Бадое-ул-вақое-Қисми 7

ДАР БОРАИ ГУРЕЗОНДАНИ ВОСИФӢ
ДУХТАРАКИ АСИРА — МОҲЧУЧУКРО

Восифӣ мегўяд: баъд аз ду рўзи фалокати амир Ёдгор ба пеши амир Шоҳвалӣ рафтам. Дар он ҷо Султонвалӣ (писари Шоҳвалӣ)-ро дидам, ки гиребони худро пора-пора карда ва чунон гириста, ки чашмонаш варамидаанд. Чун фақирро дид, фарёд баровард ва гуфт:

— Махдумо! Маро бубахшед ва ҳар ҳаққе,  ки ба ман доред, биҳил кунед, ки ман худро мекушам. Ман шунидам, ки Шайбонихон Моҳчучукро аз хонаи Бегим бурда ва ба касе бахшида. Маро тоқати фироқи ў нест:

— Маро сад бор мурдан беҳ, ки як дам зистан бе ў.

Гуфтам:—Эй фарзанд! Дар мусибатҳо ва машаққатҳо сабр бояд кард, ба ғайр аз сабру таҳаммул ҳоло чорае ҳам надорӣ. Ман Ғиёсуддинро ёбам, бо ӯ маш-варат мекунам. Аҷаб нест, ки барои халос кардани ў роҳе ёбем.

Султонвалиро бо ин гуна суханҳо тасаллӣ дода, аз он ҷо баромадам. Ғиёсуддинро дар бозор дида, ба ў воқеаро ҳикоя кардам ва дар бораи халос кардани Моҳчучук фикри ўро пурсидам.

Ғиёсуддин гуфт:— Ман ин воқеаро аз ту беҳтар ва ба тафсилтар шунидаам: Шайбонихон Моҳчучукро ба Ҳусайнқунғурот дода. Ў дар лаби чоҳи Динорон ман-зил гирифтааст. Дар вақти овардани Моҳчучук бо мо-дараш аз Кўҳандистон модараш аз асп афтода, пояш шикастааст. Моҳчучук дар хонаи Ҳусайнқунғурот корде дар даст гирифта нишастааст ва мегуфтааст, ки: «Ҳар кас пешам ояд бо ин корд, ҳам ўро мекушам ва ҳам худро».

Ғиёсуддин ҳикояти Моҳчучукро ба ин ҷо расонида гуфт: -Ман дар бораи халос кардани он духтар тадбире андешидаам. Аҷаб нест, ки он тадбир мувофиқи тақдир барояд:

Он чӣ саъяст ман андар талабаш бинмоям,
Ин қадар ҳаст, ки тағири қазо натвон кард.

Гуфтам:— Ба  фикри  ту чӣ  кардан  даркор аст?

Ӯ гуфт:— Фикри ман бо кори ман якест. Ҳар вақт ки корро сар кардем медонӣ чӣ кор кардан лозим бу-дааст. Дар ин гуна маврид гуфтугузори бисёр вақтро муфт аз даст меравонад. «Вақт теғи бурранда» гуфтаанд. Бисёр корҳоро вақт ҳал мекунад. Дар ин гуна мавридҳо вақтро аз даст додан — мисли он аст, ки дар майдони ҷанг шамшерро аз даст дода бошӣ. Зуд равон шав, ки корро сар кунем!

Мо ҳар ду ба ҷое рафта, либоси деҳқонӣ пўшидем ва ба ҷониби дарвозаи Малик рафтем. Дар беруни дарвоза бозоре буд, ки боғдорони саҳро ангур оварда, дар он ҷо мефурўхтанд. Аз он ҷо ду каҷова ангур харидем.

Ғиёсуддин якеро бар пушти ман бор    кард, дигареро ба пушти худ гирифт ва ҷониби лаби чоҳи Динорон равон шудем. Дар он ҷо ба дари сарое расидем, ки ҷамъе аз ўзбакон ба он сарой даромада мебаромаданд.

  • Сарои Ҳусайнқунғурот кадом аст?—гуфта пурсидем аз онҳо.
  • Ҳамин аст!— гўён ҷавоб дод яке аз онҳо.

Дар он ҳавлӣ даромадем. Дидем, ки дар сари суффа марде дар ғояти бузургӣ ва ҳашамат нишастааст ва дар рў ба рўи вай қариб панҷоҳ нафар навкар даст пеш гирифта мунтазири хизмат истодаанд. Дар пеши айвон хонае ва дар он хона зане ба болин такя зада нолида хобидааст.

Ман ва Ғиёсуддин Муҳаммад каҷоваҳои ангурро ба пеши суффае, ки Ҳусайнқунғурот нишаста буд гузошта, ба тарафи он хона давон рафтем ва ба пои он зан афтода гуфтем:

—Эй  валинеъмати мо! Ин чӣ ҳолат аст? Ба  пои шумо чӣ рўй дода, ки менолед? Чашмони мо кўр бод,ки шуморо дар ин ҳолат набинем!

Амирҳусайн ба мо гуфт:— Шумо чӣ касонед ва ба инҳо чӣ алоқа доред?

—Мо деҳқонон ва боғбонони ин бегим мебошем,— гуфтам ман дар ҷавоб ва сухани худро давом кунондам:—ин кас дар мавқеи Ғуслон боғе доранд, ки дар хубӣ ва латофат дар тамоми Хуросон монанд надорад.
Ҳамин вақт қариб панҷсад ман ангур дорад ва ангурҳо пухта гузашта, қариб аст, ки талаф шаванд.

Ҳусайнқунғурот гуфт:— Ғам махўред, ки он боғ ба мо тааллуқ гирифт ва шумо ҳам аз они мо шудед. Шуморо тарбия ва ба шумо нигоҳубин хоҳем кард. Ангурҳои он боғро шароб андозед!

Бегим ба тарафи мо тез-тез менигарист, ў пай бурда буд, ки мо барои ягон кори муҳимме омадаем. Ў диққат мекард, ки то фаҳмад, мо барои чӣ кор омадаем.

Ман аз хона баромадам, як каҷова ангурро ба нав-карон тақсим карда додам. Каҷоваи дигарро ба хона даровардам ва ба модари Моҳчучук гуфтам:

—Имрўз  инро  нўши  ҷон  кунед,   фардо  боз   ангур хоҳем овард.

Ангурро аз каҷова баровардам. Моҳчучук дар гўшаи хона нишаста буд ва корде ба даст дошт ва гиря ме-кард. Ба ў оҳиста ва бо ишора гуфтам:— Бархез ба ин каҷова даро! Чӣ ҷои гиря аст. Султонвалӣ мабодо, ки аз ғами ту худро кушта бошад.

Ў ба каҷова даромад. Баргҳои токро аз болои ў чидем. Ғиёсуддин Муҳаммад ба ман гуфт:— Ин каҷоваро гузор, ки ман бардорам. Ту тоқати ин бори гарон надорӣ, ки ба ин роҳи дур бубарӣ. Ту каҷоваи холиро бардор!

Чунин кардем ва намози аср ба шаҳр расидем. Ман пештар ба хонаи Шоҳвалӣ даромадам. Султонвалӣ мегирист ва маро дида бо гиребони чок ва синаи ғамнок пештар омад.
Гуфтам:
Мужда эй дил, ки масиҳонафасе меояд,
Ки зи анфоси хушаш бўи касе меояд.
— Ғам махўр, ки муродат ҳосил шуд!

Ғиёсуддин Муҳаммад ҳам омада даромада каҷоваро бар замин ниҳод ва сари вайро аз баргҳо кушод. Моҳ-чучук монанди офтобе, ки аз зери абр барояд, аз каҷова баромад. Ғулғулаи шодиёнаи аҳли хона ба фалак печид:

Чӣ хуш бошад, ки баъд аз интнзорӣ.
Ба уммеде расад уммедворе,

Зани Шоҳвалӣ гарданбанде дошт, ки дар Хуросон монанд надошт, аз гардан бароварда ба Ғиёсуддин ҳадя кард. Духтаронаш ангуштариҳо ва гўшвораҳо ба фақир бахшиданд.

ҲИКОЯТ ДАР БОРАИ МАВЛОНО ХАВОФӢ

Восифӣ мегўяд: чунин ҳикоят мекунанд, ки дар вақти бинои мадраса, ҳар рўз Улуғбек ба сари иморат меомад ва дар қатори коргарон ба устоҳо бо дасти худ хишт медод. Рўзе касе дар вақти ин гуна кор аз Улуғбек пурсид:

  • Ба наздикӣ бинои мадраса тамом мешавад. Дар ин мадраса кадом касро мударрис таъин хоҳед кард?
  • Касе ки дар ҷамеи улум ва фунун моҳир бошад, дар ин мадраса мударрис хоҳад шуд,— гуфт Улуғбек дар ҷавоб.

Дар он вақт касе бо либоси коргарӣ дар миёнаи тў-даҳои хишт нишаста буд ва ин гуфтугузорро мешунид. Баъд аз шунидани ҷавоби Улуғбек гуфт:

—Ин тавр  бошад, ман дар  ин мадраса  мударрис хоҳам шуд.

1Уюни мудриқа — чашмҳои идроккунанда.
2Нуфуси нотиқа — рўҳҳо ва ҷонҳо.

Улуғбек бо шунидани ин сухан, аз он шахси коргар-монанд тааҷҷуб кард ва аз он одамон пурсид, ки ин кас кист?
Гуфтанд:—Муҳаммад ном дорад ва аз вилояти Хавоф омадааст, муддатест, ки дар ин шаҳр ба таҳсили илм машғул аст.

Улуғбек он шахсро пеши худ талабид, аз ў дар бораи илмҳои гуногун чизҳо пурсид, ў ба ҳамаи масъалаҳо ҷавобҳои муносиб дод. Чун он шахс мувофиқи даъвои худ баромад, Улуғбек ўро ба ҳаммом  фиристод, либосҳои хоси хешро ба ў пўшонид ва ўро пеши Қозизодаи Румӣ  фиристода, ба худ ҳамдарс кард.

Инак ҳамин шахс Мавлоно Хавофӣ буд, ки Мавлоно Хоҷагӣ аз авлоди ўст. Мавлоно Хоҷагӣ ҳам дар аксари улум, хусусан да,р илми маониву баён — илми фасоҳату балоғат шўҳрати тамом дошт.

ЁДДОШТИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ САРМОИ САХТИ САМАРҚАНД
ВА ҚА
ҲТУ ГАРОНӢ ВА АҲВОЛИИ ТАЛАБАГОНИ
ФАҚИРИ ХУРОСОНӢ ДАР ОН ЗИМИСТОН

Восифӣ мегўяд: дар соли 918 (1512) дар Самарқанд зимистон бисёр сахт омад. Чун офтоб ба бурҷи қавс расид, гўё аз он қавс (камон) тирҳои замҳарир — ба сари мо ва одамиён меборид:

Сарриштаи офтоби сўзон,
Шуд шўшаи ях ба нимрўзон.
Рўз аз хунукӣ кашида дарҳам —
Худрову намуда кўтаҳу кам.
Аз сардии об мурғи обӣ.
Оварда паноҳ бар кабобӣ.

Дар ин сол дар Самарқанд қаҳтӣ ва гаронӣ ба да-раҷае расид, ки халоиқ ба ҷуз қурси моҳу офтоб, ки дар дастурхони фалак буд, дар дигар ҷой сурати нонро намедиданд ва гуруснагони фақир шабҳо ба ҷои хўшаи гандум, дар хаёли худ аз хирмани парвин хўша мечиданд:

Гуруснашикам бар намад дошт чашм,
Ки ҳамсояи гўшт будаст пашм.

Дигар воқеаи аҷиб, ки дар ҳамон вақти сармо ва қаҳтӣ ба ман рўй дод, ин аст, ки шабе ба хонаи дўсте ба меҳмонӣ рафта будам, дузде дар он шаб ба мадраса омада ва қуфли дари ҳуҷраро тофта ва ҳар чизе, ки дар он ҷо ёфтааст, бурдааст.

Ба болои ин даҳ нафар талабаи ғарйби хуросонӣ, ки дар ғояти бечизӣ ва парешонӣ буданд, пеши ин фақир омаданд ва аҳволи худро ба ин тавр изҳор намуданд:

— Агар ба ҳоли мо ғарибон фикре накунӣ, мо ҳамагӣ аз сармо ва гуруснагӣ талаф хоҳем шуд.

Аммо ман, онҳоро ба ҷуз сабру таваккул даъват кардан ва тасаллӣ додан, чораи дигаре надоштам. Охир ба хотирам расид, ки дар силсилаи Фулодсултон ҷавоне буд дар ғояти саховат ва ниҳояти карам, ки ўро Миракои шоҳ мегуфтанд. Хостам, ки аз вай барои толибилмони фақир ёрмандие хоҳиш намоям ва ба ин мақсад аҳволи толибилмони ғарибро баён намуда, ба ў мактубе навишта фиристода шуд. Он мактуб ин аст (бо қадаре кўтоҳ кардан айнан):

«Сарафрозо, банданавозо! Маърузи замири мунири офтобтанвир он ки шиддати сармо ва суубати дай 1 ва сахтии сардиҳои зимистон ва хунукиҳои вай ба дараҷае расида, ки хуршеди авҷи торуми2 чаҳорум, ки хисрави зарринкулоҳи ховар аст, ҳар шом худро самандарсифат дар оташи шафақ меандозад ва шоҳи мамолики шом, ки моҳи нав аст, дар хокистари сипеҳр ва ахтари анҷум маъман месозад. Ҳаво бо он, ки ҷуббаи пурпунбаи абраш дар оғўш дорад, аз шиддати сармо дам ба дам нафаси сард мекашад ва унсури оташ бо он ки ҳамеша аз дуд, пўстини самур бар дўш дорад, аз бурудати ҳаво ларза мезанад:

1       Суубати дай — шиддати зимистон.
2       Торум — хона, маҷозан осмон.

Дар фасли дай чу шўълаи оташ занад алам
Дорам басе азизтар аз шўшаи зараш.
3-он оташ аз суубати сармо фасурданист,
К-аз дуд пўстини самураст дар бараш.

Бар раъйи анвари оламорой пўшида намонад, ки дар чунин фасл чун ҳарорати сина ва оташи дил дафъи сармо аз сари мо намекунад, аз бараҳнагӣ кори фақи-рон наздик ба он расида, ки аз хилъати ҳаё низ орӣ 1 гарданд. Чун шеваи лутф ва бандапарварӣ ҷомаест аз ҷомахонаи аҳадияти сатторӣ2 бар зоти бузургвори он ҳазрат пўшидаанд, раҷои восиқ3 ва амали содиқ4 аст, ки ин фақирони бе сару по ҳар кадом ба пўстине аз ҷомахонаи карами он ҷаноб сарафроз шуда пўшида гарданд. Ҳамеша зоти касирулбаракот5 ба хилъати ҳаёт мулаббас 6 бод….»

Чун Миракои шоҳ ба мазмуни ин мактуб воқиф гар-дид, фақиронро ба меҳмонӣ талабида зиёфат карда аз барои камина пўстини мўина ва сару пои мувофиқ ва аз барои ҳар талаба пўстини барра ва пироҳану тунбон (курта, лозимӣ) карам фармуд…

Аммо кори толибилмон ба ҷое кашид ва аҳволи он-ҳо ба дараҷае расид, ки ду тан аз онҳо пўстинҳои худ-ро фурўхта хўрданд ва аз сахтии сармо ҷон «ба ҷоно-фарин супурда» мурданд.

Мавлоно Алии Балхӣ, ки яке аз ёрони ҷонӣ буд, шабе ба ҳуҷраи фақир омада гуфт:

—Ин толибилмон ҳама ҳалок мешаванд, дар бораи онҳо чӣ  андеша бояд кард?

Гуфтам: — Ман низ ҳайронам ва чорае намедонам.

—Дар   таърифи   соли   қаҳт,— гуфт ў, ба мадҳи Абўсаидсултон7 қасидае бояд гуфт. То ки аз вай сила — мукофот гўён чизе рўяд ва ба он восита сафинаи умри ин фақиронро аз ин баҳри бапоёни сармо ба соҳили фароғат  гузаронем ва киштии аҷзи ин афтодагонро аз ин дарёи   заххори хунхори қаҳт бар канора орем. 

1Орӣ — бараҳна.
2Аҳадияти сатторӣ — Худои айбпўш.
3Раҷои восиқ — умеди қавӣ.
4Амали содиқ — орзўи рост.
5Касирулбаракот — пурбаракат.
6Мулаббас — либоспўшида.
7Абўсаидсултон — набераи   Шайбонихон   аст,  ки   аз  соли   936 (1530) то 939 (1533) ҳукумат кардааст.

Гуфтам: — Султонабӯсаид туркест, ки асло форсӣ намедонад, чунонки мо туркӣ намедонем.

Мавлоно Алӣ гуфт: — Ман рафиқе дорам, ки имом ва ноиби султон аст. Ӯ моро ва он қасидаи навишташуданиро ба султон таъриф кунад, кифоя аст.

Ман ин таклифро қабул кардам ва он қасида ҳамон шаб тамом шуд. Он қасида ин аст:

Эй дил, хаёли хом мабар дар паи таом!
Зеро ки имтило  шудаам з-ин хаёли хом.
Зикри фалак ба хайр, ки аз хони ў маро
Шамсии меҳр — чошт бувад,қурси моҳ — шом 2.
Аз баҳри роҳтўша зи анҷум карам намуд
—Хони кўличареза 3 ба ман чархи нилфом.
Рангина қурсҳост паи нони роҳи ман
Дар раҳ нишони пои шутур ҳосили калом.
Гандум зи ҳар ки кас талабад, орд мекунад
—Аз зарби мушт рустаи дандони вай тамом.
Бо он, ки хун хўранд шабу рўз мардумон,
Даври замони ташна ба хуншон бувад мудом.
Дунон намедиҳанд ба кас нимлуқма нон,
Ё раб, чунон мабод зи дунон ба ғайри ном.
Дорад чу «қарз» сурати «қурс», аз барои он
—Як ҳабба кас қарз наёбад зи хосу ом…
Тасбеҳ дона кардаму саҷҷода дом, лек
—Анқо шудаст нон, нашавад сайди кас ба дом.
Як дона гандум ар ба замин афганад касе
Мардум кунанд мўрсифат бар вай издиҳом.
Бар халқ гўшти хару хинзир 4 шуд ҳалол,
Ё раб сабаб чӣ буд, ки нон шуд чунин ҳаром?
Хокистаре, ки дар таҳи он пухта шуд кумоч6,
Созанд тўтиёш халоиқ зи эҳтиром.
Ташбеҳи меҳру маҳ ба кумоч ар кунад касе
Ҳар ду ниҳон шаванд ба хокистари зулом 6
Бўе, ки муртафеъ шавад аз дуди дегдон,
Хуштар бувад зи роиҳаи 7 мушк дар машом.
Аз ҳеҷ равзане накунад дуд сар бурун,
Ҷуз дуди маргу дуди дили зори мустаҳом8,
3-он сон ки мардум аз паи нон чўб мехўранд,
Набвад аҷаб, ки гардадашон иллати ҷузом…9
Аз дасти қарзхоҳ чу гандуми ин замон.
Беҳтар зи ғори муш набошад дигар мақом…
Шуд устухони паҳлуи маҳ зоҳир аз ҳилол,
Аз қурси хур наёфт чу якчанад рўз ком.
Уммеди линги барра кунам рахши рўҳро
—Ҳар лаҳза пойбанди кӣ гардад ба ҷисм ром.
То шоми рўзи ҳашр нахоҳад тулўъ кард
—Аз матлаи замона ба ғайр аз маҳи сиём…
Эй Восифӣ, ба гуруснагӣ сабр пеша кун!
Зинҳор нон тамаъ макун аз суфраи лиём!
Дорӣ агар тамаъ ба шаҳе арз кун ки ҳаст
—Бар даргаҳаш чу Ҳотами Той дусад ғулом.

1Имтило — бисьёр   пур   шудани   меъда,   бадҳазмӣ,   ки   аз   пурии меъда пайдо шуда бошад.
2Маънии ин мисраъ — офтоб  таоми чоштгоҳӣ  ва  моҳ  таоми шом, бегоҳӣ.
3Куличареза — кулчача.
4Хинзир — хук.
5Кумоч — нонест,   ки   кўчманчиён  дар   зери   хокистар   ё  роғи тафсон мепазанд.
6Зулом — торикӣ.
7Роиҳа — хушбўй.
8Мустаҳом — саргашта, ҳайрон.
9Ҷузом — махавӣ.

Қасидаи мазкурро покнависӣ карда, пагоҳонӣ ба Конигил, ки Абўсаидсултон дар он ҷо хайма зада буд, рафта аз назараш гузаронидем. Он подшоҳ бо ёрии он имом, барои силаи қасида даҳ сар гўсфанди фарбеҳ, бист ман орд, маблағи сад хонӣ (600 танга) ва чор да-рахт барои ҳезум карам намуд.

Мо он чизҳоро гирифта ба мадраса овардем ва он зимистонро бо он толибилмони фақир ва чанде дигар аз фақирон ба фароғат гузаронидем.