Бадое-ул-вақое-Қисми 6

ДАР БОРАИ ҶАНГИ МИРХАЛИЛ БО МУФРИДИ ҚАЛАНДАР

         Восифӣ мегўяд: дар Ҳирот Мирхалил ном саидзодае буд, ки саромади ятимони панҷ дарвоза ва нўҳ булуки Ҳирот буд. Ҳамаи паҳлавонон дар ятимӣ сари таслим ба пеши ў фуруд оварда буданд. Дар ў хоҳиши чангидан бо Муфриди қаландар пайдо шуд ва ба пеши султон Ҳусайнмирзо омада гуфт: —Маро орзуст, ки бо муфриди шумо биҷангам.
Подшоҳ бихандид ва гуфт: —Моро муфриде нест. Аммо муфриди мусофире дар Ҳирот ҳаст, ки  агар  бо вай ҷангидан  мехоҳед,  шумо беҳтар медонед.

Дар ҳамин вақт Муфриди қаландар ба ҳузури сул-тон даромада омад ва подшоҳ ба ў гуфт: — (Саидзода Мирхалил бо ту ҷангидан мехоҳад, ту чӣ мегўӣ?

Муфрид гуфт:—Мирхалил аз авлоди пайғамбар будаанд. Маро чӣ ҳад, ки бо сагони он остон биҷангам.

Мирхалил гуфт: — Эй қаландари беҳудагўӣ, баҳона маҷўӣ! Хоҳӣ-нахоҳӣ, ман мехоҳам бо ту биҷангам.

Муфрид гуфт: — Эй сайиди ман! Ҳар қадар, ки хо-ҳед чўбҳо бар фарқи ман шиканед, то ки монда шавед ва ё хашми шумо кам гардад. Аммо ман намехоҳам бо касе ки сайид бошад биҷангам.

Баъд аз ин гуфтугузор Муфрид аз ҳузури подшоҳ баромада рафтан ва Мирхалил ҳам аз паи ў баромад. Ӯ дар беруни Боғистон Муфридро ёфта, бо ятимони худ бар вай ҳуҷум овард. Онҳо Муфридро дар миён гирифта бо корду ханҷар ба ў ҳаждаҳ захм заданд.

Чун ин хабар ба султон расид фармон дод, ки Мир-халилро ҳар ҷо ки ёбанд, ўро бо тир зананд ва Муф-ридро ба ҳузури худ оварда ва ҷарроҳонро ҳозир карда ба онҳо гуфт: — Агар захмҳои Муфридро илоҷ карда тавонед, ҳар чизе ки хоҳед, ба шумо инъом хоҳам кард.

Ҷарроҳон захмҳои Муфридро муоина карда диданд ва гуфтанд: —Ҳамаи захмҳоро илоҷ кардан мумкин аст, аммо  рўдаашро,  ки  чок карда  шудааст,  илоҷ кардан   мумкин нест.

Подшоҳ   фармуд, ки Устод Шайхи ҷарроҳро ёфта биёранд!

— Ӯ бемор аст,— гуфтанд ходимони дарбор. Подшоҳ фармуд, ки тахти равон бурда он ҷарроҳи беморро ба ҳузураш ҳозир карданд.

Устод Шайх захми рўдаи Муфридро дида фармуд, ки якчанд мўрчаҳои саворак—аспак ёфта оварданд. Устод чоки рўдаро бо ҳам баробар карда як мўрчаро ба вай рост нигоҳ дошт. Мўрча аз ду тарафи чок лабҳои нешдорашро халонид. Устод дарҳол гардани мўрчаро бо қайчича бурида, танаи ўро берун партофт ва ба ҳамин тариқа сар то сари захми рўдаро бо неши мўрча дўхт.

Муфрид дар муддати чил рўз офият ёфта, ба сари қадам бархост. Аммо Мирхалил аз бими кушта шудан дар ҷое пинҳон шуда буд, ки ўро намеёфтанд. Муфрид баъд аз саломатӣ ёфтан аз подшоҳ хоҳиш кард, ки гуноҳи ўро бахшад.

Подшоҳ ин илтимоси Муфридро қабул намуда, эълон кад, ки Мирхалил ҳар ҷо ки пинҳон шуда бошад, барояд ва ба афву инояти шоҳӣ эътимод карда ба ҳузур ояд.

Мирхалил бо шунидани афви подшоҳ аз гӯшаи пинҳоншудааш баромада ба ҳузур омад ва подшоҳ ба ў гуфт: — Мо мехоҳем, ки шуморо бо Муфрид оштӣ диҳем. Шумо чӣ мегўед?

Мирхалил гуфт: — То замоне, ки миёни ман ва Муф-рид ҷанг нашавад, оштии моро эътиборе нест.

Ба Муфрид гуфтанд: — Ту чӣ мегўӣ?—Ӯ гуфт:

Таҳаммул гарчи маҳмудасту нафъи бекарон дорад, Вале бояд начандоне ки мардиро зиён орад.

Ман ба қадри имкон одоб ва ҳурмати Сайидро риоя кардам ва дар натиҷа дидам он чӣ дидам. Акнун ҳеҷ мониае нест, ки бо вай биҷангам.

Хулоса, дар миёнаи Мирхалил ва Муфрид ҷанг му-қаррар шуд ва ҷои ин ҷанг дар Боғишамол қарор ёфт ва дар он ҷо ҷанг сар шуд.

Дар вақти ҷанг аввал Мирхалил даҳ чўб бар сари Муфрид андохт, аммо ў ҳамаи ин зарбаҳоро аз худ рад кард ва дар навбати худ Муфрид чўбдасти худро ба сари Мирхалил ҳавола кард. Ў сари худро пас кашид. Муфрид он чўбро каҷ карда ба соқи пои Мирхалил чунон зад, ки устухонҳояш рез-рез шуд.

Мирхалил бо зону барнишаст ва баъд аз он рост хеста пои шикастаи худро, ки овезон буд, сахт ҷунбонид. Устухонрезаҳо дар даруни пўст чунон ки дар даруни саноч (тўрбаи чармин) бошанд, ба якдигар бармехўрданд. Оммаи тамошобинон бо дидани ин ҳол сахт андўҳгин шуданд.

Султон фармуд, ки устод Зайнулобидини шикаста-бандро ҳозир карданд. Ӯ пои шикастаи Мирхалилро дида фармуд, ки заминро ба қадаре ки пой то зону ҷой гирад, шикофтанд. Баъд аз он фармуд ки гаҷ оварда дўғоб тайёр карданд.

Устоди шикастабанд пои шикастаро ба он ҷои шикофташуда гузошт ва ба дасти худ аввал устухонҳои буҷулаки поро ҷо ба ҷо кард ва фармуд, ки дар он ҷо дўғоби гаҷ рехтанд ва баъд аз он устухонҳои болотарро рост карда дўғоб рехт. Ба ҳамин тариқа устухонҳои шикастаи пойро то зону ҷо ба ҷо карда дар даруни гаҷ гирифт.

Устод пои шикастаи Мирхалилро то чил рўз дар да-руни он шикофӣ бо гаҷ гузошта, баъд аз он бароварда кушода дид, ки ҳамаи устухонҳо ҷо ба ҷо саломат ёфтаанд.

Дар он чо ҷанги Муфриди қаландар ба асоси ёддошти Восифӣ ба охир расид. Мо мехоҳем, ки ба муносибати гўштигириҳои паҳлавонон ва ҷангҳои ятимон нуктаҳои зеринро аз тарафи худ қайд намоем.

Аз ин воқеаҳо якчанд ҳолатҳои хуб ва бадро хуло-са карда баровардан мумкин аст. Ин воқеаҳо дар он замонҳо, нисбатан боло рафтани риёзатҳои баданиро нишон медиҳанд. Хусусан тарбияҳои баданӣ, ки паҳлавон Муҳаммад Абўсаид ба хоҳарзодаи худ — Дарвеш дод, ибратангез аст. Аз миёни олимон ва донишмандон баромадани ин гуна паҳлавонон диққати касро боз ҳам зиёдтар ба худ мекашад.

Инчунин нисбат ба замони худ хеле боло рафтани ҳунари ҷарроҳӣ ва шикастабандӣ ҷои таҳсин аст. Хусусан дар гаҷ гирифтани устухонҳои шикаста, ки то замони мо дар амал ҷорӣ аст, дар он замон хеле пеш рафтани ин ҳунарро нишон медиҳад.

Дар баробари ин ҳолатҳои хуб хеле чизҳои бадро ҳам аз ин воқеаҳо фаҳмидан мумкин аст: ҷангҳои ваҳ-шиёнаи ятимон (олуфтагон) ва паҳлавонон бо ҳам ва то ба куштани якдигар тайёр будани онҳо аз ҳолатҳои бад ҳисоб меёбанд. Ин аҳвол аз хусусиятҳои ҷамъияти ҳамон давр буда, мо монанди инҳоро пешҳо дар Европа ба сифати дуэл ва ҷангҳои якка ба яккаи рисарҳо дидаем. Дар ин аҳволи бад бештарин бетарбиягӣ, ё тарбия карда натавонистани Ҳусайн Бойқаро сабаб шудааст. Чунончи, мо дидем, тарафдорӣ кардани ў ба як ятими (олуфтаи) сарсаригард ба муқобили дигар ятимон ба чӣ қадар фасодҳо сабаб шуд. Натиҷаи дар корҳои авбошон ва олуфтагон бетартибона тадохул кардани Ҳусайн Бойқароро мо дар ёддошти зерини Восифӣ боз ҳам равшантар хоҳем дид.

Мир дар ғазаб шуда гуфт: — Ин мардак аз ҳад даргузашт. Ўро бурда аз ҳал-қаш ба дор кашанд!

Носир ба мир Алишер гуфт: — Шумо чаро дар бо-раи ман ба ҳукми ояти «Қуръон» амал намекунед?

Мир гуфт: — Он кадом оят аст, ки ман амал накардам?

Носир гуфт: —Дар «Қуръон» гуфта шудааст, ки «Ва аммалятима фало таҳқар» (ва аммо ятимро қаҳр накунед)2. Шумо бошед дар ҳаққи ман қаҳру ғазаб кардед ва ҳатто маро ба куштан ҳукм фармудед!

1.Восифӣ  дар   ин  ҷо  чанд  латифа   аз   Носир   нақл  кардааст.
 Аммо   ба  сабаби  он  ки онҳо  беодобона  буданд,  нақлашон  муносиб дида нашуд.
2.Носир дар ин ҷо ҳам лафзбозӣ кардааст: ў дар ҷавоби худ калимаи   «ятим»-ро,
ки   гунаҳгораш   мувофиқи   истилоҳи   Хуросон ба  маънои  олуфта  ва   авбош
буд,  нагирифта,  дар  маънии  аслии он ки  ба  маънои  бепадару  модар  аст,
гирифта,  аз  ояти  Қуръон ба манфиати худ ба хубӣ фоида бурдааст.

Ин сухани Носир ба Мир Алишер сахт таъсир кард ва гуфт:—Ин аҳвол бояд ба подшоҳ арз карда шавад— ва ҳамон соат ба пеши султон рафта, латифаҳои донишмандонаи Носири рангрезро ҳикоя кард. Подшоҳ гуноҳи ӯро бахшид ва ба ў инъом ҳам дод.

Мир Алишер аз подшоҳ илтимос кард, ки «Ба қато-ри Носир дигар ятимонро ҳам бахшида, ин маҳкамаи бозхостро ғундорад».

Султон илтимоси Алишерро қабул намуда, ба ҳамаи ятимон афви умумӣ эълон кард.

ҲИКОЯТИ КИМИЁГАРИ ФИРЕБГАР ВА МУОМИЛАИ
ҲУСАЙН БОЙҚАРО БА Ӯ

Восфӣ мегўяд; дар соли 902 (1497) дар Ҳирот овоза афтод, ки дар вилояти Нишопур шахсе пайдо шуда-аст, ки илми иксир 3 ва кимиёро некў медонад ва иқтидори ӯ дар ин кор ба дараҷаест, ки дар як шабона –рӯз сад ман мис ва сад ман қалъагиро тилло ва нуқраи холис мегардонад ва инчунин ҳар гуна маъданиётро баъзеро ба баъзе табдил карда метавонад. Аз ғайри ин, ў ба илми табобат низ маҳорат дорад.

3.Иксир— як   омехтаи    кимиёвии   қадимист,   ки   кимиёгарони хаёлотӣ гуё бо вай мисро тилло  ва  қалъагиро  нуқра  мекарданд.

Султон Ҳусайн бо шунидани ин овоза ҷамъе аз калонони Ҳиротро бо тўҳфа ва ариза ба Нишопур фиристода, он кимиёгарро бо иззату эҳтиром ба Ҳирот талабид. Вақте ки он кимиёгар ба роҳ баромада ба Кӯсу, ки дар 15 фарсахии Ҳирот аст, расид, султон ҷамъе аз бузургони дарбор ва уламои шаҳрро ба пешвози ў баровард ва инчунин оммаи халқи Ҳирот, ҳатто аҳли ҳарами подшоҳ ба саҳрои Соқӣ Салмон, ки дар ду фарсахии шаҳри Ҳирот аст, ба пешвоз баромада, дар он ҷо хайма ва хиргоҳ зада, омади он кимиёгарро нигарон шуда нишастанд.

Кимиёгар аз дур намудор шуд, ӯ бисёр дарозқад буд ва либоси мағрибӣ пўшида буд, ки остинҳои бисёр васеъ дошт. Ў рўи худро бо остинаш пӯшонда буд, ки танҳо болои ду чашмаш кушода буд.

Вазири султон—Низомулмулк пеш рафта, рикоби ўро бўсид. Ў ба дигар калоншавандагони дарбор ва до-нишмандони  рўзгор  нигоҳе ҳам  накард.

Ўро бо ҳамин ҳашамат ва дабдаба оварда ба қасри Тарабхона, ки дар боғи Ҷаҳоноро буд, фароварданд.

Султон дар он вақт фалаҷ, буд ва афсӯс мехӯрд, ки «Дареғ, ки поҳои ман ёрӣ намедиҳанд, вагарна дар ҷи-лави он ҷаноб пиёда мерафтам».

Ҳусайн Бойқаро аз наздикони худ дувоздаҳ касро ба сўҳбати ў фармуд ва дигаронро аз рафтан ба пеши ў манъ кард ва инчунин султон, таоми ўро ҳам дар ҳу-зури худ пазонда худ мўҳр зада ба ў мефиристод.

Ба муносибати омадани кимиёгар дар Ҳирот дар нархҳои чизҳо дигаргуниҳои калон рўй дод: як ман мис ба санги Хуросон панҷ танга буд, ба сӣ танга расид, қалъагӣ, ки як мисқолаш ду пул буд, ба бист ашрафӣ баромад.

Асбоби кимиёгариро дар Тарабхона дар ҳузури сул-тон тайёр карданд. Кимиёгар ҳар рўз ба санги Хуросон як ман мисро тилло карда бароварданро ваъда дод. Аммо то  як моҳ чизе набаромад.

Подшоҳ аз кимиёгар сабаби дер мондани ин корро пурсид.  Кимиёгар  гуфт: — Ҳоло  дар  дасти  ман  иксир кам мондааст. Ман ба Мағрибзамин кас фиристодаам, ки иксир орад. Аз рафтани он кас шаш моҳ гузашт, баъд аз шаш моҳи дигар хоҳад омад. Иксири андаке, ки ҳаст ман мехоҳам ба илоҷи озори пои ҳазрати шоҳ ба кор барам.

Кимиёгар фармуд, ки то чиҳил рўз ҳар рўз ба поҳои султон равған моланд ва рўзи чиҳилум ўро ба ҳаммом бурда иксир молида тамом дуруст кунад, ки ў аз ҳам-мом ба пои худ пиёда баромада ба хонаи хоси худ омадан тавонад.

Кимиёгар дар ин рўзҳо ҳар рўз ба зиёрати мазороти Ҳирот мебаромад. Аммо дар ин зиёратҳо султон сад саворро ба ў ҳамроҳ карда буд, ки нафасе аз вай ҷудо намешуданд.

Рўзи чилум расид. Кимиёгар фармуд ҳаммомро гарм карданд. Ӯ гуфт: «Дар ҳаммом бояд подшоҳ бо ман танҳо дароянд ва каси дигар дар он ҷо набошад, то ки ман пайкари ҳумоюнро тамоман бараҳна намуда, илоҷ карда тавонам».

Султонро Будна ном маҳраме буд, ў аз ин таклифи кимиёгар бад бурд ва дар ҳаққи ў бадгумон шуд, ҳар-чанд ба изҳор кардани ин гумони худ ҷуръат накард, лекин ба подшоҳ арз кард ки:

— Ман як нафас бошад ҳам, аз зоти олӣ ҷудо шу-данро намехоҳам. Ҳамроҳ будани ман дар ҳаммом дар табобат зарар намекунад, балки ба ягон кор ёрӣ расонданам мумкин аст. Ман дар ҳар ҳол ва ҳама вақт маҳрами подшоҳ мебошам. Дар ин кор ҳам бояд маҳрам бошам.

Ба подшоҳ ин таклифи Будна мақбул афтод ва ў ба кимиёгар гуфт:

— Барои дар ҳаммом ҳамроҳ будани ин маҳрам аз тарафи ман ҳеҷ монеъ нест, таклифи ўро ман қабул кардам, шумо ҳам бояд қабул кунед!

Кимиёгар аз ин таклиф рўи худро турш карда ди-гаргун шуда бошад ҳам, ба қабул кардан маҷбур шуд.

Султонро ба гармхона бурда ниҳоданд ва ҳамаи хо-димон ғайр аз Будна берун рафтанд. Кимиёгар ҳам бо «дору ва дармонҳои худ» ба ҳаммом даромад. Будна, ки бадгумон буд, ўро бо диққат аз назар гузаронид ва дид, ки дар зери лунгӣ дар як рони ў чизе ҳаст ва оҳиста ба подшоҳ гуфт:

—Шоҳо, мулоҳаза фармоед! Чаро як рони ӯ аз дигараш калонтар ва барҷастатар аст?

Султон ба ў бодиққат чашм андохт ва ба Будна гуфт: —Рост мегўӣ, тафтиш бояд кард.

Будна ба як хез ба кимиёгар наздик шуда лунгиро аз бадани ў канда гирифт, ки бар рўи рони чапи ў як корди дудамаи калон овезон аст. Будна бо як маҳорат ва чобукӣ он кордро аз ғилофаш кашида гирифт.

Чун сирри кимиёгар фош гардид, ў ба султон гуфт: — Эй султон Ҳусайн! Аҷаб толеи қавӣ доштаӣ! Агар бахт ба ту ёрӣ намедод, ту ва ин писарак агар сад ҷон дошта бошед ҳам, якеро аз дасти ман ба саломат намебурдед.

Подшоҳ фармуд, ки кимиёгарро дар ҳамон вазъияти бараҳна ба ароба савор карда, ба Хиёбони Ҳирот бурда бар дор кашида тирборон кунанд.