Аттори Нишопурӣ — Асрорнома

Пешгуфтор

  «Асрорнома» монанди осори дигари ин адиби маъруф аз тасаввуф, бахусус аз худшиносиву маърифати Инсон баҳс меорояд, одамонро аз рўзгори гузарон ва нопойдории умри равон сабақ медиҳад ва поку мубарро гузаронидани чанд рўзи ҳаётро талаққӣ менамояд.

  «Асрорнома» аз дувоздаҳ мақола, ки ҳар мақола бо забони фасеҳу сода ва ҳикоёти мардумӣ оро ёфтаанд, иборат буда, камобеш аз 3350 байт фароҳам омадааст. Ин асари саросар ҳикмату андарзи зиндагӣ аз ҷумлаи он осорест, ки барои ба вуҷуд омадану эҷод гардидани «Маснавии маънавӣ»-и Мавлонои Рум таконе додааст. Дар ин бора овардаанд: «Падари Ҷалолуддин Баҳоуддин Валад дар сафари ҳаҷ бо писар ба шаҳри Нишопур расиданд. Шайх Аттор ба зиёрати Баҳоуддин Валад омад, зеро ба дидори ҳамдигар расидани машоиху орифон ва зиёрати ҳамдигар дар байни эшон он замонҳо фарзу суннат дониста мешуд… Ҷалолуддини хурдсол дар ин мулоқот паҳлуи падар ҳузур дошт ва чун Шайх Аттор ўро дид, ба Баҳоуддин Валад ишора намуда гуфт: «Зуд бош, ки ин писари ту оташ дар сўхтагони олам занад» ва маснавии «Асрорнома»-ро барои ҳидояти ў ба мақоми ирфонӣ ба ў ҳадя намуда, бо як рўҳи азамати ҷаҳонгир ояндаи ўро пешгўӣ кард».

  Аттори Нишопурӣ баробари дар «Асрорнома» истилоҳоти тасаввуфу ирфониро тавзеҳ додан, онро бо андарзу ҳикмат зебо оро дода, аз родмардиву ойини ҷавонмардӣ, зиракиву накўномӣ, роздориву саховатмандӣ ва хислатҳои ношоистаи инсонӣ ва роҳҳои рафъи онҳо андешаҳои бикр ва барои зиндагии ҳамарўзаи ҳар як фарди ҷомеа заруриро рўйи коғаз овардааст, то ҳамзамонону баъдинагон аз ҳақиқати ҳол баҳраёб гардида бошанд.

Ақл ва ишқ

Шароби ишқ дар ҷоми хирад рез
В-аз он ҷо ҷуръае бар ҷони х(в)ад рез.
Хирад чун маст шуд низаш мадеҳ соф,
Ба гўшаш боз неҳ, то кам занад лоф.
Чу ишқ омад хирадро майл даркаш,
Ба доғи ишқ худро найл даркаш.
Хирад об асту ишқ оташ ба сурат,
Насозад об бо оташ зарурут.
Хирад ҷуз зоҳири ду ҷаҳон набинад,
Валекин ишқ ҷуз ҷонон набинад.
Хирад гунҷишки доми нотамомист,
Валекин ишқ Симурғи маъонист.
Хирад дебочаи девони роғ аст,
Валекин ишқ дурри шабчароқ аст.
Хирад нақди сарои коинот аст,
Валекин ишқ иксири ҳаёт аст.
Хирад зоҳиднамои ҳар ҳаволист,
Валекин ишқ шанге лоуболист.
Хирад бар дил диле пуринтизор аст,
Валекин ишқ дар пешони кор аст.
Хирадро хирқаи таклиф пўшанд,
Валекин ишқро ташриф пўшанд.
Хирад роҳи суханомўз хоҳад,
Вале ишқ оҳи ҷонафрўз хоҳад.
Ду ойина-ст ишқу дил муқобал,
Ки ҳар ду рўй дар рўйанд аз аввал.
Миёни ҳар ду як парда-ст дар пеш,
Валекин нест бепарда яке беш.
Бубин сурат дар обе бекудурат,
Ки як чиз аст бо ҳам обу сурат.
Зи дил то ишқ роҳе нест душвор,
Миёни ишқу дил мўйест миқдор.
Ҷаҳони ишқ дарёест бебун,
Ва гар мўйет баррўяд зи нохун.
Чу ояд лашкари ишқ аз камингоҳ,
Намонад ақлро аз ҳеч сў роҳ.
Гурезон гардад аз ҳар сўй ноком,
Чу ишқ аз дар дарояд ақл аз бом.
Касе, к-аз ишқ дар дарёи жарф аст,
Бинодад, к-ин чи коре бас шигарф аст.
Футўҳи роҳи ошиқ дорбозист,
Ту пиндорӣ магар, к-ин ишқ бозист.
Аҷоиб ҷавҳарест ин олами ишқ,
Ки мегўяд ғараз бошад ғами ишқ…
Ҷаҳон пуршаҳнаи султони ишқ аст,
Зи моҳӣ то ба моҳ айвони ишқ аст.
Нашояд ишқро ҳар нотавоне,
Бибояд комилеву кордоне…