Бадое-ул-вақое-Қисми 4

ЁДДОШТИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ РАССОМ БЕҲЗОД ВА СУРАТИ НАВОӢ

Васифӣ дар ёддошти худ дар муқаддимаи тасвири Мир Алишер мегўяд: подшоҳон ҳамеша ҷамъе аз мусав-вирони (рассоми) сеҳрофарин ва наққошони бадоеъ-оинро дар дарбори худ нигоҳ дошта, назари илтифот ба ҳоли эшон гумоштаанд. Чунки ин тоифаи тарабангез ва ин фирқаи латофатомез сабаби хурсандии оммаи аҳли оламанд. Бинобар ин подшоҳи мабрур (Ҳусайн Бойқа-ро) аз миёни ҳунармандони ин санъат устод Беҳзоди наққошро баргузида, ўро «Монии сонӣ» лақаб дода буд.

Ҳар гоҳ он подшоҳро ғаме ва аламе мерасид, устоди моҳир сурате бар меомехт ва пайкаре меангехт (кари-катурае мекашид), ки ба муҷарради ба вай нигоҳ кар-дан оинаи хотираш аз занги кудурат пок мешуд.

Устод Беҳзод ҳамеша суратҳои гуногун ва нақшҳои нав ба нав бо худ дошт, ў аксар сурати Бобо Маҳмудро, ки аз ҷумлаи умарои бузург буд, ба вазъиятҳои гуногун мекашид.Бобо Маҳмуди мазкур сурати аҷиба ва ҳайъати ғариба дошт ва ин қитаа гўё дар шаъни ў воқеъ шуда буд:

Ҳама шаҳмиву лаҳм1  эй мири аъзам,
Хуш он к-ў чун ту мире баргузинад,
Агар аспи ту ҳаргиз каҳ наёбад,
Зи заъфи лоғарӣ кай ранҷ бинад,
Ту ҳар гоҳе ки бар вай барнишинӣ,
Дусад ман гўшт бар вай барнишинад.

1 Шаҳм — чарбу; Лаҳм — гўшт.

Бобо Маҳмуд бо вуҷуди ин фарбеҳии бадан ва ғафсии пайкар дар камоли чустӣ ва чобукӣ ва дар ғояти сабукрўҳӣ буд. Ӯ бо ҳаракатҳои ширин ва латифаҳои намакин худро дар дили оламиён ҷой гиронда буд.

Аз ҷумлаи ҳикоятҳои ширин, ки аз Бобо Маҳмуд. нақл мекунанд, ин аст: султон Ҳусайнмирзоро «Ашҳаб» ном аспи тозинажод (арабинажод) буд ва дар ҳаққи ў ин байтҳо рост меомад:

Агар мард бар пушти ў по задӣ,
Нахустин қадам бар сурайё задӣ.
Савор аз хироми вай огаҳ нагашт,
Чу умре, ки дар шодмонӣ, гузашт,
Ба сони ду гўшаш ду пайкон кӣ дид?
Ду пайкон ба як тири паррон кӣ дид?

Қазоро он асп бемор шуд ва дар он вақтҳо вабои асп омада буд ва мирохур ҳар рўз ба подшоҳ хабари марги асперо меовард.

Чун подшоҳ хабари бемории он аспи сарсархиромро шунид, бе ором шуд ва гуфт: «Ҳар касе ки хабари марги он аспро биёрад, аз миёнаш ду ним мекунам»

Иттифоқҳо ҳамон рўз он асп мурд ва мирохур ба пеши Бобо Маҳмуд омада гуфт: «Ашҳаб ҷон ба ҷонофарин супурд. Агар ман ин хабарро ба подшоҳ расонам, бешак рўҳи маро бар равони Ашҳаб савор карда, маро ба сарҳадди адам равон хоҳад кард. Ба ғайр аз шумо касе ин воқеаро ба гўши подшоҳ расонда наметавонад. Акнун ихтиёр   дар   дасти   шумо   аст»

Бобо Маҳмуд пеши подшоҳ даромад ва дар ҷои муқаррарии худ нишаст. Подшоҳ аз вай аз аҳволи Ашҳаб пурсид. Ў аз ҷои худ бархост ва дар рў ба рўи подшоҳ зону зада нишаст ва гуфт:

—Шоҳо! Ҳамеша рахши давлатат дар зери зини виқор ва ҳашамат бод! Иттифоқо бар дари ахтахона мегузаштам, Ашҳабро дидам, ки аҷаб ҳолате ва одате пайдо карда ва ғариб тариқае ихтиёр намуда, ки коҳу ҷаву об асло намехўрад ва чунон хуфта буд, ки ҳеҷ ҳаракат намекард ва нафас намезад..

Подшоҳ хандакунон сухани ўро бурид ва гуфт: —Эй бадбахт, «Ашҳаб мурд» гўй-чӣ?

Бобо Маҳмуд гуфт: «Чаҳонпаноҳо! Шумо расондани ин хабарро бо таҳдиди куштан манъ карда будед. Ал-ҳамдулиллоҳ, ки оқибат худ бо забони муборак аз ин манъе хабар дода, бандагонро аз ин душворӣ баровардед».

Подшоҳ аз ширингуфтори ва суханварии Бобо Маҳ-муд хурсанд ва хандон шуда фармуд, ки Ашҳабро кафан карда дар қабристони аъён гўрониданд ва барои вай таъзия гирифта, ош доданд.

Алқисса, рӯз ба рӯз ва соат ба соат ҳунар ва мартабаи устод Беҳзод дар тараққӣ буд ва ҳар нақше, ки мекашид аз паси вай ўро аз пардаи ғайб сурати фатҳе (муваффақияте) рўй менамуд.

Машҳур аст, ки устод Беҳзод саҳифаи мусавваре (картинае) ба маҷлисе фирдавсоини сипеҳртазини амири кабир —Мир Алишер овард. Дар он сурати ҳол чунон тасвир ёфта буд, ки: боғчае ороста бо дарахтони гуногун ва бар шохсори он дарахтон мурғони хушилҳони бўқаламун ва дар ҳар тараф ҷўйборҳои ҷорӣ ва гулҳои шукуфта ва нимшукуфтаи сурху зарду зангорӣ. Сурати Мир Алишер чунон кашида шуда буд, ки дар он боғ бар асои худ такя зада истодааст ва табақҳои пур зару сим дар пеши худ ниҳода муҳайёи инъом ва эҳсон кардан аст.

Чун ҳазрати Мир он суратро мушоҳида ва мулоҳиза намуд, он саҳифаи латиф боғчаи ботинашро бо гулҳои беҳҷат ва сурур ва атрофи ҳавзаи хотирашро бо дарахтони фарҳат ва ҳузур биёрост ва аз андалеби табъаш бар шохсори шавқ ва завқ навои «Алҳасан-алҳасан! (хуб-хуб!)    бархост ва гуфт:

Наққош аҷаб сафҳа мунаққаш кардӣ!

Эй вақти ту хуш, ки вақти мо хуш кардӣ! ва баъд аз он рўй ба аҳли маҷлис оварда пурсид:

— Азизонро дар таъриф ва тавсифи ин саҳифаи ша-рифа ба хотир чӣ мерасад?

Мавлоно Фасеҳуддин, ки устод ва муаллими Мир буда, аз ҷумлаи олимони машҳури Хуросон буд, фармуд:

— Махдумо! Ман чун ин гулҳои шукуфтаро дидам, хостам, ки даст дароз кунам ва гуле аз гулбун ҷудо карда ба дастори худ халонам.

Мавлоно Соҳиби Доро, ки надим ва мусоҳиби Мир буд, гуфт:—Маро низ ҳамин хоҳиш буд, аммо андешидам, ки мабодо даст дароз  кунам  ин мурғон  рамида  аз  сари  дарахтон парвоз намоянд.

Мавлоно Бурҳон, ки саромади зарифони Хуросон буд ва доимо ба Мир зарофат ва шўхиҳо менамуд, гуфт: —Ман мулоҳаза карда даст ва забон нигоҳ медорам ва дам задан намехоҳам, ки мабодо Мир раиҷида рўй турш намуда, абрўи ризоро дарҳам кашанд ва ин шукуфтарўй, ки дар расм доранд, якбора барҳам хўрад.

Мавлоно Муҳаммад Бадахшӣ, ки ў ҳам аз зарифони Хуросон буд ва Мир Алишер ба вай «латифатарош» лақаб дода буд, гуфт:

—Эй Мавлоно Бурҳон, агар беодобӣ ва густохӣ намешуд, ман ин асоро, ки дар расм дар дасти Мир аст,гирифта бар сари ту мезадам.

Мир Алишер гуфт: — Азизои суханони хуб гуфтанд. Агар Мавлоно Бур-ҳон он дуруштиро намекарданд ба хотир расида буд, ки ин табақҳои пурзарро, ки дар саҳифа нақш ёфтаанд, бар сари ёрон нисор намоям. Баъд аз ин устод Беҳзодро асп бо зину лаҷом ва ҷомаи муносиб бахшида, ба ҳар кадом аҳли сўҳбат низ либосҳои фохир инъом кард.

Восифӣ дар охири ин ёддошти худ ин байтро қайд. кардааст:

Дареғу дард аз ин мардумон ки хок шуданд,
Ба теғи марг ҷигаррешу синачок шуданд.

ДАР БОРАИ ОШНОИИ ҲОФИЗ ҒИЁСИД

ДИНИ ДАҲДОР БО НАВОӢ

       Восифӣ аз Шайхзодаи Ансорӣ нақл карда мегўяд: ҳофиз Ғиёсиддини Даҳдор аз вилояти Озарбойҷон ба Ҳирот омад. Ў хоҳиш дошт, ки бо Мир Алишер Навоӣ шиносоӣ пайдо кунад.

Ў мувофиқи ин байти Шайх Саъдӣ ки мегўяд:

Дари миру вазиру султонро
Бе васила магард пироман,
Сагу дарбон чу ёфтанд ғариб
Он гиребон бигирад ин доман.

мехост ки барои ин шиносоӣ воситае ёбад. Ба ҳамин мулоҳиза пеши Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ омад, ки ў аз ҳамсўҳбатони доимии Мир буд ва ба вай мақсади худро изҳор намуд.

Мавлоно Муҳаммад бо вай аз ҳар хусус дуру дароз сўҳбат кард ва пай бурд, ки ў хеле одами забардаст аст. Дар дили худ гуфт: «Агар ин одам ба сўҳбатиАлишер роҳ ёбад, дигар моро он ҷо обрўе намемонад, дар он сурат бояд мо дар паси чарху дуг нишинем (яъне монанди занони кампир чархресӣ кунем)». Бинобар ин ба ў гуфт:

— Ин чӣ орзуст, ки кардаӣ? Бо Мир Алишер ошноӣ кардан бисёр душвор аст ва мувофиқи мизоҷи ў зин-дагонӣ намудан маҳол. Ин хаёлро аз хотири худ барор.

Ҳофиз Ғиёсиддин ҳис кард, ки Бадахшӣ намехоҳад ўро ба ҳузуриМир бибарад, бинобар ин барои ин матлаб ба пеши Мавлоно Соҳиби Доро (хеши наздики Восифӣ) рафт ки ў аз касони бисёр наздики Мир Алишер буд.

Соҳиби Доро ҳам ўро озмоиш карда дид, ки одами пуриқтидори пурмаҳорат аст, дар роҳи гардонидани ў аз хоҳиши ошноии Алишер суханҳои бисёре гуфт.

Чун ҳофиз Ғиёсиддин аз ин одамон ноумед шуд, мо-нанди ғарибони бекасу кўй ба мазори хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ рафт ва фаҳмид, ки Алишерро дар он ҷо боғе ҳаст, ба он боғ даромада сайр карда гашт.

Мир Алишер пагоҳони аз ҳуҷраи кори худ барои ёзидан ба рўи ҳавлӣ баромад, дар он вақт гурбае ба ҳуҷра даромада ба токчаҳо, ки дар онҳо чинивориҳои пурқима-

ти хитоӣ чидагӣ буд, ҷасту хез карда, онҳоро ғалтонда шикаст. Навоӣ чун ба ҳуҷра баргашта омад, ин ҳолро дида дилтанг шуд ва ба ҳеҷ кор ҳавсалааш ёрӣ надода ба он боғ, ки он ҷоро Корезгоҳ меномидаад, рафт.

Алишер ба боғи мазкур даромад, ҳамсўҳбатонаш ҳанўз дар пеши дарвоза буданд. Ҳофиз, ки ўро дид, ба тарафи ў рафтан гирифт.

Мир Алишер ин одами ношиносро, ки ба тарафи худаш бо ҷуръат меомад, дида, дар бим афтода гуфт:

—0 бобо, ту чӣ касӣ? Аз куҷо меоӣ ва ба пеши   ман чаро меоӣ?

Ҳофиз зону зада гуфт: «Ман барои ин ба хизмати шумо омадаам, ки худро таърифи пурра карда, ба шумо шиносонам.»

Мир аз ин ҷавоби ў хушнуд шуд ва гуфт:

— Пештар ой, ки аз сухани ту осудам ва ба ман ба-ён кун, ки таърифи пурраи ту чӣ гунааст?

Ҳофиз Ғиёсиддин гуфт:

— Аввал он ки ман ҳофизи Қуръонам ва «Қуръон»- ро ба ҳафт қироат мехонам; дигар он ки агар байтеро зам-зама карда тараннум намоям, шунавандагон гиребони ҷонро чок мекунанд; дигар ман қиссахонам. ҚиссаиАмир Ҳамза, Абўмуслим ва Дороро чунон мехонам, ки суханварони олам мўҳри хомўшӣ бар лаб мезананд; дигар ман муқаллидам, ба таҳқиқ расидааст, ки дар ин кор ҳаргиз назир надорам; дигар ман толиби илм ҳастам. Аз ҳар илм, ки гуфтугў кунам, арбоби он илм маро саромади худ медонанд; дигар ман ходимиро хуб медонам ва метавонам, ки ба сабаби ходимӣ кўфт ва дардро аз бадани одам монанди мўй аз хамир берун кунам; дигар ман таббох — ошпазам. Ошҳои гуногун ва ҳалвои аҷибу ғариб ихтироъ карда мепазам, ки бовурчиён (поварон) дар ҳайрат меафтанд.

Мир Алишер бо шунидани ин таъриф дар ҳайрат афтод ва гуфт:

— Эй азиз, агар яке аз ин ҳунарҳо, ки гуфтӣ рост бошад монанди ту ҳамдам ва ҳамсўҳбат дар дунё ёфт намешавад.

Дар вақте, ки ҳофиз Ғиёсиддин бо Мир Алишер дар гуфтугузор буд, ўро аз дур Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ дид ва ба Мавлоно Соҳиби Доро гуфт:

—Ин ҳамон шахс нест, ки ба  манзили мо омада буд ва  барои мулозамати Мир  восита  меҷуст.

Мавлоно Соҳиби Доро баъд аз бо диққат аз назар гузаронидани ҳофиз Ғиёсиддин гуфт: —Оре ҳамон аст, ки моро балои дилу офати ҷон аст!
Мир Алишер ба тарафи ёрони худ овоз дода гуфт: — Азизон ин ҷо оед ва суханҳоеро шунавед, ки дар умри худ ҳаргиз нашунида бошед.

Ҳама ҷамъ шуданд. Алишер ба ҳофиз Ғиёсиддин гуфт: — Акнун вақти он аст, ки лофҳои худро ба ҳақиқат барорӣ ва он даъвоҳоеро ки кардӣ, исбот намоӣ!

Ҳофиз Ғиёсиддин аввал бо овози хуш ва бо қоида чанд оят аз «Қуръон» хонд, ки аҳли маҷлис таҳсин карданд; дуввум ғазалеро, ки матлааш ин байт буд:

Хўи ту басе нозуку моро адабе нест,
В-ар з-он ки бигирад дилат аз мо, аҷабе нест.

бо ҳавое дилкаш хонд ва дар он кор чунон нағмапар-дозиҳо кард, ки фарёди «Аҳсан! Аҳсан!» аз ҳама ба-ланд шуд; баъд аз он қиссахонӣ сар кард: достоне аз қиссаи Амир Ҳамза нақл карда, бо маҳорати тамом ба қиссаи Абўмуслим гузашт ва баъд аз он ба достони Доро гузашта,  суханашро ба  поён расонид.

Он маҷлисро ду ғуломи боғбон аз дур тамошо карда истода буданд. Ҳофиз онҳоро ба навъе тақлид намуд, ки бинандагон аз шиддати ханда маҷбур шуданд, ки шиками худро бар замин ниҳанд.

Баъд аз он ҳар кадом аз аҳли маҷлис аз илме баҳс ба миён андохтанд, ҳофиз Ғиёсиддин бо дониши худ бар ҳама ғолиб омад…

Баъд аз он Мир фармуд, ки чанд гўсфанд оварда куштанд ва асбобу масолеҳи таомҳои гуногун тайёр карда, ба ҳофиз Ғиёсиддин супурданд. Ў чунон балаззат пухт, ки аҳли маҷлис он гуна таомҳои балаззатро ҳеҷ нахўрда буданд.

Ӯ ба ҳамин восита ба Мир Алишер ёри наздик ва ҳамсўҳбати доимӣ шуда монд.

ДАР БОРАИ ГЎШТӢ ГИРИФТАНИ ПАҲЛАВОН АБЎСАИД БО ПАҲЛАВОН МУҲАММАДИ МОЛОНӢ

             Восифӣ аз хоҷа Абдуллоҳи садри Марворид нақл карда мегўяд: рўзе дар сўҳбати султон Ҳусайнмирзо, ки дар он ҷо фозилон ва калонон буданд, паҳлавон Абўсаид ғамнок ва андўҳгин намуд. Султон дар паи таҳқик ва тафтиши он ҳол афтода, аз паҳлавон аҳволпурсӣ кард.

Паҳлавон гуфт: — «Шоҳо, маро «Паҳлавони олам» лақаб додаед. Аммо ман ин лақабро ба худ мувофиқ ва сазовор намебинам».

Султон гуфт: — Чаро?

— Зеро ки,— гуфт паҳлавон,— дар пойтахт (Ҳирот) монанди Муҳаммади Молонӣ паҳлавоне бошад, фақир бо вай гўштӣ ногирифта ва ўро нағалтонда, чӣ гуна ба ин лақаб сазовор мешавам?

Султон гуфт: — Муҳаммади Молонӣ аз синфи одам нест, ў як девест ба сурати одам. Чӣ гуна раво бошад,  ки шумо бо вай гўштӣ гиред ва мубориза намоед?

Дар ҳамин вақт Муҳаммади Молонӣ даромада омад ва Мирзо ба вай гуфт:

— Паҳлавони оламро дағдағаи бо ту гўштӣ гирифтан пайдо шудааст, ту чӣ мегўӣ?

Ў гуфт:

— Ҳошо ки ман нисбат ба он ҷаноб ин густохиро ба хотир гузаронам. Ман камина шогирди падари эшонам. Эшон маро махдум ва махдумзодаанд.

Паҳлавони олам гуфт: — Як шарти гўштигирӣ он аст, ки ҳар кас бо вай гўштӣ гирифтанро талаб кунад, ибо нанамуда ва узре нагуфта қабул намояд.

Муҳаммади Молонӣ маҷбур шуд, ки қабул кунад ва ҳар ду тунбони гўштигирӣ пўшиданд ва дар мубориза кўшиданд.

Муҳаммади Молонӣ дар худ қарор дод, ки на худро ва на Паҳлавони оламро наяндозад ва гўштиро қоим дорад.

Чун талошҳои муқаддимагӣ ангехта бо ҳам овех-танд, Паҳлавони олам Муҳаммади Молониро ғофил сохта линги камарӣ андохт, ки ў бар паҳлу ба замин ғалтид.

Паҳлавони олам дарҳол рў ба рўи подшоҳ зону зада, монанди дар гўштӣ ғолиббаромадагон ўро дуо кард.

Султон гуфт: — Эй Паҳлавони олам, ин пешаро ҳеҷ кас аз шумо беҳтар намедонад, худ беҳтар медонед, ки то пушти гўштигир ба замин нарасад, ў ғалтидагӣ ба шумор намеравад.

Паҳлавони олам гуфт: — Муҳаммади Молонӣ мано-раест. Манораро пушту паҳлу намебошад ва ҳама тарафи вай якест.

Муҳаммади Молонӣ аз замин барҷаст ва монанди фили маст ба Паҳлавони олам ҳуҷум овард.

Дар он иморат панҷараи оҳанине буд. Паҳлавони олам дастони худро ба он панҷара банд намуда худро устувор кард.

Муҳаммади Молонӣ як дасти худро дар миёни ду пои Паҳлавони олам дароварда ва бо дасти дигар аз гардани ў гирифта чунон кашид, ки он панҷара аз девор чудо шуд ва Паҳлавони оламро бар сари даст гардонда мехост, ки бар замин занад, подшоҳ аз ҷои худ барҷаста гуфт: — Ба сари ман, ки даст нигоҳ дор ва Паҳлавонро бар замин назан!

Восифӣ дар охири ин ёддошти худ байти зеринро навиштааст: -Муҳаммади Молонӣ Паҳлавони оламро ба саломатӣ бар  замин  гузошта,  даст  аз вай  боздошт.

Худое ки болову паст офарид,
Забардасти ҳар даст даст офарид