Бадое-ул-вақое-Қисми 10

НАҚЛҲОИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ УЛУҒБЕК   МИРЗО

Восифӣ мегўяд: рўзе Муҳаммадамини Мирак, ки садри дарбори султон Муҳаммад буд ба бандихона омада гуфт, ки ҳазрати султон ба мусоҳабати шумо ифтихор менамоянд ва мегўянд, ки: «Аз хулқи некўи он кас умед карда мешавад, ки ҳар пагоҳ баъд аз таом дар ҳузури мо якчанд оят «Қуръон» хонанд, баъд аз он ҳикояҳо ва нуктаҳое гўянд, ки панду насиҳатро дарбар гирифта, аз онҳо хурсандии хотир низ ба амал ояд» ва низ гуфтанд, ки чун тамоми ҳиммати мо дар пурсиши аҳволи додхоҳон ва мазлумон нигаронида шудааст, бояд дар вақти пурсиш ҳозир шаванд, то ки бо ёрмандии он шахс ҳукмҳо мувофиқи шариат бароянд».

Восифӣ мегўяд: чун вазифаи ман адои фармоишҳо буд, бо рағбати том илтимосҳоро қабул намудам.

*Шак нест, ки Абдураҳмони Ҷомӣ, яке аз намоёнтарин намояндагони адабиёти тоҷик буда, ўро шеърҳои хубе, ки дар салосат, балоғат ва фасоҳат назир надоранд, бисёр аст. Ҷомиро шеърҳои «саҳли мумтанеъ» — шеърҳое, ки дар дидан содда, осонфаҳм ва равон, аммо монанди онҳо эҷод кардан душвор, ҳатто номумкин аст, кам нест. Бо ҳамаи ин, интихоб кардани Восифӣ даҳ порчаеро, ки бинои онҳо дар асоси лафзбозист ва мувофиқ афтодани интихоботи Қатилӣ ба чизҳои интихобкардаи Восифӣ ҳаминро нишон медиҳад, ки дар асри XVI хубии шеър иборат аз лафзбозӣ     шуда будааст.

Фардои он рӯзе ки ин супориш ба фақир расида буд, ба ҳузур расидам. Аркони давлат ҳар як дар ҷои худ қарор гирифтанд. Хон ба фақир гуфт: — Машҳур аст, ки дар боби фаросату адолат ва дар илму фазилат монанди Улуғбекмирзо подшоҳе бар сари тахт нанишастааст, агар аз хислат ва фазилати ў чизе зикр карда шавад, сабаби хурсандии аҳли маҷлис хоҳад шуд.

Аз рўи итоат кардан ба амри олӣ маъруз дошта шуд, ки рўзе касе ба сўҳбати Улуғбекмирзо ҳозир шуд, баъди ба ҷой овардани расми эҳтиром, гуфт ки: «Шоҳо! Бандаро мушкил ҳоле пеш омадааст, ки дар ҳалли он ақли ман, балки ақли ҳамаи хирадмандон ҳайрон мон-дааст. Он аҳвол ин аст, ки камина аз Ироқ меомадам ва бо ҳамроҳии корвони Хуросон ба тарафи Самарқанд раҳсипор шудам. Вақте ки корвон бар лаби Ҷайҳун фуруд омад, ман ба гўшае рафта либосҳои худро аз тан кашидам. Бо худ лаълпорае доштам, ки вайро ба чарме дўхта ба бозуи худ овехта будам. Он чармро низ аз бозу кушода ба болои пироҳан ниҳодам ва барои шустушў дар об даромадам. Чун аз об баромадам, он лаълпораро дар ҷои ниҳодаам наёфтам. Ман яқин медонистам, ки ҳеҷ касе дар он ҷо набуд. Бинобар ин шарм доштам, ки он чизи гумшударо аз рафиқон бозхост намоям. Инак ҳол ҳамин аст!»

Мирзо ба он кас гуфт:— Туро дар ин кор як сол сабр лозим аст. Агар дар ин муддат он чиз ба дасти ту дарояд, чи хубу чи нағз. Вагарна қимати вайро ба ту хоҳам дод.

Он мард шукрона карду рафт. Баъд аз он подшоҳ девонро талаб карда фармуд, ки дар он сол чӣ қадар молиёт ва андоз додани ҳар як аҳолии қаламравро ном ба ном навишта диҳад. Девон мувофиқи фармон хизматро ба ҷо овард.

Мирзо он рўйхатро аз назар гузаронида, бо худ нигоҳ дошт. Чун соли нав расид, боз девонро фармуд, ки ҳисоботи даромади султониро мисли порсола тайёр кар-да супорад.

Чун Улуғбек рўйхатҳои дусоларо ба ҳам андоза карда аз назар гузаронид, дид ки марде дар Қароқўл, соли гузашта панҷоҳ танга молиёт дода будааст ва ҳамон одам дар соли ҳозира барои молиёт панҷсад танга ба подшоҳӣ супурдааст. Пас фармуд, ки ҳамон мардро ёфта оварда, дар хилват ба ҳузураш дароранд.

Мувофиқи фармоиш он касро оварданд. Подшоҳ ба он кас гуфт: «Дар молиётдиҳии ту дар байни ду сол тафовути калон аст. Аз ин маълум мешавад, ки ту дар ин сол аз мерос ва ё аз ягон роҳи дигар маблағи калоне ба даст даровардаӣ. Ростӣ пеш ор ва гўй, ки он моли бузургро аз куҷо ёфтӣ?».

Он мард гуфт: «Банда бофандаям, ки дар Қарокўл зиндагонӣ менамоям. Рўзе дар пешаи худ машғул будам, ки аккае омада бар шохи дарахте дар рў ба рўи ман нишаст ва дар минқори ў гўштмонанд чизе буд. Он  чиз аз минқори ў ҷудо шуда бар замин афтид. Гирифта дидам, ки чармпорае будааст, ба шакли тўмор дўхта шу-дааст. Вайро кушодам ва дидам, ки лаълпораест монанди офтоб дурахшон. Онро аз бахшишҳои илоҳӣ дониста, фавран ба Самарқанд овардам ва ба ҷавҳаршиносе нишон додам. Бо дидани он санг ранги рухсори ҷавҳаршинос аз хурсандӣ монанди он лаъл дурахшид ва пурсид: «Инро аз куҷо ёфта овардӣ?». Ман аз аҳволи ў фаҳмидам, ки он чизи пурқимат будааст ва гуфтам: «Аз куҷо овардани маро пурсуков кардан ба ту чӣ даркорӣ дорад? Агар харидорӣ, нархашро муайян кун ва бигир! Вагарна колои маро пас деҳ!». Ӯ гуфт: «Ба чанд мефурўшӣ?» Гуфтам: «Ду ҳазор тангаи хонӣ! Баъд аз талоши бисёр кардан дар савдо, охир якҳазору панҷсад тангаи хонӣ фурўхтам ва пулашро гирифта бозор рафтам, як ғулом, як канизак ва дигар чизҳои нафис харидам ва асперо бо зину лаҷомаш гирифта он чизҳоро ба Қарокўл бурдам ва асбоби зиндагонии худро монанди тавонгарон дуруст кардам. Ҳамсоягон чун аз бечизӣ халос шуда, соҳиби молу ашё гардидани маро диданд, аз ман пурсиданд: «Ин ҳама сарватро аз куҷо ёфтӣ?». Гуфтам: «Маро дар Самарқанд хеше давлатманд буд, ў фавтида ва ин молу ашё ба тариқаи мерос ба ман расид».

Восифӣ мегўяд: Улуғбекмирзо фармуд, ки он ҷав-ҳаршиносро ҳозир карданд. Ӯ иқрор шуд ва он лаълпораро аз ҷои пинҳонкардааш бароварда, оварда нишон дод. Подшоҳ онро гирифта ба соҳиби аслиаш супурд ва ҷавҳаршиноеро бинобар ин ки он лаълро аз нархи арзишаш бисёр кам баҳо карда буд, ба ноинсофиаш ҳукм намуда, сарзаниш кард.

Восифӣ мегӯяд: дар ҳузури султон Муҳаммад, баъд аз нақли ҳикояи лаълпора, боз воқеаи зеринро дар бораи Улуғбекмирзо маъруз доштам: рўзе шахсе ба назди Улуғбекмирзо омада гуфт, ки: «Шоҳо, бандаро маблағи ҳазор тилло буд, ки дар ҳамёне андохта даҳонашро муммўҳр карда, ба шахсе амонат супурда будам. Баъд аз чанд рўз омада он ҳамёнро талаб намуда, гирифтам ва кушода дидам, ки сад тилло барҳам хўрда, нўҳсад тилло мондааст ва камомадро аз он шахси амонатнигоҳдор талаб кардам. Ӯ гўфт:— Дидӣ ки мўҳрмуми ҳамён дар ҷояш буд ва дар вай ягон чок ҳам нест. Пас ман сад тиллоро чӣ гуна аз ҳамён мегирифтам? Ту худ фаромўш кардӣ, дар сурате ки нўҳсад ашрафӣ (тилло) дар ҳамён андохта бошӣ, ҳазор пиндоштӣ!.

Соҳиби ҳамён ба Улуғбекмирзо гуфт: «Ҷаҳонпаноҳо! Ман бешакку шубҳа яқин медонам, ки дар ҳамён ҳазор ашрафӣ буд. Аммо аз он ҷо ки дар ҳамён ди-гаргуние воқеъ нашудааст ва шоҳид ҳам надорам, ба чӣ роҳ ба гардани ў собит кардани сад тиллоро намедо-нам. Аз шумо илтимос дорам, ки мушкили маро осон кунед!».

Улуғбек ба ў гуфт: «Баъд аз се рўз ин ҷо ҳозир шав, ҳоҷатат хоҳад баромад!».

Он мард дуо карда рафт. Улуғбекро гирдболише буд аз атласи хитоии ҳафтранг, ки шабҳо ба он болиш такя карда, мутолиа менамуд. Саҳарии он шаб, ки соҳиби ҳамён арз карда буд, аз хоб бархоста гирдболишро қадаре чок кард ва худ берун рафт.

Баъд аз баромадани Улуғбек канизаки хизматгор даромад, ки ҷогоҳро ғундорад ва дид, ки гўшаи болиши хосса чок шудааст, бисёр тарсид ва гумон кард, ки барои ин ўро ҷазо хоҳад дод. Канизак ин ҳолро ба шавҳари худ хабар дода аз вай чораҷўӣ кард.

Шавҳари канизак ба ў гуфт: «Ғам махўр, ки ман инро дарҳол илоҷ мекунам». Он мардро дўсте буд руфўгар*, ки ғайр аз даридагии пардаи зиндагӣ, ҳар чокеро чунон руфў мекард, ки ҳаргиз дарзаш маълум намешуд. Шавҳари канизак он болишро пеши дўсти руфўгари худ бурда руфў кунонид, ки ҳаргиз чои чок маълум  намешуд.

* Руфӯ — ислоҳ ва дуруст кардани чоки ягон бофта, бе он ки аз он чок асаре монад. Ин кор ҳунари махсус аст, ки маҳорати  зиёдтар  талаб    мекунад.  Руфўгар  соҳиби  ҳамин пеша  аст.

Канизак хурсанд шуда он болишро монанди ҳаршаба ба такягоҳи Улуғбекмирзо гузошт. Мирзо чун дид дар болиш асари чок ҳеҷ намондааст, ба канизак гуфт:

— Саҳари гузашта баногоҳ нохунам ба гирдболиш расида қадаре чок шуда буд. Чӣ тадбир кардӣ, ,ки ин ба ҳолати аслиаш омадааст?

Канизак чӣ гуна дуруст карда шудани он гирдбо-лишро ҳикоя кард. Улуғбек фармуд, ки он руфўгарро ба наздаш ҳозир карданд. Мирзо ба руфўгар гуфт:

— «Ростӣ — растӣ!» гуфтаанд. Агар рост гўӣ аз ҳар гуна ҷазо ва бозхост эмин хоҳӣ шуд. Рост гўй, ки дар ҳамин рўзҳо ягон кас ҳамёни пурашрафиро ба пеши ту оварда руфў кунонда буд?

Руфўгар гуфт: — Чанд рўз шуд, ки касе ҳамёни пурашрафиеро оварда, дар пеши ман як тарафашро чок зад ва аз вай сад тилло бароварда гирифт, даҳ ашрафӣ аз он маблағ ба ман дод ва аз ман руфў кардани он чокро хоҳиш кард. Ман монанди аввалаш руфў карда додам ва ў ҳамёнро гирифта бурд. Дар ин бора дигар чизеро намедонам.

Улуғбек он шахсро талаб намуда овард, бо гувоҳӣ додани руфӯгар он шахс ба хиёнати худ иқрор кард. Улуғбек он маблағро аз вай ситонда, ба соҳибаш дод. Ҳақ ба ҷояш қарор гирифт.

Восифӣ мегӯяд: рӯзе шахсе пеши Улуғбекмирзо омада гуфт:

— Банда ба сафари Рум тайёрӣ медидам. Маро панҷ ҳазор тилло аз ҳоҷат берун буд. Хостам он маблағро ба соҳибдиёнате супорам ва дар бозгашти сафар аз вай талаб намуда гирам. Ҳарчанд фикр кардам, ғайр аз қозии замонамон, дигар каси соҳибдиёнате ба хотирам наёмад ва он маблағро дар офтобае андохта, пеши қозӣ бурда, ба ў амонат супурдам. Чун аз сафар бозгашт омада, аз қозӣ он амонатро талаб кардам, гуфт: «Ту   магар девона шудаӣ, ки ба ман тўҳмат мекунӣ? Ман туро ҳаргиз надидаам ва намешиносам. Баъд аз ин ба пеши ман омада ин гуна ҳарфҳо занӣ, мефармоям, ки зада дандонҳои туро мешикананд ва забони туҳматгаратро аз қафои сарат мебароранд».

Баъд аз гуфтани ин воқеа, он кас аз Улуғбек пур-сид: —Намедонам, ки акнун ман чӣ чора кунам? Шумо ба ман роҳ нишон диҳед!

Мирзо ба ў гуфт:

— Фардо ман ба хонаи қозӣ меравам. Дар вақти аз он ҷо баромада ба асп савор шуда истоданам, ту ин воқеаро ба ман арз кун!

Он шахс рафт. Улуғбек қозиро талаб карда, пеши худ оварда ба ў гуфт:

—Маро нақдина ва ҷавоҳир чунон бисёр ҷамъ шуда, ки дар хазина намеғунҷад. Ба  хотирам расид, ки       ин хазинаро дар ҷое гузорам, ки касе надонад, то ки     баъд аз сари ман фарзандонам он молро гирифта ба ҳоҷати худ сарф намоянд. Агар дар хазина бошад, дар рўзи вафотам албатта тороҷ, ва талаф хоҳад шуд. Аммо   дар ин бора ба касе эътимод надорам ва ҳар кас бошад    баъд аз сари ман мункир хоҳад шуд. Маро ба хотир расид, ки ғайр аз шумо каси росткоре дар ин шаҳр нест.Шумо, ки ҷонишини  пайғамбаред, дар диёнат ва амонат  ҳеҷ, кас ба шумо баробар намеояд. Муқаррар намудам,     ки он молу ашёро дар хонаи шумо амонат гузорам, то   ки баъд аз сари ман ба эҳтиёҷи авлодам ба кор равад. Ин розро танҳо шумо донеду ман. Дигар касе хабардор  нашавад.

Қозӣ бо шунидани ин суханон қариб буд, ки аз худ равад ва шодимарг шавад. Аммо бо зўрӣ худдорӣ кард ва ангушт ба чашм гузошта, ин илтимосро қабул намуд.

Улуғбек ба ў гуфт:—Ман фардо ба хонаи шумо хоҳам рафт. Ҳар ду бо маслиҳат барои хазина ҷоеро муқаррар намоем ва баъд аз он молҳоро ба тарзи пинҳонӣ бурда дар он ҷо гузорем.

Фардои он рўз Улуғбек ба хонаи қозӣ рафт ва ҳар тарафи ҳавлии қозиро бо диққат аз назар гузаронид, барои хазинагузорӣ ҷоеро муайян намуд.

Вақте ки Улуғбек аз хонаи қозӣ баромада ба асп савор шуд, он одам пеш омада бар хок бо ду зону нишаст ва ба Улуғбек арз кард:

—    Ҷаҳонпаноҳо!  Ман  дар   хонаи  қозӣ  амонате  гузошта будам…

Қозиро бо дидани он мард ва шунидани ин сухан саросемагӣ рўй дод ва дар дили худ гуфт: «Агар инкор кунам, Улуғбек дар  ҳаққи  ман  ба  шубҳа  меафтад ва мумкин аст, ки дилаш аз ман рамида, он хазинаро дар хонаи ман нагузорад. Беҳтар он аст, ки иқрор шавам».

Қозӣ ба ҳамин мулоҳиза ба он шахс гуфт: —Ту магар девона шудаӣ? Ин матлабро ба подшоҳ арз кардан чӣ лозим аст? Ту кай омада амонати худро талаб кардӣ, ки ман надодам?

Баъд аз он қозӣ ба ғуломи худ гуфт: — Рав, дар фалон ҷо офтобаи сарбастае ҳаст, биёр!

Ғулом офтобаи пурашрафиро овард ва қозӣ вайро дар ҳамон ҷо дар пеши подшоҳ ба соҳибаш супурда «росткории худро исбот кард».

* * *

Восифӣ мегўяд: чун ин ҳикоят ба арз расид, султон ва дарбориёни ў ба Улуғбекмирзо ба ҷиҳати адолат ва фаросаташ офарин хонданд. Султон Муҳаммад гуфт, ки: боз аз он ҷаноб ҳикояте нақл кунед!

Арз карда шуд: рўзе шахсе ба назди Улуғбекмирзо омад ва гуфт:

— Подшоҳо! Банда аз Самарқанд ба Бухоро мерафтам, дар пеши худ ҳамёне доштам, ки дар вай як ҳазор танга буд. Чун аз шаҳр ду фарсах (16 километр) дур шудам барои дамгирӣ ва таомхўрӣ бар лаби обе  дар сояи дарахте нишастам. Дар вақте, ки таом мехўрдам, маро ёре буд, ки аз тарафи саҳро расида омад, ки ба шаҳр мерафт. Ман ўро таклиф намудам, ки лаҳзае нишаста бо ман таом хўрад. Ў қабул карда нишаст. Таомро бо ҳам хўрдем. Ман фикр кардам, ки бо худ бурдани он ҳамён маслиҳат нест. Бинобар ин, он ҳамёнро ба дўсти худ супурдам, ки ба шаҳр бурда ба хонаи ман диҳад. Чун аз сафар баргашта омадам, донистам, ки ў он маблағро ба хонаи ман насупурдааст. Чун леши вай рафта маблағи худро талаб кардам, ў гуфт: «На туро дидаам ва на он дарахтро. Ту магар девона шудаӣ».

Улуғбек он мардро талаб карда овард ва ҳар ду дар пеши подшоҳ мурофаа карданд. Он мард дар ҷавоб боз гуфт, ки: «Ман на он дарахтро дидаам ва на ин одамро».

Улуғбек ба муддаӣ фармуд, ки рафта аз ҳамон дарахт ду-се барг канда орад, то ки ба воситаи он баргҳо воқеаро таҳқиқ кунад ва баъд аз рафтани ў ба дўсти  вай ҳикояте сар кард ва дар вақти гармии ҳикоят аз ў пурсид:

— Оё муддаӣ ба пеши он дарахт расида бошад?

Он шахс дар ғафлат монда гуфт:—Он дарахт аз шаҳр хеле дур аст, бояд ҳанўз нарасида бошад.

Улуғбек хандид ва ба ў гуфт: — Ту нагуфта будӣ ки «Ман на он касро дидаам ва на он дарахтро»? — Пас чӣ гуна донистӣ, ки он шахс ҳанўз ба он ҷо нарасидааст? Ту ҳарзагўӣ макун, ростӣ пеш ор ва амонатро ба соҳибаш супор!

Он мард ба иқрор кардан маҷбур шуд ва ҳақро ба соҳиби ҳақ супурд.

Восифӣ ёддошти худро дар бораи Мир Алишер, Биноӣ ва онҳое, ки ба Мир Алишер дахл доштанд ва инчунин дар бораи паҳлавон Абўсаид ва дигар ёддоштҳои худро, ки дар Хуросон дида ва шунидааст, аз варақи 163 сар карда то варақи 238 дар «Бадоеъулвақоеъ» ба тарзе, ки дар сўҳбати Келдимуҳаммадсултон ҳикоя кардааст, менависад. Аммо аз он ҷо, ки мо порчаҳои муҳимми ин ёддоштҳои муаллифро дар қисми аввал нақл кардаем, албатта дар ин ҷо такрор нахоҳем кард ва дар ин қисм он чизҳоро нақл мекунем, ки дар қисми аввал дохил нашуда ва аҳамияти таърихӣ ё адабӣ дошта бошанд. Восифӣ дар ин ҷо ба тартибе ки ба Келдимуҳаммадсултон ҳикоя кардааст, дар бораи Абўалӣ ибни Сино 96 саҳифа навиштааст. Азбаски бештарини он чизҳо афсона ва дар як қисми онҳо хатои таърихӣ буд, нақли онҳо лозим дида нашуд39.