Аз таърихи нигоришот ва истилоҳоти тиббии забони тоҷикӣ

Аз таърихи нигоришот ва истилоҳоти тиббии забони тоҷикӣ

Истилоҳоти тиббии имрўзаи забони тоҷикӣ натиҷаи рушду такомул ва таҳаввул ва дастовардҳои тибби ҷаҳонӣ, тибби Шарқ ва тибби суннатии мардуми тоҷик маҳсуб мешавад. Дар истилоҳоти тиббӣ тамоми нерў, дониш ва таҷрибаи донишмандон ва табибони мамолики мухталифи дунё, донишҳои перомуни  дарки табиати инсон, сохтор ва вазифаи организм, сабабҳои беморӣ ва ихтирои усулҳои муолиҷаи онҳо фароҳам омадаанд. Дониши пизишкӣ барги зарринест аз китоби умумии фарҳанги инсоният ва истилоҳоти тиббӣ пайвандгари наслҳо, дар таърихи башарият соҳаи дигари фаъолияте нест, ки донишу таҷрибаи байналмилалӣ ба сохтори забони он, яъне истилоҳоти он ба ин дараҷа таъсири муассир боқӣ гузошта бошад. Чунончи, дар тўли солиён ба илмҳои тиб ва биология таъсири амиқ ва назаррасу фарогир доштани забони лотин ва юнони қадим (дар Ғарб), забони арабӣ (дар Шарқ) ва бо номи «Тибби исломӣ» ёд шудани тибби мардуми Шарқ гувоҳи ин даъвоянд.

Тибби мардумӣ ва касбӣ таърихи чандинҳазорсола дошта, дар хусуси дастовардҳои онҳо зимни тамаддуни қадим — монанди шинохту муолиҷаи бемориҳо, гиёҳҳои шифоӣ- аз катибаҳои хати мехии Бобулистон, Ведҳои ҳиндии қадим, аз папирусҳои Миср ва дастнависҳои иероглифии Чин маълумот пайдо кардан мумкин аст. Дар Аврупо таърихи тиб аз «Маҷмўаи Буқрот» (Corpus Hippocraticum ё «Сита ашара»), ки тавассути Алекмеон Кротонский ҷамъоварӣ шуда, 100 рисолаи асри 6-и то милодро дар бар гирифтааст, оғоз меёбад.

Тибби мардуми эрониасл дар оғози пайдоиш ҷўйборе буд, ки аз сарчашмаи бузурги Донишгоҳи Ҷундишопур ба сўйи Бағдод равон шуда, ба кўшиши донишмандони эронӣ густариш ва такомул ёфт. Ҳар ойина, Ибни Надим дар китоби «Ал феҳрист», Сулаймон бинни Ҳассони Андалусӣ маъруф ба Ибни Ҷилҷил дар китоби «Табақот ул атибо вал ҳукамо» ва Ҷамолиддини Қифтӣ дар «Ахборул уламо би ахбор ул ҳукамо», Ибни Абӣ Усайбия дар китоби «Уюн ал абноъ фи табақот ул атиббо» исми зиёда аз 564 донишмандонро овардаанд, ки аксари онҳо ғайриараб ва асосан эрониасланд. Илми тиб ё ба истилоҳи ҳакимони исломӣ «Саноати тиб», агар  дар давраи ҷоҳилият рушд наёфта ва мартабае надошта бошад, дар қарни 2-3-и ҳиҷрӣ дар Донишгоҳи Ҷундишопур дар пояи баланд қарор дошт ва ҳатто тадрис мешуд. Хамирмояи илми тиб аз Юнон ва Ҳинд буда, бештар ҷанбаи назарӣ дошт, вале пизишкони эронӣ дар ҷанбаи амалии тиб пешдастӣ доштанд.

Бешубҳа, хидмати андешамандону тамаддуни эронӣ дар фароҳамоии дониши пизишкии олам бешоиба аст, зеро ин мардум аз қадим ба ин илм ошно буданд ва масоили тиббиро дарк мекарданд. Аз ҷумла дар «Бундиҳиш» тавассути хулосае аз улуми табиӣ ва нуҷум (ба тариқе ки аз «Авасто» — и давраи Сосонӣ ва тафсири он ба даст омада) ин матлаб исбот гардидааст. Дигар он, ки дар «Мўъҷам ул булдон» — и Ёқути Ҳумавӣ омадааст, ки дар даврони шоҳаншоҳии Сосониён иддае аз нависандагон бо ёрии хати мармузе мавсум ба «Гаштаг» улуми тиб, нуҷум ва фалсафаро сабт кардаанд ва ононро «Гаштагдафтар» мехондаанд.

Дар «Динкарт» перомуни бемориҳо нукоте зикр гардида, ки хулосаи он чунин аст: миёни бемориҳои ҷисмонӣ ва ахлоқӣ заминаи иртибот қойил гардидаанд, ба монанди он ки нодонӣ ва ҳилла, хашм ва ғурур, кибр ва хушкӣ, тааффун ва фасод, гуруснагӣ ва аташ, куҳулат ва дардро низ аз илали бемориҳо донистаанд. Зимни ин китоб исми бемориҳои зиёде омадааст. Ҳамчунин дар «Husparm Nask» -аз наскҳои мансухи аҳди Сосонӣ дар бораи тиб маълумоте ба назар мерасад. Минҷумла мўътақид буданд, ки Аҳуромаздо барои табобати ҳар беморӣ ақаллан як гиёҳ халқ кардааст.Усули тадовӣ дар «Динкарт» 5 қисм аст: аввал- каломи муқаддас, дуввум -оташ, сеюм- гиёҳ, чорум -корд ва панҷум -доғ кардан. Тавре ки аз кутубу расоили даврони Сосонӣ бармеояд,  табобат усулан ба ду навъ анҷом меёфтааст: аввал табобати ҷисмонӣ ва дуввум табобати рўҳонӣ ва тамоми ин нукот бо каме тағйирот вориди «Тибби набавӣ» гаштааст.

Дар марҳалаи дуюм донишмандони эрониасл ба таълифи форсии осори илмӣ даст задаанд, ки аз таълифоти эшон кутубе аз қабили «Шуморнома» (дар илми ҳисоб), «Ҳудудулолам миналмашриқ илал мағриб» (дар ҷуғрофиё), «Ҳидоятулмутааллимин», «Донишнома», «Китобулабния ан ҳақоиқуладвия», «Аттанвир», «Захираи Хоразмшоҳӣ», «Иғрос» ва «Ёдгор» (дар тиб), «Донишномаи Алоӣ» (дар фалсафа), «Китобуттафҳим ли авойили саноъатиттанҷим» (дар нуҷум, ҳандаса, ҷуғрофиё)ва ғайра мебошанд.

Дар миёни он ҳама осори илмие, ки ба забони форсии дарӣ дар асрҳои IХ-Х таълиф шудаанд, нигоришоти тиббӣ мавқеи махсус доранд, ки онҳоро як-як мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

  1. «Ҳидоятулмутааллимин фит тибб»-и Ахвайнии Бухороӣ аз ҷумлаи қадимтарин осори илмии тоҷикӣ буда, китоби дарсиест барои толибилмони соҳаи тиб ва матни комили он то замони мо расидааст. Матни интиқодии асар соли 1965 дар шаҳри Машҳад нашр шудааст.

Вуҷуди чунин як асар собит месозад, ки эабони форсӣ ҳазору дусад сол муқаддам барои нигоришоти осори илмӣ мояи кофӣ доштааст. Илова бар ин, асари мазкур дар заминаи таърихи тиб, услуби нигориш, вожаҳои илмиву тиббӣ, шеваи хоси расмулхат, талаффузи махсуси баъзе аз вожагони мутадовили он аҳд моро ба андешаву тааммули амиқ водор месозад.

Мусаннифи ин китоб табибе аз аҳолии Бухоро бо номи Абубакр Аҳмад Рабеъ бинни Аҳмад ал-Бухорист.

Ахвайнии Бухороӣ дар китобаш ишораҳое дорад, ки аз таълифоти дигари ў дарак медиҳанд, вале ба ҷуз ҳамин китоб аз вай чизи дигаре то замони мо боқӣ намондааст. Масалан, ў менависад: «… агар зиндагӣ бувад, ҳабҳо ва маъҷунҳо ва ёраҳои дигарро дар он ёд хоҳам кард» (246-247), ё «… агар фаҳм накунӣ, ба китоби набз боз гардӣ, ки он ҷо тамом ёд кардаам» (797) ва «… ту донӣ аз китоби ташреҳ» (327). Аз ин нуқтаҳо бармеояд, ки Ахвайнӣ дар дорушиносӣ, илми ташреҳ ва набз китобу рисолаҳо доштааст ва хаёли таълифи қарободинро низ дар сар парваридааст.

Нуқтаи қобили зикр он аст, ки Ахвайнӣ китобашро ба забони порсии «раҳи рост» на ба амру ташвиқи амир ё ҳокиме (дар он аҳд ин амал маъмул буд-А.Ю.), балки бо майли хеш ва барои фарзандаш иншо кардааст. Ин маъниро дар муқаддимаи китоб дармеёбем: «… ту, ки фарзанди манӣ, андар хостӣ аз ман китобе ба боби биҷишкӣ (пизишкӣ) сабук ва осон, то туро хосса аз ман ёдгор бувад ва дигар мардумонро фоида бувад (14).

Мувофиқи муҳтавои ҳар ду нусхаи мавҷуда китоби «Ҳидоят» аз феҳрасти матлоиб ва се кисмати асосӣ иборат аст.

Қисмати аввал дорои 51 боб буда, мавзўъотеро аз қабили дар аносир, ва амзаҷа, фи ахлот, андар хун, андар анвои сафро, андар анвои балғам, анвои савдо, ал қавлу фи зикрилаъзо ва шарҳуҳо, фи эикр-ил-узом, фи-л-аъсоб, фи-азалот, андар ёд кардани ҳайати димоғ, фи ҳайатуланф, фи ҳайатулайн, ҳайатулузн, ҳайатуллисон, фи сифатулҳалқ, фи ҳайатуссадр ва рия, фи ҳайатулқалб, фи ҳайатулмирӣ валмеъда, фи ҳайатуламъо, фи ҳайатулкабид, фи ҳайатуттиҳол, … фил асбоб, фил аъроз, физ зикрулҷумалулмуолиҷот ва ғ.-ро дар бар мегирад.

Қисмати дуюм аз 130 боб таркиб ёфта, тибқи феҳраст 123 боб аст, дар ин бахш бемориҳо ва муолиҷоти онҳо ҷудо-ҷудо аз фарқи сар то нохуни пой бо изофаи бобҳое назири ҳарик-ун-нор, илоҷи қуруҳ, ҷароҳот, анвои самум, таарруфи асбоб ун-набз мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла бобулхузоз, бобулқамал, боби сидоъ, боби шақиқа, боби хуза, боби қутарб, боби молихулиё, боби кобус, боби саръ, боби сакта, боби фолиҷ, боби хадар, боби раъша, боби ташаннуҷ, боби нузла, боби бемориҳои чашм, боби зафара, фи сўлох, ва ғ. муштамили ҳамин қисм мебошанд.

  1. “Китобулабния ан ҳақоиқуладвия » таълифи Муваффақиддин Абумансур Алӣ ал-Ҳиравӣ ба илми шинохти адвияи муфрада бахшида шудааст. Китоби мазкур, ки ҳамчунин «Равзатулунс ва манфиатуннафс» низ ном бурда мешавад, қадимтарин китоби хаттии тиббии форсӣ аст, ки ба он дастрасӣ дорем. Дар соли 1859 Ф.Р. Залеман аз рўи нусхаи китобхонаи Вена онро ба чоп расонида ва баъдан тавассути Абдухолиқ Охундов он ба олмонӣ тарҷума шудааст. Таърихи он санаи 447 ҳ. ва котиби он Асадии Тусии шоир будааст. Нусхаи аслӣ дар китобхонаи Вена бо нишонии А.Г. 340 маҳфуз ва дорои 219 варақ аст

Китоби «Алабния» аз муқаддимаи кўтоҳ ва қисмати асосӣ иборат буда, муаллиф пас аз зикри муқаддима як-як доруҳоро аз ҳарфи «алиф» шурўъ намуда ва бо ҳарфи «йо» хатм менамояд. Ҳамин тавр,вай дар  китоб 584 қалам маводе, ки дар тадовӣ ба кор мерафта оварда ва хавоси тиббӣ ва табъ ва мизочи онҳоро зикр карда ва шева ва тариқаи пизишкони ҳиндиро интихоб кардааст. Зимнан, муаллиф мутазаккир гардида, ки дар Ҳинд будаам.

Забони нигориши асар мисли услуби баёни соир осори ин давр сода ва равон буда, истилоҳоти илмии «Алабния», ба хусус номи гиёҳҳои шифоӣ, маъданҳо, хўрданиҳо, нўшиданиҳо ва ғ.-ро дар осори муаллифони баъдӣ низ дучор мешавем. Чунончи, вожаҳои канабдона, беданҷир, дорчин, ёсамин, зирк, олу, панирмоя, зиришк, сипандона, панҷангушт, тут, шибит, гашниз, харбуза, пиёз, марзанҷўш, гурунҷ, гили арманӣ ва ғ.

Кобили таваҷҷўҳ аст, ки аксари ҷумлаҳои асар содаву равон буда, матлаб ихчам, возеҳ, дақиқ ва мушаххас баён шудааст: «Писти тут шикам бибандад ва меъда қавӣ гардонад ва сафро сокин кунад ва меъда пок гардонад» (61). Зимнан, ибораи писти тут дар «Ҳидоят» ва  дар «Донишнома»-и Майсарӣ низ истеъмол гашта, ибораи писти ҷав ҳам корбаст шудааст ва имрўз дар лаҳҷаҳои забони точикӣ шаклҳои таркибии тутпист, тутпус ва тутпъс роиҷанд. Ё, «… пусти гурунҷ чун бихўрӣ, даҳон ба дард оварад ва забонро дард расонад ва омос диҳад: пас дард ба сурха диҳад ва меъда ва рудагонӣ ва гармӣ ва табиш барангезад аз ҳама тан ва онро илоҷ зарорих аст». Истилоҳоти ин ҷумлаи «Алабния» мисли грунҷ, дард, омос, меъда, рудагонӣ, табиш, танро мо дар осори муаллифони дигар, аз ҷумла дар «Ҳидоят»-и Ахвайнӣ, таълифоти Майсарӣ, Ал Қамарӣ, ибни Сино ва Берунӣ низ мебинем..

Дар забони арабӣ барои суҳулати дарки матолиб осори илмиро дар шакли назм таълиф мекарданд ва «Урҷуза» меномиданд, ки дар бахши тиб бузургтарин «Урҷуза» — и арабӣ ин «Урҷуза фит тибб» — и Абўалӣ ибни сино ба шумор меравад.

3.Чи тавре ки аз гуфтаҳои боло бармеояд, забони форсии дарӣ аз қадим дар таълифи осори илмӣ тавонманду банеру будаву ин нуқтаро ба майдон омадани асари манзуми Ҳаким Майсарӣ боз ҳам тақвият мебахшад. «Донишнома»-и Майсарӣ қадимтарин китоби шеъри форсист, ки то замони мо боқӣ мондааст. Нусхаи хаттии «Донишнома», ки дар китобхонаи миллии Париж маҳфуз аст, дораи 164 варақ буда, аз 4481 байт иборат аст ва тавассути шоҳномахони машҳур Маҳмуди Табрезӣ дар таърихи саввуми моҳи рабеъ-ул-охири соли 852 ҳ. (1474) навишта, «Китоби Мансурӣ» ном гузошта шудааст, баъдҳо каси дигар ба ҳамин сабаб номи онро «Китобул Мансурӣ биттиб ал Розӣ» ниҳодааст. Микрофилми нусхаи аслии асар дар китобхонаи Донишгоҳи Теҳрон маҳфуз аст ва дар асоси он бо тасҳеҳи Бароти Занҷонӣ соли 1366 х. (1987 м.) чопи интиқодии «Донишнома» дар Теҳрон нашр шуд. Муаллиф дар хусуси номи асараш мегўяд:

Биянҷомид «Донишнома»-и ман,

Баромад з-ў муроду комаи ман (Б.4462)

Майсарӣ асарашро дар соли 367 ҳ. оғоз ва дар соли 370 ҳ. ба ҳангоми 46-сола будани худ хатм кардааст. , ки дар ин бора ҳангоми мутолиаи «Донишнома» ба ишораи зайл бармехўрем:

Ман онро гуфтам андар моҳи шаввол,

Ба шасту сесаду ҳафт омада сол (Б.96).

Ба соли сесаду ҳафтод будем,

Ки аз нома ҳаме пардахта шудем (Б.4463).

Ман аз ду бисту ду се баргузаштам,

Ва девони ҷавонӣ барнавиштам (4418).

Муаллиф дар бораи маҳалли таваллуди худ сухани дақиқ, нагуфтааст, балки ба таври умумӣ зодгоҳи худ Эронро медонаду аксари мардуми онро порсидон:

Ва пас гуфтам замини мост Эрон,

Ки беш аз мардумонаш порсидон (Б.89).

Ба қавли Бароти Занҷонӣ «Он ноҳия аз Эрон, ки дар соли 370ҳ. беш аз мардумонаш порсидон буда ва пизишкаш ҳам завқи шеърӣ ва сухансароӣ дошта ва ба забони форсӣ шеър сурудааст, ҷуз Хуросони он рўз ҷои дигаре буда наметавонад бошад (227. се).

Қайд кардан бамаврид аст, ки услуби нигориш, луғат ва таркиботи дар асар истифодашуда гуфтаҳои болоро қувват мебахшанд. Илова бар ин, аз зарбулмасалҳои зиёде, ки муаллиф дар миёни сухан овардааст, ранги зодгоҳи ў пайдост. Барои намуна исми макони масали «Некӣ куну ба дарё андоз«-ро аз назар мегузаронем, ки дар осори Фахриддини Гургонӣ ба гунаи «дарё», дар ашъори Ҳофиз ба сурати «об», дар осори Саъдӣ ба шакли «Даҷла» ва дар ашъори Асадии Тусиву Ҳаким Майсарӣ ба сифати «Ҷайҳун» омадааст:

Шнудастам, ки гар некӣ ба Ҷайҳун,

Бияндозӣ, биёяд з-ў ба берун (Б. 160).

Тавре ки аз мутолиаи асар бармеояд, муаллиф меъёрҳои услуби илмиро риоя намуда, яке аз талаботи асосии он, яъне кўтоҳбаёниро пазируфта,  ҳангоми ташхис ва ташреҳи амроз, нишонаҳои беморӣ, хелҳои набз, номи доруҳо ва ғ. риоя кардааст:

Нишони диққ доим сахт бисёр,

Гараш ҷумла бигўям, ҳаст душвор (Б. 403).

Гараш яксар ҳама нусхат гирифтӣ,

Гарон гаштӣ, гараш ҷумла бигуфтӣ.

Бар ин гуфта, магар худ ихтисор аст,

Дар он ногуфта худ андак ба кор аст (Б. 416, 417).

Майсарӣ баъзе усулҳои табобатро намеписандад ва дар китобаш аз онҳо ёдовар гашта, хонандаро ба мутолиаи китобҳои устодон раҳнамун месозад, то маълумоти бештар пайдо кунанд:

Магар ман ҳуқнаро нусха накардам,

Дар ин нома бад-ў ҳилла накардам.

Зи катби устодон бозҷўяш,

Пас он гаҳ дардмандонро бигўяш (Б. 871, 872).

Дар асар истилоҳоти зиёди тиббӣ, номи доруҳо, ағзия ва нўшокиҳо, номи бемориҳо, усулҳои муолиҷа ва ғ. мавҷуд аст.

  1. Дар миёни он ҳама осори тиббии форсӣ-тоҷикӣ «Аттанвир»-и Абумансур Ҳасан бинни Нўҳ ал Қамарӣ бо хусусиёти услубиву тарзи нигориш фарқ мекунад. Ин аввалин луғати сохавӣ дар забони форсии дарӣ ба шумор меравад, ки хеле фасеҳу равон ва балеғ таълиф гаштааст. Бояд афзуд, ки муаллиф ин асарро айнан ва бе каму кост ба забони арабӣ низ тарҷума кардааст.

Абумансури Қамарӣ аз зумраи он донишмандони бузург аст, ки дар борааш маълумоти нисбатан кам дар дастрас дорем. Ягона сарчашмае, ки дар бораи Ал Қамарӣ ва осори ў маълумот медиҳад, «Уюналанбоъ фиттабақот алатибо»-и ибни Абӣ Усайбия мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки порае аз ин асар ба забони форсӣ тарҷума ва дар «Номаи донишварон» нашр шудааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда Ал Қамарӣ бар иловаи «Аттанвир» осори дигаре аз қабили «Китоби ғанӣ ва манӣ», «Китобулилал алилм», ‘Муолиҷоти Мансурӣ», «Мақола дар буҳрон», «Рисола дар илоҷи амрози садр», «Рисола дар ҳуммиёти доират», «Мақола дар марази истисқо»-ро низ таълиф намудааст.

Рисолаи «Аттанвир» дар миёни таълифоти Қамарӣ ягона асарест, ки ба забони форсии дарӣ навишта шуда сабки нигориши ин матни кўчак бисёр сода ва шево аст. Муаллиф дар бораи ба забони форсии дарӣ нигошта шудани «Аттанвир» мегўяд: «Аз он, ки ман нек бидонистаам, ки фазли илми пизишкӣ бар ҳамаи илмҳои дигар тоҷест ва ниёзмандии ҳар кас ба ҳар вақте ва ба ҳар ҷойе чӣ  гуна аст, бар он, ки касеро ба рағбат орам ба омўхтани ин илм … он чӣ аз вай саҳл аст, наздик орам ва он чӣ аз вай душвор аст, осон гардонам … хостаам, ки ҳар рўз ба кор ояд ва он натавон ёфтан андар китобҳо, магар пароканда ва ин кас, ки нав бувад андар илм битвонад ба даст овардан, то ранҷ бисёр набинад … ва тафсире кунам ҳар лафзе аз вай кўтоҳ, бе он ки сабаб ва иллат бигўям ва пайдо кунам шинохтани ҳар чизе, чунон ки бубояд ва аз мазҳаби мардумони ин илм ба як сў наравам ва ҳарчанд андар луғат тафсири дигаре раво бувад, ўро, ҳарчанд мардумони иқлимҳоро ва шаҳрҳоро ба вай андар ихтилоф аст ва даҳ боб кунам ва ҳар лафзеро бо ёронаш ҷуфт кунам андар боби хеш, то ба якдигар наёмезад ва ба ёфтан душвор нашавад, иншооллоҳ»(саҳ.16).

«Аттанвир» аз даҳ боб ва муқаддимаи кўтоҳ иборат буда, ба тарзи тартиби алифбои арабӣ истилоҳоти як бахши ҷудогонаи илми тибро дар бар гирифта, тарҷума ё тафсир кардааст.Тавре ки зикр шуд, китоб ҳаҷман калон нест ва дар маҷмўъ 318 калимаро фаро мегирад. Номи бобҳо ба забони форсӣ оварда шудаанд. Муаллиф истилоҳотро хеле мухтасар, муъҷаз ва мушаххас тарҷумаву тафсир карда, он вожаҳоеро интихоб намудааст, ки дар замонаш роиҷ буданд ва дар осори тиббии форсӣ истеъмол мешуданд. Барои намуна чанд истилоҳеро аз ин китоб меорем: «Сидоъ-дарди ҳама сар; Молихулиё-ошуфтагии хирад ва девонагӣ; Шақиқа-дарди нимсар; Кобус-он бувад, ки мардум чунон пиндоранд андар хоб, ки чизе гарон бар вай афтад; Фолиҷ — аз кор мондани андом бувад; Ихтилоҷ-ҷунбидани бехост бувад; Рамад-дарди чашм; Тарфа-нуқтае бувад сурх, ки андар чашм падид ояд; 3отуррия-омоси шуш; Назла — фурў расидани тариҳо бувад ба сўйи гулў;3араб-рафтани шикам;Ярақон он бувад, ки ҳамаи тан зард шавад ё сиёҳ; Барас -сапедӣ бувад равшан ва ба гушт фурў рафта то устухон; Дабила-решест, ки ба омос бувад; Нузҷ-чира шудани табиат бувад бар беморӣ, то бипазандаш; Буроз-ҳадас; Қифол-рагест ба оринҷ бар аз сўйи берун; Бослиқ-рагест ба оринҷ бар аз рўй; Автор-пайҳо буванд, ки аз азала ҷудо шаванд; Баввоб-он рудаҳост, ки байни меъда пайвандад ва онро «исно ашарӣ» гўянд; Ғазориф-устухони нарм бувад; Аъвар-рудагонист; Иқрос-доруҳоеанд кўфта ва чун кулича карда хурд-хурд:, Мисқол-як дирамсанг бувад; Кайл- 36 манн бувад; Балъак- се кулича; Кулича- 5-6 манн бувад ва ғ.

  1. Яке аз бузургтарин табиб ва донишманде, ки осори гиронбаҳои худро ба забони модарияш, яъне забони форсӣ-тоҷикӣ анҷом додаст, Исмоили Ҷурҷонист, таълифоти ин марди фарзона ба сабаби форсӣ будан ва ба кор бурдани истилоҳоти забони форси дарӣ аз имтиёзи вижае бархўрдор аст. Албайҳақӣ китобҳои «Хуфии алоӣ», «Тибулмулукӣ», «Захираи Хоразмшоҳӣ», «Ал иғрос ал тиббия», «Ёдгор», «Васиятнома» ва ғ.-ро ба ў нисбат додаст. Бузургтарин ва ҷомеътарин китоби Ҷурҷонӣ « Захираи Хоразмшоҳӣ» аст. Муаллиф бо ин ҳама талош, ки дар зинда кардан ва ба по доштани забон ва таркиботи дастурии забони форсӣ дошта, ҳамон истилоҳоти пизишкиро, ки реша дар забони юнонӣ дошта ва умдатан тарҷумаи суриёнӣ ва арабии онҳо ба зеҳни мардум ошнотар будааст, ба кор мебурда ва дар баробари ин аз вожаҳои маъмули хуросонӣ, суғдӣ ва форси миёна, ки забони корбурди мардуми он рўзгор буд, низ парҳез надоштааст. Худи ў дар муқаддимаи «Захира» мегўяд: «ва агарчи ин хидмат ба порсӣ сохта омадааст, лафзҳои тозӣ, ки маъруф аст ва бештар мардумон маънии он донандва ба тозӣ гуфтан сабуктар бошад, он лафз ҳам ба тозӣ гуфта ояд, то аз такаллуф дур бошад ва бар забонҳо равонтар бошад ва аз ин лафзҳо бештаре низ ба порсӣ гуфта ояд, то ҳеҷ пўшида намонад, Иншооллоҳ» (с.22).
  2. «Захира» китоби ҷомеи тиббӣ буда, аз аз 10 китоб таркиб ёфтааст.
  3. «Хуфии алоӣ» ин китоб феҳраст ва хулосаи «Захира» аст ва имрўз дар Аврупо чунин китобро Hand book(китоби дастӣ) ё Poket book(китоби кисагӣ) меноманд.
  4. 3. «Ал иғрос ал тиббия» — китоби дарсии донишҷўёни пизишкӣ аст.
  5. «Ёдгор» ҳовии матлаби зарурӣ дар тибби умумӣ, беҳдошт ва иттилооти умумӣ ва зарурии тиббӣ мебошад.

Ҳамин тавр, забоне, ки даҳ қарн пеш қудрати таълифи осори илми тибро дошт, гузашта аз ин бо назм асари бузурге низ ба майдон овард, гувоҳи он аст, ки системаи истилоҳоти мукаммал дошт ва имрўз ба ин забон асари илмӣ таълиф накардан, онро забони тадрису омўзиши осори илмӣ қарор надодан гуноҳ ва теша ба решаи истиқлоли забони миллӣ задан аст.