Бадое-ул-вақое-Қисми 9

РАДИФИ  ИН  ҚАСИДА ОМАДА ЯКСАР ГУЛИ СЕРОБ

То намояд роҳ, булбулро сўи гулзор гул,
Пораҳои ҷомаи худ баст бар ҳар хор гул…
Баргҳояш дар талош афтода бар болои ҳам,
Резаи зар кард азбас дар чаман исор 3 гул.
Дар чаман ҳар сў набошад лолаҳо, к-оташ задаст
—Ошёни булбулонро аз сари озор гул.
Дар чаман мехонд булбул ин ғазал вақти саҳар
Дар гиребон чок зад аз шавқ ошиқвор гул:
То задӣ, эй сарви раъно, бар сари дастор гул,
Аз тафохур суд сар бар гунбази даввор гул.
Барги гул набвад, ки хунолуднохунҳо басе
—Дорад аз рашки рухат дар синаи афгор гул.
Нест бар рухсори гул шабнам, ки аз шармандагӣ
Дар арақ шуд пеши ту, эй сарви хушрафтор гул!..
Васфи рўят мекунад булбул, аз он рў гаштааст
—Пой то сар гўш дорад гўш бар гуфтор гул.
Ғунча кард аз мушт хунолуд рухсораш, магар
—Кард пеши оразат даъвии ҳусн изҳор гул…

1Ҳасбулҳол — арзи ҳол.
2Макнун — пўшида,    ниҳон.
3Исор — дар ин ҷо ба маънои бахшиш.

Чун ин қасидаро покнависӣ карда, бар коғазҳо бардоштам, дар дил гуфтам: «Бояд ба ҳузури хоҷа Ҳошимӣ рафта, инҳоро аз назари олӣ гузаронам» ва ба тарафи сарои волои он раҳсипор гардидам. Дар роҳ яке аз ходимони Хоҷа ба ман рост омад ва гуфт:

— Панҷ рўз аст, ки Ҳоҷа мунтазири ҳузури шумоанд ва чашм дар роҳ доранд, агар дар рафтан шитоб кунед муносиб аст.

Бо суръати тамом бар он мақом расидам ва баъд аз мулоқот қасидаҳоро аз назари кимиёасарашон гузаронидам.

Он ҷанобро фараҳмандие даст дода, аз роҳи лутф ва меҳрубонӣ ба фақир гуфтанд:

— Дар ин чанд рўз, ки мо аспи кўшишро дар ин майдон тохтем, охир як қасида аз он қасидаҳо чизи дигаре насохтем. Ин коре, ки шумо кардед, аз ҳеҷ шоире то ҳол ба вуҷуд наомадааст.

Дар ин вақт хабар расид, ки Убайдуллохон аз Қаршӣ омада ба Бухоро даромада, бар тахти салтанат нишастааст. Хоҷа бо шунидани ин хабар рў ба дарбор оварданд ва фақирро ҳамроҳи худ бурданд.24

Пас аз ҳикояти ҳамсӯҳбат шудани Восифӣ бо Убайдуллохон Восифӣ нақл менамояд, ки ў бо талаби хон вақте чанд дар манзили хоҷа Ҳошимӣ  истиқомат карда будааст. Дар ин хусус Восифӣ мегўяд:

Убайдуллохон ба зудӣ боз озими айлоқи Қаршӣ шуд. Чун хоҷа Ҳошимӣ хонро гусел карда омад, ба фақир гуфт:

— Фармони хон содиршуд, ки то бозгашта омаданашон аз Қаршӣ, бошишгоҳи шумо фақирхонаи ин камина бошад.

Ночор дар он остон буданро қарор додам.25

МУШОАРА ВА НАЗИРАГЎИИ ВОСИФӢ ДАР ХОНАИ
ХОҶА Ҳ0ШИМӢ

Хонаи хоҷа Ҳошимӣ ҷамъомадгоҳи арбоби фазлу камол буд. Ҳар рўз ҷамъе аз шоирони Бухоро он ҷо  ҷамъ мешуданд. Одати Хоҷа он буд, ки ҳар рўз ба ҳузури шуаро байте мехонданд, ё ғазалеро дар миён меандохтанд ва шоиронро ба ҷавобгўӣ ва пайравикунӣ ба он байт, ё ғазал даъват мекарданд. Рўзе гуфтанд:

— Табъро бекор набояд гузошт ва ўро кор бояд фармуд. Коҳилии табъ ба кунд шудани зеҳн сабаб мешавад
— баъд аз он фармуданд фақир  аз ғазалиёти Хисрави Деҳлавӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Котибӣ ва дигарон  нўҳсад — 900   ғазал  интихоб  карда   гирифтам.   Ба хотир мерасад, ки ёрон илтимоси маро қабул фармуда, ба он ғазалҳо ҷавоб гўянд ва пайравӣ намоянд.

Аҳли маҷлис дасти қабул бар сина ва ангушти итоат бар дида ниҳода, он ғазалҳоро навишта гирифтанд, то ки ҳар кадом ба якчанд ғазал ҷавоб гўянд ва қарор доданд, ки ҳар рўзе ҳар яке аз онҳо ғазале аз назари Хо-ҷа гузаронанд.

Яке аз наздикони Хоҷа ба камина гуфт, ки «Ғарази Хоҷа дар назирагўӣ имтиҳони шумост». Ночор фақир ҳам якчанд ғазалро пайравӣ кардам ва он ғазалҳо инҳоанд:

 

Баҳам каш эй мусаввир сурати Лайливу Маҷнунро
Ба ин сурат зи ҳиҷрон вораҳон Лайлии маҳзунро.
Намехоҳам парешонии ман бар рўи рўз афтад,1
Худоро бар узори худ маяфкан зулфи мушкинро…
Тамошо гар кунӣ тўфони сели ашки мо, гўӣ:
Ки «пиндорам зи олам об бурда рўди Ҷайҳунро»
Гирифтам ин ки оҳу ноларо дар дил ниҳон дорам,
Зи мардум чун тавонам дошт пинҳон чашми пурхунро?
Чу васфи лаъли сероби ту гўяд Восифӣ, ҳар сў
—Зи гўши худ бурун оранд хубон дурри макнунро.
Маҳ даъвои хубӣ чу ба он моҳлиқо кард,
Ӯро фалак охир аҷаб  ангуштнамо кард.
Бо дарду ғаму меҳнату андӯҳ қаринам,
То гардиши айём маро аз ту ҷудо кард..

Моҳи тобон баҳри даъво шаб ба кӯи ёр рафт,
3-ин фиол охир чунон гардид к-аз девор рафт.
Гуфтам: «Аз ҷаври ту хоҳам рафт аз кўи ту»,гуфт:
«Ҳамчу ту бисёр ин ҷо омаду бисёр рафт»…
Гуфтам: «Эй ҷон, рафт дар ишқи ту ақлу ҳушу ҷон»
Гуфт: «Ин дам, Восифӣ, сўи ман о! Ағёр рафт»

Рӯи зардам диду з-он лаб бӯсае кард илтифот,
Оре-оре — «Ҳар ки зар дорад, хўрад оби набот» ;
Гардани худро ба тори зулфи он дилдор банд!
Гар ҳамехоҳӣ ки ёбӣ аз парешонӣ наҷот…

Шамъ бар ёди қадат чун рӯ ба дидор оварад,
Сурати сарве зи дуди дил падидор оварад
Сар ба ҳам оранд дар бўстон дарахтон сар ба сар,
Бод аз сарви қадат ҳар гаҳ ки ахбор оварад

Сурат кашад рақибам аз он симтан ҷудо,
Ҳар дам ба сурате кунад ўро зи ман ҷудо…
Дар бар марост пираҳани сабр чок-чок,
То гаштаам аз он бути гулпираҳан ҷудо.
Гуфтам, ки «рўзу шаб паи қатлам бувад рақиб»
Гуфто, ки «зинҳор набош зи ман ҷудо!»
Бар мо тараҳҳуме ки ғарибему нотавон,
Баҳри ту гаштаем чунин аз ватан ҷудо!»
Шеъри ту кай кунанд зи шеъри Ҳасан 2 ҷудо?

Меравам аз кӯи ту, бо ҷони пурғам, хайр бод!
Бо дили пуроташу бо чашми пурнам, хайр бод!
Аҳли оламро зи ман гар буд дар хотир ғубор,
Ман зи олам меравам, бар аҳли олам хайр бод!
Он парӣ  дар вақти рафтан аз сари меҳру вафо
— Восифии хастаро мегуфт ҳар дам: «Хайр бод!»
Орӣ чу ба гӯшам паи роз он лаби чун нўш!
Аз ханда даҳонам расад он дам ба баногўш…
Сад захми хадангат ба тану дил наҳаросад.
3-он новаки дилдўз чу гардид зиреҳпўш…

 

  1.  «Бар рӯз афтодани чизе» — киноя аст аз «овоза ёфтан ва фош гардидани он чиз».
  2. Шоир дар ин байт, ғайр аз маънии зоҳириаш, ин маъниро ҳам ифода кардааст.
* Восифӣ ин байтро дар тасвири ҳоли ғарибонаи худ гуфтааст.

2 Ҳасан — Хоҷа Ҳасани Деҳлавӣ аст, ки дар шеър шогирди Хисрави Деҳлавӣ буд ва ин
шеър дар ҷавоб ва назираи Ҳасан воқеъ шудааст. * «Ҳар ки зар дорад, хӯрад оби набот»
— зарбулмасале буд дар Бухорои пештара, ки дар мавриди комёбӣ тавонгарон
мегуфтанд(   оби   набот,   ҳалвое   буд  бағоят  гуворо  дар  Бухоро).

 То зулфи ту, эй шўхи ситамгор гиреҳ шуд,
Сарриштаи кори мани бемор гиреҳ шуд…
Азбаски задам дар ғами ишқи ту дами сард,
Чун жола маро ашк ба рухсор гиреҳ шуд * .
Набвад аҷаб ар Восифӣ аз ишқи ту нолад,
Чун орзуяш дар дили афгор гиреҳ шуд.

Захми дил аз новаки он дилнавоз аст ин ҳама,
Ё  ба сўи ў диламро дида боз аст ин ҳама?
Кам нагардад нози ту аз нолаву афғони ман,
Чун туро, эй нозанин, асбоби ноз аст ин ҳама!
Лаб ниҳӣ ҳар лаҳза баҳри роз бар гўши рақиб,
Бар лаб омад ҷони ман,охир чӣ роз аст ин ҳама?..
Восифиро сояи сарви қадат бар сар фитод,
3-он миёни ишқбозон сарфароз аст ин ҳама…

 

Баъд аз навиштани 34 ғазали худ Восифӣ мегўяд: -Рўзе дар маҷлиси хоҷа Ҳошимӣ ҷамъе аз шоирони бузурги Бухоро ҳозир буданд. Дар он маҷлис Мавлоно Наими нишопурӣ, ки  дар   рикоби  Убайдуллохон меҳмон буд, аз айлоқи Қаршӣ ташриф овард.
Хоҷа ўро таъзим ва тақрими бисёре карданд ва дар аснои сўҳбат аз он кас пурсиданд: -Алҳол дар Хуросон аз арбоби фазлу камол, пешво ва саромади шуаро кист?

Мавлоно Наим гуфт:— Мирҳоҷии қасидагўй аст, ки «Унсӣ» тахаллус мекунанд ва шоирони қасидагўй пешравии он касро дасти таслим бар сина доданд ва худро камина аз шогирдони он шахс мешуморад.

Хоҷа пурсиданд: — Аз ашъори он кас дар хотир дошта бошед.

Мавлоно Наим гуфт: —Он кас даҳ ғазал аз ғазалҳои Хисрави Деҳлавиро ҷавоб гуфтаанд, ки ҳамаи онҳо бо он ғазалҳои Хисрав дар пеши фақир ҳозир аст.

Хоҷа илтимоси хондани он ғазалҳо намуданд. Мавлоно Наим ҳар як ғазали Хисравро бо ҷавоби Унсӣ якҷоя мехонд. Ёрон бо шунидани ҳар ғазал наъраи «таҳсин ва офарин»-ро аз самими қалб ба чархи барин мерасониданд.

 

*Ин байт нишон медиҳад, ки Восифӣ аз табииёт ба сабаби табаддулоти ҳавоӣ
ба якдигар табдил ёфтани бухор, борон, жола, барф ва монанди инҳо хабардор будааст.

       Баъд аз хонда шудани он ғазалҳо Хоҷа ба Мавлоно Наим хитобан гуфтанд:

— Чил рўз аст, ки ёрони мо дар ҷавоби ғазалҳои шоирони гузашта шеър машқ мекунанд ва варзиш менамоянд, акнун хеле маҳорат пайдо кардаанд. Муносиб он аст, ки ин ғазалҳоро ҷавоб гўянд ба Хисрав ва Унсӣ пайравӣ намоянд!

Аҳли маҷлис ин фармоиши Хоҷаро қабул намуданд ва он ғазалҳоро навишта гирифта, ба ҷавобгўӣ даромаданд. Камина ҳам он ғазалҳоро ҷавоб гуфтам….

Восифӣ ҳамаи он ғазалҳои Хисрав ва Унсиро бо ҷавобҳои худ дар ёддошташ қайд кардааст. Мо ба тарзи намуна якчанд байт аз онҳо меорем:

Хисрави Деҳлавӣ

Чаман чун бўи ту дорад, ба бўят дар чаман мирам,
Ба ёди қадди ту дар сояи сарву саман мирам.

Унсӣ

Агар дар гўшаи ғам дур аз он симинбадан мирам,
Халал дар кори ишқ афтад, ҳамон рўзе ки ман мирам,

Восифӣ

Чу ман бар бевафоиҳои он паймоншикан мирам,
Бар афтад аз ҷаҳон расми вафо, рўзе, ки ман мирам.

Хисрави Деҳлавӣ

Даро эй шохи гул хандону маҷлисро гулистон кун!
Ба «гуфти талх» чун май, ошиқонро масту ғалтон кун!

Унсӣ

Биё, эй сарви хушрафтор, гашти боғў бўстон кун!
Чу гул аз  парда рўх бинмову оламро гулистон кун!
Восифӣ дар охири ғазали ҷавобии худ ба ин ғазал мегўяд:
Вафову мардуми дар Мовароуннаҳр кам бошад,
Агар хоҳӣ, бихез эй Восифӣ, рў дар Хуросон кун!

 

* Восифӣ бо таъсири ёди ватан, ҳам ба сабаби зудранҷии худ аз ҳамсўҳбатонаш ин
байтро гуфтааст ва дар ин миён умуми аҳолии Мовароуннаҳрро, ки дар меҳмондўстӣ
машҳуранд, санг задааст.

САФАРИ  ВОСИФӢ АЗ  САБРОН  БА ФАРКАТ ВА
АЗ ОН ҶО БА ТОШКАНД

                Чун ба Тошканд расидам, дидам: он шаҳре буд (айнан), «ки фалаки забарҷадӣ, ҳар шом аз барои дафъи газандаш сипанддонаҳои нуҷумро дар оташи шафақ месўхт ва аз барои роҳу равиши сокинонаш машъали ҷаҳонафрўзи моҳро меафрўхт; Баҳроми2 хуношом аз барои забт ва ҳифзи он қалъа аз кавокиб (ситораҳо) мўҳрҳои   (тирҳои)   милтиқ3 тайёр   мена(муд…».

Дар беруни он шаҳр боғе буд аз биноҳои Кайковус, ки Ирамро аз вай дар дил доғест, (айнан) «сафояш аз вафои хубруён зеботар ва зебандатар ва ҳавояш аз ка-рашмаи маҳбубон раънотар ва фиребандатар; ҳавзи обдораш аз айни сафо акспазир ва оби оинакирдораш аз сувари туюр ва ашҷор1 назири саҳифаи тасвир…».

1Маваддат — низ ба маънои «муҳаббат» аст.
2Баҳром—дар    ин    ҷо    номи   ситораи    Миррих    (Марс).
3Аз  ин ҷумлаи  Восифӣ  мебарояд,  ки  дар   аввалҳои  асри   16 дар
Хуросон ва Мовароуннаҳр милтиқ будааст.

Булбули гўё бар шохсораш ба таърифи баҳораш на-фир кашида ва наргиси бино дар канори анҳораш чашми ҳайрат кушода; гулҳои он бўстони ҷаннатнишон, ливои хандаро ба ҳаво меафроштанд ва ғунчаҳои он гулистон монанди наварўсон аз ҳаё худро аз табассум ба зўр нигоҳ медоштанд; наргиси шаҳло аз бори заъфарон хам шуда қариб ба замин расида ва гули сурӣ аз ғалаёни хун сурх гардида; бунафша дар атрофи чаман нақшафшони ло-ҷувардӣ мерехт ва насим аз бўи хуши он бўстон мушку анбар мебехт; савсани даҳзабон дар пеши гулҳои он гу-листон магар васфи боғи Ирам дар миён андохта, ки ҳаракати ҳасо бо мушти насим, барои ин беодобиаш ла-бу даҳони ўро кабуд сохта; сабзаву себарга бар канори ҷўйбораш  барои  меҳмонии  дилбарони  чаман   бахмали сабз густурда буд ва сарву ар-ар дар атрофи ҳавзи рўҳпарвараш дар назар чун қомати дилбарон ишвагар менамуд; ҳар касеро қадам ба дарвозаи он биҳиштовоза мерасид, буи ҷон аз ҳавои ҳаётбахшояш мешамид ва аз ҳаяҷони шодмонӣ аз худ рафта, хешро дар як олами аз ин пеш надидааш медид.

Дарахтони мевадораш аз касрати бор чун пирони рўзгордида пуштхамида ва аз меваҳои навраси шакар-бораш дар канори хўранда шарбати шаҳд чакида; себи беосебаш аз себи ғабғаби дилбарон хабар дода ва рангу бўи он қувватдиҳандаи дили беморони аз по афтода:

Себро бо зақани ёр баробар карданд,
Ранги ў сурх шуду рўй барафрўхт ба боғ,
Себ монанди чароғест дурахшон ба дарахт,
Рўзи равшан ба сари шох кӣ дидаст чароғ?!

Дарахти анораш аз баргу бор, шўълаи оташро дар миёни сабзазор нишон дода ва меваи он дарахт, дар канори дўшизагони чаман ёқути руммонӣ2 ниҳода.

1Сувари   туюр   ва   ашҷор — суратҳои   паррандагон   ва   дарахтон.
2Ёқути руммонӣ — ёқути анорранг

Ибни Яман аз барои анор ин чистонро некў гуфта (мо чистонро ба тарзи интихоб нақл мекунем):

Чист он гуйпайкари 1 гардон?
Гоҳ мино2 ба рангу гаҳ марҷон.
Гўӣ ёқутро ҳамемонад
—Баста андар зумуррадинчавгон,
Ранги ў ҳамчу гунаи маъшуқ,
Ки рухаш гашта аз ҳаё рахшон!..
Хориҷи ў ҳама ақиқи Яман,
Дохили ўст ҷумла аз иқён 3..,
Ҳамчу атфол як ба як доранд
Аз зари ноб * дар даҳон пистон…
Хирқа-фирқа нишаста ҳамзону,
Дар бари якдигар хазида чунон
—Ки сари мўй дарнамегунчад
—Дар миён, аз тавофуқи б эшон.
Ҳар гурўҳе ба гўшаи дигаранд,
Дар паси пардаи афоф 6 ниҳон.
Дар миёншон зи зарварақ баста\
Пардаҳо дасти қудрати яздон;
Нозуконанд, лек сахтдиланд,
Худ чунинанд нозукони ҷаҳон.
Ҳар як аз нозукиву лутф чунон
—К-об гарданд бар лабу дандон!
Биниаш ҳамчу чашми Ибни Ямин
—Аз газанди замона хунафшон!

Шафтолуи обдораш дилрабое буд, ки синаи софаш аз чоки гиребонаш менамуд… Муаллиф (Восифӣ) аз барои шафтолу, чистоне гуфта буд, ки зикраш дар ин ҷо муносиб намуд (ин чистон ба тарзи интихоб нақл карда мешавад):

Шудам ба боғ барои назораи чаманаш,
Ки буд рашки риёзи наим 7 анҷуманаш,
Зи гўшае санаме бар дарахт ҷилва намуд,
Ки об дар даҳан омад зи хубии зақанаш…
Нуҳуфта дар шиками он санам бувад тифле,
Ки ҳаст хаставу 8 бошад ҳамеша сурх танаш,
Чӣ гуна хаста набошад, чунин ки ҳар тарафе
Нишонаҳои сари сўзан аст дар баданаш.
Висоли он санам ар орзуст, лоларухе —
Бубар ба тарфи гулистон, ба худ ба макру фанаш,
Гузор даст ба нармӣ ба себи ғабғаби ў!
Бинўш он чӣ сутудам, зи шарбати даҳанаш! .
Зи боғи умр хўрӣ бар, чу бишнавӣ суханаш

1Гўйпайкар — ҳаппакпайкар.
2Мино—шишаи шароб.
3Иқён — кулўлачаҳои тилло.
4Зари ноб — тиллои холис.
5Тавофуқ — ҳамрангӣ, ҳамоҳангӣ.
6Афоф — порсоӣ,  парҳезгорӣ — худро  аз  гуноҳ  нигаҳдорӣ.
7Риёзи наим — биҳишт.
8Хаста — бемор,  донаки  мева,  хастакардашуда,яъне  дар  баданаш захмҳои рўипўстӣ задашуда.

(Айнан): «Амрудҳои чинни обдораш, гўёҷуллоби1  набот буд, ки қанноди2 давронаш дар шишаҳои ҳала-бӣ 3 карда, митҳараи 4 оби ҳаёт буд, ки Хизри баҳораш аз зулумот оварда;…»

Норинҷаш дар латофат гарав аз меваҳои биҳишт мебурд ва турунҷаш монанди беморони сафровӣ зардранг буд, аммо аз шарбати худ беморони сафровиро муолаҷа менамуд; анҷири беназираш кўкнордонаҳоро ба шираи қанд парвариш дода ва меҳмонони боғро дар табақи барги худ пеш ниҳода…

Маснавии Восифӣ дар тавсифи Тошканд ва боғҳояш

Нуқтае чанд арҷманд шунав!
Сифати мулки Тошканд шунав!
Он диёре ки хубияш ҳама ҷо,
Гашт собит ба мардуми доно.
Ваҳ чӣ мулке ки равзаи ризвон5,
Шудааст аз хиҷолаташ пинҳон.
Ҳар ки бошад дар он диёр муқим,
ёд н-орад дигар зи хулди наим6
Мурдан он ҷо бувад басе беҳтар,
Ки бувад зинда кас ба ҷои дигар,..
Бод хокаш ҳамебарад ба фалак,
То кунад тўтиёи чашми малак;..
Оби ў ҳамчунон ки оби ҳаёт —
Шуд зи шармаш нуҳуфта дар зулмот.
Хизр аз он об агар хабар медошт,
Сўи зулмат алам намеафрошт;
Рўди оби Бурак, ки ҳаст равон,
Салсабилест7 дар риёзи  ҷинон8,

1Ҷуллоб — шарбат.
2Қаннод — ҳалвогар.
а Ҳалабӣ — азбаски дар  замонҳои  пеш  шишаҳои хуб дар Ҳалаб рехта  мешуданд,  шишаи  хубро  «шишаи  ҳалабӣ»  мегўянд»
4Митҳара — обдон.
5Равзаи ризвон — боғи биҳишт.
6Хулди наим — биҳишт.
7Салсабил — чашмаи биҳишт.
8Риёзи ҷинон — биҳишт.

 

Дар тагаш сангреза дурри самин
Дар хури гўшворӣ ҳури ин 2
Насамоти 5‘ шамоли ў марғуб,
Чун дами рўҳпарвари маҳбуб.
Аз ҳубоби 4 сабош ҷони сақим 5,
Ёфт дардам шифою гашт салим;
Оташи ў чун маҳвашон дилкаш,
Лек чун лаъли дилкаши маҳваш.
Баски хоҳад, ки фитна ангезад,
Шўълаи ў нишинаду хезад.
Шўълаҳояш, ки бар фарози сар,
Ҳар яке ҳаст ҳамчу шўшаи 6 зар,
Хешро дуд, з-оташон чу кашид,
Гашт дар лолазор сарв падид; *
Ҳар тараф дар навоҳиаш боғест,
Ки аз ў дар дили адан доғест.
Васфи боғоти ў кунам бунёд,
Меравад ҷаннату Ирам аз ёд;
Ҳар тараф қад кашида асфедор,
Ҳамчу болои нозпарвари ёр.
Он қаду қомат ар бутон бинанд,
Пеши эшон зи шарм биншинанд.
Чун санавбарқадони симинбар,
Сар кашидаст ҳар тараф ар-ар.
Сояи баргҳои бед дар    об,
Моҳиёнанд банд дар қуллоб…
Сурхгулҳош бар фарози чаман,
Ҳаст чун нори водии Айман 7.
Ғунча к-аз гулбун омада берун,
Хуми сабзест пур маи гулгун.
ё дили андалеби маҳзун аст,
Ранг баста дарун пур аз хун аст.
Ваҳ ғалат кардаам, гули ин боғ,
Бар дили андалеб бинҳад доғ.
Булбули ў зи шавқ нолон аст.
На зи бедоди гул дар афғон аст.
Хел-хели бунафша дар лаби ҷўй,
Рамаи барраест зангўламўй…
Ё зи мулки адам қатор-қатор,
Нил оварда, корвони баҳор.
Савсан ангуштҳо зи ғунча намуд,
Карда ангуштҳо зи нил кабуд,
Ки манам рангрез дар ҳама боғ,
Нил бошад муносиби саббоғ1.
Наргис омад ба боғу чашм расид —
Сарвро, дар мараз дароз кашид;…
Раста ҳар сўи гули ҳамешабаҳор,
Ҳаст аз ў боғро ҳамеша баҳор,
ё барои нисори мақдами вард2,
Ашрафиҳо 3 чаман парешон кард.
Ганҷи Қорун ба хок мадфун буд,
Сари он ганҷро баҳор кушуд.
Гули хайрӣ ба ҳар тараф сипарест,
Қуббаи ў забарҷадӣ гуҳарест,
Баҳри он аст то шавад з-он ганҷ.
Бар сари мо баҳор гавҳарсанҷ.
Лола аст ошёнаи булбул
К-оташ афганда дар вай аз ғами гул
ё бувад ҳоване зи боди сабо,
Дар чаман гаштааст ғолиясо.
Арғувон ҳиндуест4 карда гуноҳ,
Танаш аз зарби чўб гашта сиёҳ,
Ҳаст аз захми аз шумор афзун
Бар танаш садҳазор қатраи хун,
Дар чаман пеши ғунчаи занбақ5,
Шамъи кофур гашта бе равнақ.
Шўшаи нуқра аст гашта аён,
Ки зи ангушти ёр дода нишон.
Наварўсони боғро меъҷар 6
Настаран аз ҳаё фиганда ба сар…
Фохта дар чаман даромад маст,
Бар сари шохсори сарв нишаст,
Муждаи гул шунид аз ҳар сў,
Ки баровард наъраи «ку-ку» 7
Сифати меваҳои ў кун гўш
Ки даҳанҳо аз ўст чашмаи нўш.
Васфи ангураш оварам ба баён,
Ки гарав бурда аз дури ғалтон:
Соҳибиҳои нозукаш ба назар,
Ҳаст чун лаъли нозуки дилбар;
Донаҳои ҳусайниаш бешак,
Ҳаст чун дурри қимате ҳар як;
Бобакӣ ҳамчу хўшаи парвин,
Бар сипеҳри разон 8 намуда бубин!

Восифӣ дар  байтҳои  болоӣ дар тавсиф, чаҳор  аносир — боду хоку обу оташро бо санъати таносуб овардааст.

1Дурри самин — марвориди пурқимат.
2Ҳури   ин — зани   фарохчашми   тансафед,   чашму   мўяш   бағоят сиёҳ.
3Насамот — хушбўиҳо.
4Ҳубоб — вазиши бод.
5Сақим — бемор, зидди салим.
6Шўша — овезаи ях.
7Нори водии Айман — оташест, ки   гўё   ба   чашми   Мўсо пайғамбар бар сари дарахте намуда буд.
1Саббоғ — рангрез.
2Вард — гули сурхи хушбў.
3Ашрафӣ — тиллои маскук (сикказадашуда).
4 Ҳинду — дар ин ҷо ба маънои ғуломи ҳиндӣ.
5 Занбақ — гули ёсуман.
6 Меҷар — рўпӯш.
7 Ку-ку -дар  ин ҷо ҳам  маънои  овози  фохта,  ҳам савол  аз ҷой — куҷост.
8 Разон — токҳо, раз  ток.

Бурда кӯрокиаш 1 гарав аз қанд,
Мекунад бар набот шаккарханд;
Шакар ангури ў зи шаккар беҳ,
Ба баҳояш наботу шаккар деҳ!
Ҳар ки дар ҷўи об харбуза кишт,
Гашт фориғ зи меваҳои биҳишт.
Чун набот омада ба харбузааш —
Дар муқобил ба лаззати мазааш.
Мисриён аз сари сиёсату қаҳр,
Мекунандаш бурун ба чўб аз шаҳр 2.
Қанд омад чу дар баробари ӯ.
3-он шикастанд мардумон сари ў.
Сабзкарҷаш 3 баробари ҷон аст,
Ҷон ба пешаш матои арзон аст…
Сабзу нозук чу ҷони ширин аст,
Шеваи нозукони сабз, ин аст:
Он ки халқ аз ҳаловати ў сўхт,
Аз «Алишер»4 нозукӣ омўхт,
Сифати меваҳои бўстонаш,
Боз гўям ба шарҳу дастонаш.
Ҳар анораш ки норпистонист,
Кони лаъл асту лаъли руммонист.
Ҳуққае пур зи лаълу ёқут аст,
Дилу ҷонро зи қувваташ қут аст.
Сифати ношпотиаш натвон,
Ки зи фикраш шавад пуроб даҳон.
Ҳаст монанди шўшаҳои набот,
Ё бувад зарфҳои оби ҳаёт,
Чӣ нависам зи хубии себаш?
Ки мабодо зи даҳр осебаш.
Ба занахдони дилбарон монад,
Ҳар касаш дид, дил бар он монад.
Лавҳашоллоҳ5 обуранги биҳӣ,
Ки аз ў боғрост рў ба беҳӣ 6.
Ҳаст беҳ з-обии 7 биҳишти барин,
Ҳаст ризвонии хулд низ бар ин.8

 

1Кўрак — як навъ ангур аст.
2Дар   замони   пеш   мисриён   наботро   ба  ҷои  ришта,  ки  ҳалвогарони мо  мерезанд,   ба  чўб  мерехтанд.  Наботи  Миср   азбаски  хубтарини   наботҳо   буд,   савдогарон  вайро   ба   ҳар   тараф   мебурданд.
Маънии ин байт ба асоси ҳамин ҳодиса аст.
3Сабзкарҷ — харбузаи кўкча.
4Харбузаи Алишер — харбузаест,  ки  ҳоло  «Амирӣ»  меноманд,шоир ин ҷо калимаи «Алишер»-ро ҳам  ба  маънои харбузаи маълум, ҳам  ба  сифати  номи  шоири  бузурги
ўзбек кор  фармудааст.Машҳур аст, ки табъи Алишер бисёр нозук буд.
5Лавҳашоллоҳ — дар  ин ҷо  ба  маънои  «Худо  аз  бадӣ  нигоҳ  дорад».
6«Бихӣ» дар мисраи аввал номи меваи маълум аст; дар мисраи дуюм ба маънои хубӣ, дурустӣ, саломатӣ аст.
7Обӣ — номи дигари биҳӣ.
8Барин — дар  мисраи  якум  ба  маънои  баланд,  бартар;  дар  дуюм ба маънои «бар ин», «бар ҳамин»

Дигар аз меваҳош ҳаст анҷир,
Ки ба хубеш кас надида назир,
Ҳар як аз вай ҳаловати ҷонест,
Сари пистони норпистонест ‘,
Ҳаст аз кони айш арконе
Ин биноро мабод вайронӣ…