Аттори Нишопурӣ-Мухторнома

Пешгуфтор

  «Мухторнома» маҷмўи рубоиёти Аттор аст, ки ба дасти худи ў аз рўи мавзўъ дастабандӣ ва мураттаб шуда ва фарогири панҷоҳ боб аст доир ба ишқ, тавҳиду ҳайрат, кўшишу дарёфтани умр ва ғайра. Аттор худ дар муқаддимаи китоб ишора мекунад, ки маҷмўан шаш ҳазор рубоӣ суруда ва аз он ҳазор байтро барои ҳифзи асрор фурў шуста ва аз боқӣ нимеро барои ин китоб баргузида ва боқӣ дар девон ниҳодааст. Дар бораи ин рубоиёташ гўяд: «…ин абёт аз сари корафтодагӣ даст дод, на аз сари корсохтагӣ… Чунон ки омадааст навиштаем ва дар хун гашта, ва агар рўзе воқеаи корафтодагон домани ҷонат бигирад ва шабе чанд сар бар гиребони таҳайюр фурў барӣ ин замон бидонӣ, ки ин булбулони нозанин ва ин тўтиёни шакарчин аз кадом ошён паридаанд.»

   Рубоиёти Аттор, чун дигар ашъораш, аз атри диловези ишқ оканда аст ва ба ғазалҳои кўтоҳе монад, ки ҳамон қиссаи мурғон ва ҳафт водиро («Мантиқуттайр») ба забони тағаззул бозмегўяд. Гўӣ ҳудҳуд аст, ки бар минбари ҳидоят нишаста ва ба мушкилоти мурғон посух медиҳад ва онҳоро дар роҳ меоварад. Гоҳ нафси нотиқаи инсониро, ки нафхаи илоҳӣ ва гавҳаре аз дарёи амри Парвардгор аст, мавриди хитоб қарор медиҳад, ки :

Ай мурғи аҷаб ситорагон чинаи туст,
Дар рўзи аласт аҳди деринаи туст.
Гар ҷоми ҷаҳоннамой меҷўӣ ту,
Дар сандуқе ниҳода дар синаи туст.

  Яъне: ай паррандаи осмонӣ, гулшани нилуфарӣ ва моҳу хуршед ва ситорагонро барои ту офаридаанд ва ҷумлаи офариниш дар ҳукми донаи туст ва Парвардгори ҷаҳон дар рўзи аласт (рўзи офариниш – он рўз, ки хоки Одам месиришт) бо ту паймони муҳаббат баста ва туро дар базми ҳузур, шароби бандагӣ, ки салтанати ду олам дар ўст, нўшонида ва дилатро ҷоми ҷаҳоннамои Ҷам ва ойинаи Сикандар сохта, то акси Симурғи ниҳонро дар он бингарӣ.

  Ва гоҳ аз ҳақиқати имон, ки бандагии Худост, сухан мегўяд ва худпарастонро, аз ҳар кешу мазҳаб, аз гавҳари имон маҳрум мебинад:

Як ошиқи поку як дили зинда куҷост?
Як сўхтаҷони дилпароканда куҷост?
Чун бандаи андешаи хешанд ҳама,
Дар рўи замин Худойро банда куҷост?

  Ва гоҳи дигар мардумонро нидо мекунад, ки чун баҳр биҷўшед ва чун чанг бихурўшед ва хомўш мабошед, ки умр гузарон ва ба ибораи Ҳофиз «оқибат манзили мо водии хомўшон аст»

Чун чанг ҳама хурўш мебояд буд,
Чун баҳри ҳазорҷўш мебояд буд.
Ай ҳамнафасон басе бигуфтему шудем,
Зеро ки басе хамўш мебояд буд.

  Зикри ин нукта зарурӣ аст, ки бисёре аз рубоиёти мансуб ба Хайём дар маҷмўаи рубоиёти «Мухторнома» омадааст, аммо бегумон он рубоиёт ҳатто агар аз Хайём набошад, аз Аттор низ нест, бо сабки баён ва шеваи тафаккури Аттор ба куллӣ тафовут дорад.

Рубоиҳо

Чун наъразанон қасд ба кўи ту кунам,
Ҷон дар сари кори орзўи ту кунам.
Дар ҳар нафасе ҳазор ҷон мебояд,
То рақскунон нисори рўи ту кунам.

Гуфтам дилу ҷон дар сари корат кардам,
Ҳар нақд, ки доштам нисорат кардам.
Гуфто ту кӣ бошӣ, ки кунӣ ё накунӣ,
Ин ман будам, ки беқарорат кардам.

Гар зўҳд кунӣ, сўзу гудозат бубарад,
Уҷб овараду шавқу ниёзат бубарад.
Зинҳор ба гирди ман магард, ай зоҳид,
К-ин ринди қаландар аз намозат бубарад.

Ҳарчанд дареғ сад ҳазор аст ҳанўз,
З-ин беш дареғ бар шумор аст ҳанўз.
Ҳар рўз ҳазор бор худро куштам
В-ин кофари нафс барқарор аст ҳанўз.

Бо ноаҳле, ки нон хурам хун шумарам,
Афсонаи ў батар зи афсун шумарам.
Бо ноҷинсе агар даме биншинам,
Ҳаққо, ки зи ҳафт дўзах афзун шумарам.

Ҳар рўз зи нав пардаи дигар созӣ,
То дар паси парда ишқ бо худ бозӣ.
Чун ту нафасе басар наёбӣ аз хеш,
Ҳаргиз ба касе дигар куҷо пардозӣ?