Бадое-ул-вақое-Қисми 8

ЁДДОШТИ   ВОСИФӢ   ДАР   БОРАИ   ИМТИҲОН  КАРДАНИ
АҲЛИ КАМОЛ ӮРО ДАР ИНШОНАВИСӢ
ВА ЁФТАНИ МУАММО

Восифӣ дар ин бора мегўяд: ҷамъе аз фозилони Самарқанд дар хонаи хоҷа Амиракои Шоҳӣ2 ба расми меҳмонӣ ҷамъ шудаанд. Дар он маҷлис гуфтугўи муаммо ва иншо ба миён омадааст. Яке аз онҳо гуфтааст ки: «Агар иншонависӣ ва муаммоёбӣ чунон аст, ки аз фалонӣ (Восифӣ) нақл мекунанд, инсоф он аст, ки бисоти даъвои ин ду кор дарнавардем ва дигар гирди ин ду амр нагардем. Инсоф медиҳам ки ўро дар ин ду кор назире нест».

1Лиём — лаинон, бахилон.
2 Хоҷа   Амиракои   Шоҳӣ — ном  дар  боло   ба   шакли   «Миркои Шоҳӣ»  навишта  шуд,  чунки  дар  он  ҷо дар  ҳамон  шакл  буд.

Баъзе дар мақоми инод ва инкор истода гуфтаанд: «Аз куҷо маълум аст, ки он муаммоҳоеро, ки мекушояд, ёд надорад? Ва он иншоҳое, ки зоҳир месозад, аз дигарон набошад, ки ба номи худ пардозад?»
Хоҷа Амиракои Шоҳӣ гуфтааст, ки: «Мо худ муам-моро намедонем. Аммо аз барои Муҳаммадҳусайни қассоб аз он ҷаноб иншое илтимос карда будем. Касе, ки барои ин кор фиристода шуда буд, гуфт, ки: «Чун пай-ғом бирасонидам, фавран қалам бардошт ва он иншо-ро бетааммул бар саҳифа нигошт».

Яке аз аҳли маҷлис гуфтааст, ки: «Рафъи ин шубҳа дар ғояти осонист, ба ин тариқа, ки ўро ба ин маҷлис металабем ва ҳар як аз ин ҷамъ мактубе аз вай илтимос намояд, ки дар бадеҳа ва дар худи ҳамин маҷлис иншо кунад ва ҳар як бар ў муаммое, ки ба ношунида будани он ҷазм дошта бошад, хонад. Дар ин сурат дараҷаи иқтидори ў дар ҳар дуи ин кор ҳам равшан мегардад».

Хулоса, аҳли маҷлис ба ҳамин фикри охирӣ қарор дода, касеро ба талаби ин камина фиристодаанд. Чун дар он маҳфил ҳозир шудам, касе ба фақир моҷарои гузаштаро нақл намуда, барои ҳар кас мувофиқи талаби ў мактубе навишта доданамро илтимос намуд.

Фақир гуфтам: — Фармон шуморост!

Мавлоно Саиди Қарокўлӣ гуфт ки ман дар камоли қашшоқӣ ва беҷизиам. Аз қарзхоҳон гурехта, ҷалои ватан карда, ба ин ҷо омадаам. Ба хоҷа Ҳабиби девон барои ман арзи ҳоле зарур аст.

Дарҳол қалам бардошта барои ў ин мактубро на-виштам (бо партофтани баъзе калимаҳо):

Эй назди худову халқ мақбулу ҳабиб!
Бошад ғураборо зи наволи ту насиб!
Ин банда ғариб аст, агар бинвозӣ
—Ўро ба камоли хештан, нест ғариб1.

Баъд аз арзи убудият2 маърўз медорад, ки ин ғари-би муфлисро3 алималлоҳ4 аз сафеду сиёҳ5 ҷуз сафе-дию сиёҳии дида ваҷҳе6 дар назар нест ва монанди ашк ўро дар назари мардум ҷуз обрўй бар хок рехтан ҳеҷ ҳунар не. Дар ватани худ ба ҳар куҷое ки мебудам, қарзхоҳон монанди соя «cар дар қадамам ниҳода буданд» ва ҳар ҷо ки менишастам «чун бахти сияҳ барам ситода» ба ҳукми зарурат худро дар курбати (азоб) ғурбат 7 андохтам. Чун бад-ин вилоят, ки маҷмаи арбоби карам аст, омадам, авсофи аълоинтисоби… он ҷанобро аз мардум басе шунидам. Умед, ки бар вафқи 2 эътиқоди мардум амал намоянд ва чашми марҳамат ба ҳоли ин фақири ғариб кушоянд!»

1Ғариб — ин   ҷо   ба   ду  маънӣ   кор   фармуда   шудааст:   якум аҷиб, дуввум аз ватан дур афтода.
2Убудият — бандагӣ.
4Алималлоҳ — Худо доност.
5Сафеду сиёҳ — дар ин ҷо  ба маънии тангаи нуқра ва  пули сиёҳ — мис.
6Ваҷҳ — дар   ин ҷо ба маънои пул, танга.
8 Муфлис — бечиз

Мавлоно Муҳаммади куфинии обгинагар9 гуфт: «Маро шикаст бисёр воқеъ шудааст ва мехоҳам якчанд адад шиша ба расми тўҳфа ба Фўлодсултон пешкаш намоям. Маро дар ин маънӣ арздоште мебояд».
Ҷиҳати ў ин арздошт навишта шуд (бо партофтани баъзе калимаҳо айнан):«Арздошти Муҳаммади обгинагар ин аст, ки олампаноҳо! Ба арзи худдом мерасонад, ки бандаи фақири ҳақирро ҳамеша салотини рўзгор ва ҳавоқини4 олимиқдор аз ҷоми мўдомӣ5 инъом ва қаробаи 6 инояту икроми худ сархуш ва маҳзуд7 дошта ва назари иноят бар ҳоли ин фақири шикаста мегумоштанд. Ҳоло муддати мадидест, ки фалаки миноранги 8 бедод бар обгинахонаи умеди ин шикаста меандозад ва пои бодияпаймои муроди ин дилхастаро ба шишарезаҳои балою  меҳнат афгор месозад.

Гаҳам дил бишканад, гаҳ соғари ишрат зи даст афтад.
Мабодо дардмандеро шикаст андар шикаст афтад.

Акнун ба ҳукми «Тўҳфатулҳақири ҳақирун» 9 якчанд шиша ба расми ҳадя ба даргоҳи подшоҳӣ, ки обгина-гари қазо ҷоми зарандуди меҳру шишаҳои сипеҳрро аз барои зебу зинати базми ў сохта ва соқии боқии тақдир аз барои соғари ишраташ бодаи гулгуни шафақро бар домани пардаи уфуқ рехта, овардааст. Умедвор мебошад, ки шишаҳои муроди ин номуродро аз шаробиноби инояти подшоҳи моломол гардонанд. Аъдои 7  ҷоми ҷоҳат мудом чун суроҳӣ дил пурхун ва монанди шиша ҳамеша ҷабин пурчини ғаму андўҳ бод».

…Мавлоно Муҳаммади хоразмӣ гуфтанд, ки «Ба ҷи-ҳати Рўҳии Танбўрӣ агар мактубе навишта шавад, ки дар ин маҷлис ҳозир гардад ва аҳли маҳфили моро баҳравар гардонад, муносиб менамояд».

1Қурбати ғурбат — андўҳи ғарибӣ.
2Вафқ — мувофиқ.
3Обгинагар — шишагар,   аз   ин   ҳуҷҷат   маълум   мешавад, ки пеш  аз  замони  шайбониён дар  Самарқанд ҳунари  шишагарӣ  будааст.
4Хавоқин — хоқонон.
5Мудом — дар ин ҷо ба маънои шароб.
6Қароба — шишаи шароб.
7Маҳзуз — баҳравар.
8Мино — шишаи шароб, ки сабзранг бошад.
9«Тўҳфатулҳақири   ҳақирун» — тўҳфаи   одами   ночиз,   ночизона аст.

Ин мактуб барои ҳамин матлаб аст (айнан):
«Ёрон ки ба базми ишқ дамсози туанд,
Фарёдкунон зи ишваву нози туанд!
Бархезу биё ҷониби ёрон, ки ҳама
Дида ба раҳу гўш ба овози туанд!»

Маърузи раъи рўҳафзо он ки ҷамъе аз ёрон, чун ушшоқи бенаво дар кунҷи ғам чангсифат сар ба зонуи андўҳ ниҳода, ба нохуни ноумедӣ сина мехарошанд ва чун най дар гирифтугири фироқ ба қонуни иштиёқ ме-хурўшанд, агар ба мақоми эшон, ки доираи якҷиҳатон (буда) монанди даф аз ҳалқабагўшони он ёри дилна-возанд, сайр намоянд ва ба савти рўҳафзо нақши ғам аз оинаи дили ёрон зудоянд ҳокиманд. Умед ки ба ин қавл амал намуда, дар омадан тааллул 2 нафармоянд» (калимаҳое ки дар зерашон хат кашида шуд, ба номи танбўрии мазкур, ба мусиқӣ ва номи созҳою ҳавоҳо дахлдоранд).

Маҷмўи мактубҳои имтиҳонӣ 22 буд, ки муаллиф ҳамаро дар ёддошти худ навиштааст. Аммо ба тарзи намуна ба ин се мактуб қаноат карда шуд. Инчунин нақли муаммоҳоеро ҳам, ки Восифӣ дар ин маҷлиси имтиҳонӣ ном ногуфта кушодааст, лозим дида    нашуд.

         ЧИСТОНИ ШАТРАНҶ

Эй дил кадом арсаи ҷангасту корзор,
К-он ҷост субҳу шом1  ба якдигар ошкор?
Аз ҳар тараф ду саф баҳам овардаанд рў,
Як подшоҳи Руму дигар шоҳи Зангубор? 2
Доранд ҳар кадом   вазире, ки рўзи ҷанг
—Бошанд ҳар яке ба яке банд устувор?
Саффи нахустро3  набувад ҷанги рўбарў,
Гоҳ аз ямин 4 набард кунад, гоҳ аз ясор 5.
Гардад вазир, бадрақа 6 созанд ҳамраҳаш
3-ин саф ҳар он, ки рафт саломат бад-он канор?…
Аспе чунон ки филсифат ҷанг мекунад.
Лекин уреб меҷаҳад, аз ҷо рамидавор
Филони ҷангҷўй дар он арса, гоҳи ҷанг
Ҳар гаҳ шаванд банд, шавад ҷангро мадор
Аз касрати асокиру зиқи бисот, халқ
—Дар хонаҳо кунанд дигар фикри кишту 7 кор?
Аз кишту кори лашкариён подшоҳро
Маҳсул ҳеҷ фоидае нест ҷуз фирор?
3-овози кишт шаҳ равад аз худ зи бедилӣ,
Гўӣ магар, ки мешунавад кишт з-изтирор?

1Субҳу   шом — киноя   аз   донаҳои   сафеду   сиёҳи   шатранҷ.
2Шоҳи  Рум — иборат   аз   шоҳи  донаҳои   сафеди   шатранҷ   ва шоҳи
Зангубор — шоҳи донаҳои сиёҳи он.
3Саффи нахуст, ки рў ба ҷанг накарда, ба чапу рост меҷанганд, ҳам агар ба он канор барояд, вазир мешавад — донаҳои пиёдаи шатранҷ аст.
4Ямин — рост.
5Ясор — чап.
6Бадрақа — ба   маънои   ҳамсар   шудан   ва   баробарӣ   кардан.
7Киштро ҳарчанд шоир ба маънои «киштукор» овардааст, аз вай «кишт»-и шатранҷро ҳам хостааст.

Густурда хиштҳо, ки зи ҳар хишти ӯ шуда Як хонае ки карда дар ў лашкаре қарор? Кардам шумор хишташ, аз он сохтан тавон Чизе ки мондааст, Сикандар ба ёдгор?..1

ЧИСТОНИ ОФТОБ

Кист он султони гардунрифъати олампаноҳ?
Мулки оламро мусаххар карда бе хайлу сипоҳ?
Гарчи бошад бениҳоят фасҳати иқлими ў,
Пеши рахши хинг сайри ў бувад якрўза роҳ?
Душманаш бошад сипоҳи шому дар ҷавлонгаҳаш
—Шаб ҳама шаб резаҳои шиша 2 мерезад ба роҳ?
Лек худ гирад ба каф ҷорўби заррину3 кунад
Рўфтурўбе ҷилвагоҳи хешро ҳар субҳгоҳ?
Гарчи бо мардум бувад, гармихтилоту меҳрубон
Тез натвонад касе кардан ба рўи ў нигоҳ?
Рўз бо сад ҷоҳ бар тахти Сулаймонеш4 ҷой,
Шом бошад манзилаш чун Юсуф андар қаъри чоҳ?
Гар кушояд чеҳра, созад оламеро ғарқи нур;
В-ар бигирад як замон; созад чаҳонеро сиёҳ?..
Қасидаест радифаш тамом  лолаи ҳумро
Дар ин чаман чу надид аз вафо асар лола,
Пиёларо наниҳад бар замини дигар лола.
Ба як пиёла барафрўхт оразаш, бингар —
Чӣ гуна шуд, мутағайир ба ин қадар лола?
Мудом ҷоми маи лолагун ба каф дорад,
Ба сархушиву тараб мебарад ба сар лола…
Ҳамеша ҳаст дар ў мушку анбари суда,
Шудааст ҳовани 1 боди сабо магар лола?
Пиёларо ба сари чўб кас нигоҳ надошт,
Мусаламасту саромад, дар ин ҳунар лола…
Сари шунидани ашъор дошт лола ба боғ,
Насим ин ғазал оварду хонд бар лола:
Магар ки ёфт зи холи лабат хабар лола,
Ки дорад аз ту чу ман доғ дар ҷигар лола?..
Зи жола пур набувад аз саҳоб, фасли баҳор —
Паи нисори ту дурҷест пургуҳар лола…

ҚАСИДАИ ДИГАР АСТ ИН, КИ
РАДИФИ  Ў  НАРГИС

Дар чаман дорад агар дидаи бино наргис,
Бар асо такя чаро карда чу аъмо наргис?..
Чашм то бар қади болои ту андохтааст,
Файзҳо мебарад аз олами боло наргис.
Чашми худро назада барҳаму ҳайрон шудааст
Карда то дидаи худро ба рухат во наргис.
Бар замин дўхта чашму сараш афганда ба пеш
Гашта шарманда аз он наргаси шаҳло наргис.
Нест ҳамранги гули рўи ту қатъо лола,
Нест монанд ба чашми хушат асло наргис…

ҚАСИДАЕСТ БУНАФША  РАДИФИ Ў ГАШТА

То тез кунад оташи гулзор бунафша
Гўгирдсифат гашта падидор бунафша…
Чун ошиқи хубони суманбўи ситамгар
Бо рўи кабудасту тани зор бунафша…
Худро ба сари зулфи ту то дид мушобеҳ
Дорад зи раёҳини чаман ор бунафша…
Каҷ карда паи роиҳае гардани худро
Пеши сари зулфи ту гадовор бунафша…
Лофад зи ғуломии сари зулфи ту, з-он руст
Хушбўйтар аз нофаи тотор бунафша…

АЗ  РАДИФИ   ИН  ҚАСИДА  ҒУНЧА ЯКСАР ГУЛ  КУНАД

Ёфт тахти чаман аз бахти ҳумоюн ғунча,
Тоҷвар низ шуд аз толеи маймун 2 ғунча.
Боғро чашм расидаст магар аз наргис,
Ки бароварда лабу медамад афсун ғунча?..
Хӯрдаи зар ба бағал, карда гиреҳ пешонӣ,
Ҳаст чун аҳли замон тангдилу дун ғунча…
Хӯрдаҳои зари худ сарф насозад ҳаргиз,
3-он ба бўстон зи бахилӣ шуда матъун ғунча…
Субҳдам булбули нолон ба чаман ҳасбулҳол.
Ғазале хонд, ки шуд волову мафтун ғунча:
Баски аз шавқи даҳони ту хўрад хун ғунча,
Хуми сабзест пур аз бодаи гулгун ғунча.
Аз ту садпораҷигар ғунчадаҳонон чун гул,
Гулрухон аз ту фурў рафта ба хун чун ғунча.
Дилам аз новаки ағёр ҷудо нест, бале
—Ҳаст бо хор дар ин боғча макун ғунча…
Абр бигзашт чу бар тарфи чаман жолафишон,
Гашт ҳамчун даҳанат пурдурри макнун 2 ғунча…