Аттори Нишопурӣ — Девони ашъор

Пешгуфтор

Аттор асосан шоири ғазалсаро буда, дар осораш ғолибан ғазал мавқеи аввалиндараҷа дорад. Девони ашъори Аттор, ки 10 ҳазор байтро фаро мегирад, дақиқан, 9 ҳазору 943 байт аст ва дар ин миён асосан ғазал 873-адад, қасида 30-то, тарҷеот 6-то, рубоиёт 5-ҳазор то ва ғ. Аз ин миён наздик ба ҳазор ғазалу қитъа аст, ки адабиётшиносон дар маҷмўъ аз рўи мазмуну мўҳтаво ба се қисм ҷудо намудаанд.
Аввалан, ғазалҳои ишқӣ-ирфонӣ, тасаввуфии шоир, ки дар онҳо ишқи раббонӣ, сўзу фироқи Илоҳӣ, муҳаббати бечуни Офаридгор мавриди арз қарор дорад. Чунончи:

Дар ишқ қарор беқарорист,
Бадномии ишқ номдорист.
Чун нест шумори ишқ пайдо,
Машмар, ки шумори бешуморист.
Дар ишқ зи ихтиёр бигзар,
Ошиқ будан на ихтиёрист…
Зорӣ ту макун, чу дил надорӣ,
То дил надиҳанд, кор зорист.
Ҷоно, бари ту қарор онрост,
К-аз ишқи ту айни беқарорист.
Он аст азиз дар ду олам,
К-аз ишқи ту дар ҳазор хорист…
В-он кас, ки шинохт хурдаи ишқ,
Ҳар хурдаи ў бузургворист.
Парвонаи туст, ҷони Аттор
З-он аст, ки ғарқи ҷонсупорист.

Дар ғазалҳои ирфонии ў тақозои ғазалиёти ирфонӣ-тасаввуфӣ ба маънои комили он риоя мешавад, ки ҳанўз дар ашъори ҳаким Саноии Ғазнавӣ ташаккул ёфта буд. ҳунари Аттор дар соддасозии мундариҷаи ғазал, хушоҳангӣ, равонӣ ва махсусан сўзу гудоз, худфарсоиҳову ҳарорат туғёни ишқи Илоҳист, ки дар эҷоди ў пурратару ҷаззобтар ва ҷолибтар аст. Махсусан, нақши радиф дар ғазалиёти ў мавқеъ дорад, зеро дар девони ў 554 ғазали мураддаф аст. Аттор ғолибан дар шакли мусаддас (аз нигоҳи авзон) ғазал эҷод кардааст ва беш аз 484 ғазали ў дар ҳамин шакл аст:

Даст дар ишқат зи ҷон афшондаем
В-остине бар ҷаҳон афшондаем.
Ай басо, хуно, ки дар савдои ту
Аз ду чашми хунфишон афшондаем.
В-ай басе, оташ, ки аз дил дар ғамаш,
Аз замин то осмон афшондаем…

Соддагиву равонӣ, хушоҳангию дилнавозӣ дар ғазали Аттор бештар аст ва маҳз ҳамин ҷиҳатҳо буд, ки ашъори ў ва махсусан, ғазалҳояш ба эҷодиёти Ҷалолуддини Балхӣ барин симои ҷаҳонӣ таъсири махсус гузошт ва худи Мавлавӣ мегўяд:

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳанўз андар хами як кўчаем.
Беш аз ин қазоват боз гуфтааст:
Мо ошиқон ба хонаи хаммор омадем,
Риндони лоуболиву айёр омадем.
ва дар мақтаъи ин ғазал:
Аттор рўҳ буду Саноӣ ду чашми ў,
Мо аз паи Саноиву Аттор омадем.
ва ғайра.

Қасидаҳо

Дигар аз навъҳои адабие, ки Аттор хеле ҳунармандона гуфтааст, қасида аст. Ба ў наздик ба сад қасида нисбат медиҳанд, вале қасидаи мадҳӣ нагуфтааст:

Ман зи кас банде куҷо бар дил ниҳам,
Номи ҳар дуне худовандӣ ниҳам.

Не таъоми ҳеч золим хўрдаам,
Не китоберо тахаллус кардаам.
ва ғайра. Қасоиди ў аслан тамҳидӣ ва наътия, ирфонӣ-тасаввуфӣ буда, бидуни тағаззул мебошанд. Ў мегўяд:

Ба шеър хотири Аттор ҳамдами Исост,
Аз он ки ҳаст чу Мўсиш сад Яди байзо.
Зи вақти Одам то ин замон наёфт касе,
Назири ин гуҳар андар хизонаи шуаро.

Аз ин рў, ў нисбат ба шеъру шоирӣ назари хоса дорад. Аттор мадҳу ҳазлро чун дигар шоирони мутасаввиф хуш надорад, ки мегўяд:

Шеъри мадҳу ҳазл гуфтан ҳеч нест,
Шеъри ҳикмат беҳ, ки дар вай печ нест.

Аз ин ҷост, ки дар қасидаҳои ў сўзу гудозҳои орифона, мушкилоти роҳи тасаввуф, сабру шикебоӣ, тобовариву пуртоқатӣ, шавқи роҳ, шодии висол, қурб, тазкияи нафс, покии ботин, сафои сар, ҷилои рўҳ, тазкияи қалб, канораҷўӣ аз ниёзҳои зиндагӣ, рўзгор, назарбаландӣ, олиҳимматӣ, саховатмандӣ, фурўтанӣ, шикастнафсӣ, бетамаъӣ, тавозўъ ва ғ. хеле зиёданд.

Ғазалҳо

Нақди қидам аз махзани асрор баромад,
чун ганҷ аён шуд,
Худ буд, ки худ бар сари бозор баромад,
бар худ нигарон шуд.
Дар кисвати абрешиму пашм омаду пунба,
то халқ бипӯшанд,
Худ бар сифати ҷуббаву дастор баромад,
лаббас ҳамасон шуд.
Дар мавсими найсон зи само шуд сӯи дарё,
дар кисвати қатра,
Дар баҳр ба шакли дурри шаҳвор баромад,
дар гӯш ниҳон шуд.
Дар шакли бутон хост, ки худро бипарастад,
худро бипарастад,
Худ гашт буту худ ба парастор баромад,
худ айни бутон шуд.
Аз баҳри худ айвону саро хост, ки созад,
қасре зи шир сохт,
Дар сурати сақфу дару девор баромад,
худ хонаву мон шуд.
Худ бар тани худ неши ҷафо зад зи сари қаҳр,
худ маҳрами худ гашт,
Худ бар сифати мардуми бемор баромад,
худ фотиҳахон шуд.
Ашъор мапиндор, агар чашми сарат ҳаст,
розест нуҳуфта,
Он чӣ ба забон аз дили Аттор баромад,
ин буд, ки он шуд.

***
Мо зи хароботи ишқ масти “аласт” омадем,
Номи “бале” чун барем, чун ҳама маст омадем.
Пеш зи мо ҷони мо хӯрд шаробе зи ишқ,
Мо ҳама з-он як шароб масти аласт омадем.
Хок бад-Одам, ки дӯст ҷуръа бад-он хок рехт,
Мо ҳама з-он ҷуръае дӯстпараст омадем.
Шаст дарафганда буд –ёр ба дарёи ишқ,
То зи пайи чил сабоҳ ҷумла ба шаст омадем.
Дӯст чиҳил бомдод дар гили мо даст дошт,
То чу чил аз дасти дӯст даст ба даст омадем.
Хез дило, нӯш кун, з-он майи қудсӣ аз он-к,
Мо на дар ин тираҷой баҳри нишаст омадем.
Соқии рӯзи “аласт” ҷоми “сақоҳим” ба даст,
Мо зи пайи нестӣ ошиқи ҳаст омадем.
Ҷавҳари Аттор –ёфт қадри баландии ишқ,
Гарчӣ зи таъсири ишқ ҷавҳари паст омадем.

***

Рухи ту чӣ гуна бинам? Чу ту дар назар наёӣ,
Нарасӣ ба кас ту донам, ки зи худ басар наёӣ.
Ватани ту аз кӣ ҷӯям? Ки ту дар ватан нагунҷӣ,
Хабари ту аз кӣ пурсам? Ки ту дар хабар наёӣ.
Чӣ касӣ ту? Ё рабб, ай ҷон, ки зи ғояти камолат,
Чу ба васфи ту дароям, ту ба васф дарнаёӣ.
Гуҳаре аҷабтар аз ту на шунидаму на дидам,
Ки ба баҳр дарнагунҷиву зи қаър барнаёӣ.
Чу ба парда дарнишинӣ чӣ бувад, ки ошиқонро,
Чу шакар ҳамегудозӣ, чу намак ҳаме бисоӣ?
Ҳама дил фурӯ гирифтӣ, ба ту кай расам, ки гар ман
Дари дил басе бикӯбам, ту зи дил бадар наёӣ?
Ту биё, ки ҷони Аттор агарат қабул бошад,
Ба ту бахшаду валекин ту бад-ин қадар наёӣ.

***

Хосияти ишқат, ки бурун аз ду ҷаҳон аст,
Он аст, ки ҳар чиз, ки гӯянд на он аст.
Берун зи сифоти хираду донишу ақл аст,
Бартар зи замири дилу андешаи ҷон аст.
Аз васфи Ту ҳар шарҳ, ки доданд маҳол аст
В-аз ишқи Ту ҳар суд, ки карданд зиён аст.
Бинандаи анвори Ту бас дӯхтачашм аст,
Гӯяндаи асрори Ту бас гунгзабон аст.
Чун ақл яқин аст, ки дар ишқ ақил аст,
Бешак ба Ту донист Туро ҳар кӣ бад-он аст.
***
Ақл куҷо пай барад шеваи савдои ишқ,
Боз наёбӣ ба ақл ҷирри муаммои ишқ.
Ақли ту чун қатрае монда зи дарё ҷудо,
Чанд кунад қатрае фаҳм зи дарёи ишқ.
Хотири хайёти ақл гарчи басе бахя зад,
Ҳеч қабое надӯхт лоиқи болои ишқ.
Ишқ чу кори дил аст, дидаи ҷон пок кун,
Ҷони азизон нигар ҳаст тамошои ишқ.

***

Дар ишқ қарор беқарорист,
Бадномии ишқ номдорист.
Чун нест шумори ишқ пайдо,
Машмар, ки шумори бешуморист.
Дар ишқ зи ихтиёр бигзар,
Ошиқ будан на ихтиёрист…
Зорӣ ту макун, чу дил надорӣ,
То дил надиҳанд, кор зорист.
Ҷоно, бари ту қарор онрост,
К-аз ишқи ту айни беқарорист.
Он аст азиз дар ду олам,
К-аз ишқи ту дар ҳазор хорист…
В-он кас, ки шинохт хурдаи ишқ,
Ҳар хурдаи ӯ бузургворист.
Парвонаи туст, ҷони Аттор
З-он аст, ки ғарқи ҷонсупорист.
***

Ай дар миёни ҷонаму ҷон аз ту бехабар
В-аз ту ҷаҳон пур асту ҷаҳон аз ту бехабар.
Нақши ту дар хаёлу хаёл аз ту бенасиб,
Номи ту бар забону забон аз ту бехабар.
Ҷӯяндагони гавҳари дарёи кунҳи ту,
Дар водии яқину гумон аз ту бехабар.
Шарҳу баёни ту чи кунам з-он ки то абад,
Шарҳ аз ту оҷиз асту баён аз ту бехабар.
Аттор агарчӣ наъраи ишқи ту мезанад,
Ҳастанд ҷумла наъразанон аз ту бехабар.
***
Боди шимол мевазад турраи ёсуман нигар,
Вақти саҳар зи ишқи гул булбули наъразан нигар,
Сабзаи тозарӯйро навхати ҷӯйбор бин,
Лолаи сурхрӯйро сӯхтадил чу ман нигар.
Хайрии сарфикандаро дар ғами умри рафта бин,
Сунбули шох-шохро мураввеҳи чаман нигар.
Наргиси ниммастро ошиқи зардрӯй бин,
Савсани ширхораро омада дар сухан нигар.
Ай дили хуфта, умр шуд, таҷриба гир аз ҷаҳон,
Зиндагие ба даст кун, мурдани марду зан нигар.

***
Азми он дорам, ки имшаб ниммаст,
Пойкӯбон кӯзаи дурдӣ ба даст,
Сар ба бозори қаландар дарниҳам,
Пас ба як соат бибозам ҳар чӣ ҳаст.
То кай аз тазвир бошам худнамой,
То кай аз пиндор бошам худпараст.
Пардаи пиндор мебояд дарид,
Тавбаи тазвир мебояд шикаст.
Вақти он омад, ки дасте барзанам,
Чанд хоҳам буд охир пойбаст.
Ту бигардон давр то мо мардвор,
Даври гардон зери пой орем паст.
Муштариро хирқа аз сар баркашем,
Зуҳраро то ҳашр гардонем маст.
Пас чу Аттор аз ҷиҳат берун шавем,
Бе ҷиҳат дар рақс ойем аз аласт.

***
Оташи ишқи ту дар ҷон хуштар аст,
Дил зи ишқат оташафшон хуштар аст.
Ҳар кӣ хӯрд аз ҷоми ишқат қатрае,
То қиёмат масту ҳайрон хуштар аст.
То ту пайдо омадӣ пинҳон шудам,
З-он ки бо маъшуқ пинҳон хуштар аст.
Хушксоли васли ту бинам мудом,
Лоҷарам дар дида тӯфон хуштар аст.
Дард бар ман резу дармонам макун,
З-он ки дарди ту зи дармон хуштар аст.
Дарди ишқи ту, ки ҷон месӯзадам,
Гар ҳама заҳр аст, аз ҷон хуштар аст.
Ҳамчу шамъе дар фироқат ҳар шабе,
То саҳар Аттор гирён хуштар аст.