Бадое-ул-вақое-Қисми 3

ЁДДОШТҲОИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ НАВОӢ ВА ҶОМӢ, КИ
АЗ КАСОНИ ДИГАР ШУНИДААСТ

             Пеш аз навиштани ин қисми ёддоштҳои Восифӣ ҳамин нуктаро қайд карда гузаштан даркор аст, ки ў ин гуна воқеаҳоро аз Мавлоно Соҳиби Доро, ки хеши худаш буда аз ҳамсўҳбатони доимии Навоӣ аст ва аз Шайх Баҳлул, ки хидматгорм доимии Навоӣ аст ва аз дигар ҳамсўҳбатони Навоӣ, ки одамони мўътабари ҳамон замон буданд, шунида навиштааст. Бинобар ин ба ин гуна ёддоштҳои ў ҳам ба сифати маъхази аслӣ нигоҳ карда баҳо додан даркор .

ЁДДОШТИ   ВОСИФӢ   ДАР БОРАИ   ҲАМСЎҲБАТ  ШУДАНИ
ҚОЗИЗОДАИ СИИСТОН БО НАВОӢ ВА ҶОМӢ

           Восифӣ мегўяд: Шайх Баҳлул мегуфтанд, ки Мавлоно Наҳвии Ҳиротӣ, ки аз шоирони машҳури Хуросон буд, мардуми Нимрўз, яъне Сиистон ва обу ҳавои онро ҳаҷв карда буд ва баъзе абёти он қасидаи ҳаҷвия ин аст:

Саргаштатар зи ахтарам аз гардиши фалак,
Толеъ намекунад мададу бахш — ҳеҷ як.
Афтодаам ба хиттаи вайронае ки ҳаст,
Бодаш самуми оташеву хоки ӯ намак.
Ҳар сў ба рўз пай барияш дузд дар камин,
Бар қасди ҷон нишаста чу бемории лакак1.

Қозии Сиистониро писаре буд зариф ва хуштабъ ва ў қасидаи мазкури Мавлоно Наҳвиро ҷавоб гуфта буд ва як байти он қасидаи ҷавобӣ ин аст:

1 Бемории лакак — табларза.

Гар айби хоки поки Сиистон кунад касе,
Дарё палид менашавад аз даҳони саг.

Вақте ки қасида ба Мир Алишер расид гуфт, ки писари қозии Сиистон фозили комил будааст, аҷаб аст, ки то ҳол бо вай маърифате надорем. Чун ин меҳрубонии Мирро баъзе дўстони ў ба вай расониданд, ба нияти ба ҳузури Мир Алишер расидан, аз Сиистон ба Ҳирот омад. Вақте ки Қозизода ба сўҳбати Мир Алишер расид, баъд аз пурсу пос Мир ба ў гуфт:

—Шумо қасидаи Мавлоно Наҳвиро ҷавоб гуфтаед, худ гўед ки шумо беҳтар гуфтаед, ё Мавлоно Наҳвӣ?
—Ман беҳтар гуфтаам,— гуфт Қозизода дар ҷавоб.
Мир Алишер ин ҷавобро шунида дар андеша афтод,  ки «Ин маврид, мавриди шикасти нафс ва хоксорӣ буд, бояд ў мегуфт, ки «Мавлоно Наҳвӣ беҳтар гуфтаанд», аз Қозизода, ки ба хуштабъӣ ва толибилмӣ машҳур аст, ин гуна худситоӣ ва худписандӣ бисёр аҷиб аст?». Мир бо ин мулоҳиза боз аз вай пурсиданд:

—Ба кадом далел шумо беҳтар гуфтаед?
—Мавлоно  Наҳвӣ,— гуфт   Қозизода   дар   ҷавоб,— ҳар чизе ки дар ҳаққи сиистониён ва Сиистони мо гуфтаанд, ҳамагӣ рост ва ҳақиқат аст ва ҳар чизе ки ман   дар   мадҳи  он  сарзамин  гуфтаам   тамоман  дурўғ   аст. Чун гузаштагон гуфтаанд ки«дурўғтарини шеър  беҳтарини вай  аст», шеъри  ман  ки  дурўғтар   аст,  беҳтар аст 1.

1 Дар замони пеш асоси шеър дар муболиғаҳо ва болобардориҳои аз ҳад зиёд буд.
Қасидаҳои Анвариро, ки таҳсин мекунанд, сабабаш дар пурдурӯғ будан ва ба дараҷаи
«иғроқ» расидани он қасидаҳост. Дар замони пеш дар баҳо додан ба шеърҳо ин 
асосро бо ин ҷумлаи арабӣ ифода кардаанд. «Ақсануҳо-акзабуҳо— некӯтарини шеър 
дурўғтарини вай аст». Ҷавоби Қозизода ҳам ба ҳамон асос аст ва ӯ дар ин ҷавоб 
ҳам беҳтар будани шеъри худро исбот кардааст ва ҳам ҳурмати мавлоно Наҳвӣ ва
шикасти нафси худро нигоҳ доштааст.

Мирро ин ҷавоби Қозизода бисёр хуш омад ва ў, дар хуштабъӣ ва ҳозирҷавобӣ, аз он дараҷае ки шунида буд, ба назараш беҳтар ва болотар ҷилва кард ва ба ў аз ҳад зиёд инъом ва илтифот намуд.

Мир Алишер ҳамон рўз ба мулозамати Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ расид ва дар вақти сўҳбат таассуротеро, ки аз сўҳбати Қозизода гирифта буд, ба Мавлоно ҳикоят кард.
Ҷомиро аз ин ҳикоят ҳаваси сӯҳбати Қозизодаи мазкур пайдо шуд ва ба Алишер гуфт:
— Мо агар манзили Қозизодаро медонистем ба мулозаматашон мерасидем.

Вақте ки Мир Алишер ба хонаи худ бозгашта омад, ба мулозимони худ фармуд, ки Қозизодаро ёфта бинанд ва ўро бо ин илтифоти Мавлавӣ Ҷомӣ табрик намоянд ва ба ў гўянд, ки зудтар ба хизмати ҳазрати Мавлавӣ равад.

Вақте ки Қозизода аз меҳрубонии Ҷомӣ хабардор шуд, зуд ба хонаи ў рафт, то ки ўро зиёрат кунад.

Қозизода аз он пеш ба Ҳирот наёмада буд ва мардуми он ҷоро ва аз ин ҷумла Ҷомиро намешинохт. Дар хаёли ў Ҷомӣ монанди уламои бузурги он замон дар зери ҷомаҳои пурқимат ва дастори бузург ҷилва менамуд.

Аммо Ҷомӣ дар тобистон ва зимистон ҷомаи оддии пахтадор мепўшид ва бар сар тоқияи Убайдӣ (як хел каллапўши сафед, ки пештар дар Самарқанд медӯхтанд) ниҳода, бар вай ду-се печ дасторчаи хурде мепечонд. Миёни худро бо фўтаи ҳаммомиён мебаст ва ду нўги фўтаро аз пеш овезон мегузошт. Бар даст асои ҷавбеде мегирифт, ки аз қоматаш як ваҷаб баландтар буд.

Дар вақте ки Қозизода ба ҳавлии Ҷомӣ омад, ӯ дар долони дарвозаи вай поҳояшро овезон карда ба болои суфача нишаст ва дар он ҷо касе дигар набуд. Дар ҳамин вақт Ҷомӣ бо қиёфате, ки дар боло тасвир ёфт, асо дар даст аз хона баромад.

Қозизода гумон кард ки ин мард бояд ошпаз, ё ҳезумкаш ва ё ягон хизматгори оддии Мавлавӣ Ҷомӣ бошад. Бинобар ин аз ҷой барнахост, эҳтироме ҳам накард ва пурсид:

  • Ҳазрати Мулло дар хона ҳастанд?
  • То ин замон дар хона буданд,—гуфт Ҷомӣ дар ҷавоб ва табассуме кард.

Қозизода худ ба худ гуфт: «Субҳоналлоҳ дар муло-замати ин гуна азизони бузург чӣ гуна мардум мебошанд ва ҷавоби нодуруст медиҳанд ва бесабаб механданд». Баъд аз қадаре андеша карда истодан ӯ ба Ҷомӣ гуфт:

—Эй гўли гаранг! Чӣ шавад ки равӣ ва ба ҷониби Махдум арз кунӣ, ки писари қозии Сиистон омадааст,орзуи мулозамат дорад. Агар марҳамат намуда қадаме ранҷа намоянд, ниҳояти илтифот аст.

Ҷомӣ бо шунидани ин супориш, худдорӣ карда натавониста баландтар хандид. Қозизода бошад рўй турш карда ва оташин шуда гуфт:
—Ин хандаи шумо чӣ бало зебандааст!

Дар ҳамин вақт якчанд нафар аз калонон, олимон ва фозилони Ҳирот савора 1 ба зиёрати Ҷомӣ омаданд. Чун аз сари кўча диданд, ки Ҷомӣ ба асо такя карда ба пеши дарвоза рост истодааст, дар ҳамон ҷо аз аспҳо фаромаданд ва дастҳо пеш гирифта бо камоли таъзим ба Ҷомӣ наздик шуда, ўро зиёрат ва ба ў арзи эҳтиром карданд.

Қозизода бо дидани ин ҳол зиёдтар дар тааҷҷуб афтод ва дар дили худ мегуфт: «Субҳоналлоҳ ҳазрати Махдумиро чӣ қадар азамат ва бузургворист, ки бузургони шаҳр бо пасттарин хизматгори ў ин ҳама арзи эҳтиром менамоянд».

Хулоса, ҳама ба меҳмонхона даромаданд. Ҷомӣ чунон ки одати ў буд, аз ҳама поинтар ва дар пеши дари даҳлез нишаст ва дигарон — ҳар кас ба қадри дараҷаи худ бар ҷои худҳо нишастанд. Ҷои Қозизода дар паҳлуи Амир Атоуллоҳ2 афтода буд ва оҳиста гўшакӣ карда ба вай гуфт:

1       Хонаи   Ҷомӣ   дар   Ҳирот  дар   беруни   шаҳр,   дар   сари   Хиёбон буд, бинобар ин ҳар кас ки ба вай аз шаҳр ояд, савора меомад.
2       Амир  Атоуллоу — яке   аз   мударрисони   мадрасаи   Мир   Алишер буд.

  • Чаро ҳазрати Махдумиро касе хабардор намекунад, ки азизон ба зиёраташон омадаанд ва мунтазири мулоқотанд?
  • Махдумо, магар шумо аз ин шаҳр нестед? Ҳазрати Махдумӣ онанд, ки дар кафшгоҳ нишастаанд! — гуфт Амир Атоуллоҳ дар ҷавоб.

Қозизода бо шунидани ин ҷавоб фавран аз ҷой ҷаста берун давид ва Ҷомӣ ба мардум фармуд, ки: —Қозизодаро нагузоред, ки гурезад ва ўро дошта пеши мо оред!

Ӯро дошта меоварданд ва ӯ «Алғарибу   калаъмо — ғариб мисли кўр аст. Худоро маъзурам доред ва аз бан-да даргузаред…» гўён фарёд мекард.

Ҷомӣ ўро таъзим ва ба ў меҳрубонии бисёре карда гуфт: -Мо дар умри худ аз мулоқоти ҳеҷ кас он қадар хурсанд нашуда будем, ки аз мулоқоти шумо шудем.

ЁДДОШТИ ВОСИФӢДАР БОРАИ ХОҶА МУҲАММАДИ ЧАНОР,КИ ШАРРИ Ў БО КЎШИШИ НАВОӢ БАРТАРАФ ШУДА БУД

Восифӣ мегўяд: султон Ҳусайнмирзоро Муҳаммад-валвбек ном амире буд. Подшоҳ ҳукумати Ҳирот ва ат-рофи вайро ба ў дода буд. Муҳаммадвалибекро хоҷа Муҳаммади Чанор ном писархонде буд, ки ў ҳукумати Ҳиротро аз ҷониби худ ба ў супурда буд. Ин Хоҷагӣ Муҳаммад дар фисқу фасод, дар бадмаошӣ, хабисӣ ва авбошӣ монанд надошт. Ҳар касе, ки писари некўрўй дошта бошад, аз хавфи дастбурди ин хабис монанди духтарони душиза дар зери парда нигоҳ медошт. Ӯ ҳа-меша ба фарзандони мардум ҳуҷум мекард, обрўй ва номуси онҳоро тороҷ менамуд. Аммо аз тарси Муҳам-мадвалибек, ки ба султон Ҳусайн бисёр наздик буд, ҳеҷ кас ин ҳолро ба подшоҳ расонда наметавонист.

Рўзе касе ба ҳузури Мир Алишер як «Қуръон», як ка-мон ва як каллақандро ба тарзи тўҳфа ва пешкаш ги-рифта омад. Мир аз он одам мақсадашро пурсид. Ӯ гуфт: —Падарам, аз мулозимони даргоҳи олиҷоҳ буд, ман ҳам умед карда омадам, ки ба қатори хизматгорон дароям ва  мувофиқи хизмати худ насибае аз  ин остони муродрасон бардорам.

Мир гуфт: «Ҳарчанд маро хизматҳои шоиста кунӣ аз дари хонаи ман соле бештар аз панҷсад танга фоида бурда наметавонӣ. Аммо ман туро ба кор раҳнамунӣ мекунам, ки аз вай ҳар рўз панҷсад танга меёбӣ».

— Марҳамат намоед, фармонбардорам,— гуфт он одам.

Мир ба ў гуфт: «Ин «Қуръон»- ро сад танга ҳадя карда (фурўхта) метавонӣ» ва ин каллақандро ҳам бо камон бист танга мегиранд. Ин мешавад яксаду бист танга.