Убайди Зоконӣ — Рисолаи дилкушо қисми 3

Ҳикоят

  Шахсе меҳмонеро дар зери хона хобонид. Ними шаб садои хандаи вайро дар болохона шунид. Пурсид, ки дар он ҷо чӣ мекунӣ?
Гуфт:— Дар хоб ғалтидаам.
Гуфт:— Мардум аз боло ба поин ғалтанд, ту аз поин ба боло ғалтидӣ?
Гуфт:— Ман ҳам ба ҳамин механдам.

Ҳикоят

  Маҷди Ҳамгар 96 зане зиштрў дар сафар дошт. Рўзе дар маҷлис нишаста буд. Ғуломаш давон-давон биёмад, ки эй, хоҷа! Хотун ба хона фуруд омад!
Гуфт: —Кош, хона ба хотун фуруд омадӣ!

Ҳикоят

  Султон Маҳмуд дар зимистоне сахт; ба Талҳак гуфт, ки бо ин ҷомаи якло97 дар ин сармо чӣ мекунӣ, ки ман бо ин ҳама ҷома меларзам?
Гуфт: — Эй, подшоҳ! Ту низ монанди ман кун, то наларзӣ.
Гуфт: -Магар,ту чӣ кардаӣ?
Гуфт: -Ҳар чӣ ҷома доштам, ҳамаро дар бар кардаам.

Ҳикоят

  Вақте Мазидро саг газид. Гуфтанд: —Агар мехоҳӣ, дард сокин шавад, он сагро тарид98 бихўрон.

Гуфт: — Он гоҳ ҳеҷ саге дар ҷаҳон намонад, магар он ки бизияд ва маро бигазад.

Ҳикоят

  Шахсе тире ба мурғе андохт, хато кард. Рафиқаш гуфт: —Аҳсант! 10°

Тирандоз барошўфт, ки ба ман ришханд мекунӣ. Гуфт: —На. Мегўям аҳсант, аммо ба мурғ.

Ҳикоят

  Кафши Талхакро аз масҷид дуздида буданд ва ба даҳлези калисо андохта. Талҳак гуфт: —Субҳоналлоҳ, ман худам мусулмонам ва кафшам тарсост!

Ҳикоят

  Ду муғаннӣ бар сари оҳанге низоъ мекарданд. Ҳар як ба дигаре мегуфт: —Ту ба ман гўш деҳ!
Соҳиби хона аз низои эшон ба сутўҳ омад.101 Гуфт: —Эй, хоҷагон, ҳар ду ба ман гўш диҳед!

Ҳикоят

  Шахсе ғуломе ба идора мегирифт ба музди серии шикам ва исрор бад-он дошт, ки ғулом ҳам андаке мусомаҳа 105 кунад.
Ғулом гуфт: —Эй, хоҷа, рўзи душанба ва панҷшанбаро ҳам рўза медорам?

Ҳикоят

  Шахсе хона ба кироя гирифта буд. Чўбҳои сақфаш бисёр садо мекард. Ба худованди хона аз баҳри мураммати 106 он сухан бикушод. Посух 107 дод, ки чўбҳои сақф зикри худованд мекунанд.
Гуфт: — Нек аст, аммо метарсам ин зикри мунҷар 108 ба суҷуд 109 шавад.

Ҳикоят

  Воизе бар сари минбар мегуфт: —Ҳар гоҳ бандае маст мирад ва маст дафн шавад, маст сар аз гўр бароварад.
Хуросонӣ дар пои минбар буд, гуфт: — Ба худо, он шаробест, ки як шишаи он ба сад динор меарзад.

Ҳикоят

  Қазвинӣ дар ҳолати назъ по афтод. Васият кард, ки дар шаҳр карбоспораҳои кўҳнаи пўсида биталабанд ва кафани ў созанд. Гуфтанд: —Ғараз аз ин чист?
Гуфт: — То чун Мункар ва Накир ш биёянд, пиндоранд, ки ман мурдаи кўҳнаам, заҳмати ман надиҳанд.

Ҳикоят

  Хатибе бар сари минбар ба ҷои шамшер чўбдасте бар даст дошт. Пурсиданд, ки чаро шамшер барнагирифтӣ?
Гуфт: -Маро бо ин ҷамоат чӣ ҳоҷат ба шамшер аст. Агар хатое бикунанд, бо ин чўбдастӣ мағзашон барорам.

Ҳикоят

  Шахсе мост хўрда буд. Қадре ба ришаш чакида. Яке аз ў пурсид, -ки чӣ хўрдаӣ? Гуфт: -Кабўтарбача.
Гуфт: -Рост мегўӣ, ки зиблаш 112 бар дари бурҷ пайдост.

Ҳикоят

  Ҳаҷӣ дар қаҳтсолӣ гурусна ба деҳе расид. Шунид, ки раиси деҳ ранҷур аст. Он ҷо рафт. Гуфт: —Ман марди табибам.
Ӯро пеши раис бурданд. Иттифоқан дар хонаи эшон нон мепўхтанд. Гуфт: —Илоҷи ў он  аст, ки як ман равған ва  як ман  асал биёред.   Биёварданд. Дар коса кард ва ноне чанд гарм дар он ҷо шикаст. Як-як луқма бармедошт ва гирди сари бемор мегардонид ва бар даҳони худ мениҳод, то тамом бихўрд.
Гуфт: —Имрўз он қадар муолиҷат тамом бошад то фардо. Чун аз хона берун омад, раис дарҳол бимурд.
Ўро гуфтанд: —Ин чӣ муолиҷа буд, ки кардӣ?
Гуфт: —Ҳеҷ магў. Шаб агар ман он намехўрдам, пеш аз ў аз гуруснагӣ мемурдам.

Ҳикоят

  Хоҷа шайхеро ба меҳмонӣ бурд ва бар сари ниҳолӣ из нашонд. Диноре чанд дар зери ниҳолӣ буд. Шайх даст кард ва бидуздид. Хоҷа зар талаб мекард, наёфт.
Шайх гуфт: — Аз ҳозирон ба ҳар кас, ки гумон мебарӣ бигў, то аз ў талаб дорем.
Хоҷа гуфт: —Эй, шайх! Ман ба ҳозирон гумон мебарам ва ба ту яқин.

Ҳикоят

  Ҳакиме гуфт, ки ҳушёр дар миёни мастон монанди зинда дар миёни мурдагон аст. Аз нуқулашон 114 мехўрад ва бауқулашон 115 механдад.

Ҳикоят

Ҳарун И6 ба Баҳлул 117 гуфт: -Дўсттарини мардумон дар назди ту кист?
Гуфт: -Он, ки шикамамро сер созад.
Гуфт: — Ман сер месозам. Пас, маро дўст хоҳӣ дошт ё на?
Гуфт: -Дўстӣ нася намешавад,

Ҳикоят

  Абомашиди Шерозӣ гўсфанде бирён кард. Магар лоғар буд, касе намехарид. Нахост гандид П8. Чора он донист, ки ба дари хонаи ғассол рафт, гуфт:
—Метарсам,  ки ногоҳ аҷал  бирасад ва  кас  ғами ман нахўрад. Бирёне дар дўкон дорам, бистон ва чун маро фариза П8* бирасад, ғусл деҳ.
Ғассол шод шуд ва ҳолӣ бирён ғанимате донист, биситад ва бо аёл бихўрданд. Баъд аз ҳафтае Бомашид ғассолро бигирифт, ки ман ба Димишқ меравам, бо ман биё.
Гуфт: —Ин чӣ маънӣ дорад?
Гуфт: — Туро аз баҳри он ба иҷора гирифтаам, то маро ба ди-гаре эхтиёҷ наяфтад. Мискин баъд аз заҳмати бисёр баҳои бирён бидод ва аз дасти ў халос ёфт.

Ҳикоят

  Абўбакри Рубобӣ Хармағзии Ҷангиро ба хона бурд. Зимистон сахт буд. Шаб бихуфтанд. Хармағзиро аз сармо хоб намегирифт.
Гуфт: —Хоҷа Абўбакр, чизе бар ман андоз!
Бурёпорае дар хона доштанд, бар ў пўшонид. Замоне дигар бигзашт.
Гуфт: —Чизе бар ман андоз!
Нардбоне дар хона буд, он низ бар болои ў ниҳод. Замоне дигар гуфт: —Чизе бар ман пўшон!

Магар ҳамсоягон дар хонаи ў рахт шуста буданд, таште пуроб он ҷо ниҳода буд. Абўбакр он низ бар болои нардбон ниҳод. Хармағзӣ биҷунбид, порае об аз сари ташт биҷаст ва ба сўрохҳои бурё фурў рафт ва бад-ў расид. Бонг зад, эй: хоҷа Абўбакр! Лутф кун, лиҳофи 120 болоин аз ман бардор, ки ҳазор дона арақ кардам!

Ҳикоят

  Яке аз Талҳак пурсид,  ки кулангро чӣ гуна  кабоб  кунанд? Гуфт: — Аввал ту бигир.

Ҳикоят

Яке аспе аз дўсте ба орият хост. Гуфт: -Асп дорам, аммо сиёҳ аст.
Гуфт: -Магар аспи сиёҳро савор нашояд шуд?
Гуфт: — Чун нахоҳам дод, ҳамин қадар баҳона бас аст.

Ҳикоят

  Иброҳим ном девона дар Бағдод буд. Рўзе вазири халифа ўро ба даъват бурда буд. Иброҳим худро дар он хона андохт. Хилоф аз қурси ҷав ба дасти Иброҳим бияфтода, бихўрд. Замоне бигзашт. Гуфтанд: —Ёқуте се мисқолин 125 гум шудааст. Мардумро бараҳна карданд, наёфтанд. Иброҳим ва ҷамъе дигарро дар хона карданд. Гуфтанд: —Шумо ба ҳалқ фурў бурда бошед. Се рўз дар ин хона мебояд буд, то аз шумо ҷудо шавад.

Рўзи сеюм халифа аз зери он хона мегузашт. Иброҳим бонг зад, ки: эй, халифа! Ман дар ин хона қурси ҷаве хўрдам, се рўз аст, ки маҳбусам кардаанд, ки ёқуте се мисқолин бурдӣ. Ту, ки он ҳама неъматҳои алвон хўрдӣ ва ба зиён бурдӣ, бо ту чиҳо кунанд?!

Ҳикоят

  Наҳвӣ126 дар киштӣ буд. Маллоҳро 127 гуфт: -Ту илми наҳв хондаӣ?
Гуфт: -На.
Гуфт: -Зайяъта нисфи умрака 128. Рўзи дигар тундбоде баромад. Киштӣ ғарқ хост шуд. Маллоҳ ўро гуфт: -Ту илми шино омўхтаӣ?
Гуфт: —На.
Гуфт: —Лақад зайяъта тамоми умрака.129

Ҳикоят

  Шахсе аз (мавлоно Азудаддин пурсид, ки яхи Султо-ния130 сардтар аст ё яхи Абҳар? 131 Гуфт: —Суоли ту аз ҳар ду сардтар аст.

Ҳикоят

  Қазвинй пеши табиб рафт ва гуфт: -Мўи ришам дард мекунад. Пурсид, ки чӣ хўрдаӣ?
Гуфт: -Нону ях.
Гуфт:—Бирав, бимир, ки на дардат ба дарди одамӣ мемонад ва на хўрокат!

Ҳикоят

  Хоҷа Шамсуддини соҳибдевон паҳлавон Авазро ба Луристон 131*  мефиристод. Гуфт: —Чанд саги тозӣ 132  бо худ биёр.
Паҳлавон бирафт ва сагро фаромўш кард. Чун боз ба Табриз омад, саг ба ёдаш омад. Бигуфт, то саге чанд дар бозор бигрифтанд. Бо худ пеши хоҷа бурд.
Хоҷа гуфт: -Ман саги тозӣ хостам.
Гуфт: -Саги тозӣ чӣ гуна бошад?
Гуфт: —Саги тозиро гўш дароз бошад ва дум борик ва шикам лоғар.
Гуфт: —Ман дум ва гўш намедонам. Агар панҷ рўз ин сагон дар хонаи хоҷа бошанд, аз гуруснагии шикам чунон лоғар шаванд, ки аз ҳалқаи ангуштарӣ биҷаҳанд.

Ҳикоят

Соҳибдевон паҳлавон Авазро гуфт: —Якеро, ки ақле дошта бошад, ки ба ҷое фиристодан мехоҳам.
Гуфт:— Эй, хоҷа! Ҳар киро ақл буд, аз ин хона берун рафт.

Ҳикоят

Хоҷа Шамсуддини соҳибдевон паҳлавон Авазро гуфт: -Чун бошад. ки ҳазор динор ба ту бахшам?
Гуфт: -Хоҷа агар ақле дошта бошанд, чунин кунанд.

Ҳикоят

  Мардум аз илми ў таачдуб бинмуданд ва Абуали ҳайрат овард. Чaндон таваққуф кард, ки ў аз кор фориғ шуд. Пеш рафт ва гуфт: -Ту инҳо аз куч,о маълум кардй?
Гуфт: -Аз он ч,о ки туро низ шинохтам, ки ту Абўалий.
Гуфт: -Ин мушкилтар.
Чун илҳоҳ 139 кард, гуфт: —Он зан чун он қорура ба ман намуд, ғубор бар остинаш дидам, донистам, ки чуҳуд аст ва чомаҳош кўҳна буд, донистам, ки хидматгори касе бошад. Ва чун чуҳуд хидмати мусулмон накунад, донистам, ки ходимаи ин кас бошад. Ва пораи мост бар чомаи ў чакида дидам, донистам, ки дар он хонаи эшон мост хўрдаанд ва қадре низ ба бемор дода бошанд. Ва хонаҳои чуҳудон аз тарафи машриқ аст, донистам, ки хонаи ў низ он чо бошад.
Гуфт: -Инҳо мусаллам. Маро чун шинохти?
Гуфт: —Имрўз хабар расид, ки Абўалй аз Алоуддавла гурехтааст. Донистам, ки ин чо ояд ва донистам, ки хилоф аз ту касеро зеҳн бадин бозй нарасад, ки ман кардам.

Ҳикоят

  Қаландаре набз ба табиб дод. Пурсид, ки маро чӣ ранҷ аст? Гуфт: —Туро ранҷи гуруснагист.
Ва ўро ба ҳариса 141 меҳмон кард. Қаландар чун сер шуд, гуфт: —Дар лангари 142 мо даҳ ёри дигар ҳамин ранҷ доранд.

луғат

1           Муаббир — таъбиркунанда, баёнкунанда.

2           Пушк — саргини шутур.

3           Буронӣ — навъи  хўрокест,  ки  аз  бодинҷон  тайёр   мекардаанд.

4       Маҳдӣ — халифа  Убайдуллоҳ Маҳдӣ   (909—934),   асосгузори сулолаи фотимиҳо  (909—1171). Убайдуллоҳ яке аз ходимони давлатӣ буд.

5           Аъробӣ—араби саҳронишин.

6           Моҳазарӣ — мавҷуд ва ҳозирбуда.

7           Хавос — хизматгорон.

8       Сахт — дар ин ҷо ба маънои аз ҳад зиёд, аз ҳад бисёр.

9           Аламдор — байрақдор, байрақбардор.

10          Талҳак — қаҳрамони  адабиёти даҳонӣ,  ширинкор ва масхарабози султон Маҳмуди ғазнавӣ.

11          Хоразмшоҳ—Хоразмшоҳ  Такиш   ибн-ал-Арслон   (1172—1200) соли 1194 худро султон эълон   намуда,   дар соли 1198 тақрибан тамоми Осиёи Миёнаро соҳиб гардид.

12          Хусбидан — хобидан.

13          Муқаррар — такрор.

14          Дарозгўш — хар.

15          Маҳмуд — Султон  Маҳмуд  бинни  Сабуктегин  сеюмин намояндаи хонадони ғазнавиён буда, дар байни солҳои 998—1030 ҳукмронӣ намудааст ва маркази давлати ў шаҳри Ғазнини Афғонистон буд.

16          Бор—рўзи қабул, ба дарбори подшоҳ ҳозиршавӣ, калимаи «бор» ба ду маънӣ истифода карда шудааст.

17          Қалтабон—шахси беғайрат ва беҳаё, дайюс.

18          Хаcй — оқил, ҳушманд, доно, Шояд дар асл Cуҳо бошад, зеро навишти ин калимаҳо бо ҳуруфоти арабӣ бо ҳамдигар хеле наздик аст ва
дар баъзе ҳикояҳои арабии «Рисолаи Дилкушо» Cуҳо омадааст.Cуҳо—номи шахсест, ки ниҳоятдараҷа хуштабъ ва зариф буда, ба каҳрамони
адабиёти даҳонии арабу форс табдил ёфтааст.

19          Муздур — хизматгор.

20          Васла — порчаи  матоъ,  пайвастагӣ.

21          Бистад — гирифт.

22          Таррор — дузд, кисабур.

23          Туфайлӣ — шахсе, ки нохонда ба зиёфат равад.

24          Қазвинӣ — аҳли Қазвин. Қазвин  шаҳрест дар  шимолии  Эрон.

25          Малоҳида — ҷамъи мулҳид — бедин,  фосиқ.

26          Муаззин — азонгўянда,  бонги  намозгўянда.

27          Қум—шаҳрест дар Эрон, ки дар ҷануби Теҳрон воқеъ гардидааст.

28          Мубодала — дар ин ҷо ба маънии сўҳбат, мунозара.

29          Таваққўъ — умед, интизорӣ.

30          Кафал — қафо.

31          Вожгуна — чаппа.

32          Божгуна — мухаффафи вожгуна.

33          Сиёҳчарда — сиёҳранг.

34          Мидод — сиёҳии давот.

35          Фараӣ — ҷомаи бебанд ва аз пеш кушода, ки аз болои либос мепўшиданд.

36          Асҳоб— ёрон.

37          Ноиб — ҷонишин.

38          Субҳоналлоҳ— худо  пок   аст;  ии   ибораро    инчунин дармавриди тааҷҷуб истифода мебаранд.

39          Юнус — номи пойғамбарест, ки мувофиқи ривояти динӣ ўро моҳии калон фурў бурдааст.

40          Надим—мусоҳиб, ҳамсўҳбат.

41           Фасл пардохтан—ороиш додани сухан.

42          Музир — зараррасонанда, зарарнок.

43           Мазаррат—зарар.

44          Муболиғате тамом кард — аз ҳад зиёд гуфт.

45           Рахт — ҷома, либос.

46           Шўъбада — фиребгарӣ, найрангбозӣ.

47     Шанқаса —ҷангу ҷидол, ҷанҷол.

48          Тиркаш — тирдон.

49          Қирбон — камондон.

60       Батолат — бекорӣ, танбалӣ.

51           Тааллум — омўхтан.

52          Мурдарег — молу  асбобе, ки  аз мурда боқӣ  монда бошад, мерос; бефоида, беҳуда, ношоиста.

53           Мазаллат — хор шудан.

54          Идбор — бедавлатӣ, бадбахтӣ.

55          Нубувват — пайғамбарӣ.

56          Маъмун—Абдулло   Ҳорун   ар-рашид   Маъмун   ҳафтумин халифаи аббосӣ буда, дар байни солҳои 813—833 ҳукмронӣ намудааст.

57    Матбахӣ—ошпаз.

58      Матбах — ошхона.

69      Танаъум — ба нозу неъмат парварда шудан.

60         Cулоҳ — бофанда.

61          Ҳима — ҳезум.

62         Тавоф — гирди чизе гаштан.         ,

63         Рабудан — дуздидан.

64          Асасон — миршабон.

65           Худованд — соҳиб,  хўҷаин.

66           Махзан — хазина.

67           Иёдат — касалпурсӣ, беморбинӣ.

68          Заҳмат—дар ин ҷо ба маънои дард омадааст.     .

69          Хуросонӣ— аҳли  Хуросон.   Хуросон — шарқии  Эрон.    Дар асрҳои миёна ба Хуросон як қисми Осиёи Миёна ва Афғонистон ҳам дохил мешуд.

70      Қорура — шишаи пешоб, ки барои таъин намудани бемор, ба духтур диҳанд,

71          Бавл — пешоб.

72          Ман — воҳиди вазн. Дар ҳар вилояту шаҳр вазни ман гуногун мебошад ва як ман аз 2,9 то 13,8 кг.-ро ташкил медод.

73            Деҳқон—заминдори калон.

74          Исфаҳон—шаҳрест дар қисми марказии Эрон.

75             Эҳзор — ҳозир кардан, даъват намудан.

76          Нуввоб — ҷамъи ноиб — ҷонишинон.

77          Худо — соҳиб.

78          Мусаллам — бешак, бешубҳа, ҳақ асту рост, баҳснашаванда. .

79          Нишопур — номи шаҳрест дар шимолу шарқии Эрон,

80          Оқча (ақча) —дирам, пул.

81         Музтариб—изтироб, ҳаяҷон, ноором.

82          Кифоят — фоида,  манфаат, нафъ.

83          Хатиб — хонандаи хутба, хонандаи суханоне, ки дар ситоиши худо ва наъти пайғамбар ва насиҳати халқ бошанд.

84          Басту — кўза.

85          Қазия — кор, матлуб.

86          Мусаccал-—мўҳр кардашуда.

87           Бағдод — пойтахти давлати Ироқ.

88          Гева — навъе аз пойафзоли намадӣ.

89          Талқин — он   чи   пас   аз   дафн   кардани   мурда аз масъалаҳои динӣ дар сари гўри ў мегуфтанд.

90          Асасӣ — миршабӣ, вазифаи миршаб.

91      Замонат—зомин, кафил.

92          Астар — хачир.

.93     Эҳмол варзидан — суст, намудан.

94          Меҳтар — саис.

95          Гаронгўш—вазнингўш, кар.

96          Маcди Ҳамгар — шоири  асри XIII форсу тоcик, ки дар соли 1287 вафот кардааст.

97          Якло — беастар, тунук.

98          Тарид — нони дар шир ва ё шўрбо резакардашуда.

99          Сураи фотиҳа — фасли аввали қуръон.

100          Аҳсант — таҳсин, офарин.

101         Ба сутўҳ омадан — малўл ва оҷиз шудан.
102       Оёт ва адъия —ҷамъи оят ва дуо.

103         Мудовот—даво ва дармон, табобат.

104         Анзарут — ширеши устухон.

105          Мусомаҳа — бепарвоӣ, фориғболӣ.

106          Мураммат — таъмир.

107          Посух — ҷавоб.

108     Мунcар — кашидашаванда.     Зикри   мунcар—садо   баровардани чўбҳо.

109          Суҷуд — ҷамъи саҷда;   ин   ҷо ишора ба   замин   афтодани чўбҳои сақф мебошад.

110         Назъ — ҷон кандан, фавтидан, мурдан.

111         Мункар ва Накир — мувофиқи ривояти дини ислом ин ду фариштаанд, ки дар  вақти дафн кардани мурда онҳо ҳозир шуда,  шахсро  азкорҳои кардааш пурсупос мекардаанд.

112  Зибл — саргин, пасафганда.

113        Ниҳол,—болишт, бистар.

114        Нуқул—ҷамъи нуқл, он чи, ки баъд аз шароб аз қисми турушӣ, намакин, кабоб ва монанди инҳо мехўранд.

115        Уқул — ҷамъи ақл.

116        Ҳарун—Ҳорун — Ҳорун ар-Рашид — халифаи панҷуми аббосӣ буда, соли 786 ба хилофат нишастааст. Соли 807 дар вақти сафар ба Хуросон дар шаҳри Тўс вафот мекунад.

117        Баҳлул — дар  асл  Буҳлул — номи  писари   Умари Куфӣ. Баҳлул аз ҳамзамонони Ҳорун ар-Рашид буда, дар зарофат ва ҳозирҷавобӣ машҳур гардида буд. Ў баъзан худро қасдан ба девонагӣ меандохт.

118        Гандидан — бадбў шудан.

П8*  Фариза — он чи бар инсон фарз ва воҷиб шуда бошад; дар ин ҷо ба маънои марг, аҷал.

119         Ташт — тос, тағора.

120         Лиҳоф — кўрпа.

121         Мемонд — монанд буд.

122         Сақт — мурдани чорпо.

123         Орият—муваққатӣ.

124         Қурси ҷав — нони ҷавин.

125         Мисқол — воҳиди ченак, ки тақрибан 5 гр. бошад ва маҷозан ба маънои хеле кам, андак.

126         Наҳвӣ — мутахассиси синтаксис.

127         Маллоҳ — аскари баҳрӣ, матрос.

128         Зайяъта нисфи умрака—нисфи умрат зоеъ рафтааст.

129          Лақад зайяъта тамоми умрака—тамоми умрат зоеъ шудааст.

130     Султония — шаҳрест дар шимоли ғарбии Эрон.

131         Абҳар — шаҳрест  дар   Эрон  дар   мобайни  Қазвин  ва  Занҷон.

131         * Луристон — вилоятест дар cанубн ғарбии Эрон.

132         Тозӣ арабӣ.

133         Абуали  Сино — олим.  донишманд,  табиб  ва  файласуфи машҳури тоҷик аст, ки дар байни солҳои 980—1037 зиндагӣ кардааст.

134          Алоуддавла — дар  солҳои   1007—1041    ҳокими   Исфаҳон буд, ки солҳои охири зиндагонии худро Абўалӣ Сино дар дарбори ин ҳоким гузаронидааст.

135         Ҳамадон — шаҳрест дар шимоли ғарбии Эрон.
136      Шатт — номи дарё дар Ироқи Араб.

137         Адвия — ҷамъи даво — доруҳо.

138         Тафарруc — сайру тамошо, хушҳолӣ, вақтгузаронӣ.

139         Илҳоҳ — дархостан, зорӣ кардан, илтиҷо намудан.

140         Рустоӣ — деҳотӣ, қишлоқӣ.

141         Ҳариса — як навъи хўрок аст, ки аз гандуми кўфта, гўшт ва равған тайёр мекардаанд.

142         Лангар — хонақоҳ, бошишгоҳи дарвешон.

143         Соҳир—сеҳргар, ҷодугар, афсунгар.

144         Суол кардан—чизе  хоҳиш  кардан,  илтимос  намудан, талабидан.

145         Васоё — васиятҳо.

146         Наам — бале, оре.

147         Ло — не.

148         Ҳазар — ҳузур, ҳозир, акси сафар.

149         Изғос ва аҳлом — хобҳои парешон.