Саволу масъалаҳои тестӣ

Варианти 2

1. Дар кадом гурӯҳи калимаҳо бо иваз намудани ҳарфи аввал (ба ҳамсадоҳои ҷуфт) маънои калима тағйир меёбад?

А) синф, сафед, калон
С) фарш, деҳа, соз
В) банд, ваҳм, фасл
D) баҳр, лаб, бисёр

2. Ба имлои калимаҳое, ки дар таркибашон садоноки “ӯ” ва “у” доранд, диққат диҳед. Кадоме аз ин калимаҳо маънои “аҳмақ”, “нодон”-ро дорад?

А) кӯл
В) кул
С) гӯл
D) гул

3. Дар ҷумлаи зерин имлои кадом калимаҳо нодуруст аст?
Оби баҳру уқйонусҳоро истеъмол кардан мумкин нест, зеро дар онҳо модаҳои химийавии барои тансиҳатии одам зийоновар бисёр ҳастанд.

А) уқйонус, химийа, зийоновар
С) тансиҳатӣ, одам, бисёр
В) об, баҳр, истеъмол кардан
D) онҳо, моддаҳо, тансиҳатӣ

4. Кадом гурӯҳи калимаҳо ҳаммаъно (муродиф, синоним) ҳастанд?

А) қалам, рангдон, килк
С) шона, ток, боз
В) меҳр, хуршед, офтоб
D) хубӣ, шодӣ, зебоӣ

5. Дар ҷумлаи “Онҳо ҳеҷ гоҳ ба шаъни оила, диёр ва халқашон иснод наоварда, бо ҷонбозиҳои худ сари моро ба осмон мерасонанд” ифодаи (таъбири) “сари моро ба осмон мерасонанд” ба кадом маънӣ омадааст?

А) сари моро то ба осмон баланд мебардоранд
В) қадди мо баланд мешавад, сарамон ба осмон мерасад
С) моро иззату эҳтиром мекунанд, мо хурсанд мешавем
D) моро хурсанд мекунанд, мо аз онҳо ифтихор мекунем

6. Услуби кадоме аз навиштаҳои зерин публисистӣ аст?

А) мақола, очерк
С) номаи падар ба писар
В) ҳикоя, повест
D) шарҳи ҳол (автобиография)

7. Дар кадом сатр имлои шумораҳо дуруст нест?

А) як-ду, се-чор, панҷ-даҳ, даҳ-бист
В) панҷо, ҳафтот, ҳаштот, нават
С) сеяк, чоряк, шашяк, аз панҷ ду
D) ду дона китоб, як даста гул, ду нафар донишҷӯ

8. Дар кадом гурӯҳ исмҳо дар шумораи ҷамъ омадаанд?

А) шубон, меҳмон, корвон
В) оҳувон, қувон, булбулон
С) гулистон, оташдон, намакдон
D) тобистон, зимистон, меҳргон

9. Дар кадом гурӯҳи ибораҳо сифатҳо дар дараҷаи олӣ ифода ёфтаанд?

А) марди чеҳракушод, пири солхӯрда
В) духтари абрӯкамон, зани қоматбаланд
С) шаҳри хеле калон, дӯсти аз ҳама наздик
D) кори дусоата, танаффуси нисфирӯзӣ

10. Дар байти зерин калимаи «эшон»-ро ба кадом ҷонишин иваз кардан мумкин аст?
Сиёвуш чу рухсори эшон бидид,
Зи дил боз оҳи дигар баркашид (Абулқосими Фирдавсӣ).

А) онҳо
В) шумо
С) ман
D) мо

11. Дар номи кадом асар шумораи мураккаб омадааст?

А) «Ҳазор тарона»
В) «Ҳазору як шаб»
С) «Ҳафт пайкар»
D) «Панҷсад ҳадис»

12. Мисраи зерини Фирдавсӣ кадом хели ҷумлаи сода аст?
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор…

А) ҳикоягӣ
В) саволӣ
С) амрӣ
D) хитобӣ

13. Дар ҷумлаи зерин хабар (зинда кардааст) дар кадом замони гузаштаи феъл ифода ёфтааст?
“Шоҳнома” асарест, ки Фирдавсӣ ба воситаи он таърихи чандинасраи гузаштаи халқи моро зинда кардааст.

А) замони гузаштаи нақлӣ
В) замони гузаштаи ҳикоягӣ
С) замони гузаштаи наздик
D) замони гузаштаи дур

14. Ба ҷойи сенуқта феъли ҳоли мувофиқро гузоред.
Модар … духтарчаашро мехобонд.

А) пичирросзанон
В) аллагӯён
С) гапзанон
D) хандону шукуфон

15. Аз муродифи луғавии мувофиқ истифода намуда, ҷумларо пурра кунед.
… , ки Ҷомӣ зимистону тобистон ҷомаи одии пахтагин мепӯшиданд.

А) Нақл мекунанд
В) Баён мекунанд
С) Гуфта медиҳанд
D) Иброз медоранд

16. Ба ҷойи сенуқта сифати мувофиқро гузоред.
Олим, файласуф, табиб ва шоири … Абӯалӣ ибни Сино 23 асарашро ба забони форсии тоҷикӣ навиштааст.

А) калон
В) азим
С) бузург
D) кабир

17. Вобаста ба мувофиқати замонии мубтадо ва хабар ба ҷойи сенуқта феъли мувофиқро гузоред.
Соли 1980 дар шаҳри Душанбе 1000-солагии Абӯалӣ ибни Сино …

А) ҷашн мегиранд
В) ҷашн гирифтанд
С) ҷашн гирифта мешавад
D) ҷашн гирифта шуд

18. Ҷумларо аз рӯйи мазмун пурра кунед.
«Ҳофиз чунон форам месуруд, ки …»

А) ба дили кас ғаму андӯҳ ҷой мекард
В) ба кас ҳаловат мебахшид
С) ба дили ҳеҷ кас намеғунҷид
D) ҳама зери лаб такрор мекарданд

19. Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта феъли ҳоли мувофиқро гузоред.
Мӯзаҳои ялтосиашро … пасу пеш рафта меомад (Р. Ҷалил)

А) пичирросзанон
В) ғурросзанон
С) хорон-хорон
D) ғарч-ғарчкунон

20. Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи нуқтаҳо аз ҷуфтҳои синонимии додашуда мувофиқашро гузоред: «Китоб дӯсти … инсон аст»

А) хубтари
В) аз ҳама хубтари
С) беҳтарини
D) аз ҳама беҳтари

21. Ҷумларо бо мувофиқати замонии хабар ва мубтадо пурра кунед.
«Бобак фикр карда аз «Шоҳнома» байтҳои дахлдорро ба ёд овард ва … »

А) дармонда-дармонда хонд
В) дармонда-дармонда мехонд
С) дармонда-дармонда мехонад
D) дармонда-дармонда хонда истодааст

22. Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта муродифи луғавии мувофиқро гузошта, ҷумларо пурра кунед.
“Самарқандиён бо роҳбарии Ғӯрак мардонавор ба муқобили арабҳо …”

А) меситезиданд
В) меразмиданд
С) ҷангу ҷидол мекарданд
D) задухӯрд мекарданд

23. Маънои байти зерини Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар кадом қатор аст?
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

А) беҳтарини корҳо шодӣ кардан аст
В) беҳтарин хушнудӣ дидан ва суҳбати дӯстон аст
С) дар ҷаҳон ҳеҷ гуна шодие вуҷуд надорад
D) дидани рӯйи дӯстон ҳеҷ гуна шодӣ нест

24. Абулқосими Фирдавсӣ дар байти зерин чӣ гуфтан мехоҳад?
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

А) неку бад пойдор нест, вале ёдгор аст
В) некию бадӣ ҳамеша ҷовидон мемонанд
С) беҳтар он аст, ки некиву бадӣ ҳар ду ёдгор бувад
D) накӯӣ беҳтарини корҳост, ки ёдгор мемонад

25. Ҷузъи дуюми таркибҳои ҷуфтро аз сутуни дуюм ёбед.

А) азобу
B) шоду
C) сиҳату
D) ғаму

1) саломат
2) ғусса
3) хуррам
4) қувват
5) машаққат

26. Шарҳи дурусти ибораҳои фразеологиро аз сутуни дуюм ёбед.

А) ақли худро хӯрдан
B) аз худ рафтан
C) аз забон афтодан
D) ба девор гуфтан

1) беқадр шудан, аҳамиятро гум кардан
2) сухан ва муроҷиати беҳуда кардан
3) кореро фикр накарда иҷро кардан
4) мағрур шудан, ҳадди худро надонистан
5) бо касе аҳду паймон кардан

27. Ба кадом маънои маҷозӣ истифода шудани ибораҳои сутуни якумро аз сутуни дуюм нишон диҳед.

А) гули бехор
B) гули рангин
C) гули пажмурда
D) гули коғазин

1) рӯйи зебо, чеҳраи гулгун
2) чизи беайб, бенуқсон
3) чизи қалбакӣ, сохта
4) гули тозарӯида, навшукуфта
5) рӯйи зард; афсурда, ғамгин
28. Аз калимаҳои ду сутун ибораи мувофиқ созед.

А) садди
B) синни
C) кулли
D) қадди

1) томактабӣ
2) расо
3) роҳ
4) мардум
5) калонсол

29. Ба ҷойи нуқтаҳо аз сутуни дуюм зарфҳои миқдору дараҷаи мувофиқро гузоред.

А) Қарибиҳои бегоҳ бобо … ба гап даромад
B) Одамон … ба ҳар тараф паҳн шуданд
C) Ҳар рӯз … кор кунӣ, саломатиат зуд барқарор мегардад
D) Ҳавопаймо роҳи моро … наздик гардонд

1) дучанд
2) каме
3) ду-ду
4) як дараҷа
5) кам-кам

30. Муайян намоед, ки суханони (мазмуни байтҳои) дар сутуни дуюм додашударо кадоме аз ин адибон гуфтааст.

А) Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
B) Абулқосими Фирдавсӣ
C) Абӯалӣ ибни Сино
D) Камоли Хуҷандӣ

1) мард он касест, ки ба дармондагон дасти ёрӣ дароз мекунад
2) китоб беҳтарин дӯсти кунҷи танҳоист
3) аз зери замин то ба осмон ҳамаи мушкилоти ҷаҳонро ҳал кардаам
4) чун ту дар ғурбат наафтодаӣ, аз ҳоли мани ғариб хабар надорӣ
5) тавоноии инсон маҳз дар дониши ӯст