Абдулқодирхоҷаи Савдо

Зиндагинома

  Абдулқодирхоҷаи Савдо тақрибан дар байни солҳои 1823—1824 дар Бухоро таваллуд шудааст. Возеҳ дар тазкирааш Савдоро аз авлоди шоир ва олими намоёни асри XVII Мавлоно Шариф гуфтааст, аммо дар бораи падари ӯ худи шоир чизе нагуфтааст. Ба ҳар ҳол аз ин гуфтаи Возеҳ ҳамин қадар тахмин кардан мумкин аст, ки падари Савдо низ аз шахсони фозили мўътабари замони худ бояд бошад.

Савдо, чунон ки Возеҳ навиштааст, дар миёнаи синни ҷавонӣ, ки ҳамоно ба 20—22-солагӣ рост меояд, мадрасаро хатм карда будааст ва дар илмҳои расмии он замон дониши мукаммале доштааст. Баробари ҳамин, чунонки тазкиранависон таъкид кардаанд, Савдо ғайр аз «улуми мутадовила» (яъне илмҳои маъмули замон) дар бисёр илму ҳунарҳо забардаст ва соҳиби дониши кофӣ будааст. Возеҳ мегўяд, ки Савдо дар илмҳои табиӣ ва санъатҳои нафиса дониши хубе ҳосил карда буд. Худи ҳамин муаллиф илова мекунад, ки Савдо бар замми ҳамаи ин дар фанни мусиқӣ ва адвор (як навъ нотанависии фанни мусиқӣ), дар наққошиву заргарӣ ва илми нуҷум низ донову ҳунарманд буд. Ҳашмат ва Садри Зиё илова намудаанд, ки Савдо дар хаттотӣ ҳам забардаст буд, танбўрро хеле хуб менавохт. Ва бешак яке аз фазилатҳои махсуси Савдо истеъдоди баланди шоирии вай буд. Ў ҳанўз аз солҳои таҳсили мадраса дар шеър шўҳрат пайдо карда буд, дар шеърҳои лирикӣ «Савдо», дар шеърҳои ҳаҷвию шўхиомезаш «Бепул» тахаллус мекард.

Мирзо Абдулазим Сомӣ дар маснавии «Миръотулхаёл» дар боби Савдо менависад, ки ў дар вақти аморати Насруллохон (1826—1860) дар дарбори амир ба тарроҳиву (кашидани тарҳу лоиҳаи иморатҳо) наққошӣ маъмур будааст:

Дар айёми султони волоҷаноб —
Амир Насрулло-баҳодурхитоб —
Ба тарроҳиву нақш маъмур буд,
Зи инъоми алтоф масрур буд.

Аз ин маълум мешавад, ки Савдо ҳанўз дар вақти ҳукмронии амир Насрулло ба хидмати дарбор кашида шуда будааст. Дар вақти амир Насрулло Савдо дар чӣ гуна вазъе буд, яъне амир шахсан ба ў чӣ муносибат ва муомила дошт ба мо маълум нест. Аммо тамоми тазкиранависон таъкид мекунанд, ки Савдо баъди амир Насрулло, дар вақти аморати Музаффар (1880—1885) аз надимон—ҳамсўҳбатони хоссаи амир будааст ва дар ҳамаи сафарҳои амир ў ҳампай ва ҳамроҳи волии худ мегаштааст. Шояд ин дуруст бошад. Аммо наздикии Савдо ба амир гумон аст, ки фақат баъди ба тахт нишастани Музаффар воқеъ гашта бошад. Ба назари мо, Музаффар Савдоро ҳанўз дар вақти зиндагии падараш мешинохт ва аз эҳтимол дур нест, ки Савдо солҳои дар Кармина будани Музаффар чанд вақт дар хидмати ў буда бошад.

Хидмати амир Музаффар ва мартабаи ҳамсўҳбати хоссаи ў будан барои Савдо хеле вазнин буд. Зеро амир Музаффар шахси айшпараст буд ва шабу рўзашро дар базму маҷлисҳои ишрату майхўрӣ мегузаронд. Дар ин сўҳбатҳо сухан ҳамеша аз фаҳшу қубҳ мерафт ва Савдо ҳам маҷбур буд, ки ба хотири амир шеърҳои «шўхиомезӣ» ба табъи амир мувофиқ гўяд. Ҳамаи ин мартабаи «надимии хоссаи амир»-ро ба назари вай аз зиндон ҳам бадтар карда буд.

Савдо ҳарчанд аз шоирони тавонои замони худ буд, аммо мнсли бисёр шоирони он давр ҳавсалаю ҳавас ва имконияти дар девон ё маҷмўае ҷамъ кардани шеърҳояшро надоштааст. Мероси манзуми Савдо, ки аз ғазалиёт, қасида, мухаммас ва рубоӣ иборат аст, дар баёзҳо, тазкираҳо маҷмўаҳои шахсии шоирони ҳамзамонаш сабт гардидааст. Хушбахтона, солҳои шастум маҷмўаи ашъори Савдо, ки ба дасти худаш ва чанде дўстонаш таҳия шудааст, ба даст омад, ки ин мероси манзуми Савдоро хеле мукаммал намуд. Ин дастхат ба* номи «Баёзи Савдо» маълум аст ва зери рақами 279 дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АФ РСС Ўзбекистон нигаҳдорӣ мешавад.

Ғайр аз ашъори лирикӣ аз Савдо чанд порча ҳикояҳои хурди ҳаҷвӣ боқӣ мондааст, ки имрўз ба номи «Музҳикот» (Музҳик-чизи хандаовар) машҳур аст.

Лирикаи Савдо

  Дар замони зиндагии Савдо ақидаҳои маорифпарварӣ ва ҷунбиши афкори сиёсиву иҷтимоӣ ҳанўз дар аморати Бухоро интишор наёфта буд. Он бедории фикрие, ки дар байни аҳли илму адаб пас аз охири солҳои ҳафтодум, махсусан баъди таълифи «На-водирулвақоеъ»-и Аҳмади Дониш ба вуҷуд омада буд, дар солҳои зиндагии Савдо вуҷуд надошт. Дигар ин ки риштаи зиндагии Савдо дар айни авҷу камолот гусиста шуд. Шоир акнун аз банди тақлиди сабки бедилӣ берун рафта дар роҳи ҷустуҷўҳои эҷодӣ қадамҳои ҷиддӣ мегузошт, аммо ин роҳро то охир тай накарда монд. Бо вуҷуди ин, лирикаи Савдо ҳам дар шакл ва ҳам дар мундариҷа як системаи муайян дошт ва дар эҷодиёти ў нақши як такомули мутаносиберо мушоҳида кардан мумкин аст.

Тамоми мероси манзуми Савдо аз ду қисм: лирикаи ишқӣ ва ашъори ҳаҷвию мутоиба иборат аст. Ибтидои эҷодиёти Савдо дар давраи «ҳукмронии сабки бедилӣ» рост омада буд. Аз ин сабаб, дар лирикаи ў назми «бедилпарастонаи» он давр мақом дорад. Таъсири назми «бедилӣ» дар тақлиди зоҳирӣ дар пайравии мазмунҳои сўфиёна ифода меёфт. Чунин оҳангҳои назми сўфиёна дар баъзе ғазалҳое, ки дар тақлид ё ба равияи ғазалиёти Ҳофиз навишта шудаанд (чунин ғазалҳо дар манзумоти Савдо кам нестанд) низ равшан дида мешавад.

Савдо дар ғазал ва манзумаҳои тақлидиаш баъзе фикрҳои танқидӣ ва тарғиби ахлоқи некро ифода намудааст. Ин фикрҳо Дар байтҳои алоҳидаи ғазалҳои бедилона ва ҳофизонаи ў дида мешавад. Чунончи: Савдо дар як ғазали «бедилонааш» чунин байтҳо дорад:

Ғайри ранҷурон зи кас аҳволи ранҷурон мапурс,
Захм донад чист ҳоли ҷисми лоғар теғро…
Донишат гар ҳаст асбоби тамаллуғ гӯ, мабош,
Зевараш лозим набошад, ҳаст гавҳар теғро…
Аз мувосоҳои софитинатон эмин мабош,
Фитнаҳо дар табъи ҳамвор аст музмар теғро.
Фитнаҷўёни замонро тарбият кардан хатост.
Чарх аз моҳи нав охир хўрд бар сар теғро.
Аз фусуни тарбиятҳои замон эмин мабош.
Рўй бар санг аст аз дасти фасонгар теғро…
Табъи Савдо пур зи истеҳсоли дунон тира аст,
Санги нохуш аз фасон созад муқаддар теғро.

Савдо, ки дар доираи дарбор бо табақаҳои синфи ҳукмрон ихтилот дошт, ахлоқи пасту разил ва беадолатии ҳукмронҳои замонашро санҷидаву дониста дар мазаммати «дунон, фитнаҳои софитинатон» ин байтҳоро навиштааст. Оҳангҳои яъсу навмедӣ ва шикоятҳое, ки дар бисёр ғазалиёт ва манзумаҳои ў дида мешавад, натиҷаи ҳамин мухити фоҷиаангез ва пурталотуми он давр, тасвири шароити вазнини шахсони фазилатпарвар ва доништалабе буд, ки дар доираи дарбор худро дар вазъияти ниҳоят тангу тоқатфарсо ҳис мекарданд. Дар ғазалиёти Савдо ифода ёфтани чунин оҳангу мазмуни навмедонаро аз ин сабаб танҳо изҳори шикваҳои шахсӣ пиндоштан норавост. Чунин оҳангҳои навмедона одатан дар ғазалҳои шоир бо эҳсоси ғаму андўҳ аз фироқи ёр ва ҷудоӣ аз васли дўсти маҳраму ҳамдам ифода ёфтааст:

Шоир менависад:

Эй дил, мазраи уммед баре дидӣ? Не.

В-аз ниҳоли амали худ самаре дидӣ? Не.

Умрҳо дар талаби ёр давидӣ, охир,

Ғайри ў ҳеҷ ба олам дигаре дидӣ?

Не. …Зоҳид, афсўс ки девона чаро бошам ман?

Ману андўҳ, ки з-ин бад батаре дидӣ? Не.

Савдо аз банди тақлиду пайравии назми гузаштагон берун рафта ба муқобили мавзўи диниву тасаввуфии адабиёти замонаш, ба муқобили ҷаҳолат ва таассуботи динӣ дар лирикааш оҳанги некбинона ва хушнудонае дохил намуд. Ин оҳанг дар лирикаи Савдо дар образи ринди бебоке, ки пеш аз ин ҳам дар адабиёти классикии мо дида мешуд, таҷассум ёфт. Ин образ дар шароити ҳукмфармоии ғояҳои динии реакционӣ як тарзи изҳори эътироз ва носозӣ бо муҳити вазнини давр ба шумор мерафт. Чунончи, шоир гуфтааст:

Зоҳид, чӣ диҳӣ маро ту пандо?

Чун панди ту нест судмандо.

Ман нўш гирифтам аз лабонаш,

Дигар чӣ кунӣ ҳадиси қандо? ..

Ишқидани мо ана ихтиёрист.

Моро накунед ришхандо.

…Тарзи дигаре биёр, Савдо,

Чун тарзи туро намехарандо.

Савдо дар ғазал ишқи ҳақиқии инсониро, ишқеро, ки ба кас роҳату қуввати рўҳӣ мебахшад, ишқе, ки ҳатто ҳиҷрони он низ барои қалби инсон лаззати бениҳоят дорад, тараннум мекард. Дар ғазалиёти ишқии шоир низ шахси ошиқ ба як лоқайдию бебокии шўхона, ба як эҳсоси зиндаву некбинонаи муҳаббат зоҳир мегардад. Савдо дар ғазалиёт як рўҳи фараҳбахши шўху ҳатто ҳазломезро дохил мекунад. Хондани чунин ашъори ошиқона, ҳатто агар дар он як вазъияти ногувори ҳиҷрони ёр тасвир шуда бошад ҳам, хеле фараҳафзо ва некбинонааст. Яке аз ин ғазалҳоро барои намуна меорем:

Дил гум шуда ман ба пеши раммол,
Рафтам, ки «барои ман бизан фол».
Оҳид, ки ин матоъ бурдаст
Маҳбубаки шўхи хурдакаксол».
Як зарра вафо бурун наомад.
Хоки ҳама бехтем ба ғирбол.
Саҳл аст, ки дар ҷафо бисабрам.
Хосияти сабр ҳаст исҳол.
Эй ҷони балокашида меоҳ.
В-эй қалби ситамрасида менол!
Акнун ту ба дасти ишқи ўӣ,
Монандаи мурда пеши ғассол.
Пас дар ҳама умри худ надидам.
Ороми тану фароғати бол.
Хубон чу ба мо баилтифотанд.
Моро чӣ зарурат аст ин ҳол?
Савдо, сари ишқбозият ҳаст,
Аввал ба каф ор маблағу мол.

Дар ғазалиёти Савдо тасвири зебоӣ бо ҳаёти воқеӣ марбут нест. Савдо дар тавсифи ҳусни ёр аз ташбеҳу истиораҳои классикӣ истифода мебарад, аммо предмети тасвиршаванда на рамзи ҳусни «муҷаррад», балки тасвири зебоии воқеӣ мебошад.

Савдо дар тарзи тасвири воқеию конкретӣ эҳсоси ишқу муҳаббат аз намояндагони пешқадами адабиёти нимаи аввали асри XIX (махсусан Мирзо Содиқ) кадаме ба пеш гузоштааст. Тарзи Савдо ҳам дар образҳои конкрет, ҳам дар кор фармудани мақолҳои халқӣ, ҳам дар кўшиши офаридани таркиботи нави калимаву ибораҳо, ҳам ба ғазалиёти ошиқона дохил намудани оҳангҳои шўхи ҳазломез зоҳир гаштааст.

Тамоюлоти ба воқеият наздик намудани эҳсоси ошиқона дар тағир додани сохту мундариҷаи ғазал низ дида мешавад. Савдо дар бисёр ғазалҳои лирикиаш ҳолату рўҳияи ошиқро тасвир мекунад ва аз ин сабаб чунин ғазалҳои ў мундариҷаи том низ доранд. Дар ин хел ғазалҳо байтҳо на фақат рўҳияи умумӣ, балки аз ҷиҳати тасвири образноки вазъияти маълуми ошиқ ба ҳам вобаста ҳастанд. Ғазали зеринро аз назар гузаронем:

Омадӣ, ҳарфи ниҳонӣ ба ту дорам, бинишин,
Дарди ҳиҷрон ба ту як-як бишуморам, бинишин.
Нафасе сабр намо, ин ҳама таъҷил макун.
Пеши ту қиссае аз хуни дил орам, бинишин.
Ҳама сармоя ба савдои ту додам, ҳайҳот.
Ним ҷон монда, он ҳам бисупорам, бинишин.
Хуштар аз ҷони ҷаҳон донамат, аммо чӣ кунам,
Мадади толеу иқбол надорам,  бинишин!
Омадӣ бар сару имрўз тараҳҳум кардӣ,
Рӯи худ бар кафи пои ту гузорам, бинишин!
Аз ғами турраи ошуфтаат ошуфта шудам,
Ҷамъ гардон ба мурувват дили зорам, бинишин!
Солҳо з-он нигаҳи масти ту будам махмур,
То зи сар дур шавад ранҷи хуморам, бинишин!
Ҳаст сармашқи дабистони дилам ёди хатат,
Рӯзу шаб нест ҷуз ин шева шиорам, бинишин!
Бармачин доман аз хоки ман, андеша макун,
Пок бар боди фано рафт ғуборам, бинишин!
Ҳар кас андўҳи дили хеш ба ёраш гўяд,
Дар ду олам набувад ғайри ту ёрам, бинишин.
Дил ба ҷуз васли ту бо ҳеҷ тасалло нашавад,
Нест дар ҳаҷри ту орому қарорам, бинишин.

 

Дар ин ғазал вазъияти муайяни висоли ёр ва саргузашти ҳиҷрони ошиқ ба тарзи реалӣ тасвир гардидааст.

Дар ғазалиёти шоир ҳарчанд майли ба талаботи зиндагӣ паздик намудани мавзўъ ва мундариҷаи шеър дида шавад ҳам, аммо мазмуну ғояҳои иҷтимоӣ дар лирикаи ў ҳанўз мавқеи намоён надошт. Баъзе оҳангҳои яъсу навмедӣ ва мазмунҳои танқидие, ки аз муҳити вазнин ва сохти зулмбунёди он давр дар лирикаи Савдо дида мешавад, ҳанўз мавзўи асосии лирикаи Савдо набуданд. Бо вуҷуди ҳамин эҷодиёти Савдо ба эътибори ҷиҳатҳои пешқадамонааш дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX мақоми махсусе дошт ва ба инкишофи минбаъдаи он, ба эҷодиёти шоиру нависандагони оянда бе таъсир намонд.

Ҳаҷвия ва мутоиботи Савдо

Дар мероси манзум ва мансури Савдо ҳаҷву мутоибот мавқеи махсус  дорад.  Шоир ҳатто дар ашъори ишқию лйрикии худ, ки ба тарзи «ҷиддӣ» навиштааст, гоҳе дар байтаҳои ҷудогона ягон зарофати бамавқеъ ё ягон мақолу зарбулмасали ҳазломези халқиро оварда, рўҳи лирикиашро шўхтар ва ширинтар мекунад.

Савдо дар ғазалҳои ҳазломез ва ҳаҷвиаш «Бепул» тахаллус мекард. Тахаллуси «Бепул» дар ғазалҳои ошиқонааш, ки ба оҳанги шўху дилангез навишта шудаанд, низ дида мешавад.

Осори манзум ва мансури ҳаҷвия ва мутоибавии Савдоро ба се қисм ҷудо кардан лозим аст: 1. Ашъори ҳазломез ва мутоиботе, ки ба тарзи шўхӣ ва зарофат навишта шудаанд: 2. Шеърҳое, ки ба равияи ашъори Абў Исҳоқи Атъима иншо шудаанд; 3. Ҳаҷвияҳое, ки дар он нуқсону иллатҳои иҷтимоии замон мазаммат шудаанд.

Савдо як силсила ғазалиёт ва манзумоте дорад, ки дар мавзӯъҳои лирики навишта шуда бошанд ҳам, ба зарофат ва му-тоибаи ширин, ба оҳанги ҳазломез ва базлагўӣ омезиш доранд. Шоир дар ин хел ашъораш ба ҷои таъсир ва санъатҳои анъанавии классикӣ аз ибора ва калимоти гуфтугўи халқ, аз мақолу зарбулмасалҳои омма хеле бамавқеъ ва бамаврид истифода мебарад. Дар ин ҷо симои ошиқ нағз тасаввур мешавад. Ин ошиқи содадили зудбовар аст, аммо азобу азияти ҳиҷрон ва дурии ёрро ба осониву хушнудӣ аз сар мегузаронд. Рўҳи шўхи ин ошиқ аз таънаҳои ҳазломез ва зарофатҳои ширини ў ҳамеша намудор шуда меистад.

Чунин ашъори лирикӣ дар назми он замон пеш аз Савдо набуд. Эҳтимоли қавӣ бар он аст, ки дар тағир додани мазмуну мавзўи ғазалиёт ин ҳам яке аз роҳҳои нави вазъкардаи Савдо мебошад Ин ба ҳаёт наздик кардани мазмуни лирикӣ буд. Дар ин ҷо эҳсоси ишқ қасдан на ба маҷозу кинояҳои «олами рўҳонӣ» балки ба воситаҳои бадеии «олами ҷисмонӣ» ифода ёфтааст.

Чунин тарзи мутоибаву зарофат дар лирика дар эҷодиёти Шоҳин ва Ҳайрат бо муваффақияти том идома ёфт.

Қисми дигари ҳазлиёт ва мутоиботи Савдо аз «ашъори атъима иборат аст. Ин ҳамон ғазалҳоянд, ки шоир ё дар васфи таомҳо гуфтааст, ё ба ҷои образҳои анъанавии ғазалиёти гузаштагон истилоҳоти таому таомпазиро истифода намудааст. Аксари чунин шеър ва ғазалҳои Савдо дар пайравии Абў Исҳоқи Шерозӣ навишта шудааст.

Дар эҷодиёти Савдо ба вуҷуд омадани чунин ашъор ғайр аз тақлиди зоҳирӣ сабабҳои дигар дошт ва худи ғазалҳои ӯ низ ба сабку услуб ва равияи адабиаш аз ашъори атъимаи Абӯ Исҳоқ тафовути зиёде дорад. Дар доираи дарбор ва маҳфилҳои адабии он мадҳу ситоиши хўроку таом, ки худи амир як ҳирси ғайриодамӣ ба он дошт, хеле тақдир карда мешуд ва аз эҳтимол дур нест, ки амиру муқаррабони вай ба шоирон навиштани чунин шеърҳоро супориш медоданд. Ба назари мо, Савдо аксари шеърҳои «атъимаи» худро бо супориши амир ё барои дилхушии ў навиштааст.

Бо завқу равияи назми дарборӣ ва ахлоқу одоби табақаи ашроф вобаста будани чунин шеърҳои Савдоро мо боз (аз он ҳукм карда метавонем, ки ў дар мақтаи яке аз чунин ғазалҳои худ байти мадеҳавие дар ҳаққи амир дорад:

Ба пеши шўрбо натвон зи ҷўши иштиҳо дам зад.
Ба ин даъво ба майли шўла равшан кард бурҳонро…
Ба ҳар ноқобиле сад қобили бахшанд ҳар рӯзе,
Ба софиҳои дил бояд дуоҳо кард султонро.

Савдо дар ашъори атъимаи худ ба киноя ва зарофати пўшида ахлоқу одоби доираи ҳукмрон ва аҳли дарборро ба истеҳзову ханда тасвир намудааст. Савдо, ки худ аз як зиндагии бечораҳолонае дошт, чунин ҳарисиву пурхўрӣ ва айшу ишратпарастиро бад медид ва дар яке аз шеърҳояш ҳирси хӯрдану маишат парастиданро сахт танқид кардааст:

Ҳарифонанд дар бозори имкон,
Ки хўрдан дўст медоранд аз ҷон.
Зи ҷинси хўрданӣ чизе ки ёбанд,
Ба рағбат мехўранд, илло пушаймон.
Ғаму савганд пеши пову ҳасрат,
Лагад бо чўбу нафрини фаровон.
Ҳар он чизе ки саг ҳаргиз нахўрдӣ,
Агар бигзоштандӣ бар сари хон.
Шикамхорон ба ҳар давре бихўранд,
На чандону на чандону на чандон.

Маълум мешавад, ки шоир дар чунин шеърҳои худ симои шикамхорон ва маишатпарастонро, ки боиси бадбахтии халқ гаштаанд масхара кардааст.

Қисми сеюми ғазлиёт ва мутоиботи Савдо шеърҳои ҳаҷвӣ ва танқидиест, ки рангу оҳанги иҷтимоӣ дорад. Ба ин қисмат осори мансури шоир низ дохил мешавад.

Яке аз мавзўъҳои асосие, ки дар ҳаҷву танқидҳои ашъори Савдо ба назар мерасад, мазаммати ҳирси молу сарват буд, ки боиси бисёр бадбахтиҳои иҷтимоӣ гардидааст. Шоир дар поёни як ғазале, ки дар мазаммати нодонӣ ва пулпарастии аҳли замонаш бахшида шудааст, чунин мегўяд:

Гарчи пулдорист дар олам маноти эътибор,
Ғам махўр аз бепулӣ, Бепул, ки дарё бепул аст

Дар он шеърҳое, ки Савдо ба ҳазлу шўхӣ аз мўҳтоҷиву қарздорӣ, муфлисию бенавоӣ шиква мекунад, муҳити фақиронаи замонаш, махсусан вазъи эҳтиёҷмандонаи аҳли илму донишро тасвир намудааст. Савдо дар як шеъраш менависад, ки аҳли сарват бояд ба ҳоли бенавоён ва мўҳтоҷон на бо тамасхуру истеҳзо, балки бо хайрхоҳиву некбинӣ муносибат кунанд:

Эй ки пул дорӣ, ба ҳоли бепулон тасхир макун,
Хотири ин бенавоёнро зи ғам абтар макўн.

Дар баъзе шеърҳое, ки Савдо дар шикояти бепулӣ ва мўҳтоҷӣ навиштааст, вазъи носозии моддии ў низ акс ёфтааст.

Шоир ҳирси ваҳшиёнаи табақаи ҳукмронро сахт мазаммат мекунад ва ба ин восита гўё фарёде аз ҳоли табоҳи аҳли меҳнат ба гўши ин ситамгарон расониданӣ мешавад. Савдо ин фикру ақидаҳои танқидиашро дар як мухаммасаш хеле равшан ва барҷаста ифода намудааст:

Эй даҳр тарабгоҳи хаёли ману моят,
Авҳоми бисоти тараб афтанд ба сароят.
Тўли амал андохта занҷир ба поят,
Афганда тўро ҳирси ту дар ҷоҳу балоят,
3-ин домгаҳ осон накунад, ҳарчи рибоят.
Ҳарчанд муҳити зару дар зар шуда бошӣ,
Бо рутбаи ҷоҳ аз ҳама бартар шуда бошӣ.
Бошад ки ба оина баробар шуда бошӣ,
Чун сурати худро нигарӣ, хар шуда бошӣ,
Расвои сиҳи хала бинй зи кафоят…

Танқиди таассуб ва одатҳои ҷаҳолатпарастонаи арбоби дин дар ҳаҷвияи Савдо, махсусан дар яке аз бобҳои музҳикоти мансури ў хеле хуб намоён мешавад. Савдо дар ин боб, ки ба унвони «Нағмаи чаҳорум. Достони «Бибӣ Панири Кайвонӣ ва Она Моҷони Ходим» навиштааст, ҳурофот, ҷаҳолат ва таассуботи диниро, ки дар байни занони он давр ҳукмрон буд ва ин урфу одати ваҳшиёна ба ҳукму аҳкоми шаръӣ аз тарафи уламои расмӣ дастгирӣ мешуд, ба ҳаҷви тунду тез ва зарофати ҳадафгир тасвир ва танқид кардааст: Рўзе дар маҷлисе, ки ҷамъе аз занони акобир ва аъён ҳозир буданд, келинбикаи баландҳиккаро зиён гирифт. Лаб мегазид ва дандон мехоид. Бибӣ Панири Кайвонӣ ба тарзи муомилашиносӣ ва қоидадонӣ… ба дастур дар кораш кард, муфид наяфтод. То Она Моҷони ходим пеш омада гуфт: «Эй, дугона, корро бебаёна бояд кард ва тадбирро мавқеъ бояд шинохт, то ки чора чун тир бар нишона ояд. Бибӣ Моҳрӯй, модаршўи ман, дасте дорад эм ва таҷрибае дорад қадам, касе ӯро биёрад, то аласе фармояд».

Чун ӯро оварданд, чӯбе гирифт ва латтаву дастмоли чарбӣ бар он печида, оташ дардода алиларо чодире дар сар андохта, дар ҷое нишонда, оташро дар гирди сараш чарх гардонда хондан оғоз кард, ки:

Алас, алас, алас, алас!

Кулли балолардан ҳалас.

Чўлларга бор, кўлларга бор!

Чанд бор бар ӯ дамид ва кафи обе бар рухсорааш пошид. Фурсате ҳанӯз нарафта, ки келинбика чашм кушода ба ҳол омад ва мутаранними ин мақол гардид:

Эй онаҷон, бар нафаси покат офарин,
Бар хиштаки эзори дусад чокат офарин!
Ҷўгизанони шаҳру мазангони бодия
Доранд бар фатонату идрокат офарин!
Бо ин ҳама наҳифию барҷоймондагӣ,
Бар дасти чусту бозуи чолокат офарин!

Дар ин ҳикоя Савдо беҳуда ҷамъияти занони аъёну ашрофро мавриди ҳаҷви худ қарор надодааст. Зеро ҷаҳолату таассуб маҳз аз миёни ҳамин гурўҳи бекорнишини ҷамъият сар мезад. Савдо ин занони ҷоҳилро ҳам дар образи Келинбикаи «баландҳиққа ва ҳам дар образи се нафар занони баландмақом тасвир намудааст. Келинбикаро Савдо ҳамчун як зани камақли «зиёндор» нишон медиҳад. Савдо аз забони ин зани «зиёндор» дар «мадҳи» кампири дуохон таронаи пуркинояе оварда, хонандаро ҳам ба риёкории занони ҷаҳолатпараст ва ҳам ба эътиқоди бардурўғи худи зани аъён бовар мекунонад.

Шоир дар ғазалиёти ба сабки бедилӣ иншокардааш дар пайравии услуби бадеии Бедил хеле маҳорат ва муваффақият доштааст. Дар ин роҳ вай аз бисёр шоирони «бедилтарош» муқаддам аст ва монанди Эсо-маҳдум аз пайравони беҳтарини услуби бедилӣ ба шумор мерафт.

Аммо вай бо ин роҳи душворписанди шеър нарафт. Вай дар роҳи чустуҷўи содатар ва ба фаҳму эҳсос наздиктар кардани шеър буд. Шояд аз ин сабаб бошад, ки шоир дар чанд ғазалаш ба шеъри Ҳофиз ва образҳою санъатҳои бадеии ў пайравӣ намудааст. Зеро ин равия дар назми он давр дар роҳи аз сабки душворфаҳми бедилӣ берун овардани шеър як иқдоми хубе буд.

Таъсири Бедил, Ҳофиз ва дигар шоирони гузашта дар ашъори Савдо баъдтар дида мешуд, аммо ин таъсир дигар на тақлид, балки ба тарзи эҷодкорона истифода намудани анъанаҳои назми классикӣ буд.

Дар мероси манзуми шоир бисёр ғазалҳое ҳастанд, ки на ба равияи Ҳофиз, на ба равияи Бедил ё ягон шоири дигар, балки ба як тарзи хоси худи Савдо суруда шудаанд. Ин сабки хосаи Савдо дар инкишофи назми он давр таъсири калони мусбат гузошт. Ин роҳ ҳиссиёти бузурги лирикиро — эҳсосоти ишқи инсониро — бо воситаҳои санъати баланди бадеӣ ба як содагии зебо адо кардан буд. Албатта шоир аз санъатхои анъанавии классикӣ берун нарафтааст, аммо ифодаи ин санъатҳо хеле равшан ва воқеӣ ҳастанд ва аз эҳсоси саршори ‘ишқи инсонӣ маншаъ гирифтаанд. Барои нишон додани сабку услуби чунин ғазалҳо як шеъри ўро бо каме ихтисорот дарҷ мекунем.

Меравам, гуфтию хун шуд дили зорам, — бинишин,

Бинишин, тоқати ҳаҷри ту надорам, — бинишин.

Хуштар аз ҷони азизӣ, на ки меҳмони азиз,

Доманат аз кафам осон нагузорам, бинишин.

Пештар н-омадаӣ, фикри рамидан дорӣ,

Шўхи оҳусифати барқшиорам, бинишин…

Шарҳи ғамномаи ҳиҷрони ту аз хуни ҷигар,

Чун ҳино бар кафи поят бинигорам, — бинишин.

Сояи лутф фигандӣ ба сарам меҳрсифат,

Бинишин, бар қадамат ҷон бисупорам, бинишин.

Ин ғазал, ки иборат аз 16 байт аст, ба ҳамин сабку услуб навишта шудааст. Аз байтҳои иқтибосшуда, агар байти чорумро, ки дар санъати истиора ва иғроқи пўшида навишта шудааст, истисно кунем, дигар ҳамаи байтҳо ҳатто аз такаллуфоти санъатҳои анъанавӣ ҳам холӣ аст. Дар ин ҷо як ҳиссиёт ва ҳаяҷони пурҷўши ошиқона ба суханҳои содда аммо таъсирангезе ифода ёфтааст.

Савдо ғайр аз он ки дар мазмунҳои лирикаи ошиқона як оҳанги шӯху мутоибаомезе дохил намудааст, мувофиқи ҳамин оҳанг дар забону иборат баъзе ихтироъкориҳо низ кардааст. Яке аз ин ихтироъкориҳое, ки махсус сабку услуби худи Савдо мебошад, аз исм феъл сохтанҳои ў мебошад. Ин ихтирооти Савдо бо мундариҷоти шеъри вай вобастагии қавие дошт. Чунин феълҳои исмӣ, ки гоҳ тамоман ғайри чашмдошт, аммо хеле бамавқеъ сохта мешуданд, оҳанги шўх ва зарофати ашъори  лирикии ўро тақвият медоданд, чунончӣ:

Маро аз ваъда сад бор, эй бути раъно, фиребидӣ,

Напурсидӣ ба дарди интизорам — «чун шикебидӣ?»

Ба доғи ҳаҷри ў сад соли дигар мешикебидам,

Агар як шаб висолашро қазо бо ман насибидӣ.

Ба поят сар ниҳодам, саҷда кардам, илтиҷоидам,

Нараҳмидӣ ба ҳолам, балки хашмидӣ, итобидӣ.

Бишавқидӣ дили ман, қумрийидӣ, андалебидӣ,

Ниёзи мову нози ёр бо ҳам сахт зебидӣ.

Қадам сарвидию рўят гулидӣ дар гулистонҳо,

Гаҳе мастона сўи кулбаи Савдо хиромидӣ.

Савдо дар баъзе шеърҳои ҳаҷвӣ ва мутоиботаш ба услуби ғазалиёти Бедил нақизаҳо ҳам кардааст. Чунин нақизаҳои (пародияҳои) Савдоро танқиди сабку услуби Бедил гуфтан мумкин нест. Дар сабку услуби бедилӣ образҳои рамзиву киноявӣ ниҳоят бисёр буданд ва Савдо дар ғазлиёт ва ҳаҷвиёти худ аз ин тарзи ифодаи сухан ба хубӣ истифода намудааст.

Умуман рамзу киноя воситаи асосии ҳаҷвиёт ва ғазлиёти Савдо мебошанд. Дар ашъори атъимаи ў, ки аз забони як нафар шикамхор мадҳу ситоиши хўроку шикампарварӣ оварда шудааст, ҳаҷви табақаи ашроф буд, ки маънии зиндагиро дар хўрдану лаззати шаҳватронӣ медиданд.

Сабку услуби насри ҳаҷвии Савдо

  Ягона осори мансуре, ки дар мансубияти он ба Савдо шакке нест, ҳамон мутоибот ва ҳазлиётест, ки Садри Зиё дар дафтари мусаввадаи худ ба номи Савдо сабт намудааст. Ин мутоибот таҳти унвони «Музҳикот» дар мунтахаботи Савдо ба тарзи интихоб дарҷ гардидааст. Ин асари Савдо аз панҷ қисм иборат аст, ки муаллиф ба онҳо «нағма» ном гузоштааст.

Аз ҷиҳати жанр «Музҳикот»-и Савдо ба жанрҳои пешинаи пандиву ахлоқӣ, инчунин ба рисолаҳои ҳаҷвие, ки ба қалами Убайди Зоконӣ навишта шудааст, монанд нест.

Савдо дар насри бадеӣ сабку услуби наве вазъ намуд, ки ба инкишофи минбаъдаи забони адабии тоҷик таъсири мусбат гузошт.

Роҳи нави Савдо дар сабки насри бадеӣ аз чӣ иборат буд? Ин пеш аз ҳама, аз такаллуфоти санъатҳои анъанавии иншои классикӣ дур рафтан ва ба фаҳми омма наздик намудани забони асари бадеӣ буд. Гуфтан мумкин аст, ки Савдо дар кўшишоти худ дар роҳи ба ҳаёт наздик намудани адабиёт дар забони насри бадеӣ бештар ба муваффақият ноил гардидааст.

Ӯ тарзи ифодаи табақаҳои гуногуни мардум, гуфтугӯи омиёна ва умуман таъбиру ибораҳои шинам ва ба фаҳм наздики халқро хеле бамаврид ва зиёдтар дар насри бадеӣ кор фармудааст.

Чунончи, дар нағмаи аввал, дар баёни пурсупоси мардуми Бухоро навиштааст: «Ибороти суоли ҳол аз ҳам: «Бачеко хуб сиҳат? Хуб ба офият? хуб тандуруст? хуб тоза? хуб масрур? калону хурд, молу ҷон, бачеко, набереко ва абереко?» … Агар мулоқоту пурсиш дар хонаи кадоме ба тарзи меҳмонӣ ва мизбонӣ вуқуъ ёфта бошад, мизбон баъд аз фароғи пурсиш гўяд: «Хуш омадан, ҳар қадам монданд, болои дида».

Савдо дар ин ҷо (ва дар бисёр ҷойҳои насри бадеӣ) аз такаллуфоти зиёдатии санъати саҷъ, ки дар замони ў ва пеш аз вай хеле расм буд ва фаҳмидани асарҳои бадеиро мушкил мекард, даст кашидааст. Баъзе мавридҳое, ки ў саҷъ кор фармудааст, бештар ҳаҷву танқиди шахсе ё воқеае мебошад. Дар ин ҷо ҳам вай бештар ба саҷъҳои классикӣ тақлиди ҳазломез (народия) кардааст, ки оҳанги ҳаҷвию танқидии асарашро пурқувват намудааст. Чунончи, дар ҳикояти ҳалвофурўш ва мулло мо ин намунаи хуби саҷъи ҳазломези ўро мебинем: «Аммо мисрае намехонд, ки каломоташ пўла нашуда бошад ва аркони авзонаш шўла. То ҳалвоӣ гоҳе лундае ҳалвое дар кори мулло кардӣ ва муллоро аз ин ҳавлои бедуд хушнуд сохтӣ. Мулло бо даҳони ширин ба ширинмақолй ба мадҳи зуҳурул ғайбаш низ пардохтӣ».

Дар ин порча санъти саҷъ танҳо барои пурқувват намудани оҳанги ҳаҷвии ҳикоя ва шўхтару ҳазломезтар тасвир намудани образи муллову ҳалвофурўш кор фармуда шудааст.

Дар наср, махсусан дар насри бадеӣ чунин роҳи соданависиро пеш гирифтан ва дар асарҳои худ ҷорӣ намудани ин роҳ ба инкишофи минбаъдаи насри бадеии тоҷик дар равияи соданигорӣ ва ба воқеият наздик намудани он таъсири намоён дошт.

Мазмуни реалии эҷодиёти Савдо ва кўшишоти ў дар роҳи ба ҳаёт ва воқеият наздик намудани адабиёт, сабку услуби тозаи соданигории ў ба шоирони минбаъдаи адабиёти нимаи дуввуми асри XIX таъсири зиёде расонд. Аз ин ҷост ки Савдо бо вуҷуди ҳаҷми нисбатан хурди мероси адабиаш дар ҳаёти адабии он давр мавқеи намоёне дорад.

Аз ғазалиёт

Он, ки ранге дораду буи хуше дорад, гул аст,
В-он, ки ў аз шавқи гул дар боғ нолад, булбул асг.
Пораи ноне ба пеши қонеон қурси маҳ аст,
Косаи обе ба чашми ташнагон ҷоми мул аст.
Он чӣ ранге дорад аз чашми ғизолон наргис аст,
В-он чӣ бўе медиҳад аз зулфи хубон, сунбул аст.
Хоҳ қонеъ бош дар дунёи дун, хоҳӣ ҳарис.
Нафсро то вақти реҳлат бар сари хон ғулғул аст.
Бонги чуғз андар сарои мо навои барбат аст,
Қар-қари лайлак ба боми мо садои булбул аст.
Он, ки дорад молу зар, асбобу сомоне ба даст,
Гарчи нодон аст, назди мардумон ақли кул аст.
Гарчи пулдорист дар олам маноти эътибор,
Ғам махўр аз бепулӣ, Бепул, ки дарё бепул аст.
***
Эй дил, аз мазраи уммед баре дидӣ?— Не.
В-аз ниҳоли амали худ самаре дидӣ?— Не.
Умрҳо дар талаби ёр давидӣ охир,
Ғайри ў-ҳеҷ ба олам дигаре дидӣ?— Не.
Дигар аз ман макун уммеди салоҳ, эй носеҳ,
Бар ман охир зи насиҳат асаре дидӣ?—Не.
Кош, пурсанд ҳарифон зи ману ман гўям,
Дар ҷаҳон ғайри муҳаббат ҳунаре дидӣ?— Не.
Зоҳид афсўс, ки девона чаро бошам ман?
Ману андўҳ, ки з-ин бад батаре дидӣ? — Не.
Шаҳна аст он ки харобот харобот кунад,
Дар харӣ хубтар аз шаҳна харе дидӣ? — Не.
Ҷуз ҳарими дари арбоби муҳаббат, Савдо,
Асари файзу каромат зи даре дидӣ? — Не.