Нигоҳи мухтасар ба гузаштаи забони тоҷикӣ

 

Хуросони куҳан ва Фарорўд (Мовароуннаҳр) бар асоси ковишҳо, пажўҳишҳо ва бозёфтҳои бостоншиносон сарзаминест бениҳоят бостонӣ, ки аз дергоҳ дар он инсон зиндагӣ мекардааст. Ин марзу бум гаҳвораи яке аз дурахшандатарин ва куҳантарин тамаддунҳои ҷаҳон буда, сокинони он дорои тамаддуну фарҳанги чандинҳазорсола мебошанд ва ганҷинаҳои фикриву маънавии онҳо дар марҳалаҳои гуногун ба забонҳо ва гўишҳои мухталиф нигошта шудаанд.

Пажўҳишҳои зиёде аз донишмандон баёнгари он аст, ки сарзаминҳои Хуросони бостон ва Мовароуннаҳр зодгоҳ, ҷавлонгоҳ ва парваришгоҳи забони тоҷикӣ (дарии порсӣ) будааст.

Забони дарии порсӣ решаи қадимӣ дорад ва дар Хуросону Фарорўди то истилои араб ба ин забон сухан мегуфтаанд. Ба қавли Наршахӣ дар китоби «Таърихи Наршахӣ»: «Мардуми Бухоро намоз форсӣ хондандӣ ва арабӣ натавонистандӣ омўхтан». Ин иқтибос далолат бар он мекунад, ки забони порсии дарӣ аз дер замон ба ин тараф забони ҳавзаи тамаддунии мо будааст.

Абўсаид Абдулҳай бинни Маҳмуд Гардезӣ дар таърихномаи «Зайнулахбор», ки беш аз як ҳазор сол қабл таълиф гаштааст, чунин менависад: «Баҳроми Гўр ба ҳар забон сухан гуфтӣ, ба вақти чавгон задан паҳлавӣ гуфтӣ ва дар ҳарбгоҳ туркӣ гуфтӣ ва андар маҷлис бо омма дарӣ гуфтӣ».

Аммо забони дарӣ нахустин бор, бино ба ақидаи олими афғон Алиакбар Шаҳристонӣ, дар замони Баҳман бинни Испандиёр падид омадааст. Муаллифи «Ҳафт қулзум», фарҳангҳои «Онандроҷ», «Ғиёсуллуғот» ва «Бурҳони қотеъ» ҳама ривоятҳои ба якдигар монанд овардаанд, ки бино ба онҳо дар замони Баҳман писари Испандиёр, чун мардум аз атрофи олам ба даргоҳи ў меомадаанд ва забони ҳамдигарро намефаҳмидаанд, ба амри Баҳман донишмандони забони порсӣ «фасеҳ вазъ карданд ва онро дарӣ ном ниҳоданд».

Равшан кардани ин нукта муҳим аст, ки Хуросон – дар мавриди таъйини зодгоҳи забони дарӣ – сарзаминест, ки онро дар таърих Хуросони бузург ё Хуросони бостон меноманду шаҳрҳое, ба монанди Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот, Нишопур, Марв, аз зумраи вилоятҳои бузурги он будаанд, ки хоки Тоҷикистон ва Афғонистони кунунӣ, бахшҳои шарқии Эрони имрўз, саҳрои Туркманистон то канораҳои рўди Ҷайҳунро дар бар мегирифтааст.

Перомуни масъалаи пайдоиш ва инкишофи забону адабиёти классикии тоҷик ва бистари забони порсии дарӣ аллома Бобоҷон Ғафуров ақидаи арзишманд баён дошта, аз ҷумла навиштааст, ки «фақат аз Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот ва дигар вилоёти Мовароуннаҳру Хуросону Систон буд, ки аввалин эҷодгарони ин адабиёт зуҳур карданд». Ва дар ин навъ мақолот аз Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва Умари Хайём зикри хайр карда, ин ҳақиқатро низ равшан сохтааст, ки «бузургтарин шоирони дарбори Ғазнавиён ва Салҷуқиён аз ҷумлаи Унсурӣ аз Балх, Фаррухӣ аз Систон, Анварӣ аз Сарахс ва Муиззӣ аз Нишопур бархостаанд». Ба истиноди тазкираи «Лубоб-ул-албоб», Авфии Самарқандӣ нақл кардааст, ки аз шоирони замони Салҷуқиён 68 тани онҳо дар Хуросон ва Фарорўди Ому ва танҳо 16 суханвар дар вилоятҳои ғарбии Эрон ба дунё омадаанд.

Дар маъхази дигар устод Бобоҷон Ғафуров ба равшанӣ нигоштааст: «Ҳар гоҳ, ки сухан аз қадимтарин марҳалаҳои инкишофи ин забон равад, забони адабиёти классикии тоҷикӣ ва дариро аз давраҳои гузаштаи тараққии он, ки дар ёдгориҳои хаттии форсии қадим ва миёна таҷассум ёфтаанд, набояд ҷудо кард. Ин забон дар холигоҳ ба вуҷуд наомадааст ва ҳам наметавонист ба вуҷуд ояд. Таърихи он на ин ки аз давраи истилои араб, балки аз қарни шаши қабл аз милод шурўъ мегардад, ки ин иддаоро ёдгориҳои хаттӣ таъйид мекунанд».

Равшан аст, ки забони дарӣ дар давраи пеш аз ислом дар Мовароуннаҳру Хуросон ривоҷ доштааст ва аз решаву пайванди маҳкаме бархўрдор будааст, ки баъдан дар замони Саффориёну Сомониён ба нашъунамо даромадааст. Ин забон гузаштаи чандинасра доштааст, вагарна имкони онро намедошт, ки дар як муддати кўтоҳ саросари Хуросонро фаро гирад ва ба сифати забони илмиву адабӣ, ки ба он шеър сурудаанду наср нигоштаанд, арзи вуҷуд кунад. То асри даҳи милодӣ забони дарӣ ба таври комил забони мардуми Хуросону Мовароуннаҳр будааст ва дар Эрон ҳанўз маъмул набудааст ва ба ин забон ҳатто як шеър ё рисола ҳам навишта нашуда будааст.

Дар бораи хостгоҳи пайдоиши забони тоҷикӣ назарияҳо ва дидгоҳҳои гуногун баён шудаанд. Баъзе аз забоншиносон, бавижа эроншиносон, дар бораи гаҳвораи забони дарии тоҷикӣ бар ин боваранд, ки забони порсии дарӣ сурати дигаргуншудаи паҳлавии сосонӣ, яъне забони мардуми Форс асту бо ҳуҷуми лашкари араб ба Хуросону Мовароуннаҳр пахш шудааст.

Гурўҳи дигар аз забоншиносон ва таърих нигорон ақида доранд, ки забони дарӣ идомаи паҳлавии ашконӣ аст ва ашкониён худ аҳли Хуросон будаанд ва порсии дарӣ шакли тағйирёфтаи ин забон аст.

Ба ақидаи дастаи дигари донишмандон, забони порсӣ аз шохаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ аст, ки дар давраи Сосониён дар баробари забони паҳлавӣ дар Хуросон ва Фарорўд вуҷуд доштааст ва дар таркиби он гўишҳои забонҳои шарқии Эрон афзалият доштааст.

Забони порсии дарӣ, ба гувоҳи сангнавиштаҳо, сарчашмаҳо ва маъхазҳои бостонӣ ва пажўҳишҳои муосир, дар сарзамини Хуросони қадим ва Фарорўд зода шудааст ва ба сухани машҳури Шамси Розӣ, «забони дарӣ луғати аҳли Балху Бухоро» будааст. Ибни Муқаффаъ, ки аз нажоди форс аст, танҳо забони мардуми Хуросон ва Балхро дарӣ медонад.

Ва Муқаддасӣ, ки худ ба шаҳрҳои Хуросон ва Мовароуннаҳр сафар кардааст, забони Балхро беҳтарин забон медонад. Ба назари пажўҳишгари афғон доктор Раззоқ Рўин, «забони дарӣ аз лиҳози хостгоҳи вожагонӣ марбут ба хонаводаи забони авастоии Балхӣ мебошад». Забони дарӣ баъд аз қарни XI ба сўи ғарб (Эрони имрўз) густариш ёфтааст. Катибаи оташкадаи Куркўй дар вилояти Нимрўзи Афғонистон шояд қадимитарин асар ба ин забон бошад. Донишманди афғонӣ Ҳабибӣ менависад: «Кашфи катибаҳои Бағлон, ки бо расмулхати юнонӣ ва бо забони тахорӣ ё дарии қадим навишта шудааст, комилан парда аз рўи асрор бардоштааст.

Ин катибаҳо гумону тахминҳои донишмандонро, ки забони дариро аз сарчашмаи паҳлавии сосонӣ ва гоҳе бавуҷудомада аз омехтаи паҳлавию арабӣ ва ғайра медонистанд, ботил намуданд».

Сангнавиштаи Бағлон дар соли 1951 аз як маъбади давраи кўшонӣ – аз Сурхкўтали Бағлон – кашф гардид. Ин сангнавишта ба забони дарӣ ва расмулхати юнонӣ навишта шудааст. Кашф ва омўзиши он бар назарияи ин, ки Хуросон ва Фарорўд ҷойгоҳи пайдоиши забони дарӣ аст ва пеш аз ислом ривоҷ доштааст, равшанӣ андохт.

Профессор Абдулаҳмад Ҷовид, ки пажўҳишҳои густурдае дар заминаи забону адаби порсӣ дорад, менависад: «Вуҷуди забони дарӣ пеш аз ислом собит аст. Аз қарни VII ва VIII, ба ҷуз чанд шеъри ҳиҷоӣ, осори дигаре ба мо нарасида, аммо дар асри X аст, ки гўяндагоне дар Балх, Бухоро, Ҳирот ва Систон падид омаданд ва пояи адаби дариро гузоштанд.

Чунончи, дар ҳамин овон як байт шеър, як рисола ва ё як китоб дар саросари Эрони имрўз ба забони дарӣ ба вуҷуд наомадааст ва аслан ҳам набояд ба вуҷуд меомад».

Парвиз Нотили Хонларӣ – яке аз чеҳраҳои шинохташудаи адаби Эрон – таъкид мекунад:

«Минтақаи ривоҷу равнақи форсии дарӣ ибтидо дар шарқ ва шимоли шарқи Эрон буд… ва шоирони он даврон ғолибан ба шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Балх… ва ободиҳои дигари Хуросон мансуб ҳастанд».

Ба назари бисёре аз пажўҳишгарон ва ховаршиносон, забони порсии дарӣ аз сарзаминҳои Хуросон ва Фарорўд бархоста ва дар ҳамин ҳавза парварда шуда ва бисёре аз шаҳрҳои он, аз ҷумла Бухорову Балх, Самарқанду Ғазна, Ҳироту Нишопур, аз дергоҳе маркази илму адаб будаанд. Ба ин тартиб, забони дарӣ забони бегона ва воридотӣ набуда, дар ҳамин сарзамин зода ва парварда шудааст.

Дар барпоӣ ва таҳаввули забони дарӣ забонҳои бумии ин хита, бавижа забони суғдӣ, ки рўзгоре забони иртиботии «Роҳи Абрешим» ва забони илмии Осиёи Миёна будааст ва ба гуфтаи доктор Эҳсон Ёршотир, «забони байналмилалии Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт ва то Чин нуфуз дошт», нақши муассир ва қавӣ доштаанд.

Саид Нафисӣ – устоди барҷастаи адаби форсӣ – навиштааст: «Ба далели бисёр бар ман мусаллам аст, ки сарзамини аслии забони дарӣ Хуросон ва Мовароуннаҳр буда… ва баъдан забони дарӣ дар навоҳии Эрон, ки қаламрави аслии он набуда, интишор ёфт».

Маликушшуаро Баҳор – дар ростои таъйин намудани соҳибони аслии ин забон – гуфтааст: «Забони форсии дарӣ аслан лаҳҷаи аҳолии Мовароуннаҳр – Самарқанд ва Бухоро – аст, ки дар ин ҷойҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд».

Доктор Ҷалол Матинӣ – мудири масъули маҷаллаи «Эроншиносӣ» – менависад, ки «зодгоҳи забону адаби форсӣ дар қарни севвуму чаҳоруми ҳиҷрӣ (X ва XI-и милодӣ) Хуросон ва Мовароуннаҳр(Фарорўд) аст» ва низ «забони форсӣ, забони мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳр дар қарни севвум ва чаҳоруми ҳиҷрӣ, дар тайи ҳашт то нуҳ қарн ба саросари Эрон ва сарзаминҳои ғайриэронӣ, Анотолӣ, нимҷазираи Ҳинд, Балкан ва Чин роҳ ёфт».

Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар нимаи дуввуми асри XI аз зодгоҳаш ба сўи диёри мағриб мусофират кард. Ба Табрез расид ва бо шоири маъруф Қатрони Табрезӣ ошно шуд, ки забони форсиро намедонист. Дар Табрез забони паҳлавии сосонӣ роиҷ буд. Носири Хусрав дар «Сафарнома»-и худ дар ин бора менависад:

«…Ва дар Табрез Қатрон ном шоире дидам, шеъри нек мегуфт, аммо забони форсӣ неку намедонист. Пеши ман омад ва девони Мунҷик ва девони Дақиқӣ биёвард ва пеши ман бихонд ва ҳар маънӣ, ки ўро мушкил буд, аз ман пурсид, ба ў гуфтам ва шарҳи он бинавиштам ва ашъори худ бар ман хонд…».

Қатрони Табрезӣ дар таркиббанде бар донистани забони форсӣ фахр мекунад ва месарояд: «Ки маро бар шеъргўёни ҷаҳон фахр омадӣ», «Ман дар шеъри дарӣ бар шоирон нигоштаме». Дар замони ду шоири бузурги забони порсӣ Саъдӣ ва Ҳофиз (асри XIII ва XIV) дар сарзамини Шероз ҳанўз забони дарӣ комилан забони ом нашуда будааст. Ҳофиз мегўяд:

Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.

Агар дар садаи XIV ҳамаи мардуми Форс «сухан гуфтани дарӣ»-ро медонистанд, Ҳофиз чунин намегуфт.

Доктор Маҳмуд Афшори Яздӣ – адабшинос ва таърихнигори Эрон – бо равшанӣ менависад:

«Забони дарӣ пеш ва беш аз он ки ба Эрон тааллуқ дошта бошад, аз они Афғонистон ва Тоҷикистон аст. Ба иллати ин ки зодгоҳ ва парваришгоҳи он Хуросони қадим, Афғонистон ва Мовароуннаҳр (Бухоро ва Самарқанд) ва Балху Ғазна будааст, Рўдакиву Унсурӣ, ҳамчунон ки Фирдавсиву Фаррухӣ ва бисёри дигар, аз зодагон ва парваришёфтагони Хуросон будаанд.

Чанд садсол баъд аст, ки Саъдиву Ҳофиз дар Форс зуҳур карданд».

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва бисёре аз аҳли қалам вожаҳои «дарӣ» ва «порсӣ»-ро ҳаммаъно овардаанд.

Бифармуд, то порсии дарӣ
Набиштанду кўтоҳ шуд доварӣ.

Бино ба қавли олими афғон профессор Шаҳристонӣ, нахустин касе, ки дар бораи забони дарӣ сухан гуфт, Абдуллоҳ бинни Муқаффаъ, мутарҷими китоби «Калила ва Димна» ба забони арабӣ мебошад. Вай дар соли 757-и милодӣ кушта гардид.

Дар китоби «Алфеҳрист»-и Ибни Надим сухане аз Муқаффаъ, ки худ аҳли Форс аст, чунин омадааст, ки ў забони паҳлавиро забони мардуми Паҳла, яъне Исфаҳон, Рай, Ҳамадон, Наҳованд ва Озорбойҷон ва забони дариро забони шаҳрҳои Мадоин ва дарбори шоҳ ва исми дариро баргирифта аз дарбор медонад. Ва мегўяд, ки забони Хуросон забони мардуми Балх аст, ки дар дарбор бартарӣ дорад. Порсӣ забонест, ки мўбадон, донишмандон ва монанди онҳо ба он сухан мегуфтанд.

Ба ҳар ҳол, Ибни Муқаффаъ, ки худ зода ва аҳли Форс аст, фақат забони мардуми Хуросон ва Балхро дарӣ медонад.

Дар асри XI лафзи дарӣ дар ашъори Фирдавсӣ, Унсурӣ ва дигарон такрор ба такрор омадааст. Дар матнҳои насрӣ аввалин бор лафзи дарӣ ба шакли порсии дарӣ дар тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» ёд шудааст. Баъдҳо аҳли қалам ин забонро бо номҳои «дарӣ», «порсии дарӣ» ва «порсӣ» ёд кардаанд ва баъзе аз онҳо, аз ҷумла Шамс Қайси Розӣ, ҳар се ин истилоҳро ба кор бурдаанд.

Забеҳулло Сафо дар «Таърихи адабиёти Эрон» менависад, ки «ҳамин забон (дарӣ), ҳамчунон ки медонем, дар рўзгорони адаби форсӣ, илова бар «дарӣ», «порсӣ» ва ё «порсии дарӣ» ҳам номида мешуд ва «порсӣ» дар ин ҷо муқобили арабӣ ва тозӣ ё туркӣ аст, на ба маънои забон, ки маншаи он вилояти Форс бошад ва ба қавли ховаршиносоне, ки фақат ба иктифо бар симои зоҳирии номи ин забон онро аз сарзамини Форс донистаанд, ба куллӣ ботил ва баёнкунандаи иштибоҳи онон аст ва ҳамчунин бо ин кирдор баъзеҳо мекўшанд, то дарӣ ва порсиро аз якдигар мутамойизу ҷудо шуморанд ва ҳол он ки порсӣ дарӣ аст ва дарӣ – порсӣ».

Дар бисёре аз матнҳои пешина забони мардуми Хуросон ва Фарорўд дарӣ, порсӣ ва ё порсии дарӣ ёд шудааст. Абўалӣ ибни Сино забони фасеҳи замони худро «порсии дарӣ» номидааст.

Дар рўзгори начандон дур ин забон дар Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, шаҳрҳои Афғонистон ва ғайра низ форсӣ номида мешуд.

Арабҳо баъд аз истило бар сарзаминҳо бо худ дини ислом ва забони арабиро ба ин кишварҳо оварданд ва дар баробари фарҳангҳо ва забонҳои бумии мардум таассубу ситез нишон дода, дар пайи аз байн бурдани онҳо ва ҷойгузин кардани забони арабӣ шуданд. Ба қавли олими афғон Мирғулом Муҳаммад Ғубор, «таъсири ин ду силоҳ – дин ва забон – он қадар қавӣ буд, ки масалан, кишвари қадимии Мисрро ба як кишвар ва миллати арабӣ табдил кард.

Арабҳо ҳар касеро, ки ба забони арабӣ гуфтугў намекард, «аҷамӣ», яъне гунг, хонданд ва гуфтори ўро лоиқи омўзишу таҳқиқ надонистанд. Ба ривояте баъд аз юриши тозиён ба Хуросон наздик ба сад сол «сукути сиёҳ» дар ин марзу бум ҳукмрон буд».

Ба рағми ин ки арабҳо баъд аз «фатҳ»-и Хуросон ба забони дарӣ бо таассуби қавмӣ ва ситези мазҳабӣ бархўрд карданд ва алифбои арабиро ба ҷои дабираҳои роиҷи он замон ҷойгузин намуданд ва саъй варзиданд, ки забони дариро барканор созанд, фарҳангу забони дарӣ дар арсаи ҳастӣ аз худ пойдорӣ нишон дод.

Хуросониён дар ин росто ба таърихи худашон баргаштанд ва дар пойгоҳи забонашон истоданд. Дар шароите, ки забони арабӣ забони дину давлатҳо буд, ҳамин ҳақиқат, ки забони порсӣ ба ҳайси бахше аз фарҳанги ҷомеа дар баробари ҳуҷуму таҷовузи забони арабӣ истодагӣ кард ва боқӣ монд, далели тавоноиву короёии забони порсии дарӣ мебошад. Пойдориву истодагии забони дарӣ дар баробари забони арабӣ ҳамчунин сабаби наҷоти забонҳои дигар, аз ҷумла забонҳои пашту, балуҷӣ, курдӣ ва ғайра, низ гардид.

Хуросон хати арабиро ба хушӣ қабул накард ва муддати наздик ба ҳазор сол осори зиёде ба хати паҳлавӣ, портӣ, суғдӣ ва хоразмӣ иншо мешуд. Вале баъд аз он ки хати арабиро қабул карданд, дар он тағйироту ислоҳот ворид намуданд ва ба забонашон мувофиқ сохтанд. Аз ҷумла хуросониён барои баёни забони модарии хеш ба алифбои арабӣ ҳарфҳои тозаи ч, п, г, ж-ро афзуданд. Ба рағми ҳама фарозу нишебҳо бас дилангез аст, ки забони порсии дарӣ ба ҳайси забони бумии Хуросон боқӣ монд.

Бо ба майдони сиёсат зуҳур намудани Тоҳири Пўшанҷӣ, Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Сомониён инқилоби бузурге дар ривоҷ додану ба кор гирифтани забони дарӣ ба ҷои арабӣ оғоз шуду батадриҷ суръат гирифт ва ин давра давраи ривоҷи забону адаби порсии дарӣ аст.

Забони порсии дарӣ дар замони Сомониён, ки тоҷиктабор буданд, ҳарчи бештар ба масобаи забони меъёрӣ ва расмӣ неруманд шуд ва ба зудӣ аз маҳдудаи як забони қавмӣ ба фароқавмӣ гузар намуд ва ба забону намоди муштараку умумӣ барои тамоми мардуми минтақа, ки аз ҳар табору нажод буданд, табдил шуд. Амирони Сомонӣ, ки ба қавли Шиблии Нўъмонӣ, «ба зевари фазлу камол ороста буданд», забону фарҳанги миллиро омили неруманди пойдорӣ дар баробари таҷовузгарон медонистанд. Ҳамчунин авзои сиёсӣ дар ибтидои асри даҳум барои инкишофи забони порсии дарӣ шароити бисёр хубу мусоиде фароҳам овард. Дар ин давра на танҳо адабиёти бадеӣ равнақ ёфт, балки осори фаровони илмиву фалсафӣ, таърихиву динӣ ба забони дарӣ навишта ва ё тарҷума шуд. Забони порсии дарии ин давра аз осори гаронбаҳо баҳраманд аст ва шеършиносон онро яке аз беҳтарин давраҳои адабӣ медонанд.

Устод Рўдакӣ, бузургтарин шоири аҳди Сомониён, ки падари шеъри дариаш мехонанд ва сад ҳазор байт шеър аз табъи равонаш таровидааст, ба фармони Наср бинни Аҳмади Сомонӣ «Калила ва Димна»-ро ба шеъри дарӣ даровард.

Фирдавсӣ мегўяд:

Ба тозӣ ҳаме буд то гоҳи Наср,
Бад-он гаҳ, ки шуд дар ҷаҳон шоҳ Наср.
Бифармуд, то порсии дарӣ,
Набиштанду кўтоҳ шуд доварӣ.

Ҳаким Носири Хусрав қадру қимати забони дариро чунин тавсиф кардааст:

Ман онам, ки дар пои хукон нарезам
Мар ин қимати дури алфози дариро.

Тавре ки дар боло зикр шуд, забони порсии дарӣ дар давраи Сомониён, ки тоҷиктабор буданд, ҳарчи бештар ба масобаи забони меъёрӣ ва расмӣ устувор шуд ва василаи неруманди тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими ҳамдилии ҳарчи бештари хуросониён гардид.

Давраи Сомониён аз равшантарин давраи салтанат ба шумор меравад. Сомониён, ки бар тамоми паҳнои Хуросону Мовароуннаҳр ва қисмате аз Эрони имрўз ҳукмравоӣ доштанд, дар тамоми тўли ҳукмравоиашон тамаддуни ориёӣ ва забони дариро дар тамоми қаламрави хеш инкишоф ва тавсеа доданд. Баръакси Тоҳириён, Сомониён ба хубӣ дарк мекарданд, ки бидуни эҳёи анъанаҳои дерини маданиву фарҳангӣ таъмину таҳкими истиқлолашон мумкин нест.

Дар арсаи Сомониён бозори илму дониш равнақи хубе дошт, – ҳар кас матои арзандаи фарҳангии хешро ба аҳли Сомон арза мекард ва ба қимати арзанда гирифта мешуд, ки худ намоёнгари баланд будани мақоми илму фарҳанг ва фазлро нишон медод, тавре ки қадимтарин китобҳои таърих, ҷуғрофия, тиб ва ситорашиносӣ дар ҳамин асри Сомониён ба дарӣ таълиф ва тарҷума шудаанд.

Дар давраи Сомониён пешрафту тараққии забони тоҷикӣ бештар буд. Дар воқеъ, ин асрро аввалин асри тараққиву пешрафти забон ва адабиёти тоҷикӣ метавон шумурд. Зеро дар ин давра теъдоди сухансароён рў ба фузунӣ буд, ба тавре ки дар китоби «Лубоб-ул-албоб» аз 27 шоири даризабон ном бурда шудааст, ки ҳамаашон дар он замон мезистаанд, монанди Абўшукури Балхӣ, Абулмавиди Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Маъруфӣ, Робиаи Балхӣ ва ғайра.

Забону адаби порсии дарӣ дар аҳди Ғазнавиён, ки турктабор ва форсизабон буданд, роҳи камолро идома дод. Дар асри Ғазнавиён низ шоирону нависандагон ва донишмандони зиёде мезистанд, ки ба ривояте шуморашон ба 400 нафар мерасид. Асри Ғазнавиён – аз нуқтаи назари афзунии шумораи донишмандон, шоирон ва файласуфон – аз дурахшандатарин асрҳои илмӣ ва кишвари ниёгони мо ба ҳисоб меравад, ки ҳатто дарбори асри Ғазнавиёнро метавон аз бузургтарин дарборҳои илмии ҷаҳон ба ҳисоб овард. Аз олимон, шоирон ва нависандагоне, ки дар ин аср мезистаанд, ба таври хулоса метавон аз Абўрайҳон Берунӣ, Абулфазл Байҳақӣ, Ҳасани Маймандӣ, Абўсаиди Гардезӣ, Абўнасри Мушкон, Унсурӣ, Фаррухӣ, Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Саидҳасани Ғазнавӣ, Саноӣ ном бурд ва барои номбар кардани садҳо шахсиятҳои илмиву фарҳангии дигар вақту фурсати бештаре лозим аст.

Забону адаби порсӣ дар давраи ҳукмронии шоҳони ғурӣ, ки тоҷиктабор ва даризабон буданд, дар Ҳинд равнақи бештаре ёфт ва дар ҳамбастагии миллӣ ва фарҳангии Ҳинд нақши боаҳамиятеро бозӣ кард.

Нақши подшоҳони темурӣ дар амри рушди забони тоҷикӣ дар Ҳиндустон барҷаста аст ва аҳди Бобур давраи тиллоии забони тоҷикӣ дар Ҳиндустон ба шумор меравад. Бобур, бо он ки хотироти худро ба забони туркии чағатоӣ навиштааст, ашъори тоҷикии сўфиёна сароидааст. Дар ҳамин давра забони тоҷикӣ бар асоси фармоне ба ҳайси забони расмӣ ва идории Ҳинд эълом мегардад ва бархе китобҳои санскрит ба забони порсӣ тарҷума шудааст.

Қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки дар ҳамон замон, ки подшоҳони сафавӣ ба забони туркӣ суҳбат менамуданд, ҳокимон ва амирони Ҳинд ба забони дарӣ ба ҳайси забони расмии дарбори худ такаллум ва фармонҳову асноди худро бо ин забон содир мекарданд.

Ҳофиз чӣ зебо сурудааст:

Шаккаршикан шаванд ҳама тўтиёни Ҳинд,
З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

Англисҳо дар соли 1836 забони англисӣ ва дар соли 1944 забони урдуро ба ҷои забони порсӣ расмият бахшиданд ва забони порсиро, ки то ин муддат ягона забони ҳамдигарфаҳмӣ ва иртибот, забони омўзишу идора дар Ҳиндустон буд, ба канор ронданд.

Туркҳои салҷуқӣ забони порсиро дар Анатолӣ (Осиёи Сағир ё Туркияи имрўз) густариш доданд. Забони адабию девонии халифаҳои усмониҳо солҳо дарӣ буд. Шоҳони сафавӣ ва қоҷор, ки турктабор буданд, ҳама мукотиботашонро ба забони порсӣ анҷом медоданд. Ҳамчунин дар ин замина дар бораи саҳми озарбойҷониҳо, курдҳо, балуҷҳо ва дигарон дар густариши забони порсӣ бояд сухан гуфт.

Доктор Ҷалол Матинӣ бар ин ақида аст, ки «ғазнавиён, салҷуқиён ва баъд хоразмшоҳиёну муғулону дигар ирқу нажодҳои тотор забони порсиро дар дарбору ташкилоти идории худ ба ҳайси забони расмӣ ва идорӣ ба кор мебурданд. Ин расм дар давраҳои баъдӣ ҳам ҳамчунин идома ёфт».

Сухани кўтоҳ ин, ки дар тайи ҳазор сол забони мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳр ба ҳайси забони илму адаб, забони расмиву идорӣ ҳавзаи густурдаеро фаро мегирифт. Аз ҷумла дар Хуросонзамин забони порсӣ на танҳо забони гуфтугў, балки забони расмӣ буд, – ҳама умури девонии кишвар, ба монанди фармонҳо, номаҳо, қарордодҳо ва амсоли онҳо, ба ҳамин забон буд.

Аҳли пажўҳиш, аз ҷумла донишмандони номдори Эрон дар арсаи забону адабиёти форсӣ, ҳамчун Маликушшуаро Баҳор, Саид Нафисӣ, Бадеъуззамон Фурўзонфар, Парвиз Нотили Хонларӣ, Забеҳулло Сафо, Шоҳрух Маскўб, Аҳмадалӣ Риҷоӣ, Ҷалол Матинӣ, Дориюш Ошўрӣ, Маҳмуд Афшори Яздӣ ва чанд тани дигар, ки дар эрондўстиву дилбастагиашон ба забону адаби порсӣ шакку тардиде нест, бар ин ақидаанд, ки забони дарӣ (тоҷикӣ) нахуст дар Хуросону Мовароуннаҳр ба вуҷуд омада ва баъд ба сўи ғарби Хуросон, яъне Эрони имрўз, роҳ боз намудааст ва ба назари онҳо, ин ҳақиқат имрўза падидаи пазируфташуда аст. Забони дарӣ хеле куҳан буда ва ду ҳазор сол пеш ҳам як забони барҷаставу барозанда будааст. Ва мусалламан агар чунин пешинаеву тавоноӣ намедошт, чӣ гуна метавонист ба марҳалаи балоғат ва фасоҳат дар даврони Сомониён бирасад ва осори бисёр боарзишеро, монанди девони Рўдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигар офаринишҳои ҳунарӣ, ба вуҷуд оварад? Забони порсии дарӣ бо ҳамон фасоҳату балоғате, ки дорад, дар поёни садаи XII ба дараҷаи камол расидааст ва донишмандони бузурге, ҳамчун Ибни Сино ва Абўрайҳон Берунӣ, осори илмии хешро дар риштаи фалсафа ва ситорашиносӣ ба ин забон навиштаанд.

Забони дарӣ бо мурури замон на танҳо ба роиҷтарин ва ҳамагонитарин забони ин марзу бум табдил гардид, балки василаи ҳамдигар фаҳмӣ ва риштаи васл байни қавмҳову қабилаҳои мухталиф гардид ва бино бар тавоноиҳое, ки доштааст ва ҳам аз он хусус, ки ба маҳаллу тоифае мансуб набудааст, дар андаке замоне забони расмӣ, дарборӣ ва умумӣ барои тамоми сулолаҳои Осиёи Миёна ва ҳамчунон аз ақсои Ҳинд то Рум гардид ва эҷоди санадҳову номаҳои расмиву давлатӣ аз Истанбул то Дакан ба ин забон сурат мегирифт. Дар ҳақиқат, забони порсии дарӣ нақши забони байналмилалиро барои тамоми ин минтақаҳо дошт.

Забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) ба бисёре аз забонҳои дунё таъсир гузоштааст. Ҳатто дар забонҳои расмии Чин, Булғористон ва Туркия вожаҳои тоҷикӣ вуҷуд доранд ва аз ин назар бо забони юнонӣ қобили муқоиса мебошад.

Ҳамчунин номи бархе аз маконҳо ва шаҳрҳо дар Руминия ва Маҷористон аз забони порсӣ реша гирифтааст.

Аз забони тоҷикӣ имрўза даҳҳо калимаҳои байналмилалӣ, монанди бозор, корвон, кимиё, шимиё, ҷомадон, шалвор, алкул, дито, бонк, тойгар(бабр), дарвеш, булбул, шол, шукр, ҷавон, ёсуман, исфиноҷ, шоҳ, лимон, калид, камондон (ҳамон камондори тоҷикӣ), урд (амр, фармон), астор, сервис, дорюш, гов, тўфон, модар, падар, хуб, бад, ном, ком, гом, ланг, лак, лаб, абрў, ман, бадан, духтар ва вожаҳои зиёди дигар, ба бештари забонҳои муҳими дунё роҳ пайдо кардаанд.

Албатта, забони тоҷикӣ ҳамон тавр, ки вожаҳое аз забонҳои ҳамсоягонаш пазируфтааст, вожагони зиёде низ ба онҳо додааст. Таъсири назарраси забони тоҷикӣ дар забонҳои нимҷазираи Ҳинд ниёз ба тавзеҳ надорад.

Забони тоҷикӣ забони байналмилалии ирфон аст. Бисёре аз орифоне, ки аз нажоди турку арабу ҳинд ҳастанд, китобҳои ирфонии худро ба тоҷикӣ навиштаанд. Мактаби тасаввуфи ҳиндуэронӣ, ки аз тариқи ҳавзаи форсизабонон ба Осиёи ғарбӣ ва ҳатто ба шимоли Африқо нашр ёфтааст, бештар китобҳо ва матнҳои худро ба наср ё шеъри тоҷикӣ навиштааст ва забони тасаввуф дар нимҷазираи Ҳинд ва ҳатто дар миёни туркон ҳамвора тоҷикӣ будааст.

Дар забонҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар англисӣ, имрўз низ калимаҳое бо решаи тоҷикӣ вуҷуд доранд ва шумораи ин калимаҳо ба садҳо вожа мерасад. Дар китобҳои муқаддаси пайравони динҳои ҷаҳонӣ вожаҳои бисёре аз забони тоҷикӣ вуҷуд доранд, монанди Бағдод, аланбор, Уммон, рустоқ, ҷайҳон, Басра (паси роҳ), рофидин, Ҳиндукуш, шибирқон (шопургон), танга ва амсоли онҳо.

Садҳо вожаи тоҷикиро дар забонҳои қирғизӣ, қазоқӣ, уйғурӣ, туркманӣ ва дигар забонҳо дидан мумкин аст, ки бо мурури садсолаҳо ба ин забонҳо нуфуз кардаанд.

Забони тоҷикӣ барои ҳафтсад сол забони идории Ҳиндустон буд, то ин ки соли 1836 Чарлз Вилям забони англисиро ба ҷои забони тоҷикӣ расмият дод.

Забони тоҷикӣ дар дарозои таърихи ҳазору садсола баъд аз аҳди Сомониён ба рағми душвориҳои ҷонсўз зинда монд ва ба забони фаромиллие дар ҳавзаи тамаддунии мо табдил гардид ва ҳама қавмҳову нажодҳо забони тоҷикиро ба ҳайси забони расмиву давлатӣ, забони муштарак ва ҳамдигарфаҳмии ин марзу бум пазируфтанд.

Ин забон ёдгори ҷовидонест аз пайвастагӣ ва хешовандии мардумони форсизабон дар гузашти рўзгор то ба имрўз. Ин ки мардумони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон якдигарро бидуни тарҷумон мефаҳманд ва суҳбат мекунанд, қиссаву афсона нест, балки нишонаи бақову ҷонсахтии ин забон аст. Бояд ба ин ягонагии ҳавзаи фарҳангӣ ва ин ғановате, ки ҳамаи форсизабонон ба он ҳуқуқи баробари соҳибият доранд, арҷ гузошт.

Бояд гуфт, ки ҳоло забони форсии муосир дар Эрон, дарӣ дар Афғонистон ва тоҷикӣ дар Тоҷикистон дар бахши вижагиҳои савтӣ, грамматикӣ, луғавӣ ва меъёрҳои адабӣ, луғатҳову истилоҳот ва ғайра дар пояи забони муштараки форсии дарии он давр қарор надоранд.

Имрўз форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ се шохаи нави забони порсии дарии классикӣ буда, ҳар кадом роҳи мустақили ташаккули худро доранд. Аз нигоҳи ҷомеашиносии забон, форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ дар се кишвар дар тўли қарнҳои баъдӣ дар як мақом қарор надоштаанд. Забони форсии муосир дар Эрон ҳамеша ягона забони давлатии ин кишвар буд ва дар баробари он забони дигаре дар ин мақом қарор надошт. Аммо тоҷикӣ ва дарӣ дар муҳит ва вазъи дузабонӣ мавриди истифода шуда, имрўз пас аз истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди озоди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имкониятҳои фаровон фароҳам оварда шудааст.

Яке аз тафовутҳо миёни форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ дар бахши истилоҳот, аз ҷумла истилоҳоти илмиву техникӣ, ба мушоҳида мерасад. Манбаи гуногуни истилоҳпазирӣ иллати тафовути назаррас дар луғати форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ гардидааст. Агар манбаи истилоҳоти муосири хориҷӣ барои забони тоҷикӣ русӣ бошад, ин манбаъ барои форсии Эрон забонҳои фаронсавӣ ва англисӣ ва барои Афғонистон англисӣ маҳсуб мешавад. Меъёрҳои адабии форсии муосир ва тоҷикӣ низ дар сабкҳои забонӣ тафовут доранд.

Ин ҳама мушаххасоти забонӣ далели дурустии истилоҳи «забони тоҷикӣ» ва муносибу мувофиқ будани он барои забони тоҷикии муосир мебошад. Истифодаи «забони тоҷикӣ» – бар ивази «форсӣ» ё «дарӣ» – ҳеҷ маънои инкори таърихи гузаштаи ин забонро надорад. Имрўз дар Ғарбу Шарқ ва дигар кишварҳои ҷаҳон ин се шохаи забони форсии нав ва ё форсии дариро бо ҳамин номҳо мешиносанд.

Ғайр аз ин, форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ ҳамчун забони адабии дорои лаҳҷаҳои маҳаллии гуногун ҳастанд, ки ин лаҳҷаҳо танҳо бо ҳамин шаклҳои адабии забон иртибот доранд ва ин лаҳҷаҳо танҳо манбаи ташаккули забони адабии минтақаи худ мебошанд. Мавҷудияти се шакли адабии забони порсии дарӣ дар се минтақа дар мақоми забони давлатии се кишвар ба гузаштаи таърихии забони муштараки классикӣ иртибот дорад.

Тоҷикон – мардуми ориёии эронинажод – дар тўли ҳазорсолаҳо дар ин сарзамини таърихии хеш сукунат доштаанд ва ин миллати номвар имрўз номбардори гузаштагони хеш ва посдори фарҳангу суннати ниёгони хеш аст. Аз ин рў, аз номи тоҷик ва ҳам аз забони тоҷикӣ бояд ифтихор кард, таърихи миллат ва таърихи забони миллиро пайваста бояд омўхт ва онро гиромӣ дошт.