Забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ, ки дар пайванди маҳкам бо гўишҳои ҳамрешаи худ  забони дарӣ ва форсӣ  дар ҷараёни даҳҳо садсолаҳои таърихӣ ҳамчун забони тамаддунбахш дар минтақаҳои густурдаи ҷаҳон аз мавқеияту азамати фарҳангии вижа бархўрдор аст, бисту чаҳор сол аст, дар зодгоҳи худ мақоми пешина ва деринаи худро соҳиб шуда, чун дар асри тиллоии тамаддуни тоҷикон – аҳди Сомониён – ба забони расмӣ, сиёсат, ҳуқуқ, иқтисод, илму фарҳанг табдил шудааст. Инак, чанд сол аст, ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳамоишҳои бонуфузи сиёсии байналмилалӣ, дар кохҳои муҳташами раёсати давлатҳои муътабар лафзи ширину шевои тоҷикӣ садо медиҳад. Ва дар Тоҷикистон ин забони ширин бо лаҳну овои дилангезаш гўшу қалби меҳмонони воломақом ва ҳар касеро, ки ба ин хоку бум меояд, менавозад ва рўҳашро фараҳ мебахшад.

Таърихи ҷомеаи башарӣ ва таҷрибаи давлатҳои куҳан ва пешрафтаи дунё ба равшанӣ нишон медиҳад, ки истифода аз як забони умумӣ ба эҷоди миллате бо пайванди иҷтимоии қавӣ ва давлати неруманд боис мегардад. Хушбахтона, дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ ин мавқеияти шоистаи сиёсиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангиро доро мебошад.

Ҳарчанд ки забони тоҷикӣ мақоми забони расмиро ҳанўз дар замони шўравӣ, яъне соли 1989, соҳиб шуда буд, раванди ба забони сиёсат, иқтисод ва илму фарҳанг табдил шудан ва ба самардиҳӣ пардохтани он дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон – ва дурусттар – баъд аз Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст. Ва дар амри ба ҳақиқат пайвастани ҳадафҳои ин раванди муҳим, чун дар анҷоми муваффақиятомези дигар ҷараёнҳои ҳаётофарин ва созандае, ки кишвари моро ба диёри сулҳу субот, бархўрдор аз ваҳдати миллӣ ва рўй ба инкишоф табдил додааст, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Маҳз бо талошҳои пайваста ва пурбори Сарвари давлати тоҷикон забони тоҷикӣ дар ду даҳсола – муддати барои инкишофи падидаи мураккабе, чун забон, ниҳоят кўтоҳ – забони адабии миллии мо марҳалаи наверо дар такомули худ оғоз намуда, роҳи беш аз пеш боландатар ва пўётар шуданро аз сар гирифтааст.

Ҳамчуноне ки Президент Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, «забони миллӣ симо ва пайкари миллат мебошад». Аз ин рў, вазифаи ҳар фарди меҳанпараст, огоҳ ва дилсўз ба фарҳанги миллӣ ҷаззоб, зебо, солим, неруманд ва қобили созандагӣ нигоҳ доштани ин симову пайкар аст. Забон ҳам, ба монанди миллат, пир намешавад ва ҳар қадар солхўрдатар шавад, боз ҳам ҷавонтар, шодобтар ва нерумандтар мегардад, ба шарте, ки бо вай дар ниҳояти эҳтиёту зарофату назокат рафтор кунанд, онро дар ҳадди муқаддасот гиромӣ доранд, барои покизагиву асолаташ талош варзанд, барои ҳифзи он аз «бемориҳо» ва хатарҳои доимӣ ва барои тақвият додан ба истиқлолияташ пайваста пайкор намоянд. Забони тоҷикӣ аз замонаҳои қадим ба мо расидааст.

Ҳар кас ки таърихро хуб хонда бошад, медонад, ки чӣ хуни дилҳо барои нигоҳдории ин ёдгори бузург рехта шуда, чӣ зардобҳои дил хўрда шуда! Агар ниёгони барўманди мо ин забони латифу зеборо аз кўраи озмоишҳои басе сахт бегазанд берун намеоварданд, аз лафзи шевову дилпазири модариамон чизе намемонд! Ва баъд аз ду садсолаву чаҳоряк асри фармонравоии Умавиёну Аббосиён, ки маҳз дар ҳамин замони дароз бисёре аз вожаҳои дарӣ аз миён рафтаанд ё ба арабӣ иваз шудаанд, агар сиёсатмадорони матину меҳандўст, монанди Саффориёну Тоҳириёну Сомониён ва суханофаринҳои бузурге, чун Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино ва садҳову ҳазорҳо фарзандони дилбохтаи ин марзу буми муқаддаси ориёӣ, намебуданд, аз забони тоҷикӣ танҳо хотирае боқӣ мемонд. Ба ҳамин манзур аст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон доимо ва такрор ба такрор ҳамватанон, пеш аз ҳама, насли ҷавонро даъват мекунад, ки фарҳанги ғании гузаштаи миллати худро хуб омўзанд, аз мероси гаронбаҳои шоирону мутафаккирони асрҳои пешин баҳрабардорӣ намоянд, ба қадри тамаддун ва арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгонамон бирасанд.

Фақат омўзиши сабақандўзонаи таърих, расидан ба қадри давлати миллӣ ва гиромидошти забони модарӣ ва дигар арзишҳои волои халқамон кумак мекунанд, беадолатиҳое, ки нисбати халқу миллати мо шудааст, такрор нагарданд. Он захмҳое, ки дар сарооғози бунёди давлати Шўравӣ аз табартақсими ҳудуди таърихии тоҷикон бар қалби миллати мо нишастаанд ва ин табартақсим асосан бо саҳми тоҷикони аслунасабгумкарда ва бегонапараст сурат гирифтааст, ҳанўз хуншоранд. Дар ин замина андешаманди испанӣ Ҷорҷ Сантана хеле хуб гуфтааст: «Ононе, ки аз таърих дарс намегиранд, маҳкум ба такрораш мебошанд».

Бо назардошти ин ки ҳасаду душманиву хусумат ба фарҳанги тоҷикон ва миллати тоҷик ҳанўз ҳам идома дорад ва дар расонаҳои хориҷӣ ва саҳифаҳои Интернет ин душманӣ ҳар гоҳе ба ҳадди ифрот расида, муаллифони ин «ковишҳои илмӣ» ҳатто мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекунанд, зарурати таъкидҳои Сарвари давлати тоҷикон бобати рў овардан ба таърих ва омўзиши он барои боз ҳам боло бурдани худогоҳӣ, бедорӣ ва ҳушёрии миллӣ меафзояд.

Гиромидошти мо аз арзишҳои миллӣ, ки забон аз аркони муҳими онҳо мебошад, омўхтану азбар кардан ва ба қудрати он афзудан аст. Моро зарур аст, ки ҳамеша боэҳтиёт бошем ва нагузорем, ки аз масирҳо ва ҷараёнҳои ғалат нопокиҳое ба дарёи софу покизаи забони тоҷикӣ ворид шаванд ва ин лафзи поку мубарроро тираву олуда кунанд.

Тавсеаву такомули забон як раванди бисёр душвор, тўлонӣ ва мустақим аст. Барои ҳатто кўчактарин тағйирот дар забон гоҳо бештар аз сад сол лозим меояд. Аммо хароб шудани забон фароянди хеле бошитоб аст ва метавонад ногаҳон оғоз шавад ва дар кўтоҳтарин муддат забонро ба нобудӣ барад. Коршиносон пешбинӣ кардаанд, ки дар сад соли оянда ҳаштод дарсади забонҳои зиндаи дунё аз байн мераванд. Оё мо бо итминон метавонем гўем, ки ба забони тоҷикӣ хатари аз байн рафтан таҳдид намекунад? Чӣ бояд кард, ки мо низ, чун ниёгонамон, ки ин ганҷинаи маънавиро бароямон бегазанд расондаанд, тавонем забони тоҷикиро боз ҳам покизатару расотару қудратмандтар намоем ва барои ояндагон ба армуғон барем?

Итминони он аст, ки ин суханҳои ҳикматомўз, афкору андешаҳои пурмағз ва нуктаҳои воло ба тамоми тоҷикистониён – барои имрўзу оянда – ҳамчун дастури раҳнамо хидмат хоҳанд кард.

****

Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст.

Забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад.

Тавоноӣ ва имконоти забони мо ба ҳадде буд, ки дар тўли ин ҳама садсолаҳои начандон мусоид ва гоҳе бисёр сахту шадид гузаштагони мо яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ғанитарин адабиёт, зеботарин ашъор ва муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро бо ҳамин забон офаридаанд. Зиёда аз ин, дар тўли садсолаҳо забони мо дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё – аз марзҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳили баҳри Миёназамин – нақши байналмилалӣ дошт ва забони мукотиба ва муҳовараи қавму халқҳои гуногун гардид.

Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад.

Ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум мешаванд ва зуд асири фарҳангҳои дигар мегарданд. Таърих исбот кардааст, ки истилогарон на танҳо аз пайи ғорати молу ашё мешаванд, балки мекўшанд, ки рукни муҳимтарини ҳастии миллат, яъне забону фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги моддии онро аз байн бурда, пояҳои маънавии давлатро шикананд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рўзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.