Бадое-ул-вақое-Қисми (охир) 11

Ҳикояти маймуни ошпаз

                Восифӣ мегўяд: Мирзоабўюсуф ном ҷавони зебоеро, ки дўсти ман буд, бемории диққи нафас ориз шуд. Табибон ҳарчанд ўро муолиҷа карданд, фоидае набахшид. Охир ў чунон лоғар, наҳиф, заиф ва заҳир шуда хушкид, ки одам аз симояш меҳаросид.

Маро тоқате намонд, ки ўро бад-он ҳол бинам. Ночор аз Ҳирот сафар ихтиёр карда, як сол ба ҳар тараф гардидам.

Баъд аз ба Ҳирот баргашта омаданам, рўзе ба бозор баромадам ва ҷавонеро дидам, ки ба чашмам гарм ва шиносо менамояд, аммо дар куҷо диданам ўро ба хотирам нарасид.

— Чун чашми ӯ ба ман афтод, маро шинохта салом   дод ва пурсид:

—Эй фалонӣ! Куҷо будӣ, кай омадӣ ва чаро маро суроғ намекунӣ?

Аз овозаш шинохтам, ки Мирзоабўюсуф аст. Худоро шукрҳо гуфтам, ки ў саломатӣ ёфтааст ва ҳамроҳи ӯ шуда ба хонааш рафтем. Ман аз вай кайфияти аҳволаш ва чӣ гуна саломатӣ ёфтанашро пурсидам.

Ў гуфт: — Чун ҳамаи табибон аз саломатӣ ёфтани ман умедашонро канданд, аз табибони ҳозиқ Мавлоно Иззуддин ва Мавлоно Алоуддини табиб маро фармуданд, ки ҳамеша дар сайронгоҳҳо бошам, дар канори обҳои равон, дар боғҳо ва бўстонҳо умр гузаронам ва дар сояи дарахтони бед ба шўхиву бозӣ ва ба айшу тараб машғул бошам ва аз коре ва ҷое, ки сабаби андўҳгинӣ мешуда бошад, худро боздорам.

Аммо ман қуввати ҳаракат надоштам, ночор барои амал намудан ба тавсияи онҳо тахти равоне омода кардам. Ман бар рўи вай мехобидам ва ду ғулом он тахти равонро бардошта, маро ба сайри боғот мебурданд.

Рўзе ба одати муқаррарӣ маро ба боғи Ахии заргар, ки беҳтарини боғоти Ҳирот буд, бурданд. Чун обуҳавои он боғ маро хуш омад, он ҷо монданро хоҳиш намудам. Яке аз ғуломон барои кори хона рафту дигаре барои парасторӣ дар пеши ман монд.

Чун соате истироҳат кардам маро майли таом шуд. Ғуломро фармудам, ки мурғеро кушта тоза карда бирён кунад. Ғулом мувофиқи фармуда ба ошпазӣ машғул шуд.

Дар ин миён маро шавқи китобхонӣ дар дил пайдо шуд. Ман ҳамеша дар вақти хоҳиши табъ «Шабистони хаёл»-ро, ки таълифи Мавлоно Яҳё буд, мутолаа мекардам. Имрўз он китоб дар хона монда буд. Ғуломро фармудам, ки хона рафта он китобро биёрад.

Ғулом мурғро дар равған бирён карда, дегро бо сар-пўш пўшонид ва дар оташдон ҳезумеро ниҳода худ ба  хона рафт.

Баъд аз лаҳзае боғбони он боғ омад, ки бо вай май-муне ҳамроҳ буд. Он маймун фармоишҳои боғбонро тамоман мефаҳмид ва ба амал меовард. Маро аз ҳаракатҳои он маймун дар дил нишот ва суруре пайдо шуд.

Боғбон ҳаваси маро ба кори он маймун дида дар бораи вай гуфт: «Шабҳо дар дасти ин маймун шамъ медиҳам, ў медорад ва ман ба равшании вай корҳои худро анҷом медиҳам ва агар фармоям, дар оташдон оташ дармегиронад ва ҳар чӣ талаб намоям ҳозир мекунад». Гуфтам:— Чӣ мешавад, ки фармоӣ то омадани ғулом дар оташдони мо ҳезум ниҳода истад.

Боғбон ба маймун ин корро фармуда, худ паи кори худ рафт ва маймун ба оташмонӣ машғул шуд. Дар ин миён ман дидам, ки маймун замон-замон ба тарафи ман менигарад. Ман пай бурдам, ки ў мехоҳад коре пинҳонӣ кунад ва мунтазир аст, ки ман ғофил шавам. Бинобар ин ман худро ба хоб андохтам ва чунон нишон додам, ки маро хоби сахте бурдааст.

Маймун ҷазм кард, ки ман дар хоб шудаам, сари дегчаро кушод ва боз барои эҳтиёт ба тарафи ман чашм андохт ва дид, ки ман «ҳақиқатан хобидаам», даст дар дегча зада мурғро бароварда бар рўи табақ ниҳод ва мунтазири сард шудани ў гардид, то ки бихўрад.

Дар ин миён ғалевоже1 аз ҳаво расида мурғи бир-ёнро аз табақ бардошт ва ба сўи ҳаво парвоз карда бар болои он гирду пеш гардиш намуд. Маймун, ба ҳар тарафе, ки ғалевож мерафт чашмашро аз вай наканда ба он тараф медавид. Охир ғалевож аз назар ғоиб шуд ва маймун монанди мотамзадагон дар гўшае нишаст ва дасташро дар миёни абрувони худ ниҳода фикр мекард, гоҳо аз ҷо ҷаста ба ҳаво нигоҳ мекард ва гоҳо дар атрофи оташдон навмедона гардиш менамуд.

Баъд аз замоне боз ҳамон ғалевож бо ғалевожи дигар дар ҳаво падидор гашт. Бо дидани онҳо дар ваҷоҳати маймун аломати шодмонӣ пайдо шуд. Вай ба ҳар тараф ҳаракат карда, буттаи гули ҳамешабаҳорро ёфт ва дар зери он бутта худро гирифта пинҳон шуд ва қисми сурхи бадани худро берун гузошт.

Ғалевож аз рўи ҳаво ҷои маймуни пинҳоншударо дид, ки чизе сурх менамояд ва он чизро гўшт гумон карда худро ба болои он чиз партофт, то даррабояд. Чун ғалевож ба замин наздик шуда, ба он «чизи сурх» чанг зад, маймуни чобук бо як ҷастан аз гардани ғалевож гирифт ва сари вайро канда ҳаво дода пар канда тоза карда оварда ба дег андохт ва дар оташдон ҳезум мондан гирифт.

1 Ғалевож — заған аст, ки вайро дар забони зиндаи Хуросон «гўштрабо» меноманд.
Он парранда ҳамеша ба ҷустуҷўи гўшт мегардад. Агар дар ҷое ягон латтаи сурхро бинад
ҳам, гўшт гу-мон карда мебардорад (ин ғайри зоғ).

Мирзоабўюсуф мегўяд: — Маро аз дидани он ҳол чунон нишот ва шодмонӣ даст дод, ки тарсидам мабодо шодимарг шавам ва худро аз ханда ба зўр нигоҳ медоштам. Ғуломи ошпаз омад ва маро дар ҳолати шодмонӣ дида тааҷҷуб кард ва аҳвол пурсид.

Чун ба ў кори маймунро ҳикоя кардам, ў низ аз ман камтар шодмон нашуд.

Хулоса, баъд аз он воқеа ҳолати худро бисёр сабук ёфтам ва асари бемориро дар худ ҳис намекардам. Чун боғбон омад, он маймунро аз вай харидам ва ба хонаи худ овардам… Дар он сол ин маймун ягона дастёр ва ҳамсўҳбати ман буд. Ман ҳам ўро хуб тарбия ва парасторӣ мекардам40. Хулоса, он маймун сабаби шодмонӣ ва нишоти ман шуда, дар натиҷа боиси саломатӣ ёфтани ман гардид.

МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИН ЮСУФИ НАҚҚОШ ВА ЛАВҲАИ
ҶАВОНИ БАБРШИКОР

            Восифӣ мегўяд: рўзи шанбеи ҳафдаҳуми моҳи шаввол (рақами сол хато буд, нақл нашуд) султон Муҳаммадбаҳодур (Келдимуҳаммадсултон) дар даруни хиргоҳ бар сарири шаҳриёрӣ такя зада нишаста буд ва аркони давлат ҳар яке дар ҷои худ қарор гирифта буданд. Дар ҳамин вақт Мавлоно Ҷалолуддин Юсуфи наққош, ки дар санъати тасвир маҳорати тамом дошт, омад. Дар дасти ў саҳифаи расме буд, ки дар вай сурати шаҳриёри найзадори бабршикоре кашида шуда буд. Ҷавони найзадор сари найзаи худро бар пешонии бабр ниҳода буд, аспаш аз ҳайбати ҳамон бабр рамида меистод. Он ҷавони шершикор дар саҳифаи расм бар болои асп чунон меистод, ки на танҳо дар ваҷоҳати ў аломати хавфу бим дида намешуд, балки кас дар симои вай чунон осори шуҷоат ва далерӣ медид, ки ба ғолиб омаданаш ба бабр боварӣ ҳосил мекард.

Хулоса, он расм чунон табиӣ баромада буд, ки би-нанда дар он лавҳа як ҷавони паҳлавони нотарси ба бабр ғалабакардаистодаро, бабри зиндаи дар ғазабомадаи бо он ҷавон бар болои ҳаёту мамот муборизакунандаро ва аспи хушсимои чобуки давандаро, ки бо хоҳиши табиат аз бабр дар рамидан бошад, тамоман дар ҳаракат ва ҷавлон медид.

Мавлоно Юсуф ҳамин лавҳаро ба хидмати султон ҳадя намуд. Султон бо дидани ин расм чунон хурсанд шуд, ки мавлоноро бо бахшиши таҳсин ва нисори офарин сарафроз кард.

СУРАТИ ХАНДАОВАРИ ҚОЗИИ  ҶОДАК ВА
РИШКАЛОНИ ЗАНҶАБИЛФУРЎШ

Восифӣ мегўяд: дар моҳи муҳаррами соли 929 ҳиҷрӣ (1528) Мавлоно Юсуфи наққош ба ҳузури хон як сурати хандаоваре фиристод. Ин сурати қозии Ҷодак буд, ки дар ришкалонӣ монанд надошт.

Наққоши санъаткор он расмро чунон кашида буд, ки қомати баланди солхўрдаи наҳиф ва лоғари қозӣ    монанди ходаи дарози хушкида рост меистод ва сару риши ў бар болои он қомат чунон менамуд, ки гўё сари дарахти пуршохубаргро аз гарданааш бурида, бар сари он хода ниҳода бошанд ва сару рўи ў дар байни он риш монанди канае менамуд, ки дар зери хирмани пашм афтода бошад 41

Ба ин муносибат фақирро воқеае ба хотир расид, ки ба хизмати хон арз намудам: дар Ҳирот дар замони Султон Ҳусайнмирзо марди ришкалоне буд, ки бар рўи саҳни мадрасаи Гавҳаршодбегим нишаста, занҷабил мефурўхт. Агар ба риши ў бод мевазид, аз вай якчанд риш, ки дар калонӣ монанди риши қозии Ҷодак бошад, ҷудо мешуд.

Шоирони Ҳирот дар тасвири риши ў бо обуранги гуногун шеърҳо гуфта буданд ва рассомон он ришро монанди пари товус бо рангҳои гуногунтоб бар саҳифаи коғаз кашида, ба пеши назари тамошодўстон ҷилва медоданд.

Занҷабилфурўш аз занҷабил зиёдтар, ба мардум тамошои риши худро мефурўхт ва харидорони худро бо тору ҳалқаҳои дарози он дом шикор мекард. Дар пеши ў анбўҳи тамошобинон ҳеҷ, кам намешуд ва албатта ҳар як аз онҳо то чизе намехариданд, аз сояи он риш дур намешуданд.

* Аз ин ҳуҷҷат чунин маълум мешавад, ки дар асри XV—XVI санъати рассомӣ чи қадар, ки дар Хуросон тараққӣ ёфта бошад, дар Мовароуннаҳр низ ба ҳамон дараҷа пеш рафтааст. Он рассомон чунон ки расмҳои ҷиддӣ ва манзараҳои назаррабо мекашиданд, инчунин расмҳои ҳаҷвӣ ва лавҳаҳои хандаовар ҳам эҷод мекардаанд. Бо вуҷуди шиддати таассуби динӣ ва ҳокимияти уламои мутаассиб ривоҷ ёфтани санъати рассомӣ, санъатдўстии мардуми он замонро нишон медиҳад.

Ӯро писараке буд бағоят хушовоз ва нағмапардоз, он шеърҳоеро, ки шоирон дар таърифи риши падараш гуфта буданд, омўхта буд ва дар рў ба рўи падар нишаста он шеърҳоро бо овози хуш ва дилкаш хонда, бозори «ришфурўши»-ро гармтар ва часпонтар мекард. Як байте ки аз он абёт дар хотирам мондааст, ин аст:

Аз он ба кандани ришат бувад далерии мо!
Ки ҳаст риши ту доми кулоғгирии1 мо!

ҲИКОЯТИ РИШДАРОЗИ АҲМАҚ

                   Восифӣ мегўяд: аз Хоҷаисмоили ҳисорӣ нақл мекунанд, ки ў дар баландии қомат ва дарозии риш дар олам алам буд ва риши дарози ў бар сари қомати баландаш монанди думи қутосе менамуд, ки бар саридастаи    байрақ баста бошанд.

Ў шабе китоберо мутолаа мекард, дар як ҷои он китоб баромад, ки «риши дароз ва қомати баланд аломати аҳмақӣ аст». Ў худ ба худ аз аломати аҳмақии худ дар хиҷолат афтод ва дар дили худ гуфт: «Риши дарозам бо қомати баландам, дар назари мардум ба аҳмақии ман гувоҳӣ медиҳанд. Ҳарчанд қоматро кўтоҳ карда наметавонам, метавонам, ки қисме аз ришамро нест кунам, то ки як шоҳиди содиқи аҳмақиам барҳам хўрад. Дар он сурат бо як шариат чизе собит намешавад».

Хоҷаисмоил бо ин мулоҳиза хост, ки нимаи риши худро бурида нест кунад. Аммо ҳар чанд ҷустуҷў кард дар хона теғе ё қайчие наёфт. Лекин ў мехост, ки ҳар чӣ зудтар худро аз ин гувоҳи аҳмақии худ халос кунад. Ночор аз бехи риши худ як қабзаро, ки барои зеби ҷамол нигоҳ доштан мехост, бо мушти худ маҳкам дошт ва зиёдатии як қабзаро, ки нест кардани вайро лозим медонист, ба болои шўълаи шамъ овард, то ки вайро сўхта аз дунё нест кунад.

Рише ки ҳамеша бо равған ва хушбўиҳо тарбият ёфта буд, бо расидани оташ монанди ҳезуми саланг2 якбора даргирифт. Чун шӯълаи оташ ба мушти дасти Хоҷа расид, ба сўзиши вай тоб наёварда беихтиёр ришро сардода дастро аз оташ дур кашид. Оташ монанди он ки ба наистони хушкида расида бошад, дар як лаҳза дар бехи риш, ки равғанхўрда шуда буд, давид ва дар як чашм пўшида кушодан тамоми ришро бо мўйлабу мижгону абрў сўхта монанди мўрчаи дар оташ партшуда гардонид. Чун Хоҷа рўи худро ба муқобили оина оварда дид, ў худ ба худ хандид ва дар дили худ гуфт: «Ин коре, ки ман кардам, аҳмақиамро ҳатто дар пеши худам ҳам исбот кард» ва дарҳол қаламро гирифта ва давотро пеш кашида, дар ҳошияи он китоб, дар баробари ҷумлаи «риши дароз ва қомати баланд аломати аҳмақӣ аст» ин суханҳоро қайд кард: «Мо озмудем ва таҷриба карда дидем, ки ин сухан ҳақ аст ва рост аст ва бояд ҳеҷ, офаридае дар ин бора ба шакку шубҳа наафтад, вагарна монанди фақир ришу мўйлабу абрўю мижгонаш тамоман хоҳад сўхт: Хоҷаисмоили ҳисорӣ».

1Кулоғ — зоғи даштӣ.
2Ҳезуми саланг як навъ гиёҳи биёбонист, ки дар регзорҳо бисёр мерўяд ва дар 
вақти оташ додан зуд шўълавар шуда, фавран   хокистар   мешавад.
Ширмолпазони  Бухоро баъд аз пухтан ширмол як панҷа аз ҳамин ҳезумро
дар даруни танўр  дармегиронданд, ки бар рўи ширмол хол меафтод.
Дар Бухоро одами зуд оташиншавандаро ҳам «ҳезуми саланг» мегўянд.