Аттори Нишопурӣ — Футувватномаи Манзум

Ало! Эй ҳушманди хубкирдор,
Бигўям бо ту рамзе чанд аз асрор.
Чу дониш дориву ҳастӣ хирадманд,
Биомўз аз футувват нуктае чанд.
Ки то дар роҳи мардон раҳ диҳандат,
Кулоҳи сарварӣ бар сар ниҳандат.
Агар хоҳӣ шунидан гўш кун боз,
Замоне бош бо мо маҳрами роз.
Чунин гуфтанд пирони муқаддам,
Ки аз мардӣ задандӣ дар миён дам.
Ки: ҳафтоду ду шуд шарти футувват,
Яке з-он шартҳо бошад мурувват.
Бигўям бо ту як-як ҷумлаи роз,
Ки то чашмат бад-ин маънӣ шавад боз.
Нахустин ростиро пеша кардан,
Чу некон аз бадӣ андеша кардан.
Ҳама касро ба ёрӣ доштан дўст,
Нагуфтан: он яке мағзу дигар пўст.
Зи банди иафси бад озод будан,
Ҳамеша пок бояд чашму доман.
Агар аҳли футувватро вафо нест,
Ҳама кораш ба ҷуз рўю риё нест.
Касе к-ўро ҷавонмардист дар тан,
Бибахшояд дилаш бар дўсту душман.
Ба ҳар кас хостӣ мебояд онат,
Агар хоҳӣ ба худ, набвад зиёнат.
Макун бад бо касе, к-ў бо ту бад кард,
Ту некӣ кун, агар ҳастӣ ҷавонмард.
Касе к-аз меҳри ту бибрид пайванд,
Ба мардӣ ҷону дил дар роҳи ў банд.
Забонро дар бадӣ гуфтан маёмўз,
Пушаймонӣ хурӣ ту ҳам яке рўз.
Туро он гаҳ беҳ ояд мардиву зўр,
Ки бинӣ хештанро камтар аз мўр.
Муроди номуродонро баровар,
Ки то ёбӣ муроди хеш яксар.
Магў ҳар чиз, к-хоҳам кард ин кор,
Агар дастат диҳад мекун ба кирдор.
Касс к-ўро ба хашм андар ризо нест,
Футувват дар ҷаҳони ў раво нест…

Футувватдор чун бошад дилозор,
Набошад дар ҷаҳонаш ҳеч кас ёр.
Дар ин раҳ хештанбинӣ нагунҷад,
Ба ҷуз хокиву мискинӣ нагунҷад.
Футувват, ай бародар, бурдборист,
На гармию ситеза, балкӣ зорист.
Бидеҳ нон, то барояд номат, ай дўст,
Чӣ хуштар дар ҷаҳон аз номи некўст?
Забону дил яке кун бо ҳама кас,
Чунон к-аз пеш бошӣ бош аз пас.
Макун чизе, ки диданро нашояд,
Агар гўӣ, шуниданро нашояд.
Чу андар табъ бисёрӣ надорӣ,
Мазан дам аз тариқи бурдборӣ.
Тариқи порсоӣ варз модом.
Ки некў нест фосиқро саранҷом.
Макун бо ҳеч кас тазвиру дастон,
Ки ҳилат нест кори зердастон.
Дарунро пок дор аз кини мардум,
Ки киндорӣ нашуд ойини мардум.
Чу хондандат, бирав, зинҳор мепеч
В-арат ҳам бими ҷон бошад, магў ҳеч.
Ба ҷон гар бозмонӣ андар ин роҳ,
Набошад аз футувват ҷонат огоҳ.
Димоғ аз кибр холӣ дор пайваст,
Зи шайтонӣ чӣ гирӣ узр бар даст!
Тавозўъ кун, тавозўъ бар халоиқ,
Такаббур ҷуз Худоро нест лоиқ.
Такаббур хирагӣ, худро маранҷон,
Ки афзунии ҷисм аст коҳиши ҷон.
Сухан нарму латифу тоза мегўй.
На берун аз ҳаду андоза мегўй.
Магў рози дилат бо ҳар касе боз,
Ки дар дунё наёбӣ марҳами роз.
Ҳасудро бар футувват раҳ набошад,
Ҳасуд аз роҳи ҳақ огаҳ набошад.
Ахиро чун тамаъ бошад ба фарзанд?
Бибур, зинҳор аз вай меҳру пайванд.
Агар гуфтӣ зи рўй, онро ба ҷо ор,
В-агар худ меравад сар бар сари дор.
Ба худ ҳаргиз марав роҳи футувват,
Ба худ рафтан куҷо бошад муруваат!
Риёзат каш, ки марди нафспарвар,
Бувад аз гову хар бисёр камтар.
Марав нохонда, то хорӣ набинӣ,
Чу рафтӣ ҷуз ҷигархорӣ набинӣ.
Ба чашми шаҳват андар дўст мангар,
Ки душманком гардӣ, ай бародар.
Зи каҷбинон футувват рост н-ояд,
Ки каҷбинӣ футувватро нашояд.
Ба коми худ манеҳ зинҳор як гом,
Ки эмин нест доим марди худком.
Мурувват кун ту бо аҳли замона,
Ки то номат бимонад ҷовидона.
Ҳазорон тарбиятгар ҳаст ахиро,
Надорад дўст з-эшон ҷуз сахиро.
Мадоро кун ту бо пирони мискин,
Бубахшо бар ҷавонони бадойин.
Мазан лоф, ай писар, бо дўсту душман,
Ки бошад марди лофӣ камтар аз зан.
Футувват чист? Доди халқ додан,
Ба пойи дастгирӣ истодан.
Ҳар он кас, к-ў ба худ мағрур бошад,
Ба фарсанг аз мурувват дур бошад.
Адабро гўш дор андар ҳама ҷой,
Макун бе беадаб ҳаргиз муҳобой.
Ба хидмат метавон ин раҳ буридан,
Бад-ин чавгон тавон гўе рабудан.
Ба иззат бош то хорӣ набинӣ,
Чу ёрӣ кардӣ, ағёрӣ набинӣ.
Гар ояд аз дарат селоби хун боз,
Бипўшонаш даруни пардаи роз.
Мабар номи касе ҷуз бо накўӣ,
Агар андар футувват ном ҷўӣ.
Ба исён дармаяфкан хештанро,
Маҷў охир балои ҷону танро.
Ҳавои нафси худ бишкан Худоро,
Мадеҳ раҳ пеши худ соҳибҳаворо.
Чунон кун тарбият пиру ҷавонро,
Ки хиҷлат барнаяфтад ину онро.
Насиҳат дар ниҳонӣ беҳтар ояд,
Гиреҳ аз ҷону банд аз дил гушояд.
Либоси худ мадеҳ ҳар носазоро,
Ба гўши ҷон шунав ин моҷароро.
Миёни тарбият з-он рўй мебанд,
Ки бошад дар канорат ҳамчу фарзанд.
Футувват ҷўй, гар дорӣ қаноат,
Ҳама олам баранд аз вай бизоат.
Ба тоъат кўш, то диндор гардӣ,
Ки бединро назебад лофи мардӣ.
Парастиш кун Худои ҷовидонро,
Мутеъи амр кун танрову ҷонро.
Қадам андар тариқи нестӣ зан,
Ки ҳастӣ барнамеояд аз ин фан.
Чу сахтӣ пешат ояд, кун сабурӣ,
Дар он ҳолат макун аз сабр дурӣ.
Ба неъмат дар ҳамекун шукри Яздон,
Чу меҳнат даррасад, сабр аст дармон.
Чу меҳмон даррасад ширинзабон шав,
Ба сад алтоф пеши меҳмон шав.
Такаллуф аз миён бардору аз пеш,
Биёвар ончӣ дорӣ аз каму беш.
Ба эҳсону карам дилҳо ба даст ор,
К-аз ин беҳтар набошад дар ҷаҳон кор.
Чу эҳсон аз ту хоҳад марди ҳушёр,
Чу мардон роҳи худ чолок биспор.
Агар шукронае гўяд магў: кай?
Бибояд гаштанат таслим дар вай.
Футувватдор чун шамъ аст дар ҷамъ,
Аз он сўзад миёни ҷамъ чун шамъ.
Туро бо ишқ бояд сабр ҳамроҳ,
Ки то гардӣ аз ин аҳвол огоҳ.
Ба гуфтор ин суханҳо рост н-ояд,
Туро гуфтор бо кирдор бояд.
Чу чашмат рўи он ҳастӣ бубинад,
Суханҳои манат дар ҷон нишинад.
Макун зинҳор! Аз ин маънӣ фаромўш,
Ҳаме кун панди ман чун ҳалқа дар гўш.
Гар ин маънӣ ба ҷо орӣ, туро беҳ,
Ба шарт ин роҳ биспорӣ, туро беҳ.
Агар хоҳӣ, ки ин маънӣ бидонӣ,
«Футувватнома»-и Аттор хонӣ,
Худо ёри ту бошад дар ду олам,
Чу мардона дар ин раҳ мезанӣ дам.