Бадое-ул-вақое-Қисми 5

ДАР БОРАИ МУБОРИЗА КАРДАНИ ПАҲЛАВОН
МУҲАММАДИ МОЛОНӢ БО ФИЛ

Восифӣ аз Мирмуҳаммад Юсуф нақл карда мегўяд: дар соли 900 ҳиҷрӣ (1495) вақте ки султон Ҳусайнмирзо дар яйлоқи Чилдухтарон хайма ва саропарда зада буд, аз подшоҳи Деҳлӣ ба ў як фил бо қумошҳои ҳиндӣ тўҳфа омад. Он фили манглусӣ буд. Мардумоне, ки Ҳиндустонро саёҳат карда буданд, мегуфтанд, ки мо дар мамлакати Ҳинд филе ба ин азимат надидаем.

Он фил гўё кўҳе буд, ки аз қуллааш аждаҳоеро овех-та ва чаҳор сутун дар зери он Бесутун ангехта буданд. Султон гуфт: — Худо накарда агар одамӣ гирифторв вай шавад, чӣ гуна ҷон аз дасти ӯ тавонад раҳонид.

Паҳлавоy Муҳаммади Молонӣ бо оҳанги ғурур ва истеҳзо гуфт: — Шоҳо, он чӣ гуна одамӣ бошад?

Подшоҳ, ки ин сухан шунид, бар худ печид ва аз паҳлавон ба ғоят ранҷид ва дар дили худ гуфт: «Ин чӣ кибру худбинӣ ва худнамоӣ аст, ки паҳлавон изҳор кард:

Ту ғарра машав ба зўри сарпанҷаву даст,
К-он ҷо ки зиреҳгараст, пайконгар ҳаст».

Баъд аз пароканда шудани аҳли сўҳбат султон амир Саидбадрро талабид ва ба ў шикоят кард, ки «паҳлавоy чӣ лофе буд, ки зад?».

Саидбадр гуфт: — Ҳамон фил боди калонгирӣ ва худписандиро аз димоғи паҳлавон  берун хоҳад овард.

Султон филбонро талабид ва ба ӯ гуфт:—Мехоҳам, ки паҳлавон Муҳаммади Молониро адабе кунам ва ӯро гўшмоле диҳам. Бояд, ки филро бар паҳлавон барангезӣ ва ўро тез кунӣ, ки вайро танбеҳе кунад.

Филбон гуфт: — Шоҳо, магар зуд аз ин фил дилгир шудаед? Он гурзе, ки паҳлавон дорадва агар_ бо он бар сари фил занад, мағзҳои вай пош мехӯрад. Рӯзе ки паҳлавон хабари омад-омади филро шунид, он гурзро созонда буд ва вазни он гурз ҳафт ман аст ба санги Хуросон 1. Паҳлавон он гурзро ҳамеша бо худ дорад.

1.Ҳафт ман ба санги Хуросон тахминан як пуд мешавад.

Султон ба Саидбадр гуфт: — Ин ҳинду рост мегўяд.
Саидбадр гуфт:—Ман паҳлавонро аз он гурз ҷудо месозам.

Чун Саидбадр ба хонаи худ боз гашт ба паҳлавон Муҳаммади Молонӣ кас фиристода ба ў расонид, ки «Ман аз лоф ва калонгирии фарзандон ба ҷон омадаам: яке мегўяд ки: «Ман гурзи паҳлавонро кор фармуда метавонам», дигаре мегўяд, ки: «Ман он гурзро чанд навбат пайдарҳам ба ҳаво меандозам ва боз мегирам», саввум мегўяд: «Ман он гурзро ба даст гирифта сад бор бефосила ба ҳаво бурда гирд мегардонам». Шумо марҳамат карда он гурзро фиристонед, ки бо озмоиш, гардани даъвои ин лофзанонро нарм созам.

Паҳлавон аз ин макр ғофил монда, гурзи худро ба Саидбадр фиристод.

Саидбадр баъд аз ба даст даровардани гурз фавран ба пеши султон рафта ба ў гуфт: — Мо кори худро тамом кардем, дигар шумо медонед.

Султон Тайфури пайк (шотир)-ро ки ҳамаи муқар-рабони даргоҳ ҳалқаи бандагии ўро дар гўш доштанд, фиристод, ки паҳлавон Муҳаммади Молониро дарҳол биёрад ва ў ба ҷома ва мўза пўшидан машғул нашуда ва ба ҳар вазъияте ки бошад, зуд ояд.

Паҳлавон дар хаймаи худ дар хоби нимрўзӣ буд, ки Тайфур ба ў рафта фармони султонро расонид. Паҳлавон аз аҳвол пай бурда ба ходимони худ гуфт: — Зуд рафта гурзро аз  Саидбадр  биёред!

Тайфур гуфт: — Ҳоло ба гурз мунтазир шудан мумкин нест, бояд ҳамин ҳоло ба дарбор ҳозир шавед.

Паҳлавон аз рўи пироҳан такбанде ба миён баста яктаҳе аз рўй пўшида бо кафши сарипоӣ (бемўза) рў ба даргоҳ овард.

Султон пеш аз фиристодани Тайфур ба филбон фармуда буд, ки чанд шиша шароб ба халқуми фил рехта, вайро сармаст карда буданд. Чун паҳлавон ба саропарда наздик расид, фармон дод, ки филро ба ў ангезонда сар диҳад.

Паҳлавон дид, ки фил ба тарафи ӯ ба қасди ҳуҷум меояд, дарҳол яктаҳи худро аз тан кашид ва дасторашро ба вай печида ба каноре ҳаво дод, остини пироҳанро то оринҷ барзад, домани пироҳанро дар такбанде ки ба миён дошт, устувор кард ва як пои худро пеш ниҳода ба муқобили фил мустаҳкам истод.

Фил хартуми манорамонанди худро ҳамоилвор бар дўши паҳлавон ниҳода, дар зери бағал устувор карда пеш кашид, ки пошнаҳои пои паҳлавон қариб аз замин бардошта шуд. Чун қуввати дигаре ба кор даровард танҳо нўгҳои ангушти пои ў бар замин монд.

Паҳлавон ба худ андешид, ки агар фил як зўри дигар ба кор барад, ўро чун гирдбод бар ҳаво бурда бар замин хоҳад зад, ки устухонҳои ў рез-рез мешаванд. Бинобар ин паҳлавон лангаре андохт, ки ҳар ду кафи пояш бар замин қарор гирифт ва худ ба зери фил майлон карда бар шиками ў бо қоидаи гуштигирӣ линги камарӣ задан сар кард.

Фил ба он зарбаҳо тоб наёварда гирд гаштан ги-рифт. Филбон дарҳол худро аз болои фил ба зер андохт ва фил пуштнокӣ ба замин ғалтид, ки чор пои ў монанди чор сутун бар ҳаво рост шуд.

Ғиреви таҳсин ва офарин аз халоиқ бархост. Султон фармуд ки як боркаш (лаълӣ) пур аз зари сурху сафед оварда, бар сари паҳлавон нисор карданд ва фашангҳо оварда филро бо онҳо бардошта аз ҷояш рост бархезонданд.

Баъд аз чанд рӯз филбон ба пеши паҳлавон омада гуфт:

  • Аз он рўз боз, ки шумо филро ғалтондед ва ўро забун сохтед, вай кинаи шуморо дар дил гирифтааст ва шабҳо чашм аз хаймаи шумо намеканад. Метарсам ки ман ғофил монам ва аз ин ҷонавар нисбат ба шумо ҳаракати баде сар барзанад ва ман ҳам дар балои вай гирифтор гардам.

Паҳлавон гуфт: — Ту имшаб мустаҳкам кардани филро саҳл гир ва худро ба нодонӣ зада гузор, ки ба ҷониби мо ояд ва мо ўро «меҳмондорие» кунем, ки баъд аз ин, аз ин гуна дағдағаҳо дар хотири вай намонад.

Чун намози шом шуд, паҳлавон ба ходимони худ фармуд, ки ҷойхоби ўро дар даруни хайма—дар пеши сутун паҳн карданд, яктаҳи ўро бар рўи ҷойхоб пўшонданд ва дасторашро ба тарафи саргаҳи ҷойхоб гузошта чунон сохтанд, ки гўё паҳлавон дар ин ҷо хобидааст.

Баъд аз он паҳлавон гурзи худро гирифта бо ҷамъе аз ҷавонон дар гўшае нигарон нишаст. Чун ду пос аз шаб гузашт, диданд, ки фил аз ҷониби ўрду монанди кўҳи сиёҳе пайдо шуд ва ба дари хайма омада ба атроф ва ҷавониб нигоҳ карда, худро ёзонда ба дарун даромад ва паҳлавонро дар бистар гумон карда вайро дар зери синаи худ гирифта ба молиш додан сар кард.

Паҳлавон бо ҷамоати худ расида омада, танобҳои хаймаро канданд ва аз ҳар тараф бар поҳои фил пе-чонданд, паҳлавон бо он гурз бар бадани фил задан гирифт ва фили бечора ба фарёд кардан даромад, чунон, ки ҳама аз дуру наздик хабардор гардида ҳайёҳуй бардоштанд. Султон аз хоб бедор шуда пурсид ки:

  • Ин чӣ ғулғула ва ғавғо аст?
  • Шоҳо, фил бар сари паҳлавон шабехун овардааст ва паҳлавон хабардор шуда, ўро дар зери зарбу лат кашида аст! — гуфтанд.

Султон машъалҳо афрўхта,қариб бо ҳазор кас аз аҳли дарбор савор шуда ба хаймаи паҳлавон расида омаданд. Подшоҳ ба паҳлавон наздик расида:

—Эй паҳлавон, мурувват! — гўён фарёд баровард.
Паҳлавон пеш давида ва зону зада гуфт: — Шоҳо! Ин ҷонавар маро қариб тамоман ҳалок карда буд. Алҳамду лиллоҳ, ки ба баракати давлати шумо хабардор шуда,  адабашро додам.

Султон гуноҳи филро аз паҳлавон талабида, ўро халос гардонид, ки ба филхонааш баргардониданд. Пагоҳонӣ султон чанд сар аспу гўсфанд кушта тўй дода паҳлавонро бо фил оштӣ дод.

ЁДДОШТИ   ВОСИФӢ   ДАР   БОРАИ   ХОҲАРЗОДАИ   ПАҲЛАВОН АБЎСАИД-ДАРВЕШМУҲАММАД

Восифӣ аз хоҷа Маҳмуди Тойбодӣ нақл карда мегўяд: Паҳлавон Муҳаммад Абўсаидро хоҳарзодае буд, ки Дарвешмуҳаммад ном дошт. Ў дар ҳафдаҳсолагӣ толибилми хуб шуда буд. Устоди ў Мавлоно Шайхҳусайн мегуфт, ки: «Дарвешмуҳаммад бо ҳар касе, ки ба мунозара дарояд, маро ба ҳоли он кас раҳм меояд. Зеро ки Дарвешмуҳаммад то он касро ба замин нашинонад ва мулзам накунад, даст аз вай боз надорад».

Аммо чунон ки мегӯянд «дар ҳар чиз як офат бо-шад, дар илм офатҳост». Дарвешмуҳаммадро офат расид: дар Ҳирот овозае пайдо шуд, ки Паҳлавоналии Рустоӣ ном паҳлавоне аз Ироқ раҳсипори Хуросон шудааст. Ӯ чунон паҳлавонест, ки аз  подшоҳон маншури (ярлиқи) забардастӣ ситондааст. Ӯ даъво мекардааст, ки «ба Хуросон меравам, паҳлавон    мири такянишин1 (Муҳаммад Абўсаид) -ро ҳалқабагўш мекунам».

1 Бештари паҳлавонон ва ятимони (олуфтагони) Ҳирот ба тарзи қаландарон ба такяҳо
вобаста буданд. Паҳлавон Абўсаид дар замони худ сардори такя буд ва ба вобастагони
худ ошу нон медод. Баъд аз сари ў хоҳарзодааш — Дарвешмуҳаммад роҳбари такя шуд
ва одати тағоии худро зинда дошт.

Бо шунидани ин хабар паҳлавон Муҳаммад Абўсаид хоҳарзодаи худ — Дарвешмуҳаммадро аз таҳсили илм боздбшта ба варзиши гўштигирӣ даровард. Ў даҳ нафар ҷавонони навхезро фармуд, ки ҳар рўз бо Дарвешмуҳаммад ягон-ягон талош мекарданд ва ў ҳар кадоми онҳоро дар гўштӣ меғалтонд.

Паҳлавон Абўсаид баъд аз он дар ҳар бор ду касро ба муқобили Дарвешмуҳаммад монд. Вақте ки ў иқтидори ба ду кас ғалаба кардан пайдо кард, се касро ва баъд аз он чор касро фармуд, ки бо Дарвешмуҳаммад якбора гўштӣ мегирифтанд ва ў ҳар чаҳори онҳоро ҳам болои ҳам ба хок мехобонид ва забун мекард.

Баъд аз он паҳлавон фармуд, ки қанореро пур аз реги намнок карданд, ки ба санги Хуросон сад ман (тахминан 12 пуд) меомад. Дарвеш як дасти худро дар зери қанор медаровард ва бо дасти дигараш аз гулўгоҳ гирифта аз замин бардошта аз болои сари худ гузаронида ба қафо мепартофт. Кам-кам вазни реги ин қанорро ба дусад ман  (24 пуд) бароварданд.

Баъд аз он паҳлавон фармуд, ки ҷуволеро пур аз рег карда ба равзани хона овехта, ҷавонон банди вайро нигоҳ дошта меистоданд. Вақте ки Дарвешмуҳаммад дар зери ҷувол дар баробари равзан омада меистод ҷавонон аз нигоҳдории он ҷувол даст боз медоштанд. Ҷувол бо зарбаи пуршиддат ба китфи ў меомад ва ў он ҷуволро ба дастони худ гирифта ба дур ҳаво медод.

Чун варзиши Дарвешмуҳаммад ба ин дараҷа расид, паҳлавон Абўсаид ба ў гуфт:

— Акнун дили мо як қадар ҷамъ шуд. Аммо ба ҳамин гуна варзишҳо давом кардан лозим аст.

Баъд аз се сол, ки Дарвешмуҳаммад дар сар то сари ин муддат варзиш мекард, Паҳлавоналии Рустоӣ ба Хуросон омад. Вақте ки паҳлавони мазкур ба деҳаи Кўсу расид, паҳлавон Абўсаид фармуд, ки гўштигирони мўътабари Ҳирот бо тўҳфа ва ҳадяҳо ба пешвози ў баромада вайро бо иззату эҳтироми тамом ба Ҳирот дароварданд.

Паҳлавон Абўсаид фармуд, ки гўштигирони Ҳирот паҳлавони меҳмонро 40 рўз меҳмондорӣ кунад ва дар ин муддат Дарвешмуҳаммад боз варзишҳои дурусттар намояд.

Султон Ҳусайнмирзо аз Паҳлавони олам пурсид, ки дар бораи ин паҳлавон чӣ фикр доред ва кадом паҳлавонро бо вай гўштӣ мегиронед?

Паҳлавон гуфт: — Ятимаке ҳаст, ки такяро рўфту рўб мекунад, ин корро ба вай ҳавола мекунем.

  • Он ятимак кист?—гуфта пурсид султон.
  • Дарвешмуҳаммад! — гуфта ҷавоб дод Паҳлавони
    олам.

Султон дар ҳайрат ва тааҷҷуб афтода гуфт: — Вай хурдсол аст. Баногаҳ беномўсие рўй надиҳад? Паҳлавон гуфт: — Умед аст, ки сабаби обрў ва но-мўс гардад.

Султон фармуд, ки ҳавзи Боғизоғонро хушкониданд, даруни ҳавз майдони гўштӣ муқаррар шуд, тамошобинон ба гирдогирди ҳавз ғун шуданд, султон, шоҳзодагон ва амалдорони бузург ба чортоқҳо нишастанд.

Паҳлавонон бараҳна шуда, танҳо дар зери тунбони гўштигирӣ ба майдон даромада, бо ҳам рў ба рў шуда ба якдигар овехтанд.

Дарвешмуҳаммад Паҳлавоналии Рустоиро монанди тифле аз замин боло бардошта ва бар сари даст гирифта чархе зада бар замин зад, ки замини майдон ба ларза даромад ва аз сар то пошнаи пои ў бар замин нақш баст. Ғиреви таҳсин ва офарин аз халоиқ баромада ба фалак печид.

Паҳлавоналӣ аз ҷой бархоста дар гиря шуда ба подшоҳ гуфт:

— Шоҳо, ин ҷамоат сеҳр карданд ва маро бастанд, ки ёрои ҳеҷ, ҳаракат намонд.

Султон гуфт: — Ин гуна суханҳо бемаънӣ аст. Агар боз гӯшти гирифтан хоҳӣ то се навбат ба ту дастур ва ихтиёр дода мешавад.

Паҳлавоналӣ гуфт:—Агар ман одамӣ бошам ҳамин як бор бас аст.

Султон ба аҳли дарбори худ гуфт:

— Ҳар кӣ сари маро дўст дорад, ба Дарвешмуҳаммад инъом диҳад.

Чунин гўянд, ки дар он маърака сад ҳазор танга ба Дарвешмуҳаммад инъом омад. Ў ҳамаи ин маблағро ба Паҳлавоналӣ дода гуфт:

— Маро ҳамин обрўй ва эътиборе, ки дар ин гўштӣ ҳосил шуд бас аст, шумо аз мамлакати худ умедвор ба ин диёр омадаед, дасти тиҳӣ наравед.

ДАР БОРАИ МУФРИДИ ҚАЛАНДАРИ БАҒДОДӢ ВА ҶАНГИ Ў БО ҲАЙДАРПАҲЛАВОНИ ҲИРОТӢ

Восифӣ мегўяд: Дарвешаҳмади пилакаш, ки лангар-дори (такядори) муфридони Хуросон буд, дар бозгашти сафари Ҳиҷоз (ҳаҷ) ҳамроҳи худ Муфриди қаландари бағдодиро овард. Муфридони Хуросон мегуфтанд: «Ҳаргиз мо ба ширинии андом ва зебоии пайкари ў касеро надидаем».

Ў тоқияи намадие ба шакли кулоҳхўд (нўкдор) бар сар ва ҷомаи намадии мағзидори зебое дар бар дошт ва чўбдасти рости симпечкардашуда, ки се мани шаръӣ (тахминан се кило) вазн дошт, дар даст гирифта бар сари хиёбони Ҳирот омада овоз дод, ки: «Ман паҳлавонон, ятимон (олуфтагон) ва наҳангони панҷ, дарвоза ва 9 булуки Ҳиротро ба чанги худ ҷеғ мазанам ва ҳар касе, ки ба муқобили ман ояд, агар чи Рустами Достон, Соми Наримон ва Исфандиёри замон бошад, ба ҳамин чўбдаст бо вай ҷанг хоҳам кард».

Султон Ҳусайнмирзо, ки суханони он муфридро шунид, ўро талабида  ба ҳузури худ қабул кард. Қиёфа ва суханварии Муфрид ба подшоҳ хуш омада, ўро пештари худ талабида ва даст ба тоқияи вай ниҳод гуфт: — Мардона бош, ки илтифоте ба ҷониби ту дорем!

Чун хабари мақбули подшоҳ афтодани муфриди мусофир овоза шуд, шўри аҷибе дар миёниятимони (олуфтагони) Хуросон рўй дод ва аз муомилаи султон нисбат ба Муфриди бағдодӣ рашк карда, ҳамагӣ бар муқобили ў бархостанд ва писари аламдорро, ки ятиме буд бағоят забардаст ва саромади паҳлавонони Хуросон барангехтанд, ки бо Муфриди қаландари бағдодӣ биҷангад ва ин маъниро ба арзи подшоҳ расониданд.

1 Муфрид — исми хос нест. Ин калима дар истилоҳи Хуросон дар асл ба маънои
 «бандаи фармонбардор» буд. Баъд аз он қаландарони сарсаригарди ҷангараро 
муфрид номиданд. Ин калима ҳам ба ятим, ки ба маънои олуфтааст, наздик аст, 
аммо муфрид бояд дар зери либоси қаландарӣ гардад.

 

Подшоҳ талаби ятимони Хуросонро қабул карда, ҷанггоҳро дар лаби ҳавзи Боғизоғон қарор дод. Дар боғи мазкур чортоқи Муҳаммад Мўъминмирзо буд, ки подшоҳ рўзи ҷанг бо маҳрамон ва писарони худ дар он чортоқ чойгир шуд.

Муфриди қаландар ва писари аламдор чўбдастҳои худро гирифта ба муқобили ҳам баромаданд, писари аламдор чўбдасти худро алам гардонида (рост карда) бар сари Муфрид андохт. Дар вақти фуруд омадани ин чўбдаст Муфрид сари худро пас кашид ва сари чўбдасти писари аламдор бар замин бархўрда, аз дасташ афтод. Ў мехост, ки чўбдасти худро аз замин баргирад, дар ҳамин вақт Муфрид бо чўбдасти худ бар баногўши ӯ чунон зад, ки вай монанди алам бар замин ғалтид. Ғулғулаи таҳсин ва офарини халқ бар осмон баланд шуд.

Подшоҳ фармуд, ки боркаши (лаълии) пурзӯр оварда бар сари Муфрид нисор карданд. Дар натиҷаи ин ҷанг овозаи паҳлавонӣ ва забардастии Муфрид ба шаҳри Ҳирот паҳн шуд.

Аз дарвозаи Фирўзободи шаҳри Ҳирот Ҳайдари тиргар ном ятиме буд, ки баҳодурон дар рўзи ҷанг аз тири ҳаётшикофи ў алҳазар мегуфтанд. Ятимони Хуросон ўро ба ҷанги Муфрид барангехтанд. Ў гуфт:

— Бо қаландаре ҷангидан номўс ва обрўи паҳлаво-нии маро зиён дорад.

Ятимон гуфтанд:—Алҳол ному номўси ҳамаи паҳ-лавонони Хуросон барбод рафт, агар метавонӣ бо ў ҷангида он ному номўсро бозовар!.

Ў ба ҷанги Муфрид розӣ шуд. Ин хабар ба султон расида ҳукм фармуд, ки дар вақти ҷангидани Ҳайдар ва Муфрид ҳамаи ятимони номдори Ҳирот ҷамъ шаванд.

Дар вақти ҷанги Муфрид чунон ки гуфтаанд:

— Пешдастӣ кун, ки набвад дастпеширо бадал — пешдастӣ  карда   чўбдасте  бар   китфи Ҳайдар  зад,  ки  дасти ӯ аз кор баромад ва ӯро маҷоли чӯб андохтан намонд. Муфрид чаҳор чўби дигар бар китф ва камари Ҳайдар зад. Аммо ў чунон рост истода буд, ки гуё миле фўлодӣ аст, ки дар қаъри замин ҷой гирифтааст.

Муфрид чўби шашўмро бардошта бар фарқи сари Ҳайдар рост овард. Султон мулоҳаза кард, ки агар ин чўб ба Ҳайдар расад аз ҳастии ў ному нишон нахоҳад монд ва бинобар ин овоз баланд кард ки:

—Ой Муфрид!  Ин чўбро бар вай мазан!
Муфрид дар вақти фаровардани он чўб ин нидоро шунид ва як чарх зада он чўбро бар танаи дарахти чаноре, ки дар он ҷо буд, фуруд овард ва он чўб дар дарахт ғўта хўрд.

Султон Муфриди қаландарро пеши худ талабид ва аз вай пурсид:

—   Дар ҳаққи Ҳайдар чӣ мегўӣ?

Муфрид гуфт: — Шоҳо, инсоф он аст, ки яке аз он панҷ чўб ки ба Ҳайдар задам, агар бар ман мерасид чунон меғалтидам, ки то рўзи қиёмат барнамехостам. Ҳайдар ҷаҳонпаҳлавон аст.

Ин сухан ба подшоҳ хуш омад. Ба Муфрид чор қа-бат либоси тукмаизардор бо панҷ ҳазор танга ва ба Ҳайдар ҳам мисли он инъом намуд.