Саноии Ғазнавӣ — Ғазалҳо

Аҳсанту зеҳ, эй нигори зебо,
Ороста омадӣ бари мо.
Имрўз ба ҷои ту касам нест,
К-аз ту ба худам намонд парво.
Бикшой камар, пиёла бистон,
Ороста кун ту маҷлиси мо.
То кай камару кулоҳу мўза?
То кай сафару нишоти саҳро?
Имрўз замона хуш гузорем,
Падруд кунем дию фардо.
Ман тоқати ҳаҷри ту надорам,
Бо ту чӣ кунам ба ҷуз мадоро.
***
Ҷамолат кард, ҷоно, ҳаст моро,
Ҷалолат кард, ёро, паст моро.
Дилоромо, нигоре, чун ту ҳастӣ
Ҳама чизе, ки бояд, ҳаст моро.
Шароби ишқи рўи хуррамат кард
Ба сони наргиси ту маст моро.
Агар рўзе кафи поят бибўсам,
Бувад бар ҳар ду олам даст моро.
Таманнои лабат шўрида дорад,
Чу мушкин зулфи ту пайваст моро.
Чу сайёди хирад лаъли ту бошад,
Сари зулфи ту шояд шаст моро.
Замона банди шастат кай гушояд,
Чу зулфайни ту маҳкам баст моро.
***
Бандаи якдил манам банди қабои туро,
Чокари якто манам зулфи дутои туро.
Хоки маро то ба бод бар надиҳад рўзгор,
Ман нанишонам зи ҷон боди ҳавои туро.
Кош рухи ман будӣ хоки кафи пои ту,
Бўса магар додаме ман кафи пои туро.
Гар бувад, эй шўхчашм, рои ту бар хуни ман,
Бар сару дида ниҳам рояту рои туро.
Тири чафои ту ҳаст дилкаши ҷондўзи ман,
Ҷаъба зи сина кунам тири ҷафои туро.
Бор наёмад дилам дар шикани зулфи ту,
Гар на ба гардан кашам бори балои туро.
Банда Саноӣ туро бандагӣ аз ҷон кунад,
Кўи кулоҳи туро, банди қабои туро.
***
Соқиё, донӣ, ки махмурем, дардеҳ ҷомро,
Соате ором деҳ ин умри беоромро.
Мири маҷлис чун ту бошӣ, бо ҷамоат дарнигар
Хом дардеҳ пухтарову пухта дардеҳ хомро.
Қолаби фарзанди Одам озро манзил шудаст,
Андуҳи пешию бешӣ тира кард айёмро.
На биҳишт аз мо тиҳӣ гардад, на дўзах пур шавад,
Соқиё, дардеҳ шароби арғувонифомро.
Қилу қоли Боязиду Шиблию Кархӣ чӣ суд?
Кор кори хеш дон андар навард айёмро.
То замоне мо бурун аз хоки одам дам занем,
Нангу номе нест бар мо ҳеч, хосу омро.
***
Мо боз дигарбора бирастем зи ғамҳо,
Дар бодияи ишқ ниҳодем қадамҳо.
Кандем зи дил бехи ҳавоҳову ҳавасҳо,
Додем ба худ роҳи балоҳову аламҳо.
Аввал ба такаллуф бинавиштем кутубҳо
В-охир зи таҳайюр бишикастем қаламҳо.
Лаббайк задем аз сари даъвӣ чу Саноӣ,
Бар ақл задем аз ҷиҳати аҷз рақамҳо.
Асбоби санамҳост, чу аҳром гирифтем,
Дар шарт набошад, ки парастем санамҳо.
***
Эй мусулмонон, маро дар ишқи он бут ғайрат аст,
Ишқбозӣ нест, к-ин худ ҳайрат андар ҳайрат аст.
Ишқ дарёи муҳиту оби дарё оташ аст,
Мавҷҳо ояд, ки гўӣ кўҳҳои зулмат аст.
Дар миёни лаҳҷааш сесад наҳанги доварӣ,
Бар карони соҳилаш сад аждаҳои ҳайбат аст.
Киштияш аз он даҳону лангараш аз собирӣ,
Бодбонаш рў ниҳода сўи боди офат аст.
Мар-маро бе ман дар он дарёи жарф андохта
Бар мисоли родмарде, к-аш либоси хиллат аст.
Мурда будам ғарқа гаштам, эй аҷаб, зинда шудам,
Гавҳаре омад ба дастам, к-аш ду гетӣ қимат аст.
***
Эй ман ғуломи рўи ту, то дар танам бошад нафас,
Дармони ман дар дасти туст, охир, маро фарёд рас.
Дар достони ишқи ту пайдо нишони ишқи ман
Дар корвони ишқи ман олам пур аз бонги ҷарас.
Некў бинашносам зи зишт дар ишқат, эй ҳуросиришт,
Ар бе ту бошам дар биҳишт ояд ба чашмам чун қафас.
Аз наздат ар фармон бувад, ҷон доданам осон бувад,
Дорам зи ту то ҷон бувад дар дил ҳаво, дар, ҷон ҳавас.
Чашмам ба сони лолаҳо ашкам ба сони жолаҳо
Ҳар соат аз бас нолаҳо бар ман фурў бандад нафас.
Эй бут, шаман пешат манам, ҷонам туию тан манам,
Гар кофару гар мўъминам, меҳроби ман рўи ту бас.
Ҳарчанд бегоҳу багаҳ камтар кунӣ бар ман нигаҳ,
3-ин карда бошам солу маҳ майдони ишқатро фарас.
Гар ҳури ҷаннат фил-масал ояд бари ман бо ҳалал
Ман бо ту нагзинам бадал, ҷуз ту ту нахоҳам ҳеч кас.
Парҳез аз бадгўй ту, з-он камтар ояд сўи ту,
Пас чун кунам к-ин кўи ту як дам набошад бе асас.
***
Ало, эй дилрабои хуш, биё, к-омад баҳоре хуш,
Шароби талх моро деҳ, ки ҳаст ин рўзгоре хуш.
Сазад, гар мо ба дидорат биёроем маҷлисро,
Чу шуд ороста гетӣ ба бўи навбаҳоре хуш.
Ҳаме бўем ҳар соат, ҳаме нўшем ҳар лаҳза
Гул андар бўстоне нав, мул андар марғзоре хуш.
Гаҳе аз дасти ту гирем чун оташ маи софӣ,
Гаҳе дар васфи ту хонем шеъри обдоре хуш.
Кунун дар интизори гул сарояд ҳар шабе булбул,
Ғазалҳои латифи хуш ба нағматҳои зоре хуш.
Шавад саҳро ҳама гулшан, шавад гетӣ ҳама равшан,
Чу хуррам маҷлиси олӣ ва боди мушкборе хуш.
***
Эй ҷавр гирифта мазҳабу кеш,
Ин кибр фурў неҳ, аз сари хеш.
Ҷуз хуб магў аз он лаби хуб,
Ҷуз хубию лутф ҳеч м-андеш.
То дур шудӣ зи пеши чашмам,
Ишқат чи санам ниҳода аз пеш.
Ҳар соат сабри ман шавад кам,
Ҳар соат дарди ман шавад беш.
Аз кешу тариқатам чӣ пурсӣ?
Ишқ аст маро тариқату кеш.
Гуфтам бизиям ба ком бе ту,
Ҳаргиз назияд ба ком дарвеш.
То бо ту ҳариф шуд Саноӣ,
Бегона нишаст аз ҳама хеш.
***
Мо фўтаву фўтапуш дидем,
Тасбеҳи мароиён шунидем.
Бар маснади зоҳидон гузаштем
Дар олами олимон давидем.
Ҳам сокини хонақоҳ будем,
Ҳам хирқаи сўфиён даридем.
Ҳам меҳнати қолу қил буридем,
Ҳам шарбати тайласон чашидем.
Аз ин ҳама ҷуз нишоти бозор,
Ранге ба ҳақиқате надидем.
Бигзидем ёре аз харобот,
Бо ў ба мурод орамидем.
Дил бар ғами рўи ў фигандем,
Сар бар хатти рои ў кашидем.
Ў нест касею мо на бас кас,
3-ин рўй ба якдигар саридем.
***
Хез, то доман зи чархи ҳафтумин бартар кашем,
Ҳафт кишварро ба даври соғаре андар кашем.
Ҳафт гардун мухтасар бошад ба пеши марди ишқ,
Шояд ар доман зи кавни мухтасар бартар кашем.
Нафси мо хасме азим андар ниҳоди роҳи мост,
Ғазви акбар бошад, ар дар рўи ў ханҷар кашем.
Пои мо дар доми ишқи хубрўён баста шуд,
3-ин қабил дарду балои ошиқӣ бар сар кашем.
Қасри Қайсар в-они Кисро гар набошад, гў мабош,
Мо ба мардӣ ҳалқа дар гўши дусад Қайсар кашем.
Гар нашинад гарди кўи дўст бар рухсори мо,
Хатти азл аз ҷону дил бар мушку бар анбар кашем.
Ин ҳама тардоманонро хушк бодо дасту по,
Хез то хатти фано гирди Саноӣ даркашем.
Дар кулоҳи ў агар пашмест, оташ дарзанем,
Ақлу ҳуши хештан як дам ба мастӣ даркашем.
***
Эй бародар, дар раҳи маънӣ қадам ҳушёр зан,
Дар сафи озодагон чун дам занӣ, бедор зан.
Шав, хирадро ҷисм созу ақли раъноро бисўз,
Теғи маҳв андар сарои нафси истикбор зан.
Гардан андар роҳи маънӣ чанд гаҳ афроштӣ,
Теғи маъниро кунун бар ҳалқи даъвидор зан.
Гом зан мардонавору бигзар аз мавту ҳаёт,
Аз дугун андар гузар лаббайк маҳрамвор зан.
Аз либоси куфру имон ҳар ду берун ой зуд,
Бурдборӣ ҳамчу Иброҳими Адҳамвор зан.
Соликон андар саломат асби шодӣ тохтанд,
Як қадам андар маломат гар занӣ, бедор зан.
***
Даъвии дин мекунӣ, бо нафс дамсозӣ макун,
Синаи гунҷишк ҷўӣ, даъвии бозӣ макун.
Макри марди марғазӣ аз ғўл нашносӣ, бирав,
Ҳамнишин, таррориёни карбузи розӣ макун.
Эй зи кашши нопазируфта сияҳрўёни куфр,
Бо накўрўёни дини пок таннозӣ макун.
В-ар ҳаме хоҳӣ кунӣ бозӣ ту бо ҳурони хулд,
Пас дар ин бозори дунё бузанабозӣ макун.
Дасти дафзан гурзи Рустам кай тавонад кор баст,
Аз рукўи машғала даъвии баззозӣ макун.
Бодия норафтаву нодида рўи кофирон,
Хештанро ном гаҳ ҳоҷию гаҳ ғозӣ макун.
Эй Саноӣ, чун ғуломи рангу бўянд ин ҳама
Баргузар з-ин гуфтугўю ҳеч ғаммозӣ макун;

Ғазалҳо

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *