Аттори Нишопурӣ-Мантиқ-ут-тайр

  «Мантиқ-ут-тайр» (нутқи парранда) асари тамсилӣ-рамзӣ буда, аз 4600 байт иборат аст. «Мантиқ-ут-тайр»-ро ҳатто ҳамосаи ирфонӣ гуфтаанд. Ин асар ҳамосаи рўҳи ҷўянда буда, толибони маърифати ҳақ ҳастанд. Аттор дар ин маснавӣ аз мароҳили сулук (роҳҳои расидан ба камол – ба дараҷаи Инсони комил ва ниҳоят ба асл — ба Худо) – «ҳафт водӣ» ё ба таъбире «ҳафт шаҳри ишқ» сухан гуфтааст.  Дар ин асар мурғон рамзи солик (ҷӯяндаи Ҳаққ), ҳудҳуд рамзи пири роҳнамо (муршид) ва Симурғ рамзи Ҳаққ аст. Аттор ин ҷо аз сифоти Худованд ва чи гунагии эҷоди халқ (офариниш) ва ин ки нисбати халқ ва Ҳаққ монанди нисбати соя аст ба соҳиби соя сухан мегӯяд ва ишора мекунад, ки солик метавонад ба мартабаи истиғроқ (ғарқ шудан) бирасад ва дар ниҳоят чун соя дар нури хуршед дар Ҳаққ маҳв шавад.

  Асар аз 54 гуфтору як натиҷа фароҳам омада, он дар баҳри Рамали мусаддаси маҳзуф ё мақсур эҷод шудааст, ки рукнҳояш чунин аст:

V — — IV — — IV – ё: — V ғ

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё ин ки: фоъилон.

  Асар бо анъанаи суннатӣ таҳмиди Худо ва наъти Расули Акрам(с) шурўъ мешавад.

Оғози достон чунин аст:

Маарҳабо ай ҳудҳуди ҳодишуда,
Дар ҳақиқат пайки ҳар водӣ шуда.
Ай, ба сарҳадди сабо сайри ту хуш,
Бо Сулаймон «Мантиқ-ут-тайр»-и ту хуш…

  Достон аҳамияти тарбиявӣ дошта, эҷодкор аз осори пешиниён Ибни Сино («Рисолат-ут-тайр»), «Калила ва Димна» («Кабўтар Мўтаваққа») ва «Рисолатуттайр»-и Муҳаммади Ғаззолӣ, ки бародараш Аҳмади Ғаззолӣ онро ба порсӣ тарҷума карда буд ва низ аз дигар осори тамсилӣ кор гирифтааст. Достон ба адабиёти давр ва адабиёти асрҳои минбаъда, хусусан ба эҷодиёти Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Хусрави деҳлавӣ, Маҳмуди Шабустарӣ, Ҷомӣ ва дигарон таъсири фаровон гузоштааст.

   Ҳарчанд Аттор аз осори пешиниён Ибни Сино, Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон истифода карда бошад ҳам, гузориши масъала, роҳҳои такмилу идомаи он ва ҳалли он ба куллӣ дигар аст. Яъне ба тамомӣ моҳияти тасаввуфӣ-ирфонӣ бахшидан ба ин мавзўъ ва дар шакли ниҳоят гуворо, бо истеъдоду дониши хоса ва шеърияти тому ҳунари эҷодӣ ба бузургвор Фаридуддин Аттор тааллуқ дорад.

«Мантиқ-ут-тайр»

Мазмуни достон аз он иборат аст, ки мурғони зиёде мисли: ҳудҳуд, тўтӣ, кабк, шаҳбоз, булбул, товус, тазарв, қумрӣ, фохта, боз, мурғи заррин, бат, ҳумой, бўтимор, кўф, саъва ва дигар паррандагон бо ҳидояти ҳудҳуд дар талаби Симурғ мешаванд. Мурғон ҳафт водиро тай намуда, ба Кўҳи Қоф бояд биоянд. Он водиҳо: талаб, ишқ, маърифат, истиғно, тавҳид, ҳайрат ва фақру фано мебошанд. Ҳадаф аз он дараҷаҳои тасаввуф ва сайри камолоти маънавии солик буда, расидан ба кўи ҷовидон ва пайвастан ба асл аст. Фасли аввал, ки баъди оғози достон меояд, «Талаб кардани симурғ» ном дорад, ки чунин оғоз мешавад:

Маҷмаъе карданд мурғони ҷаҳон,
Он чи буданд ошкорову ниҳон.
Ҷумла гуфтанд: Ин замон дар рўзгор,
Нест холӣ ҳеч шаҳр аз шаҳриёр.
Чун бувад, к-иқлими моро шоҳ нест,
Беш аз ин бе шоҳ будан роҳ нест.
Якдигарро шояд ар ёрӣ кунем,
Подшоҳеро талабгорӣ кунем…

Ва Ҳудҳуд, ки мурғе тезҳуш ва аз баду аз нек огоҳ буд, мурғонро гуфт:

…Ҳаст моро подшоҳе бехилоф,
Дар паси кӯҳе, ки ҳаст он Кӯҳи Қоф.
Номи ӯ Симурғ, султони туюр,
ЎЎ ба мо наздику мо з-Ў дури дур.
Дар ҳарими иззат аст ором Ў,
Нест ҳадди ҳар зуфоне номи Ў.
Сад ҳазорон парда дорад бештар,
Ҳам зи нуру ҳам зи зулмат, пеши дар…
Доиман Ў подшоҳи мутлақ аст,
Дар камоли иззи худ мустағрақ аст…
Ҳеч доноӣ камоли Ў надид,
Ҳеч биноӣ ҷамоли Ў надид…

Ва роҳ ба даргоҳи Ў басо дарозу душвор аст:

Бас ки хушкӣ, бас ки дарё бар раҳ аст,
То напиндорӣ, ки роҳе кӯтаҳ аст.
Шермарде бояд ин раҳро шигарф,
З-он ки раҳ дур асту дарё жарфи жарф.
Рӯи он дорад, ки ҳайрон меравем,
Дар раҳаш гирёну хандон меравем.
Гар нишон ёбем аз Ў коре бувад
Варна бе Ў зистан оре бувад.
Мард, мебояд тамом ин роҳро,
Ҷонфишондан бояд ин даргоҳро.
Даст бояд шуст аз ҷон мардвор,
То тавон гуфтан, ки ҳастӣ марди кор.
Ҷон чу бе ҷонон наярзад ҳеч чиз,
Ҳамчу мардон барфишон ҷони азиз.
Гар ту ҷоне барфишонӣ мардвор,
Баски ҷонон ҷон кунад бар ту нисор.

Баъд ҳикояти «Симурғ» меояд:

Ибтидои кор, Симурғ, ай аҷаб!
Ҷилвагар бигзашт бар Чин нимшаб.
Дар миёни Чин фитод аз Вай паре,
Лоҷарам пуршўр шуд ҳар кишваре…
Ҳар касе нақше аз он пар баргирифт,
Ҳар кӣ дид он нақш коре даргирифт…
Гар нагаштӣ нақши парри Ў аён,
Ин ҳама ғавғо набудӣ дар ҷаҳон…
Ин ҳама осори сунъ аз фарри Ўст,
Ҷумла анмудор нақши парри Ўст.
Чун на сар пайдост васфашро на бун,
Нест лоиқ беш аз ин гуфтан сухан.
Ҳар кӣ акнун аз шумо марди раҳед,
Сар ба роҳ ореду по андар ниҳед.

Ва мурғон ба роҳ баромаданд:

Ҷумлаи мурғон шуданд он ҷойгоҳ,
Беқарор аз иззати он подшоҳ.
Шавқи Ў дар ҷони эшон кор кард,
Ҳар яке бесабрии бисёр кард.
Азми раҳ карданду дар пеш омаданд,
Ошиқи Ў душмани хеш омаданд…

Вале аввалин шуда ба азобҳои роҳ, сафар Булбул тоб оварда наметавонад ва узр пеш меорад:

Булбули шайдо даромад масти маст
В-аз камоли ишқ, на несту на ҳаст.
Маъние дар ҳар ҳазор овоз дошт,
Зери ҳар маънӣ ҷаҳоне роз дошт…

Булбулро ҳудҳуд накўҳиш мекунад ва ишқи ўро муваққатӣ мегўяд, зеро гул ҷовидона нест.
Баъд Тўтӣ узр пеш меорад, ки сафарро давом дода наметавонад:

Ман наёрам дар бари Симурғ тоб,
Бас бувад аз чашмаи Хизрам як об…

Ҳудҳуд ўро низ мазаммат мекунад. Пасон Товус узр пеш меорад:

Ёр шуд бо ман ба як ҷо мори зишт,
То биафтодам ба хорӣ аз биҳишт…
Ман на он мардам, ки дар султон расам,
Бас бувад инам, ки дар даврон расам.
Кай бувад Симурғро парвои ман,
Бас бувад фирдавси олӣ ҷои ман…
Ҳудҳуд ўро низ сахт мегўяд ва нафрин мекунад:
Чун ба дарё метавонӣ роҳ ёфт,
Сўи як шабнам чаро бояд шитофт…?

Ба ҳамин тариқ, баъд Кабк, Ҳумой, Боз, Бўтимор, Кўф, Саъва низ ба сафар тоб наоварда узр пеш меоранд. Умуман, бо сипаридани «ҳафтводӣ» ба кўи мурод — ба паси Кўҳи Қоф сӣ тан аз мурғон рафта мерасанд ва дар рўҳи хеш ҳадаф пайдо мекунанд.
Онҳо ҳақиқати хешро шинохтанд, Симурғро дар ботини худ дарёфтанд ва дар нури Ў маҳв гаштанд ва «ёфтанд аз нури Ҳазрат ҷон ҳама»

Маҳви Ў гаштанд охир бардавом,
Соя дар хуршед гум шуд, вассалом.

Ҳикоятҳо

Қасри зарнигори шаҳриёр

Шаҳриёре кард қасре зарнигор,
Харҷ шуд динор бар вай сад ҳазор.
Чун шуд он қасри биҳиштосо тамом,
Пас гирифт аз фаршу ороиш низом.
Ҳар касе меомаданд аз ҳар диёр,
Пешхидмат бо табақҳои нисор.
Шаҳ ҳакимону надимонро бихонд,
Пеши худ оварду бар курсӣ нишонд.
Гуфт: «Ин қасри маро дар ҳеч ҳол,
Ҳеч боқӣ ҳаст аз ҳусну камол?»
Ҳар касе гуфтанд: «Дар рӯи замин
Ҳеч кас на диду на бинад чунин»
Зоҳиде барҷаст, гуфт: «Ай некбахт,
Рахнае мондасту ин айб аст сахт.
Гар набудӣ қасрро он рахна айб,
Тӯҳфа додӣ қасри фирдавсаш зи ғайб.»
Шоҳ гуфто: «Ман надидам рахнае,
Ҳам барангезӣ ту ҷоҳил фитнае.»
Зоҳидаш гуфт: «Ай ба шоҳӣ сарфароз,
Рахнае ҳаст, он зи Азроил боз.
Бу, ки он рахна тавонӣ кард сахт,
Варна чӣ қасри туву чӣ тоҷу тахт.
Гарчӣ ин қаср аст хуррам чун биҳишт,
Марг бар чашми ту хоҳад кард зишт.
Ҳеч боқӣ нест, ҳаст ин ҷои зист,
Лек боқӣ нест, инро ҳилла чист?»
Аз сарову қасри худ чандин маноз,
Рахши кибру саркашӣ чандин матоз.
Гар касе аз хоҷагиву ҷои ту,
Бо ту айби ту бигӯяд, вои ту.

Навмуриди зарпараст

Навмуриде дошт андак моя зар,
Кард зар пинҳон зи шайхи худ магар.
Шайх медонист чизе менагуфт,
Ҳамчунон медошт ӯ зар дар нуҳуфт.
Он муриди роҳу пири роҳбар,
Ҳар ду мерафтанд бо ҳам дар сафар.
Водиешон пеш омад бас сиёҳ,
В-ошкоро шуд дар он водӣ ду роҳ.
Мард метарсид з-он к-аш буд зар,
Мардро расво кунад бас зуд зар.
Шайхро гуфто: «Чу пайдо шуд ду роҳ,
Дар кадомин раҳ равем ин ҷойгоҳ?»
Гуфт: «Маълумат биафкан к-он хатост,
Пас ба ҳар роҳе, ки хоҳӣ шуд равост»
Гар касеро ҷуфт гирад сими ӯ,
Дев бигрезад ба танг аз бими ӯ.
Ҳар киро зар роҳ зад гумраҳ бимонд,
Пойбаста дар даруни чаҳ бимонд.
Юсуфӣ, парҳез кун з-ин чоҳи жарф,
Дам мазан, к-ин чоҳ дам дорад шигарф.

Дидаи айббини ошиқ

Буд марде шердил хасмафкане,
Гашт ошиқ панҷ сол ӯ бар зане.
Дошт бар чашм он зани ҳамчун нигор,
Як сари нохун сапедӣ ошкор.
З-он сапедӣ мард будаш бехабар,
Гарчӣ бисёре барафкандӣ назар.
Марди ошиқ чун бувад дар ишқ зор,
Кай хабар ёбад зи айби чашми ёр?
Баъд аз он кам гашт ишқ, он мардро
Доруе омад падид он дардро.
Ишқи он зан дар дилаш нуқсон гирифт,
Кори ӯ бар хештан осон гирифт.
Пас бидид он мард айби чашми ёр,
Ин сапедӣ гуфт кай шуд ошкор?
Гуфт: «Он соат, ки шуд ишқи ту кам,
Чашми ман айб он замон овард ҳам.
Чун туро дар ишқ нуқсон шуд падид,
Айб дар чашмам чунин з-он шудпадид»
Кардаӣ аз васваса пуршӯр дил,
Ҳам бубин як айби худ, ай кӯрдил!
Чанд ҷӯӣ дигаронро айби боз?
Они худ як раҳ биҷӯй аз ҷайби боз.
То чу бар ту айби ту ояд гарон,
Набвадат парвои айби дигарон.