гову хар бисёр камтар.
Марав нохонда, то хорӣ набинӣ,
Чу рафтӣ ҷуз ҷигархорӣ набинӣ.

Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,
Нест марди беадаб соҳибмақом.

Эй бародар, гар хирад дорӣ тамом,
Нарму ширин гўй бор мардум калом.

Ҷумла торикист ин меҳмонсарой,
Илм дар вай чун чароғи раҳнамой.

Илоҳинома

Дар миёни маснавиҳои Аттор ба хусус «Илоҳинома» хеле ҷолиб аст, ки ин асари ирфонии шоир дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф таълиф шудааст, ки аркони он чунин аст:
V — — — IV — — — IV — — ё: V — ~
яъне: Мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъўлун.
«Илоҳинома», чунон ки ишора шуд, дар шакли маснавӣ буда, аз 6511 байт иборат мебошад. Асар бо муқаддимаи суннатӣ оғоз шуда, яъне таҳмиди Илоҳӣ, наъти Расули Акрам(с) ва дар он асосан мубоҳисаи падар бо шаш нафар фарзандон мавриди тасвир қарор дода шудааст. Баҳси падар бо фарзандонаш мухталифмавзўъ буда, аз ҳар боб сурат мегирад. Масалан, писари якум талабгори духтари шоҳи париён мебошад. Писари дуюм — хостори ҷодуист ва фарзанди савум талабгори Ҷоми Ҷам аст. Писари чаҳорум рўи ниёз ба Оби ҳаёт дорад ва писари панҷум бошад хостори хотами (ангуштарии) Сулаймон ибни Довуд аст ва писари шашум кимиёро тақозо менамояд.
Чунон ки аз мўҳтавои бобҳо бармеояд, мазмуни асар рамзӣ буда, ҳадафи эҷодкор аз тасвири падар рўҳи инсонӣ ва аз шаш тан писарони ў майлҳои ҳиссии инсон мебошад: нафс, шайтон, ақл, илм, фақр, тавҳид ва ҳар кадоме аз инҳо ба сўе майл доранд. Дар ҷараёни идомаи хати сюжет дар ҳама ҳолатҳо ҳангоми баҳсу талошҳо бо фарзандон пирўзӣ аз ҷониби падар ба мушоҳида мерасад.
Масалан, дархости фарзанди шашум аз падар чунин сурат пазируфтааст:

Писар омад шашум як дил пурасрор,
Зи алмоси забон гашта гуҳарбор.
Падарро гуфт: — Он хоҳам ҳамеша,
Ки бошад кимиё созем пеша.
Агар ёбам ба илми кимиё роҳ,
Шаванд аз ман ҷаҳоне кимиёхоҳ.
Гар ин давлат биёбам, дин биёбам,
Ки чун он як диҳад даст ин биёбам…

Ба ин дархости писар падар чунин ҷавоб медиҳад:

Падар гуфташ, ки ҳирсат ғолиб омад,
Дилат з-он кимиёро толиб омад.
Чӣ хоҳӣ кард дунёи даниро,
Сарои макру ҷои душманиро?
Ки дунё ҳаст золе ҳафтпарда,
Барои сайди ту ҳар ҳафт карда.
Намебинам зи ҳирсат рафта ором,
Биёрам, ай чу мурғ афтода дар дом.
Ки мурғи ҳирсро хок аст дона,
Зи хокаш серӣ орад ҷовидона.

Сонӣ, падар барои исботи андешаи хеш ҳикоятҳо меорад ва аз ҷумлаи ҳикоятҳои илҳоқӣ «Ҳикояти Анўширвон» аст, ки мазмуни он чунин аст:

Чунин гуфтаст Нўширвони одил,
Ки гар мирӣ ба теғи тези қотил.
Туро беҳтар бувад он захми шамшер,
Ки аз нони фурўмоя шавӣ сер.
Машав бо аҳли дунё дар ситеза,
Ки мурдор асту муште кирмреза.
Ба як раҳ аҳли дунёву раёсат
Чу кирмонанд дар айни наҷосат.
Зару симу қабулу кору борат
Наёяд дар дами охир ба корат.
Агар ихлос бошад он замонат,
Ба кор ояд ва гарна, вой ҷонат?
Ба ҳар чизе, ки дар дунё камол аст,
Яқин медон, ки бар уқбо1 вубол аст.

Инҳо далелҳоеанд, ки ба ин восита фарзандон аз посухҳои падар қонеъ мешаванд ва дар айни ҳол, посухҳоеанд, ки боиси пирўзии падар мегарданд ва ғайра.
______________
1. Уқбо — охират