Убайди Зоконӣ — Рисолаи дилкушо қисми 2

Ҳикоят

Шайтонро пурсиданд, ки кадом тоифаро дўст дорй? Гуфт: — Даллолонро.
Гуфтанд: — Чаро?
Гуфт: —Аз баҳри он ки ман ба сухани дурўғ аз эшон хурсанд будам. Эшон савганди дурўғ низ бад-он афзуданд.

Ҳикоят

Ҷанозаеро ба роҳе мебурданд. Дарвеше бо писар бар сари роҳ истода буданд. Писар аз падар пурсид, ки бобо дар ин ҷо чист?
Гуфт:-Одамӣ.
Гуфт:-Куҷояш мебаранд?
Гуфт:—Ба ҷое,  ки  на  хўрданӣ  бошад ва  на  пўшиданӣ,  на нон ва на об ва на ҳезум, на оташ, на зар, на сим, на бурё, на гилем.
Гуфт:—Бобо, магар, ба хонаи мо мебарандаш?

Ҳикоят

Аъробиро пеши халифа  бурданд. Ўро дид бар тахт нишаста ва дигарон дар зер истода.
Гуфт:-Ассалому алайк, ё оллоҳ!
Гуфт: — Ман оллоҳ нестам!
Гуфт: — Ё Ҷабраил!
Гуфт: — Ман Ҷабраил нестам.
Гуфт:—Оллоҳ нестӣ, Ҷабраил нестӣ, пас чаро бар он боло рафта, танҳо нишастаӣ? Ту низ дар зер ой ва дар миёни мардумон биншин!

Ҳикоят

  Рустоӣ  модагове дошт ва модахаре бо курра. Хар бимурд. Шири гов ба курраи хар медоданд ва эшонро шири дигар набуд ва рустоӣ малул шуд, гуфт:—Худоё, ту ин харкураро марге бидеҳ, то  аёлони ман шири гов бихўранд. Рўзи дигар дар пойгоҳ рафт, говро дид мурда. Мардакро дуд аз сар бадар рафт, гуфт: —Худоё, ман харро гуфтам, ту говро аз хар боз намешиносӣ?!

Ҳикоят

  Дарвеше ба дари деҳе расид. Ҷамъе кадхудоёнро дид, он ҷо нишаста. Гуфт:  — Маро чизе бидиҳед вагарна, ба худо, бо ин деҳа ҳамон кунам, ки бо он деҳаи дигар кардам.  Эшон битарсиданд. гуфтанд: —Мабодо, ки соҳире, ё валие бошад, ки аз ў харобӣ ба деҳаи мо расад.  Он чи хост, бидоданд. Баъд аз он пурсиданд, ки бо он деҳа чӣ кардӣ? Гуфт:  — Он ҷо суоле кардам, чизе надоданд. Ба ин ҷо омадам. Агар шумо низ чизе намедодед, ин деҳаро низ раҳо мекардам ва ба деҳе дигар мерафтам.

Ҳикоят

  Шахсе бо муаббире 1 гуфт: «Дар хоб дидам, ки аз пушки2 шутур бурон, 3 месозам. Таъбири он ч, бошад?»
Муаббир гуфт: «Ду танга бидеҳ, то таъбири он бигўям».
Гуфт: «Агар  ду танга доштаме, худ ба  бодинҷон додаме ва бӯраке, сохтаме, то аз пишк шутур насохтаме».

Ҳикоят

 Маҳдӣ— халифа дар шикор аз лашкар ҷудо монд. Шаб ба хонаи аъробӣ 5 расид. Таоми моҳазарӣ6 ва кўзаи шароб пеш овард. Чун косае бихўрданд, Маҳдӣ гуфт: «Ман яке аз хавоси7 Маҳдиям», Косаи дуввум бихўрданд, гуфт: «Яке аз умарои Маҳдиям». Косаи сеюм бихўрданд, гуфт: «Ман Маҳдиям».  Аъроб, кўзаро бардошт ва гуфт: «Косаи аввал хўрдӣ, даъвои хидматгорӣ кардӣ, дуввум даъвои аморат кардӣ, сеюм даъвои хилофат кардӣ. Агар косаи дигаре бихўрӣ, ҳар оина даъвои худоӣ кунӣ».  Рўзи дигар чун лашкар бар ў ҷамъ шуданд, аъробӣ аз тарс бигурехт. Маҳдӣ фармуд, ки ҳозираш карданд. Заре чандаш бидод…

Ҳикоят

  Шахсе ба мазоре расид. Гўре сахт8 дароз дид. Пурсид: — Ин гўри кист?
Гуфтанд: — Аз они аламбардори расул аст.
Гуфт: -Магар бо аламаш гӯр кардаанд?

Ҳикоят

  Талҳак дарозгўше чанд дошт. Рўзе султон Маҳмуд15 гуфт: «дарозгўшони ўро ба улоғ гиранд, то худ чӣ хоҳад гуфтан?» Бигрифтанд. Ў сахт биранҷид. Пеши султон омад, то шикоят кунад. Султон фармуд, ки ўро роҳ надиҳанд. Чун роҳ наёфт, дар зери даричае рафт, ки султон нишаста буд ва фарёд кард. Султон гуфт: «Ўро бигўед, ки имрўз бор 16 нест». Бигуфтанд.
Гуфт: «Қалтабонеро,17 ки бор набошад, хари мардум ба куҷо бурд, ки бигирад?!»

Ҳикоят

  Ҳаҷӣ 18 дар кўдакӣ чанд рўз муздури 19 хайёте буд. Рўзе устодаш косаи асал ба дўкон овард ва бинҳод. Хост, ки ба коре равад.
Ба ҳаcӣ гуфт:— Дар ин коса заҳр аст, зинҳор то нахўрӣ,  ки дарҳол ҳалок шавӣ.
Гуфт:— Маро бо он коса чӣ кор аст?  Чун устодаш бирафт, Ҳаҷӣ бархост ва васлаи20 ҷома ба нонво дод ва нон бистад21 ва бо он асал тамом бихўрд. Чун устод боз омад ва васла металабид ва намеёфт.
Ҳаҷӣ гуфт: — Маро мазан, то рост бигўям. Ҳол он ки ман ғофил шудам, таррор22 васла бирабуд. Ман тарсидам, ки ту биёӣ ва маро бизанӣ.
Гуфтам заҳр бихўрам, то ту оӣ, ман мурда бошам. Оy заҳр, ки дар коса буд, тамом бихўрдам ва ҳанўз зиндаам.Боқӣ ту медонӣ.

Ҳикоят

  Султон Маҳмуд рӯзе дар ғазаб буд.Талҳак хост, ки ӯро аз он малолат берун орад. Гуфт:—Эй, султон! Номи падарат чӣ буд?
Султон  биранҷид,  рўй бигардонид.  Талҳак боз баробар рафт ва ҳамчунин савол кард. Султон гуфт:—Мардаки қалтабони саг, ту бо он чӣ кор дорӣ? Гуфт: —Номи падарат маълум шуд, номи падари падарат чун буд? Султон бихандид.

Ҳикоят

  Мавлоно Саъдуддини Кирмоyӣ сахт сиёҳҷарда 33 буд. Шабе маст дар ҳуҷра рафт. Шишаи мидод34 аз девор овехта буд. Дўш бар он зад, бишкаст. Фаранҷии 35 сапед дошт, пушташ сиёҳ шуд. Субҳ фаранҷиро пўшида ва он сиёҳӣ надид ва ба даргоҳи Мавлоно Қутбиддини Шерозӣ рафт. Асҳоб 36 ўро ба назар оварданд.
Яке гуфт: Ин чӣ расвоӣ?
Дигаре гуфт: Ин расвоӣ нест, арақи мавлоно аст.

Ҳикоят

  Хоҷае бадшакл ноибе37 бадшаклтар аз худ дошт. Рўзе оинадоре оина ба дасти ноиб дод. Он ҷо нигоҳ кард. Гуфт: —Субҳоналлоҳ!38  Басе тақсир дар офариниши мо рафтааст. Хоҷа гуфт: —Лафзи ҷамъ магўй! Бигўй: дар офариниши ман рафтааст!
Ноиб оина пеш дошт. Гуфт: —Хоҷа, агар бовар намекунӣ, ту низ дар оина нигоҳ кун!

Ҳикоят

  Падари Ҳаҷӣ се моҳии бирён ба хона бурд. Ҳаҷӣ дар хона набуд. Модараш гуфт: — Инро бихўрем, пеш аз он ки Ҳаҷӣ биёяд.  Суфра биниҳоданд. Ҳаҷӣ биёмад, даст ба дар зад. Модараш ду моҳии бузург дар зери тахт пинҳон кард ва яке кўчак дар миён овард. Ҳаҷӣ аз шикофи дар дида буд. Чун биншастанд, падараш аз Ҳаҷӣ пурсид, ки ҳикояти Юнус 39-пайғамбар шунидаӣ?
Гуфт: —Аз ин моҳӣ пурсем, то бигўяд.
Сар пеши моҳӣ бурда ва гўш бар даҳони моҳӣ ниҳод. Гуфт:—Ин моҳӣ мегўяд, ки ман он замон кўчак будам. Инак ду моҳии дигар аз ман бузургтар дар зери тахтанд, аз эшон бипурс, то бигўянд.

Ҳикоят

  Султон Маҳмудро дар ҳолати гуруснагӣ бодинҷонбуронӣ пеш оварданд, хушаш омад. Гуфт: —Бодинҷон таомест хуш.  Надиме40 дар мадҳи бодинҷон фасле пардохт.41 Чун сер шуд, гуфт: —Бодинҷон сахт музир42 чизест.   Надим боз дар мазаррати43 бодинҷон муболиғате тамом кард.44 Султон гуфт:—Эй, мардак! Он замон мадҳаш мегуфтй?!
Гуфт:—Ман надими туам, на надими бодинҷон. Маро чизе мебояд гуфт, ки туро хуш ояд на бодинҷонро.

Ҳикоят

  Хуросониро падар дар чоҳ афтод ва бимурд. Ў бо ҷамъе шароб мехўрд. Яке он ҷо рафт, гуфт: —Падарат дар чоҳ афтодааст. Ўро дил намедод, ки тарки маҷлис кунад, гуфт: —Боке нест, мардон ҳар ҷо афтанд.
Гуфтанд: — Мурдааст.
Гуфт: Валлоҳ, шери нар ҳам бимирад.
Гуфтанд: — Биё, то баркашемаш!
Гуфт: -Нокашида панҷоҳ ман бошад.
Гуфтанд: — Биё, то бар хокаш кунем.
Гуфт: —Эҳтиёҷ ба ман нест. Агар зарри тиллост, ман бо шумо розиям ва бар шумо эътимоди 54куллӣ дорам. Биравед дар хокаш кунед!

Ҳикоят

  Шахсе даъвии нубувват55 кард. Ўро пеши Маъмунхалифа56 бурданд. Маъмун гуфт: —Инро аз гуруснагӣ димоғ хушк шудааст.
Матбахиро 57 бихонд. Фармуд, ки ин мардро дар матбах бубар ва ҷомахобе нармаш бисоз ва ҳар рўз шарбатҳои муат-тар ва таомҳои хуш медеҳ, то димоғаш бо қарор ояд. Мардак муддате бар ин танаъум 59 дар матбах бимонд. Димоғаш бо қарор омад. Рўзе Маъмунро аз ў ёд омад. Бифармуд, то ўро ҳозир карданд. Пурсид, ки ҳамчунон Ҷабраил пеши ту меояд?
Гуфт: —Оре!
Гуфт: — Чӣ мегўяд?
Гуфт: —Мегўяд, ки ҷои нек ба дасти ту афтодааст. Ҳаргиз ҳеҷ пайғамбареро ин неъмат ва осоиш даст надод. Зинҳор, то аз ин ҷо берун наравӣ.

Ҳикоят

  Қазвинӣ хар гум карда буд. Гирди шаҳр мегашт ва шукр мегуфт. Гуфтанд: — Шукр чаро мекунӣ?
Гуфт: — Аз баҳри он ки ман бар хар нанишаста будам, вагарна ман низ имрўз чаҳор рўз будӣ, ки гум шуда будаме.

Ҳикоят

  Дарвеше ба дари хонае расид. Пораи ноне бихост. Духтараке дар хона буд.
Гуфт: -Нест.
Гуфт: -Чўбе, ҳимае?61
Гуфт: -Нест!
Гуфт: —Пораи намак?
Гуфт: -Нест!
Гуфт: -Кўзаи об?
Гуфт: —Нест!
Гуфт: -Модарат куҷост?
Гуфт: —Ба таъзияти хешовандон рафтааст.
Гуфт: —Чунин ки ман ҳоли хонаи шумо мебинам, даҳ хешованди дигар мебояд, ки ба таъзияти шумо оянд.

Ҳикоят

  Шахсеро дар понздаҳуми рамазон бигрифтанд, ки ту рўза хўрдаӣ. Гуфт:- Аз рамазон чанд рўз гузаштааст?
Гуфтанд: -Понздаҳ рўз.
Гуфт: -Чанд рўз мондааст?
Гуфтанд: -Понздаҳ рўз.
Гуфт: -Мани мискин аз ин миён чӣ хӯрда бошам?

Ҳикоят

   Хуросонӣ 69 пеши табибе рафт ва гуфт:   —Занам ранҷур аст. Чӣ бояд кард?
Гуфт: -Фардо қорура 70биёр, то бубинам ва бигўям. Иттифоқан хуросонӣ худ низ он рўз ранҷур шуд. Рўзи дигар қорура пеши табиб овард ва ресмоне дар миёни қорура баста буд.
Табиб гуфт: —Ин ресмон чаро бастаӣ?
Гуфт: —Ман низ ранҷур шудам. Нимаи боло бавли71   ман аст ва нимаи зер бавли занам. Табиб рўзи дигар ин ҳикоят баҳри cамъе боз мегуфт ва асҳоб бар аҳли хуросонӣ механдиданд.
Қазвинӣ ҳозир буд, гуфт: —Мавлоно, маъзур дор, ки хуросониёнро ақле набошад. Он ресмон аз андаруни қорура баста буд ё аз берун?

Ҳикоят

  Деҳқоне73 дар Исфаҳон 74 ба дари хонаи Хоҷа Баҳоуддини соҳибдевон рафт. Бо хоҷасаро гуфт, ки бо хоҷа бигўй, ки худо берун нишастааст, бо ту коре дорад. Бо хоҷа бигуфт. Ба эҳзори 75 ў ишорат кард. Чун даромад, пурсид, ки ту худоӣ?
Гуфт: -Оре!
Гуфт: -Чӣ гуна?
Гуфт: —Ҳол он ки ман пеш деҳхудо ва боғхудо ва хонахудо будам. Нуввоби76 ту деҳ ва боғ ва хона аз ман ба зулм бистаданд, худо 77 монд.

Ҳикоят

  Астари 92 Талҳакро бидуздиданд. Яке мегуфт:—Гуноҳи туст, ки аз поси он эҳмол варзидӣ.93
Дигаре гуфт:— Гуноҳи меҳтар  аст, он дар тавила бозгузоштааст.
Гуфт:— Пас, дар ин сурат дуздро гуноҳ набошад.

Ҳикоят

  Хуросониро аспе лоғар буд. Гуфтанд: -Чаро инро ҷав намедиҳӣ?
Гуфт: -Ҳар шаб даҳ ман ҷав мехўрад.
Гуфтанд: -Пас чаро чунин лоғар аст?
Гуфт: -Якмоҳа ҷаваш дар назди ман ба қарз аст.