Аттори Нишопурӣ-Мусибатнома

Пешгуфтор

«Мусибатнома» аз 7535 байт иборат буда, Шайх онро дар муддати хеле кӯтоҳ, дар дӯкони атториаш навиштааст:

«Мусибатнома», к-андӯҳи ҷаҳон аст,
«Илоҳинома», к-асрори аён аст.
Ба дорухона кардам ҳар ду оғоз,
Чӣ гӯям, зуд растам з-ину он боз.

Дар бораи «Мусибатнома» ном гирифтани асар Аттор чунин мегӯяд:

Дар ҳақиқат мағзи ҷон полудаам,
То напиндорӣ, ки дар беҳудаам.
Ҷамъ кардам обосо пеши ту,
Гӯ тафаккур кун дили бехеши ту.
Гар зи гуфтан роҳ меёбад касе,
Гуфтаи ман боядат хондан басе.
З-он ки ҳар байте, ки мебингоштам,
Бар сари он мотаме медоштам.
Дар мусибат сохтам ҳангома ман,
Номи ин кардам «Мусибатнома» ман.

Ин маснавӣ низ ирфонӣ аст ва аз сайру сулук сухан мекунад. Агар дар маснавии «Мантиқуттайр» солик бо гузаштани «ҳафт водӣ» ё «ҳафт шаҳри ишқ» ба Ҳаққ бирасад, дар ин асар соликро чил мақом дар пеш аст:

Чил мақомат пеш хоҳад омадан,
Ҷумла ҳам дар хеш хоҳад омадан.
Ин ҳама чун дар тариқат доштӣ,
Бо ҳақиқат карда омад оштӣ.
Чун биҷӯӣ хешро дар чил мақом,
Ҷумла дар охир ту бошӣ, вассалом.

Ва сайри солик сайри ботинӣ аст: солик андешаи инсон аст. Яъне инсон бо фурӯ рафтан дар ботини худ айбҳояшро мебинад ва бо доруи худшиносӣ ҷони покашро, ки дар банди ҳавову ҳавс, кибру ғурур, рашку ҳасад, дурӯғу фиреб ва дигар ахлоқи бад ранҷур шудааст, шифо мебахшад. Бо пок шудан аз ахлоқи бад тани зулмониро нуронӣ мекунад: ба ин маънӣ, ки чеҳраи инсони покбозу дурусткирдор ва ростпеша ҳамеша шукуфон ва дурахшон аст. Ба ибораи мардумӣ «аз чеҳраи ӯ нур меборад»
Солик дар талаби камол ва расидан ба Ҳаққ беқарор буд:

Солики фикрат зи дарди ин талаб,
Менаёсояд замоне рӯзу шаб.
Медавад, то тан кунад бо ҷон бадал,
Даррасонад тан ба ҷон пеш аз аҷал.
Кор кори фикрат аст ин ҷойгоҳ,
З-он ки як дам сар намепечад зи роҳ.
Кори фикрат лоҷарам як соат аст,
Беҳтар аз ҳафтодсола тоат аст.

Ва ниҳоят солики фикрат бо сайре дар офоқ ва анфус (ҷаҳони зоҳир ва ҷаҳони ботин) худро ва Худоро мешиносад:

Солик аз оёти офоқ, эй аҷаб,
Рафт бо оёти анфус рӯзу шаб.
Гарчӣ бисёре зи пас в-аз пеш дид,
Ҳар ду олам дар даруни хеш дид.
Ҳар ду олам акси ҷони хеш ёфт
В-аз ду олам ҷони худро бешёфт.
Чун ба сирри ҷони худ бинанда шуд,
Зиндае гашту Худоро банда шуд.

Маснавии «Мусибатнома» асари тарбиявӣ аст. Аттор бо овардани ҳикоятҳои ҷолиб ахлоқи бадро накӯҳиш ва ахлоқи некро сутудааст. Ва дар ин зимн афсӯс мехӯрад, ки инсон мартабаи волои худро нашинохта ва чун сутурон танҳо ба хобу хӯр машғул аст. Бинобар ин мегӯяд:
Гар диле мебоядатбисёрдон,
Пас «Мусибатнома»-и Аттор хон.

Суфён* ва булбул

Дид тифлеро магар Суфёни пир,
Булбулеро дар қафас карда асир.
Булбул он ҷо хештанро мумтаҳан,
Дар қафас мезад басе бехештан.
Ҳар замоне медавид аз пешу пас,
Оламе меҷуст берун аз қафас.
Бо паридан ҳар киро бегонагист,
Нест ў булбул, ки мурғи хонагист.
Хонд Суфён кўдаки дарвешро,
Дод як динор он дилрешро.
Булбули шўрида аз кўдак харид,
Кард аз дасташ раҳо, то барпарид.
Рўз он булбул сўи бўстон шудӣ,
Бозгаштӣ шаб бар Суфён шудӣ.
Кай биосудӣ ба шаб Суфён зи кор,
З-он ки будӣ тоати ў бешумор.
Дар ибодат омадӣ то субҳгоҳ,
Хира мекардӣ дар ў булбул нигоҳ.
Мурғро умре бар ин ҳам баргузашт,
То ки Суфёнаш зи олам даргузашт.
Чун ҷаноза шуд равон аз кўи ў,
Мурғ мезад хештан бар рўи ў.
Гирди ў мегашт чун шўридае,
Бонг мезад ин-т соҳибдидае.
Оқибат чун дафн кардандаш ба хок,
Бар сари хокаш нишаст он мурғи пок.
Як замон ғоиб нашуд аз хоки ў,
То баромад низ ҷони поки ў.
Чун чунон мурғе зи даст осон бидод,
Хун зи минқораш чакиду ҷон бидод.
Бевафо мардо, вафодорӣ бубин!
Чашм бикшову накукорӣ бубин!
Кам наӣ аз мурғаке, эй бенаво,
Пеши ў таълим кун дарси вафо.
Ёд гир ин қиссаи ҷонсўз аз ў,
Гар намедонӣ вафо омўз аз ў.
Раҳмати Суфён чу омад коргар,
Сар напечид аз дараш мурғе бапар.
Кори меҳраш то ба ҷон месохт ў,
То ки ҷон дар роҳи меҳраш бохт ў.
Ҷон агар бар ҳалқ меояд туро,
Раҳмате бар халқ менояд туро.
Ҳар кӣ аз шафқат нигоҳе мекунад,
Шеваи хулқи илоҳӣ мекунад.
Дар тарозу ҳеч чиз аз ҳеч ҷой
Нест беш аз хулқ бо халқи Худой.
* Суфёни Саврӣ – яке аз сўфиёни машҳури асри аввали ислом

Шинохтани ҳадди худ

Доштӣ дар роҳ Аёзи симбар
Хонае, ҳар рўз бигшодеш дар.
Дар даруни хона рафтӣ ў пагоҳ,
Пас аз он ҷо омадӣ наздики шоҳ.
Ин сухан гуфтанд пеши шаҳриёр,
Шаҳриёр он ҷойгаҳ шуд беқарор.
Хост то маълум гардонад тамом,
То дар он хона чӣ дорад он ғулом.
Омаду он хонаро дар кард боз,
Пўстине дид шоҳи сарфароз.
Ҳоли он ҳоле бипурсид аз Аёс,
Гуфт, эй хусрав, аз инам худ шинос.
Рўзи аввал чун гушод ин дар маро,
Будааст ин пўстин дар бар маро.
Рўзи аввал, к-ин ғуломат банда буд,
Дар бараш ин пўстини жанда буд.
Боз чун имрўз чандин қадр ёфт,
На зи худ, к-аз шоҳи олӣ садр ёфт.
Чун бубинам пўстини худ пагоҳ,
Баъд аз он оям ба хидмат пеши шоҳ.
То фаромўшам нагардад кори хеш,
Пой берун нанҳам аз миқдори хеш.
К-он ки пой аз ҳадди худ берун ниҳад,
Пой баргирад зи ҷон дар хун ниҳад.
*Аёз – номи ғуломе, ки баъдан аз наздикони Султон Маҳмуди Ғазнавӣ гардид.

Фазилати Низомулмулк*

Боғбоне се хиёр овард хурд,
Тўҳфаро пеши Низомулмулк бурд.
Хўрд як навбоваро ҳолӣ Низом,
Пас дувум хўрду савум ҳам шуд тамом.
Будаш аз ҳар сўй бисёр аз кибор,
Ў надод албатта касро аз хиёр.
Боғбонро дод сӣ динор зар,
Мард хидмат карду берун шуд бадар.
Пас зуфон бикшод дар маҷмаъ Низом,
Гуфт, хўрдам ин се навбова тамом.
Пас надодам ҳеч касро аз кибор,
З-он ки ҳар се талх уфтод он хиёр.
Мебитарсидам, ки гар гўяд касе,
Он ҷигархаста биранҷад з-он басе.
Хўрдам он танҳову бар хеш омадам,
Як замон ман низ дарвеш омадам.
Пешвоёне, ки сар афроштанд,
Пеш аз ин, ё Рабб, чӣ раҳмат доштанд.

*Хоҷа Низомулмулки Тўсӣ – вазири донишманд ва фарҳангдўсти давлати Салҷуқиён