Терминология

Терминология илмест, ки типология, пайдоиш (этимология), мазмун (моҳият) ва амалкарду истифода, ҳамгунсозӣ ва сохтани  лексикаи махсусро меомўзад. Ибтидои ин илм ба номи донишманди австрягӣ Ойген Вюстер ва терминологии маъруфи рус Дмитрий Семёнович  Лотте алоқаманд аст. Онҳо аввалин корҳои илмии худро солҳои 30-юми асри гузашта нашр карда буданд. Ҳоло ба коркард ва баррасии проблемаҳои назарияи терминология … Читать далееТерминология

Далелу рақам ва тафаккури мантиқӣ

Чунон ки аз таърифи услуби илмӣ маълум аст, фикр дар доираи ин услуб ба воситаи далелу рақам ва муҳокимаронии мантиқӣ ифода меёбад. Яъне дар услуби илмӣ маҳз ҳамин се таъбир асоси андешаро ташкил медиҳанд. Далел гуфта, вазъияти назариявӣ ё воқеиеро меноманд, ки бо ёрии он тезис ё андешаи асосӣ асосӣ асоснок мегардад. Далелҳое, ки як … Читать далееДалелу рақам ва тафаккури мантиқӣ

Зарбулмасалу мақолҳои англисӣ

Алмосро бо алмос мебуранд. Бадбахтӣ омўзгори хуб аст. Камбағал он нест, ки кам дорад, балки онест, ки орзуҳои бешумор дорад. Қашшоқ касест, ки дўст надорад. Бенавоён интихобро намедонанд. Агар орзую умед намебуд, дил кайҳо мекафид. Бе занбўр асал гирифта наметавонӣ, бе кор – пул. Ҷойи бехавф – мобайн. Аз чоҳи хушкшуда об кашидан бефоида аст. … Читать далееЗарбулмасалу мақолҳои англисӣ

Намунаи саволу масъалаҳои тест (қисми А)

СУБТЕСТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ Варианти 1 1. Дар кадом гурӯҳи калимаҳо ҳарфи ъ (аломати сакта) афтад, маънои дигар пайдо мекунад? А) аъзам, фаъол  В) шамъ, васеъ  С) эълон, таърих  D) раъд, суръат 2. Дар калимаҳое монанди «ангиштсанг», «баландқомат», «бистнафарӣ» ҳодисаи фонетикии афтидани овоз дар кадом ҳолат мушоҳида мешавад? А) ҷойивазкунии овозҳо   В) пайиҳам омадани ду-се ҳамсадо … Читать далееНамунаи саволу масъалаҳои тест (қисми А)

Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ — Ғазалҳо

Сарандозон ҳамеоӣ, нигорини ҷигархора?! Дилам бурдӣ, намедонам, чӣ овардӣ дигарбора?! Фиғон аз чашми маккорат, к-аз аввал буд ин корат, Ки пора-пора пеш оиву бирбоӣ дили пора. Барои моҳи бечунро кашидӣ ҷаври гардунро, Мусаллам гашт Маҷнунро, ки оқил нест инкора. Биёр он ҷоми пуроташ, ки то мо даркашемаш хуш, Ба ишқи рўи он маҳваш бурун аз … Читать далееМавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ — Ғазалҳо

Тоҷикон — Бобоҷон Ғафуров

МУҚАДДИМА Халқи тоҷик ба иттиҳоди бузурги миллатҳои сотсиалистӣ, ки Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистиро ташкил додаанд, дохил мешавад. Вай ҳамроҳи бародари калони худ – халқи кабири рус ва дигар халқҳои бародари мамлакатамон таҳти роҳбарии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ бо қадамҳои устувор ба сӯи коммунизм пеш меравад. Аз қадимулайём риштаҳои гусехтанашавандаи дӯстию ҳамкорӣ халқҳои Иттифоқи Советиро ба … Читать далееТоҷикон — Бобоҷон Ғафуров

Садриддин Айнӣ

(1878—1954) АЗ ТАЪРИХИ РЎЗГОР … Бояд гуфт, ки рўзгори воқеии С. Айнӣ баъд аз пирўзии Инқилоби халқии Бухоро (2.09.1920) то имрўз барои алоқамандони адабиёти бадеӣ чандон равшан нест. Он чи ба ин бахши сарнавишти ў сурат бастааст, дар муҳити сиёсии дигар навишта шудааст. Назар ба иқрори К. Айнӣ (фарзанди бузурги адиб) дар Инқилоби Бухоро мардум … Читать далееСадриддин Айнӣ

Зарбулмасалу мақолҳои амрикоӣ

Кореро, ки худат наметавонӣ, маслиҳат мадеҳ. Маслиҳати хуб дершавӣ надорад. Хашм бо аблаҳӣ сар мешавад ва бо дуо ба анҷом мерасад. Хашм бехудшавии кўтоҳ аст. Хўроки нав – иштиҳои тоза. Рўзе як себ хўрдан беҳ аз дидори табиб. Ҳавои бад атеистро дар як лаҳза ба Худо мегардонад. Ҳамраҳи бад занҷири шайтон аст. Рўзи бад ҳеҷ … Читать далееЗарбулмасалу мақолҳои амрикоӣ

Зарбулмасал

Зарбулмасал яке аз густурдатарин жанрҳои хурд дар фолклори халқҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Он жанрест, ки дар ҳамаи давру замонҳо, дар ҳар гуна контекстҳои иҷтимоӣ дар лафзу баёни мардум, дар эҷоди осори манзуму насрӣ, дар таълифи матолиби илмию оммавӣ ва иттилоотӣ корбурди назаррасу нишонрас дорад. Бузургон «Зарбулмасал дар сухан асал» гуфтаанд, ки бемуболиға аст ва … Читать далееЗарбулмасал

Китоб – раҳнамои беминнат

Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳар яки мо худро бе истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет тасаввур карда наметавонем, ҳамин тавр не? Пас, агар чунин бошад, чаро боре нишаста андеша намекунем, ки қабл аз интернет аз кадом манбаъҳо истифода мебурдем? Маҳз китоб буд, ки бидуни харҷи зиёдатӣ чун роҳнамои беминнат маънаван хизмат мекард ва ба камолрасии мо ҷавонон … Читать далееКитоб – раҳнамои беминнат

Илму дониш

Яке аз шартҳои асосии тарбия ва камолоти маънавии инсон омўхтани илму дониш мебошад. Вақте ки инсон аз донишҳои гуногуни замона баҳра мебардорад, дар навбати аввал худро мешиносад ва баъдан ба фалсафаи зиндагӣ ва арзишҳои фарҳанги башарӣ таваҷҷўҳ зоҳир менамояд. Ин талош минбаъд ба азму иродаи қавӣ ва созанда табдил мегардад, ки ҷомеаи мо ба чунин … Читать далееИлму дониш