Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ — Ғазалҳо

Сарандозон ҳамеоӣ, нигорини ҷигархора?!
Дилам бурдӣ, намедонам, чӣ овардӣ дигарбора?!
Фиғон аз чашми маккорат, к-аз аввал буд ин корат,
Ки пора-пора пеш оиву бирбоӣ дили пора.
Барои моҳи бечунро кашидӣ ҷаври гардунро,
Мусаллам гашт Маҷнунро, ки оқил нест инкора.
Биёр он ҷоми пуроташ, ки то мо даркашемаш хуш,
Ба ишқи рўи он маҳваш бурун аз чарху истора.
Бизан оташ ба кишти ман, фикан аз бом ташти ман,
Ки кори ишқ ин бошад, ки бошад ошиқ, овора.
Агар захме занӣ аз кин ба қасди ин дили мискин,
Бизан, ки захм бардорад, чӣ тонад кард бечора?
Дилам шуд ҷои андеша ва ё дуккони пуршиша,
Бигў, эй Шамси Табрезӣ, дилат санг аст ё хора?!
***
Бо зар ғаму бе зар ғам, боре ғами бозар беҳ,
Чун роҳ равӣ боре, роҳе, ки барад то деҳ.
Бишнав сухани ёрон, бигрез зи тарророн,
Аз ҷамъ макаш худро, истеза макун, мастеҳ.
Одам зи чӣ урён шуд, дунё зи чӣ вайрон шуд,
Чун буд, ки тўфон шуд? 3-истезаи кеҳ бо меҳ!
То шамъ намеранҷад, он шўъла намехандад,
То ҷисм намекоҳад, ҷон менашавад фарбеҳ.
Хўи малакӣ бигзин, бар дев амирӣ кун,
Гови ту чу шуд қурбон, по бар сари гардун неҳ.
***
Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст.
Ай офтоби ҳусн, бурун о, даме зи абр,
К-он чеҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст.
Бишнидам аз ҳавои ту овози табли боз,
Боз омадам, ки соиди султонам орзуст.
Гуфтӣ зи ноз: Беш маранҷон маро, бирав!
Он гуфтанат, ки Беш маранҷонам орзуст.
В-он дафъ гуфтанат, ки Бирав! Шаҳ ба хона нест
В-он нозу бозу тундии дарбонам орзуст.
Яъқубвор во асафоҳо ҳамезанам,
Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст.
В-аллоҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад,
Оворагию кўҳу биёбонам орзуст.
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.
Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ў,
Он нури рўи Мўсии Имронам орзуст.
З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул,
Он ҳойҳуйи наъраи мастонам орзуст.
Гўётарам зи булбул, аммо зи рашки ом
Мўҳр аст бар даҳонаму афғонам орзуст.
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малулам, Инсонам орзуст.
Гуфтанд: Ёфт менашавад, ҷустаем мо,
Гуфт: Он ки ёфт менашавад, онам орзуст.
Пинҳон зи дидаҳову ҳама дидаҳо аз ўст,
Он ошкорсанъати пинҳонам орзуст……
Як даст ҷоми бодаву як даст ҷаъди ёр,
Рақсе чунин миёнаи майдонам орзуст.
* * *
Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чаппу рост,
Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?
Мо ба фалак будаем, ёри малак будаем
Боз ҳамон ҷо равем, ҷумла, ки он шаҳри мост.
Худ зи фалак бартарем в-аз малак афзунтарем
З-ин ду чаро нагзарем? Манзили мо кибриёст.
Гавҳари пок аз куҷо! Олами хок аз куҷо!
Бар чӣ фуруд омадет? Бор кунед, ин чӣ ҷост?
Бахти ҷавон ёри мо, додани ҷон кори мо
Қофиласолори мо фахри ҷаҳон Мустафост.
Аз маҳи ў маҳ шикофт, дидани ў барнатофт,
Моҳ чунон бахт ёфт, ў, ки камина гадост.
Бўи хуши ин насим аз шикани зулфи ўст,
Шаъшаъаи ин хаёл з-он рухи чун ваззуҳо-ст.
Дар дили мо дарнигар ҳар дам шаққи қамар,
К-аз назари он назар чашми ту он сў чарост?
Халқ чу мурғобиён зода зи дарёи ҷон,
Кай кунад ин ҷо мақом мурғ, к-аз он баҳр хост.
Балки ба дарё дарем, ҷумла дар ў ҳозирем
В-арна зи дарёи дил мавҷи паёпай чарост?
Омад мавҷи аласт киштии қолаб бибаст,
Боз чу киштӣ шикаст, навбати васлу лиқост.
***
Эй қавми ба ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед?!
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед!
Маъшуқи ту ҳамсояи девор ба девор,
Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед?
Гар сурати бесурати маъшуқ бубинед,
Ҳам хоҷаву ҳам бандаву ҳам қибла шумоед!
Сад бор аз он роҳ бад-он хона бирафтед,
Як бор аз он хона бад-он бом бароед.
Он хонаи лутф аст, нишонҳош бигуфтед,
Аз соҳиби он хона нишоне бинамоед!
Як дастаи гул ку, агар он боғ бидидед?
Як гавҳари ҷон ку, агар аз баҳри Худоед?
Бо ин ҳамагӣ ранҷи шумо ганҷи шумо бод
Афсўс, ки бар ранҷи шумо парда шумоед.
Эҳром чу бастед, аз он бодия растед,
Аз хирқаи номўс ба куллӣ бадар оед.
Гар қасди шумо дидани он каъбаи ҷонҳост,
Аз дил рухи оина ба сайқал бизудоед.
Рўбанд кушоед зи сари пардаи асрор,
Пас хеш бидонед, ки на шоҳу на гадоед.
Ганҷина ниҳон гашта дар ин тўдаи пурхок,
Чун қурси қамарро шабаҳи бози сароед.
Султони ҷаҳон мафхари Табрез шумоед,
К-ашколи аҷоиб ба чӣ шева бинамоед.
***
Омад хаёли хуш, ки ман аз гулшани ёр омадам,
Дар чашми масти ман нигар, к-аз кўи хаммор амадам,
Сармояи мастӣ манам, ҳам дояи ҳастӣ манам,
Боло манам, пастӣ манам, чун чархи даввор омадам.
Онам, к-аз оғоз омадам, бо рўҳ дамсоз омадам.
Баргаштаму бозомадам, бар нуқта паргор омадам.
Гуфтам: биё, шод омадӣ, додам бидеҳ, дод омадӣ,
Гуфто: ба диду дод ман, к-аз баҳри ин кор омадам.
Ҳам ман маҳу маҳтоби ту, ҳам гулшану ҳам оби ту
Чандин раҳ аз иштоби ту бе кафшу дастор омадам.
Фархунданомӣ, эй писар, гарчи ки хомӣ, эй писар,
Талхӣ макун, зеро ки ман аз лутфи бисёр омадам.
Хандон даро, талхӣ бикуш, шобош, эй талхии хуш,
Гулҳо диҳам, гарчи ки ман аввал ҳама хор омадам.
Гул сар бурун кард аз дараҷ, к-ассабр мифтоҳ алфараҷ
Ҳар шоҳ гўяд: лоҳараҷ, к-аз сабр дар бор омадам.
***
Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, ханда шудам,
Давлати ишқ омаду ман давлати поянда шудам.
Дидаи сер аст маро, ҷони далер аст маро,
Заҳраи шер аст маро, Зўҳраи тобанда шудам.
Гуфт, ки девона наӣ, лоиқи ин хона наӣ,
Рафтаму девона шудам, силсила банданда шудам.
Гуфт: ки сармаст наӣ, рав, ки аз ин даст наӣ,
Рафтаму сармаст шудам в-аз т-араб оганда шудам.
Гуфт, ки ту кушта наӣ, дар тараб оғушта наӣ,
Пеши рухи зиндакунаш куштаву афканда шудам.
Гуфт, ки ту зиракакӣ, масти хаёливу шакӣ,
Гул шудам, ҳул шудам в-аз ҳама барканда шудам.
Гуфт, ки ту шамъ шудӣ, қиблаи ин ҷамъ шудӣ,
Ҷамъ наям, шамъ наям, дуди пароканда шудам.
Гуфт, ки шайхиву сарӣ, пешраву роҳбарӣ,
Шайх наям, пеш наям, амри туро банда шудам.
Гуфт, ки бо болу парӣ, ман пару болат надиҳам,
Дар ҳаваси болу параш бе пару парканда шудам.
Гуфт маро давлати нав: роҳ марав, ранҷа машав,
3-он ки ман аз лутфу карам сўи ту оянда шудам.
Гуфт маро ишқи куҳан аз бари мо нақл макун,
Гуфтам:оре, накунам, сокину бошанда шудам.
Чашмаи хуршед туӣ, соягаҳи бед манам
Чун-к задӣ бар сари ман, пасту гудозанда шудам.
Тобиши ҷон ёфт дилам, во шуду бишкофт дилам,
Атласи навбофт дилам, душмани ин жанда шудам.
Сурати ҷон вақти саҳар лоф ҳаме зад зи батар,
Бандаву харбанда будам, шоҳу худованда шудам.
Шукр кунад коғази ту аз шакари беҳади ту,
К-омад ў дар бари ман, бо вай монанда шудам.
Шукр кунад хоки дижам аз фалаку чархи бахам,
К-аз назари гардиши ў нурпазиранда шудам.
Шукр кунад чархи фалак аз малику мулку малак,
К-аз караму бахшиши ў равшану бахшанда шудам.
Шукр кунад орифи Ҳақ, к-аз ҳама бурдем сабақ,
Бар забари ҳафт табақ ахтари рахшанда шудам.
Аз туам, эй шўҳра қамар, дар ману дар худ бинигар,
К-аз асари хандаи ту гулшани ханданда шудам.
Бош чу шатранҷ равон хомушу худ ҷумла забон,
К-аз рухи он шоҳи ҷаҳон фарруху фархунда шудам.
***
Биё, то қадри яқдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.
Чу мўъмин оинаи мўъмин яқин шуд,
Чаро бо оина мо рўгаронем?
Каримон ҷон фидои дўст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.
Фусуни «қул аъузу қул ҳуваллоҳ»
Чаро дар ишқи ҳамдигар нахонем.
Ғаразҳо тира дорад дўстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем.
Гаҳе хушдил шавӣ аз ман, ки мирам,
Чаро мурдапарасту хасми ҷонем?
Чу баъд аз марг хоҳӣ оштӣ кард,
Ҳама умр аз ғамат дар имтиҳонем.
Кунун пиндор: мурдам, оштӣ кун,
Ки дар таслим мо чун мурдагонем.
Чу бар гўрам бихоҳӣ бўса додан,
Рухамро бўса деҳ, к-акнун ҳамонем.
Хамўш кун мурдавор, эй дил, азеро
Ба ҳастӣ муттаҳам мо з-ин забонем.
***
Мо зинда ба нури кибриёем,
Бегонаву сахт ошноем.
Нафс аст чу гург, лек дар сир,
Бар Юсуфи Миср барфазоем.
Маҳ тавба кунад зи хешбинӣ,
Гар мо рухи худ ба маҳ намоем.
Дарсўзад парру боли хуршед,
Чун мо парру бол баркушоем.
Ин ҳайкали одам аст рўпўш,
Мо қиблаи ҷумла саҷдаҳоем.
Он дам бинигар, мабин ту одам,
То ҷон-т ба лутф даррабоем.
Иблис назар ҷудо-ҷудо дошт,
Пиндошт, ки мо зи Ҳақ ҷудоем.
Шамси Табрез худ баҳона(а)ст,
Моем ба ҳусни лутф, моем.
Бо халқ бигў барои рўпўш,
К-ў шоҳи кариму мо гадоем.
Моро чӣ зи шоҳиву гадоӣ,
Шодем, ки шоҳро сазоем.
Маҳвем ба ҳусни Шамси Табрез
Дар маҳв на ў бувад, на моем.
***
Чу ғуломи офтобам, ҳама з-офтоб гўям,
На шабам, на шабпарастам, ки ҳадиси хоб гўям.
Чу расули офтобам ба тариқи тарҷумонӣ,
Пинаҳон аз ў бипурсам, ба шумо ҷавоб гўям.
Ба қадам чу офтобам, ба харобаҳо битобам,
Бигурезам аз иморат, сухани хароб гўям.
Ба сари дарахт монам, ки зи асл дур гаштам,
Ба миёнаи қушурам, ҳама аз лубоб гўям.
Ман агарчи себи шайбам, зи дарахти бас баландам,
Ман агар харобу мастам, сухани савоб гўям,
Чу дилам зи хоки кўяш бикашидааст бўяш,
Хиҷилам зи хоки кўяш, ки ҳадиси об гўям.
Бикушо ниқоб аз рух, ки рухи ту аст фаррух,
Ту раво мабин, ки бо ту зи паси ниқоб гўям,
Чу дилат чу санг бошад, пур аз оташам чу оҳан,
Ту чу лутфи шиша гирӣ, қадаҳу шароб гўям.
Зи ҷабини заъфаронӣ кару фарри лола гўям.
Ба ду чашми новадонӣ сифати саҳоб гўям.
Чу зи офтоб зодам, ба худо, ки Кайқубодам,
На ба шаб тулўъ созам, на зи моҳтоб гўям.
***
Эй ёри ман, эй ёри ман, эй ёри безинҳори ман,
Эй ҳаҷри ту дилсўзи ман, эй лутфи ту ғамхори ман.
Чун Юсуфӣ дар дилбарӣ, оиву ҷўӣ муштарӣ,
То оташе андар занӣ дар Мисру дар бозори ман.
Эй дар замин моро қамар, эй нимашаб моро саҳар
Андар хатар моро сипар, эй абри шаккарбори ман.
Хуш меравӣ дар ҷони ман, чун мекунӣ дармони ман,
Эй дину эй имони ман, эй баҳри гавҳарбори ман.
Ҳам мўнису ғамхори ман, ҳам давлати хандони ман.
Валлаҳ, ки садчандони ман, як даст аз бисёри ман.
Эй шабравонро машъала, девонагонро силсила,
Эй манзили ҳар қофила, эй қофиласолори ман.
Ҳам раҳзанӣ, ҳам раҳбарӣ, ҳам моҳиву ҳам муштарӣ
Ҳам ин сарӣ, ҳам он сарӣ ҳам ганҷи истизҳори ман.
Эй ҷони ман, эй ҷони ман, султони ман, султони ман,
Дарёи бепоёни ман, болотар аз пиндори ман.
Эй хоки ту афлоки ман, эй заҳри ту тарёки ман,
Завқи дили ғамноки ман, шавқи ҳама асрори ман,
Гўяд: биё, шарҳе бигў? Гўям: чӣ гўям пеши ту,
Гўяд: биё, ҳила маҷў, эй бандаи таррори ман!
Гўям, ки ганҷи шойгон, гўяд: бале бе ройгон,
Ҷон гўяму он гаҳ чӣ ҷон гўям сабук кун бори ман.
Ҳар ҷо, ки шере меравад, пешаш сияҳгўше равад,
Эй тан, сияҳгўшӣ магар, ё шери маънидори ман?
Бингар сияҳгўши маро, бар шер тавре мезанад,
Тавфе кунед, эй ошиқон бар каъбаи асрори ман.
Хомўш кун, гар партави анвори Шамсиддин бувад,
Ҳам зинати анвори дил, ҳам равнақи аброри ман.
***
Пўшида чун ҷон меравӣ андар миёни ҷони ман,
Сарви хиромони манӣ, эй равнақи бўстони ман.
Ҳафт осмонро бардарам, дар ҳафт дарё бигзарам,
Чун дилбарона бингарӣ дар ҷони саргардони ман.
То омадӣ андар барам, шуд куфру имон чокарам,
Эй дидани ту дини ман в-эй рўи ту имони ман.
Бе пову сар кардӣ маро, бе хобу хўр кардӣ маро,
Дар пеши Яъқуб андар о, эй Юсуфи Канъони ман.
Аз лутфи ту чун ҷон шавам, в-аз хештан пинҳон шавам,
Эй ҳасти ту пинҳон шуда дар ҳастии пинҳони ман.
Гул ҷомадор аз дасти ту, эй чашми наргис масти ту.
В-эй шохҳо обисти ту, эй боғи бепоёни ман.
Як лаҳза доғам мекашӣ, як дам ба боғам мекашӣ,
Пеши чароғам мекашӣ, то во шавад чашмони ман.
Эй шаҳ Салоҳиддини ман, раҳдони ман, раҳбини ман,
Эй фориғ аз тамкини ман, эй бартар аз имкони ман.
Мар аҳли киштиро лаҳад дар баҳр бошад то абад
Дар оби ҳайвон марг ку, эй гавҳари Уммони ман.
Эй бўи ту дар роҳи ман в-эй оҳи ту ҳамроҳи ман,
Бар бўи шоҳаншоҳи ман шуд ранги ту ҳайрони ман.
Чун меравӣ бе ман марав, в-эй ҷони ҷон бе тан марав,
В-аз чашми ман берун марав, эй шўълаи тобони ман.
То кай гурезӣ аз аҷал дар арғувону арғунун,
Нак кашкашонат мекашад, инно илайҳи роҷиун.
***
Пири ману муриди ман, дарди ману давои ман,
Фош бигуфтам ин сухан Шамси ману худои ман.
Аз ту ба Ҳақ расидаам эй ҳақи ҳақгузори ман,
Шукри туро ситодаам, Шамси ману худои ман.
Мот шавам зи ишқи ту з-он ки шаҳи ду оламӣ,
То ту маро назар кунӣ, Шамси ману худои ман.
Маҳв шавам ба пеши ту, то ки асар намонадам,
Шарти адаб чунин бувад, Шамси ману худои ман.
Шаҳпари Ҷабраилро тоқати он куҷо бувад,
К-аз ту нишон диҳад маро, Шамси ману худои ман.
Ҳотами Тай куҷо, ки то бўса диҳад рикобро,
Вақти сахову бахшиш аст, Шамси ману худои ман.
Исӣ мурда зинда кард, дид фанои хештан,
Зиндаи ҷовидон туӣ, Шамси ману худои ман.
Абр биёву об зан Машриқу Мағриби ҷаҳон,
Сур будам, ки мерасад Шамси ману худои ман.
Ҳури қусурро бигў: рехт бурун бар аз биҳишт,
Тахт бинеҳ, ки мерасад Шамси ману худои ман.
Қаъбаи ман, куништи ман, дўзахи ман, биҳишти ман,
Мўниси рўзгори ман, Шамси ману худои ман,
Барқ агар ҳазор сол чарх занад ба Шарқу Ғарб,
Аз ту нишон кай оварад, Шамси ману худои ман.
Наъраи ҳуй ҳой ман аз дари Рум то ба Балх,
Асл куҷо хато кунад, Шамси ману худои ман.
Аз дари Миср то ба Чин гуфтаву ҳою ҳуи ман,
Гуфтаи Шамсидин бихон, Шамси ману худои ман.
***
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дўстонро шод гардон душманонро кўр кун.
Аз паси кўҳе барову сангҳоро лаъл соз,
Бори дигар ғўраҳоро пухтаву ангур кун.
Офтобо, бори дигар боғро сарсабз кун,
Даштрову киштро пурҳуллаву пурнур кун.
Офтобо, бори дигар сўи мағриб бозрав,
Ҷумлаи сайёраро бар ҳусни худ мағрур кун.
Эй рафиқи бедилону эй аниси хастагон,
Бедилонро чора созу марҳами ранҷур кун.
Эй табиби ошиқону эй чароғи осмон,
Ошиқонро даст гиру чораи ранҷур кун.
Инчунин рўи чу маҳ дар зери абр инсоф нест,
Соате он абрро аз пеши он маҳ дур кун.
Гар ҷаҳон пурнур хоҳӣ, даст аз рух боз дор,
В-ар ҷаҳон торик хоҳӣ, рўйро мастур кун.
Шамси Табрезӣ ниқоби кибриёро баркушо,
Ҷони муштоқони шамъи рўи худ масрур кун.
* * *
Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рўшноӣ маслиҳат нест.
Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ,
Пас аз шоҳӣ гадоӣ маслиҳат нест.
Шуморо бе шумо мехонад Он ёр,
Шуморо ин шумоӣ маслиҳат нест.
Чу по дорӣ бирав дасте биҷунбон,
Туро бедасту поӣ маслиҳат нест.
Чу поят менамонад, пар диҳандат,
Ки бе пар дар ҳавоӣ маслиҳат нест.
Ҳумои Қофи қурбӣ, эй бародар,
Ҳуморо ҷуз ҳумоӣ маслиҳат нест.
Чу пар ёбӣ, ба сўи доми Ҳаққ пар,
Ки аз домаш раҳоӣ маслиҳат нест.
Ҷаҳон – ҷўю сафо — баҳру ту — моҳӣ,
Дар ин ҷўй ошноӣ маслиҳат нест.
Хамўш бошу фанои баҳри Ҳаққ шав,
Ба ҳам боре худоӣ маслиҳат нест.