Муҳаммад Сиддиқ Ҳайрат

Муҳаммад Сиддиқ Ҳайрат соли 1876 дар гузари Арўсони Бухоро таваллуд ёфтааст. Падари ӯ дар масҷиди ҳамон гузар муаззин будааст. Ҳайрат дар ҳафтсолагӣ аз модар ва дар синни 12-солагӣ аз падар ятим монда бошад ҳам, хондани худро давом додааст. Вай дар синни 15-солагӣ ба мадрасаи Муҳаммадалӣ Ҳоҷӣ ва Сўзангарон зиндагонӣ кардааст. Дар охирҳои соли 1895 ва аввали 1896 шиносоӣ ва дўстии Ҳайрату Айнӣ дар лшдрасаи Бадалбек оғоз меёбад.

Ҳайрат барои беҳтар кардани аҳволи иҷтимоияш соли 1898 ба сифати мирзо ба хидмати Ашўрбек ном даллоли пўсти қарокўлӣ дохил мешавад.

Ҳайрат тобистони 1320/1902 дар Бухоро аз касалии сил вафот кардааст.

Девони ашъори шоир аз ғазал, қитъа, қасида, мухаммас, мусаддас маснавӣ ва рубоиёт иборат аст.

АЗ ҒАЗАЛИЁТ

Бе дўст ошиқон ҳаваси гул чаро кунанд?
Майле ба сарву лолаву сунбул чаро кунанд?
Дилхаставу ҳазину фигорем, гулрухон,
Донанд ҳоли мову тағофул чаро кунанд?
Аз нимханда мурда тавон зинда сохтан,
Хубон дар ин савоб тааммул чаро кунанд?
Ширинлабон ба рағми асирони дурднӯш,
Бо ғайр мастӣ аз қадаҳи мул чаро кунанд?
Гулҳо зи рангу бў ҳама мағрури хештан,
Оре, нигаҳ ба нолаи булбул чаро кунанд?
Ҳайрат ба маҷлис ар сухан аз он лабон равад,
Минову чом, нолаву қулқул чаро кунанд?      

***

Имрўз, ки рўзи тараби иди сиём аст,
Имрўз ба ҷуз нуқлу маю бода ҳаром аст.
Дарёб ду-се шишаи дигар, ки зи мастӣ,
То гум шудани набати май, гардиши ҷом аст.
Дар идгаҳ имрўз зи мастӣ нашиносем,
Меҳроб чӣ самту тарафи қибла кадом аст?
Гар матлаъи айш аст ҳам аз толеъи мастон,
Моҳи рамазон рафт, магў — рўза тамом аст.
Чун рўза дар ин рўз ҳам аз шеваи мастӣ.
Имкони сабўҳизадагон то сари шом аст.

***

Гашт дил волаву шайдои ту, майлаш-дияе,
Рехт хунам ба таманнои ту, майлаш-дияе.
Тоқату сабру қарори мани маҳзун гардид,
Садқаи лутфу адоҳои ту, майлаш-дияе.
Ба дуо ёфт агар неъмати дашном рақиб,
Аз лаби лаъли шакарҳои ту, майлаш-дияе.
Шудам ар шўҳра ба ишқи ту надорад зараре,
Шудам ар музтару расвои ту, майлаш-дияе.
Падарат воқиф агар гашт набошад боке,
Рафт ин ҳол ба бобои ту, майлаш-дияе.
Нағз шуд аз сари кўи ту ҷудо монд рақиб,
Ҷигараш рехт зи савдои ту, майлаш-дияе.
Чашм дар ҳаҷри ту хун гиряд агар кўр шавад
В-ар фитад сар ба таги пои ту, майлаш-дияе
Ҳайрат аз ҷавру ҷафои ту мурад, хайр-дия,
Хок гардад ба аламҳои ту, майлаш-дияе.

***

Монанди ту дар олами эҷод набошад,
Дар навъи башар чун ту паризод набошад.
Раънои чаман, сарви сиҳӣ он ки кашад сар,
Чун нахли қадат хоста озод набошад.
Ин тарз хироме ба латофат, ки ту дорӣ,
Лутфест, ки дар тинати шамшод набошад.
Дод аз туву меҳри ту, ки мислат ба ҷафо хам,
Бераҳмдилу кофири бедод набошад.
Чавру ғами дарди ту чунон кард низорам,
К-аз ҷаври туам тоқати фарёд набошад.
Инсоф, ки дар аҳди ту, бебоки ҷафогар,
Як дил зи ҷафоҳои ту озод набошад.

***

Моҳе, ки сар зи қоматаш сабр аз дили шамшод бурд»
Сарве, ки моҳи оразаш ҳуши ман аз бедод бурд.
Хун мехўрам аз ҳасрати лаъли лаби ширини ў,
Ҷон канданам охир маро манзилгаҳи Фарҳод бурд,
То ишқи он гулпераҳан рахти иқомат зад ба ҷон,
Дину дилу ақлу хирад барканду аз бунёд бурд.
Аз ҳар нигаҳ сад шўъбада ҳар лаҳза пайдо мекунад,
Охир надонам, к-ин сабақро аз кадом устод бурд.
Расми вафою дўстӣ дар даври ў мансуҳ шуд,
Оини лутфу меҳрро дар фурсати ў бод бурд.
Ҷон медиҳад бўси лабаш, дил мерубояд ғабғабаш,
Тарзи хироми ў қарор аз бандаву озод бурд.
Гуфтам зи ҳиҷрон сўи ў созам шикоятномае,
Қосид ба суръат андаке бигрифту ноустод бурд.
То чанд Ҳайрат, дар ғамаш ранҷур нолӣ дам ба дам,
Раҳ бо сўи мақсуди худ натвон ба ин фарёд бурд..
***
Чашм андозам, ки он гулпираҳан ёдам кунад.
Гўш як дам аз тараҳҳум сўи фарёдам кунад.
Чанд бошам аз фироқаш банда бо оҳу фиғон,
Кош сўям як назар он сарви озодам кунад.
3-он лаби ширин лабе ширин нашуд, охир маро,
Ҳамнишини кўҳи ғам монанди Фарҳодам кунад,
Хоки раҳ гардидаам боре ба роҳи тавсанаш,
Як нигаҳ аз лутф ё якбора бар бодам кунад.
Абрўяш тири ғазаб ҳар лаҳза бар дил мезанад,
Наргиси масташ ба ҷон сад фитна эҷодам кунад.
Заҳр менўшам зи ҷоми дида аз саҳбои ашк,
Шоядам ҷоми май он маҳ нўш бар ёдам кунад
Зору маҳҷуру ҳазинам, Ҳайрат, аз ҳиҷрони ў,
Бар умед он маҳ зи васли хеш дилшодам кунад.
* * *
Ғофил аз бераҳмии он чашми махмурам ҳанўз
Фориғ аз тарзи нигоҳу ғамза маъмурам ҳанўз.
Лайлии ман, ҳамчу Маҷнун аз ҷафову ҷаври ту
Гарчи гаштам хок, дар ишқи ту машҳурам ҳанӯз
Аз рамузи нозу истиғно тавба фаҳмиданаш,
Нест маълуми ту гўё рози мастурам ҳанўз.
Мезанӣ ҳар лаҳза теғи таъна сўям, носеҳо,
Тифли роҳи ишқам, аз роҳи хирад дурам ҳанӯз.
Аз ситамҳои ту шуд маҷрўҳу дил номад ба ҳам .
Бо мудовои висол ин захми носурам ҳанўз.
Нола созам, ашк агар борам, чӣ ҷоиҲайрат аст,
Гарчи дар васлам, нигоҳе нест мақдурам ҳанўз!
***
Лола аз шарми ту бар чеҳра арақ гардонад,
Ранги рухсораи ту ранги шафақ гардонад.
Сунбул аз ҳамсарии зулфи ту аз раҳ гардад,
Гул зи даъвии узори ту варақ гардонад,
Зоҳид аз дайр ба масҷид зада саъйи ботил,
Кист ин гумшударо дар раҳи ҳақ гардонад.
Ҳарфи имрўзи ту бо моҳ ҳамагӣ кину ҷафост,
Худ -муаллим зи вафо кош сабақ гардонад.
***
Мо ба узлат мурда, ёди дилситони мо ба хайр,
Барнамегирад хабар, сарви равони мо ба хайр,
Ёди ў дорем аҳде, ҳеҷ ёди мо накард,
ёди бепарводили номеҳрубони мо ба хайр!
Мо ба фикри он ки дорад ёр фикри ҳоли мо,
Боракалло фикри мову ҳам гумони мо ба хайр!
Нуқли маҷлис ҳар куҷо зикри парешонии мост,
Мо ба худ ҷамъем, асрори ниҳони мо ба хайр!
Ӯ намерафтаст худ ҷуз дар раҳи шарри рақиб,
Ёди чоки кардаву чўту нишони мо ба хайр!
Хостем аз лаъли ў як ҳарфею расво шудем,
Дар бари ёрони дерин имтиҳони мо ба хайр!
Ин чӣ сахтиҳост, Ҳайрат, барнамеояд ҳанўз,
Алло, алло, з-ин ҷафоҳо ёди ҷони мо ба хайр!

 

***

Эй мўниси дил дўш ту меҳмони кӣ будӣ?
Дил бе ту ба ҷон омаду ҷонони кӣ будӣ?
Маст аз маи ишқат ману бо ғайр задӣ ҷом,
Ранҷури ту ман будаму дармони кӣ будӣ?
Ҳамсўҳбати ағёриву як бор нагуфтӣ,
Бе худ, ки қарини дили бирёни кӣ будӣ?
Бурдӣ ту, қарор аз ману ороми кӣ гаштӣ?
Мурдам зи фироқи ту, бигў, ҷони кӣ будӣ?
Аз гиряи ман киштии афлок равон гашт,
Эй рўҳи равон, лўъбати хандони кӣ будӣ?
Боре накашидӣ зӣ дилам хори ҷафоро,
Бо орази гул сарви гулистони кӣ будӣ?
Ханҷар ба кафу маст паи қатли ту омад,
Ҳайрат, бинигар захмии пайкони кӣ будӣ?

***

Эй манат ошиқи бемору ту ёри дигарӣ,
Сўи ағёр паи гуфтугузори дигарӣ.
Ҳошалиллаҳ, зи ҷафои ту забон бикшоям,
Гарчи умрест қарори дили зори дигарӣ?
Ман ба ҳаҷри ғами ҳиҷрони ту, ҳайҳот, канор,
Ту ба осудадилӣ хуш ба канори дигарӣ.
Додам аз каф сари барги тарабу гашта хазон,
То ту бо орази гул тоза баҳори дигарӣ.
Ҷоми аҳде, ки ниҳон ҳамраҳи ман паймудӣ,
Ошкоро бинишастӣ, ба хумори дигарӣ.
Ин ҳама нозу итоби ту куҷо буд парер
Боз имрўз ба оину шиори дигарӣ.
Нест Лайлӣ чу ту, эй шӯх, чу Ҳайрат Маҷнун,
Ў ба роҳӣ дигару ту ба шумори дигарӣ.
Ҳайрони аз он қомати боло кӣ надорад?
Бемории он наргиси шаҳло кӣ надорад?
Гар ҷилвагар оӣ ба нисорат зи дари ашк,
Чашме ба сари роҳи тамошо кӣ надорад?
Юсуф туӣ, дар маърази савдои висолат,
Ҷон нақди сари дасти таманно кӣ надорад?
Муштоқи ту, эй сарфи раҳат ҷон, ки набошад,
Савдои ту, эй ғорати ҷонҳо, кӣ надорад?
Ҷоне ба нисори қадамат хостам аз бахт
Дар роҳи ту ин хоста, ҷоно, кӣ надорад?
Аз ношуданиҳост фидои ту, вагарна,
Як дил зи паи ин сари савдо кӣ надорад?
Нозам ба чунин назм, агар назм чунин аст,
Афрохта Ҳайрат, сари даъво кӣ надорад?

 

***

Эй сарв, бе ибо ба чаман сар кашидаӣ!
Моно, ки сарви қомати ўро надидаӣ?
Ороми сарви ман бувад аз ҷўйбори чашм,
Эй сарв, агар ту бар лаби ҷў орамидаӣ!
Ӯ сарви дилбар асту равон аст дар хиром,
Ду сарви бебариву ба кунҷе хазидаӣ!
Ӯ реша дар дил асту зи дил об мехӯрад,
Ту реша дар гиластиву аз гил дамидаӣ.
Ӯ нозпарвар асту бувад шох-шохи лутф,
Ту боғпарвар, аз ду-се шохи буридаӣ!
Ҳайрат, зиёда мўътакиди сарви нози ў,
Гаштӣ магар, мунозараи мо шунидаӣ?

* * *

Масўзам ба хорӣ, бухорӣ нигоро!
Задам аз бухори ғамат сар ба хоро!
Зи шаб то саҳар мегузорам ҳаме, сар,
Ба хор аз ту, эй гулъузори Бухоро.  .
Нигор аст дастат зи ҷисми фигорам,
Чӣ чобук нигоро, чӣ ҷисми фигоро?
На кор аст сабрам дар айёми ҳаҷрат,
Зи ҳарфи висолам забонро чӣ ёро
На осе, ки пинҳон кунам доғи ишқат,
На рўё, ки ин сир кунам ошкоро.
Чӣ сирр аст пинҳон, ки аз ишқ доғам,
Шунав ҳарфам, эй доғи холи ту соро!
Шикори ту гаштам фиреби ту хўрдам,
Маҳи дилфиребо, бути ҷоншикоро.
Тағофул сипоҳат, ҷафо хайлгоҳат,
Ду чашми. сиёҳат ду турки сафоро!
Ба ёдат ба майхона гар пири дайрам,
Ба мулки малоҳат туӣ пури Доро!
Гузорам ба зорӣ паси марг азерок,
Гузорӣ қадам бар мазорам ту зоро!
Мадор аз фиғон даст, эй дил, ки набвад,
Мадоре ба ҷону ба ҷонон мадоро!
Ҷафопеша бош, эй ки будию бошад.
Ба коми раҳӣ заҳри ҳаҷрат гуворо!
Агар дар ба водӣ ва гар дар саҳроӣ
Ба ёдат бинои фиғон додам оро.

 

* * *

Манам, ки шефта гардидаам ба рўи чу моҳат,
Туӣ, ки раҳм надорӣ ба сарфиганда ба роҳат,
Узори ёсуманатро чӣ нисбат аст ба Узро,
Ба Вомиқам зи ғаму дарди ошиқӣ чӣ шабоҳат?
Яке ҳазину фигорам, чӣ гўямат, ки нагўӣ,
Зи чист доду фиғонат, зи чист нолаву оҳат?
Надида дидаи мардум, ки гашта хардуми дида,
Назари қадди баландат,назари чашми сиёҳат,
Ҷаҳон ба шўр зи бегонахўи афганӣ хоҳӣ,
Тавон шинохтан аз тарзи ношинос нигоҳат…
Ало, гули чамани некўӣ агарчи суруда,
Зн ҳарфи ғайр ҳазини мустаманди ҳоли табоҳат.
Навишта номи ту Ҳайрат ниҳон ба сафҳаи хотир,
Ба фурқати ту ки меҳри муҳаббат аст гувоҳат.
Агарчи гўш набигзорӣ оҳи дам ба дами ман
Хушам нигоҳи туфайлӣ фигандани гаҳу гоҳат.
Маро ки чашми хато ҷуз ту, дар гуноҳ фигандам,
Бизан ки нест хатоят, бикуш, ки нест гуноҳат.

АЗ ҚИТЪАОТ

Он ки аз хони висолат нарасиду нарасад,
На паи аҷз фақирон, на паи ҷанги шаҳон…
Ҷои дил дошта дар синаи худ санг ниҳон.
Ору нанг аст ба ҷуз ишқу муҳаббат, ки ба даҳр,
Ҳам бад-ин ори кеҳон рафту ба-дин нанги меҳон.
Фикри Ҳайрат зи хамӯшет раҳи масдуд аст,
Боз бикшой бад-ин қофияи танг даҳон.
Лутф мекардӣ ба мо, дилдодагони бенаснб,
Дар миҷозат доштӣ гар заррае одамгарӣ.
Доғ аз борони ашки чашми худ дорам аз он-к,
Барнамеоӣ зи кўят рўзи тарру намгарӣ.
Ҳақгузорӣ бин, ки з-он айём ёдат медиҳам,
Хешро гум кардам аз ҳамчун ту ёре ёфтан.
Ҳам ту, ҷоно, аз ҳузури васл худро гум макун
Мушкил аст имрўз чун ман ҳақгузоре ёфтан.
Нимбисмил ба раҳаш афтодам,
То маро баста ба фитрок кашад,
Ба ҷафо сабри маро бод хўрад,
Ба вафо ҷабри туро хок кашад,
Ҳайрат аз доғи ту, эй лолақабо
Нола то кай зи дили чок кашад?
Шӯхи раққос, оташинрӯе,
Гарм гардонд маҳфили моро,
Мекунад тезу мезанад доман
Оташи манқали дили моро.

 

АЗ МУХАММАСОТ

Эй, ки лаълат бо Масеҳо тоза ҷон бахшидагӣ,
Аз тавозўъ дасти Мусо соидат бўсидагӣ.
Хизр бо патти ту расми бандагӣ варзидагӣ,
Аз рухат Юсуф бисоти ҳусну хубӣ чидагӣ,
Нест монандат нигори чор кас медидагӣ.
Наргиси мастат бувад аз чобукӣ нахчирзан,
Ғамза аз бедод аз мижгон ба ҷонҳо тирзан,
Ноз аз абрў асиронро ба дил шамшерзан,
Ишва баҳри бурдани дил бо нигаҳ кафгирзан,
Чун ту шўхи ҳилае ҳаргиз касе нашнидагӣ.
Гул ба пеши рўи моҳат дастаи хору хасе,
Бо лабат гоҳи такаллум ҳаст тўтӣ аҳрасе, .
Чун ту маҳбубе надидасту намебинад касе,
Ҳамсарӣ, даъвӣ ба зулфат кардагӣ сунбул басе,
Ғунча бас нашнидагӣ ин ҳарф аз ў-хандидагӣ.
Эй, ки зоти пеши хушрўён туӣ, бе райбу шак,
Гардани таслим пешат карда хам ҳуру малак,
Шўҳрати ҳуснат гирифта аз само бас то самак,
Гарчи бошад шоҳи хубӣ ҳур дар иқлими фалак,
Шаҳри худро додагӣ, рўзе ки рўят дидагӣ.
Маҳрами базмат рақибонанд, эй бадри мунир,
Ғайр бошад дар ҳаримат рўз то шаб ҷойгир,
В-он кунад аз ҳасратат хар лаҳза фарёду нафир,
Гаштагӣ маҳруми васлат Ҳайрати зору асир,
Гарчӣ аз ҳар кас суроғат кў ба кў пурсидагӣ.

МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ ИСМАТИ БУХОРОӢ

Магар қасди ман он навҳат нигори каҷкулаҳ дорад?
Камони абрувон зеҳ карда пайкони мижаҳ дорад
Хати фармону ҳайли нозу истиғно ҳама дорад,
«Сиҳӣ сарви ман аз анбар хате бар гирди маҳ дорад,
Худо пайваста аз чашми рақибонаш нигаҳ дорад».
Агар шуд ҳола гирди моҳи рухсори туро ҳосил,
Фурў бикшоямат аз дил гиреҳ з-ин уқдаи мушкил,
Ба гулзори рухат райҳон дамидан гашт агар моил,
«Ту эй сарв, аз хати мушкин ғуборе магзарон бар дил,
Ки маҳ чандин фурўғ аз давлати шоми сияҳ дорад».
Намепурсӣ зи ҳоли хастагон, эй сангдил дилбар,
Маро бо хештан гаштӣ гирифтори хати анбар?
Набини сўи ман, зӣ ҳар нигоҳат фитнаи маҳшар,
«Ғизоли наргисат аз хоби мастӣ кай барорад сар,
Чунин, к-ў бар канори лола доим хобгаҳ дорад?»
Лабат гар оби ҳайвон аст, агар рўят гулистон аст,
Гулистони туро оини сунбул ранги райҳон аст,
Хатат дидаст, рўят дида дил додаст, ҳайрон аст.
«Сари зулфат нигаҳдори дили ҷамъи парешон аст,
Зи ҳиндуӣ, ки донистӣ, ки чандин дил нигаҳдорад».
Ба қатли бегуноҳон масту бебокона бархезӣ,
Чӣ бераҳмӣ, ки з-оҳи зори мазлумон напарҳезӣ,
Фидоят ҷони Ҳайрат, гар чунин шўре барангезӣ,
«Шунидам, к-аз гуноҳи ишқ хуни халқ мерезӣ,
Биёву хуни Исмат рез, к-ў чандин гунаҳ дорад»,

 

ТАРКИББАНД

Рафт аз ғами ишқат, эй паризод,
Дину дилу сабру ҳуш барбод.
Сарви қаду орази накўят,
Рашки маҳи анвар асту шамшод.
Эй моҳи рухи ту моҳи дилҷўй,
В-эй сарви қади ту сарви озод.
Лайлӣ ба вафои туст Маҷнун,
Ширин ба ҳавои туст Фарҳод,
Ту аз ғами мустаманд ғофил,
Ман аз ғами ту ба нолаву дод.
Ҷаври ту хароб карда ҳолам,
Эй шаҳрошўби хонаобод.
Эй кинашиор, чанд созӣ —
Оини бинои ҷавр бунёд?
Набвад сари мўи ону инам,
Гар зулм ҳамекунию бедод.
Зулм он чӣ бувад, ба ҷони ман кун,
Дар пайкари нотавони ман кун.
Рухсораву зулфат, эй шакарлаб,
Моҳест хуҷаста дар дили шаб.
Сунбул з-он мў фитода дар тоб,
Насрин з-он рў расида дар таб.
Эй сарвқади баландахтар,
Эй моҳрухи саидкавкаб.
Лаъли шакарин ба ханда бикшоӣ.
Эй шаҳрошўби шаккаринлаб.
Тартиби ҷафот шуд муваффақ,
Асбоби тағофулат мураттаб,
Ҷоно, дорам зи фурқати ту,
Ҳар шаб то рўз, рўз то шаб,
Аз ҳаҷри ту то ба шом фарёд,
Аз дарди ту то ба рўз «Ёраб!»
Нози ту хуш аст агарчи дорад,
Дар нори ҷафо маро муаззаб,
Гар бар сари чашми ман нишинӣ,
Нозат бикашам, ки нозанинӣ,
Ранҷуру ситамкашу ҳазинам,
Раҳм ор ки рафт сабру динам,
Савганди ғамат, ки ҷуз ту бошад,
Фикре паи кори ону инам.
Аз қадди баланду рўи дилбанд,
Эй ғайрати сарву ёсаминам,
Лозим бувад аз ту, эй нигоро,
Бар симию қад санавбаринам.
То дар барат аз гули узорат, ,
Барчинаму бинаму нишинам.
Чандест, ки сар дар остонам,
Аҳдест, ки ҷон дар остинам,
Аз ҳаҷри ту хаста ман ҳамонам,
Дар ишқи ту зор ман ҳаминам,
Набвад чу ту офарин ба нозат,
Эй дилбари нозофаринам.
Вақт аст, ки аз тариқи ёрӣ,
Дар кулбаи мо қадам гузорӣ.
Рўи ту гулу лаби ту қанд аст,
Гулқанд илоҷи дардманд аст.
Сарви чаман он чӣ сар фарозад,
Шамшоди қадат аз ў баланд аст.
Аз турраи зулфи анбаринат,
Дар гардани чоки мо каманд аст.
Лаъли лабат, эй ки бо рақибон,
Ширинсухан асту нўшханд аст.
То кай ба ман ин ҷафову бедод,
Ин заҳри итоб то ба чанд аст?
Ҷоно, дили зори беқарорам,
Дар ҳалқаи гесўи ту банд аст.
Аз қайди ғаму ҷафо кун озод,
Бечора асиру мустаманд аст.
Нози ту маро писанди ҷон аст,
Ҷаври ту маро ба ҷон писанд аст.
Бодо маи ишратат ба соғар,
Васли ту ба хастагон муяссар.
Рўю мўи ту, эй суманранг,
Ҳаст оинаи муқобили занг.
Санг аст дилат, вале барат сим,
Симаст барат, вале дилат санг.
Эй симбари тағофулэҷод,
Эй сангдили тазаллумоҳанг.
Лутфе бинамо маро ба ҳар ҳол,
Пурс аз рухи зарди ман ба ҳар ранг,
Ту симбару маро рухи зард,
Ту сангдилу маро дили танг.
Чашми сияҳи ту моили сулҳ.
Тзрзи  нигаҳи ту роғиби ҷанг.
Ошўби нигоҳи чашми мастат,
Бурд аз дили ман қарору фарҳанг.
Н-орад ба забон ҷуз ин ду мисраъ,
Ҳайрат зада домани фиғон чанг…

АЗ РУБОИЁТ

Эй шамъ, ки чун дили ман афрўхтаӣ,
Ин гиря зи чашми тарам омўхтаӣ.
Аз чун ту рафиқ дуриям ҳеҷ мабод,
Бисёр ба танҳоии ман сўхтаӣ.

** *

Ҷуз шамъ месўхт кас ба ҳоли зорам,
Ҷуз соя касе ба рўз набвад ёрам,
Он ҳам дилгир аз оҳи оташборам,
Ин низ гурезад аз шабони торам.

** *

Гуфтем чу будем, ба ҳам бар гулшан,
Бо симбарони ғайрати сарви чаман,
Даъвии сиҳиқадӣ ба шамшод агар аст,
Маҳбуби ман аз миёна бархост, ки ман.

*  * *

Он шўх маро дўш ниҳон менигарист,
Ағёр ба ҳайрат ҳама з-ин ҳол, ки чист?
Ӯ кард нигоҳеву маро ханда гирифт,
Саг донаду кўҳнадўз дар анбон чист?

* * *

Оҳ аз дили бедодпарасташ, ки гузашт,
Фарёд зи тезии самандаш, ки гузашт,
Эй вой ман аз пастии толеъ, назаре,
Нокарда ба қомати баландаш, ки гузашт,

*  * *

Эй толеам, аз талъати рӯят фирӯз!
Ҳар рўзи ман аз баҳори васлат наврўз.
Бо ёди ту овони ман, — овони шабоб,
Бе рўи ту, айёми ман — айёми аҷуз.

***

Эй он ки ба дарди дили ман дармонӣ,
Васлат ҳамаро расидаву дар мо не.
Дар базми рақиб агар қадам, дармонӣ
Гар ман биравам бурун, аз дар монӣ.