Убайди Зоконӣ

Убайди Зоконӣ яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти форсу тоҷики асри XIV—дар масъалаи ҳаҷв ва танқиди бераҳмонаи сохти феодалии асри худ шўҳрати тамом ёфтааст ва бузургии ў низ, пеш аз ҳама, дар ҳамин аст.

Убайди Зоконӣ тақрибан дар соли 1270 дар деҳаи Зокони шаҳри қазвин (дар шимолии Эрон) ба дунё омадааст.

Ҳамон навъе ки аз рўи осори шоир маълум мегардад, номи ў Убайдуллоҳ буда, Убайд тахаллуси адабии ўст. Лақаби фахрӣ ва эҳтиромии муаллиф Низомиддин мебошад. Давраи ҷавонӣ ва таҳсилоти ибтидоии худро Убайд дар шаҳри қазвин мегузаронад. Ў баъди ба синни балоғат расидан ба сафари шаҳрҳои Эрону Ироқ мебарояд.

Убайди Зоконӣ як муддати муайян дар мансаби давлатӣ ва ё худ динӣ будааст ва пас, бо сабаби ба мо номаълум, аз он озод гардидааст. Шоир дар қитъае гуфтааст:

Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро
Хўрдае яз ҳар каноре омадӣ.
Дар висоқам нони хушку таррае
Дар миён будӣ, чу ёре омадӣ.
Tаҳ-гаҳе ҳам бода ҳозир мешудӣ,
Гар надиме ё нигоре омадӣ.
Нест дар дастам кунун аз хушку тар
3-он чи вақте дар каноре омадӣ.
Ғайри ман дар хонаам чизе намонд,
Ҳам намондӣ, гар ба коре омадӣ.

Убайд дар бисёр шеърҳои худ аз камбағаливу нодориаш шикваю нолаҳо мекунад, вале ба ин нигоҳ накарда, ў дар зиндагӣ як шахси қаноатпеша будааст, ки рубоии зер шоҳиди ҳол аст:

Эй дил, пас аз ин андўҳи беҳуда махўр
3-ин беш ғами будаву нобуда махўр
ҷон медеҳу додӣ тамаъуҳирс мадеҳ,
Ҳам мехўру нони миннатолуда махўр!

Убайди Зоконӣ пеш аз соли 1330 ҳамчун шоир ва нависанда ба камол расида, шўҳрати калон пайдо кардааст, ки инро муаррихи муосир ва ҳамшаҳри Убайди Зоконӣ Ҳамдуллоҳ Муставфӣ тасдиқ менамояд. Ин муаллиф дар асари худ «Таърихи гузида» (соли 1330) менависад, ки Убайд «ашъори хуб дорад ва расоили беназир».

Тақрибан дар соли 1327 Убайди Зокониро дар Бағдод мебинем. Шоир дар он ҷо ба хидмати хоҷа Алоуддин Муҳаммад ном вазири султон Абў Саиди Элхонӣ (1316—1335) дохил гардида, рисолаи «Наводируламсол»-и худро ба забони арабӣ ба ў мебахшад.

Дар Бағдод зиндагии Убайд хеле вазнин мегузаштааст. Ў вазъияти сахти зиндагиашро дар як шеъри машҳури худ хеле равшан инъикос менамояд:

Мардум ба айш хушдилу ман дар балои қарз,
Ҳар як ба кору бореву ман мубталои қарз.
Фарзи худову қарзи халоиқ ба гарданам,
Оё адои фарз кунам ё адои қарз?
Харҷам фузун зи ғояту қарзам бурун зи ҳад,
Фикр аз барои харҷ кунам ё барои қарз…
Дар шаҳр қарз дораму андар маҳалла қарз,
Дар кўча қарз дораму андар сарой қарз.
Аз субҳ то ба шом дар андеша мондаам,
То худ куҷо биёбам ногаҳ риҷои қарз…
Арзам чу обрўи гадоён ба бод рафт,
Азбаски хостам зи дари ҳар гадой қарз…

Тахмин кардан мумкин аст, ки Убайди Зоконӣ соли 1345 аз Ироқ ба Шероз омада, ба дарбори ҷамолиддин Абў Исҳоқи Инҷў (1341—1357) ворид мегардад.

Убайд бисёр қасидаҳои худро ба Абў Исҳоқи Инҷў ва вазири ў Рукнуддин Амидулмулк мебахшад. Соли 1350 ба номи Абў Исҳоқ достони «Ушшоқнома» таълиф мекунад.

Дар соли 1357 амир Муборизиддин Муҳаммади Музаффарӣ, ки ҳокими Язд буд, пас аз истилои Шероз Абў Исҳоқро ба қатл мерасонад. Баъди ин Убайди Зоконӣ маҷбуран Шерозро тарк карда меравад:

Рафтам аз хиттаи Шерозу ба ҷон дар хатарам,
Ваҳ, к-аз ин рафтани ночор, чӣ хунин ҷигарам.
Меравам дастзанон бар сару пой андар гил,
3-ин сафар то чӣ шавад ҳолу чӣ ояд ба сарам.
Гоҳ чун булбули шўрида дароям ба хурўш,
Гоҳ чун ғунчаи дилтанг гиребон бидарам.
Ман аз ин шаҳр агар баршиканам, даршиканам?
Ман аз ин кўй агар баргузарам, даргузарам.
Бехуду бедилу беёр бурун аз Шероз,
Меравам в-аз сари ҳасрат ба қафо менигарам.
Қуввати даст надорам чу инон мегирам,
Хабар аз пой надорам, ки замин месипарам..
Эй Убайд, ин сафаре нест, ки ман мехоҳам,
Мекашад даҳр ба занҷири қазову қадарам.

Убайд боз сафари Бағдодро пеш мегирад. Дар Ироқи Араб ва Озарбойҷон султон Увайси ҷалоирӣ (1356—1375) салтанат дошт. Убайд дар Бағдод бо шоири дарбор Салмони Соваҷӣ мулоқот кардааст. Дар хусуеи ин мулоқот ривоятест, ки мувофиқи он Салмони Соваҷӣ дар бораи Убайд қитъаи зеринро гуфта будааст:

Ҷаҳаннамию ҳиҷогў Убайди Зоконӣ,
Муқаррар аст ба бедавлативу бединӣ.
Агарчи нест зи Қазвину рустозодаст,
Валек мешавад андар ҳадис қазвинӣ.

Убайд баъди шунидани қитъаи мазкур даррав сафари Бағдодро пеш мегирад ва ҳангоми ба шаҳр расидан Салмонро дар канори дарёи Даҷла машғули айшу ишрат ва сўҳбат бо арбоби донишу фазилат пайдо карда, дохили маҷлиси ў мегардад.

Салмон дар васфи Даҷла мисраи

«Даҷларо имсол рафторе аҷаб мастона аст» гуфт ва аз аҳли маҷлис мисраи дуввуми онро хост. Убайд бадеҳатан гуфт:

«Пой дар занҷиру каф  бар лаб, магар девона  аст?»
Салмонро ин мисраъ хуш омад ва пурсид, ки аз куҷоӣ?

Гуфт:

Аз Қазвинам.

Салмон  аз вай пурсид, ки  номи  Салмон дар  Қазвин  маъруф  ва аз ашъораш чизе машҳур аст, ё на? Убайд гуфт:

Қитъае аз ашъори ў бисёр машҳур аст ва бихонд:

Ман хароботияму бодапараст,
Дар хароботи муғон ошиқу маст.
Мекашандам чу сабў дўш ба дўш,
Мебарандам чу қадаҳ даст ба даст.

Ва боз гуфт:

Агарчи Салмон марде фозил аст ва метавон ин қитъаро ба вай ниобат дод, аммо гумони ғолиби ман он аст, ки ин қитъа аз зани ў бошад.

Салмон аз лутфи сухани вай дарёфт, ки Убайд аст, мақдамашро ғанимат шумурд ва узри ҳиҷои вай бихост. Убайд ба дарбори султон Увайси ҷалоирӣ роҳ меёбад ва уро дар қасидаҳои худ мадҳу ситоиш менамоад. Убайд, бо вуҷуди ин, дар Бағдод худро ҳамчун ғариб ҳис мекунад. Аз аҳли дарбор касе ба қадри ¢ расида натавонист.

Убайд аз Бағдод ба Шероз бармегардад ва ба хидмати подшоҳи Форс ҷалолиддин Абулфаворис Шоҳ Шуҷои Музаффарӣ (1359—1384) дохил мегардад.

Дар солҳои 1365—66 Шоҳ Шуҷоъ дар ҷанг бо бародари худ Шоҳмаҳмуд шикаст хўрда, аз Шероз ба Кирмон меравад, Убайд низ ҳамроҳи ў буд. Танҳо дар охири соли 1366 Шоҳ Шуҷоъ дуюмбора ба Шероз соҳиб мегардад ва Убайд низ бояд бо мамдўҳи худ ба Шероз баргашта, шояд, охири умри худро дар oн шаҳр гузаранида бошад.

Убайди Зоконӣ дар зиндагӣ як шахси шўху ҳазлгўй ва зариф будааст. Дар ҳаққи вай чунин ривояте машҳур аст: шоир гўё, дар дами марг ба фарзандони худ васият намудаает, ки баъди маргаш аз фалон ҷой ганҷи ниҳонии ўро кушоянд ва он чи дар он нуҳуфта, сарф намоянд. Баьд аз он ки фарзандон падарашонро ба хок супурда, еари ганҷинаро мекушояяд, аз он ҷо фақат ин байтро меёбанду халос:

Худой донаду ман донаму ту ҳам донӣ,
Ки як фулус надорад Убайди Зоканӣ.

Шоир дар байни солҳои 13701371 аз дунё чашм мепўшад.

Мероси адабии Убайди Зоконӣ

Убайди Зоконӣ дар муддати фаъолияти эҷодии худ чи дар наср ва чи дар назм асар навиштааст.

Маъруфтарин асарҳои насрии муаллиф рисолаҳои «Ахлоқулашроф», «Дилкушо», «Сад панд» ва «Даҳ фасл» («Таърифот») мебашавд.

«Ахлоқулашроф» дар соли 1340 таълиф гардида, Убайд дар он чунин фазилатҳои ахлоқӣ ба мисли ҳикмат, шуҷоат, иффат, адолат, саховат, ҳилму вафо, ҳаё ва сидқ, раҳмат ва шафқатро мавриди баҳс қарор додааст. Рисолаи мазкур дораи ҳафт боб буда, ҳар як боб дар навбати худ ба ду қисм — «Мазҳаби мансух» ва «Мазҳаби мухтор» ҷудо мешавад. Дар қисми аввал муаллиф фикри ҳукамо ва гузаштагонро баён намуда, дар қисми дуюм фикру назарияи муосирини худро меоварад. «Ахлокулашроф» асарест дар танбеҳ ва танқиди ахлоқ ва одоби «бузургон» ва аъёну ашрофи замони муаллиф.

Рисолаи «Сад панд» соли 1349 навишта шуда, сад пандро дар бар мегирад. Як қатор пандҳои муаллиф ба таври кинояву маҷоз гуфта шудаанд.

  «Рисолаи таърифот» бештар ба «Даҳ фасл» машҳур буда, дорои даҳ фасл мебошад. Муаллиф дар ин асари худ як навъ услуби луғатбаёнкуниро пеш гирифтааст. Зоҳиран он ба луғати тафсирӣ шабоҳат дорад. Аммо Убайд на ин ки маънаи луғатро баён мекунад, балки дар замони муаллиф чи хусусият пайдо кардани онро шарҳ медиҳад, яъне маънои маҷозии калимаҳоро меоварад.

Убайд дар ин асари худ табақаи ҳоким, аъёну ашроф, рўҳониёну шайхон ва амсоли инҳоро дар зери танқиди сахт гирифтааст.

«Рисолаи дилкушо» маҷмўи ҳикояҳо буда, қисми аввали онро ҳикояҳои ба забони арабӣ навишташуда ташкил медиҳад. Қисми дуюми рисола аз ҳикояҳои форсӣ иборат буда, ҳаҷман аз чор се қисми асарро ташкил мадиҳад.

Ин асар маҳсули мушоҳидаҳои дуру дароз буда, муаллиф дар он ба соҳаҳои гуногуии ҳаёти замони худ дахл намудааст.

Мавзўи ҳикояҳои «Рисолаи дилкушо» аз танқиди вазъияти замон харобии аҳвол, бехонумонӣ ва гуруснагии мазлумон, танқиди подшоҳон, рўҳониён, бидъат ва хурофоти динӣ; масхара кардани аҳли дин, такаббури аъёну ашроф; танқиди зулму золимӣ, сахтии аҳволи аҳли илму адаб; танқиди тамаъкорӣ, назарфиребии қозиён, воизон; танқиди бахилӣ ва хасисӣ, соддагии қазвиниён, ҳозирҷавобии одамани оддиву камбағал ва монанади  инҳо иборат аст.

«Рисолаи дилкушо» маҷмўи ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва мазҳакавӣ буда, ҳаёт ва тарзи зинда.гонии табақаҳои васеи мардуми замони муаллифро инъикос мекунад.

Ғайр аз ин асарҳо дар соҳаи наср «Ришнама», «Мактуботи қаландарон», «Китаби наводируламсол» (ба забони арабӣ), «Мақомот» ва «Фолномаи буруҷ» низ ба қалами Убайд тааллуқ доранд.

Таълифоти Убайд дар соҳаи назм, пеш аз ҳама ғазал, қасида, таркиббаид, тарҷеъбанд, муқаттаот, рубоиёт мебошад, си девони ўро ташкил медиҳад.

Масъалаҳои иҷтимоии замона бештар дар қитъаҳои Убайд инъикос ёфтааяд.

Достони «Муш ва гурба» мазмунан нисбатан хурддорои 94 байт аст. Чор мисраи аввали асар бо як вазн ва мувофиқи тарзи қофиябандии достом навишта шуда, қисми боқимондаи он бо вазни дигар ва бо қофиябандии қасида мебошад.

Ҷанге, ки  дар ин достон байни мушону гурбаҳо тасвир карда шудааст ин ҷангу низои байни феодалони ҷудоганаи замони муаллиф мебошад.

Достани «Ушшоқнома»ро Убайд дар муддати ду ҳафта навишта, 5 сентябри соли 1350 онро ба анҷом мерасанад. Ин достони ишқӣ-лирикӣ аз 700 байт иборат мебошад.

«Ашъори ҳазлия ва тазминот», «Фолномаи вуҳуш ва туюр» низ ба қалами Убайд тааллуқ дорад. Боз як маснавии xурд ба  унвони «Меҳмонӣ кардани сангтарош худовандро аз садоқат» ба Убайди Зоконӣ нисбат дода мешавад.

Убайд як муаллифи нозукхаёл, тезбин, боидрок ва ҳассос буда, нуқсону камбудиҳои ҷамъияти замонашро сахт ва бераҳмона ҳаҷву танқид мекунад. Яъне ҳаҷви ў дар аксар мавридҳо характери иҷтимоӣ дар бар кардааст.

Маҷмўаи «Боғи дилкушо» чизҳои беҳтарини осори Убайдро дар бар мегирад. Дар ин маҷмўа мунтахаби ғазалиёт, қитъаот, рубоиёт, рисолаҳои «Дилкушо», «Сад панд» ва «Таърифот» аварда шудааст. Аз қасоиди Убайд танҳо ташбиби баъзеи онҳо интихоб гардида, достони «Муш ва Гурба» тақрибан ба шакли пурра омадааст.

Аз рисолаи «Ахлоқулашроф» бошад, якчанд ҳикоят аз боби панҷум интихоб шуд, ки дар онҳо муаллиф хасисии аъёну ашрофи замонашро ҳаҷв ва масхара мекунад.

Мачмўа, асосан, аз рўи «Куллиёт»-и Убайди Зоконӣ, ки соли 1340 шамсӣ 1962 милодӣ дар Теҳрон аз рўи нашри Аббос Иқбол чоп шудааст, тартиб дода шуд. Матни маҷмўаро бо дастхати куллиёти Убайд, ки дар соли 1405 китобат шуда, дар анҷинаи дастхатҳои шарқии АФ Тоҷикистон маҳфуз аст, муқоиса намудем. Аз нусхаи дастнавис дар маҷмўаи «Боғи дилкушо» баъзе шеърҳо низ дохил карда шуданд ва як қатор байтҳо дар назм ва ибораву ҷумлаҳои ҷудогона дар наср мувофиқи дастхат ислоҳ гардиданд.

Ҳангоми кор «Куллиёти мунтахаб»-и Убайди Зоконӣ, ки онро Холиқ Мирзозода соли 1963 ба нашр тайёр кардааст, низ мавриди истифода қарор гирифт.

М. БАҚОЕВ

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *