Далелу рақам ва тафаккури мантиқӣ

Чунон ки аз таърифи услуби илмӣ маълум аст, фикр дар доираи ин услуб ба воситаи далелу рақам ва муҳокимаронии мантиқӣ ифода меёбад. Яъне дар услуби илмӣ маҳз ҳамин се таъбир асоси андешаро ташкил медиҳанд.

Далел гуфта, вазъияти назариявӣ ё воқеиеро меноманд, ки бо ёрии он тезис ё андешаи асосӣ асосӣ асоснок мегардад.

Далелҳое, ки як ҳақиқат ё воқеъиятро ба исбот мерасонанд, аз инҳо иборатанд:

  • қонунҳои қаблан исботшудаи илм (химия, физика, биология, теоремаи бахши математика ва ғ.);
  • вазъиятҳои возеҳу равшане, ки ба исбот эҳтиёҷ надоранд (аксиома ва постулатҳо)
  • маводи воқеие, ки зимни он маълумотҳои тақрибӣ ҷоиз нестанд (маводи оморӣ дар бораи нуфуси давлати дахлдор, гувоҳии шоҳидон, имзои дар зери санади дахлдор гузоштаи шахс, далелҳои илмӣ);
  • нақши далел (аз ҷумла илмӣ) низ дар кори ба исбот расонидани  вазъият ва асоснок намудани вазъиятҳои муайян хеле васеъ мебошад.

Якчанд навъи таснифи далел вуҷуд дошта, аз ин миён таснифоти дугонае бештар маъруфият дорад, ки мувофиқи он чунин хелҳои далел ба назар мерасанд:

а) мантиқӣ;

б) равоншиноcӣ (психологӣ)

Далели мантиқӣ гуфта, ҳамон навъи далелро меноманд, ки ба ақлу хиради шунаванда ё аҳли аудитория нигаронида шудааст. Қудрати мантиқи фикрронӣ вобаста ба он аст, ки маводи аввалия то чӣ андоза бо диққат интихобу таҳлил, то чи андоза  далелҳо ба таври дақиқ муаррифӣ шудаанд. Дар айни ҳол далелҳои  заифу шубҳанок аз мақола берун кашида мешаванд, то ин ки гувоҳиро аз байн набаранд.

Далели равоншиноcӣ ё психологӣ гуфта,  ҳамон навъи далелро меноманд, ки ба эҳсоси шунаванда ё аҳли аудитория (толор) нигаронида шудааст.

Ҳамчунин дар услуби илмӣ ба ҷуз далел боз рақам нақши муҳим мебозад. Махсусан дар соҳаи  тиб басомади ҳодисаҳои клиникӣ  духтуронро водор бар он сохт, ки усули омориро ҳангоми пешбурди корҳои  илмӣ ба инобат гиранд. Тақрибан аз даҳаи 30-юми қарни гузашта равиши миқдорию оморӣ зимни тавсифу таҳлили падидаю ҳодисаҳои клиникӣ дар зеҳни бисёре аз наслҳои духтурон ба таври устувор  нақш бастанд. Омори биологӣ боис гашт, ки  таҳқиқотҳои тиббӣ аз тавсифи мушоҳидаҳои  ҷудогона ва силсилаи ҳодисаҳо ба  татбиқи корҳои таҷрибавие бо  истифодаи гурўҳҳои санҷишӣ ва озмоишҳои вусъатноку тахминӣ таҳти назорат баргардад. Дар даҳаҳои  40 ва 50 асри гузашта танҳо  қисми андаки олимон принсипҳои омори биологиро  ба кор мебурданд. Рафта – рафта миқдори таҳқиқотҳои клиникӣ афзоиш ёфта, истифодаи усулҳои оморӣ зуд паҳн гашт. Кор то ҷое расид, ки дар даҳаи 80 асри гузашта дар  бораи сифати таҳлили омории мақолаҳои тиббӣ донишмандони Ғарб як қатор  асарҳоро ба вуҷуд оварданд.

Мутассифона, духтурони кишварҳои  ғарбӣ ҳангоми истифодаи  принсипҳои  оморӣ ба саҳву хатоҳои нобахшиданӣ роҳ медиҳанд. Миқдори хатоҳои номбаршуда  дар айни ҳол аз 50% то 80% дакка мехўрад. Ҳолати мазкур бо ду сабаб ба амал меояд: якум, бештари истилоҳоти оморӣ хусусияти гумроҳкунанда дошта, аз забони одии рўзмарра гирифта шудаанд. Чунончи, истилоҳҳои «аҳамиятнок», «хато», «муқаррарӣ» аз ин қабил буда, духтурон дар миёни маъниҳои маъмулию истилоҳии онҳо фарқ гузошта наметавонанд.

Дуввум, барои дарки принсипҳои омор тафаккури инкишофёфтаи  мавҳум (абстрактӣ)  зарур аст, вале духтурон ба категорияи фаъолиятҳои амалӣ вобаста мебошанд.  Аз ин рў онҳо қодир нестанд, то аз рўйи категорияҳои «популятсия», «эҳтимолияти тақсимшавӣ», «гипотезаи сифрбунёд» фикр ронанд.

Сеюм, духтурон дар баробари дастгоҳи математикӣ дучори ҳаяҷону изтироби номафҳум гашта, гумон мекунанд, ки илми дақиқ ҳеҷ гоҳ ба иштибоҳ роҳ намедиҳад.

Чорум, илми омор аз рўйи таърифе, ки ба он додаанд, хусусияти амалӣ дорад. Аз як тараф, ҳамаи тестҳои оморӣ бар рўйи  дастгоҳи математикӣ асос ёфтаанд, аз ҷониби дигар, мо набояд принсипҳои онро ҷудо аз методологияи таҳқиқотҳои клиникӣ аз назар гузаронем. Зеро омор танҳо яке аз ҷузъҳои таҳқиқ буда, бояд дар партави ҳамаи масъалаҳое баррасӣ гардад, ки сифату кайфияти кори илмиро муайян хоҳад намуд.

Тавсият (баён) –и масъалаи асосии таҳқиқ, интихоби усулу ба масъалаи асосӣ мувофиқ ва тарзи ба роҳ мондани таҳқиқ, махсусан чида гирифтани беморон ва хусусияти маълумотҳои ҳосилшуда дар якҷоягӣ интихоби усули муносиби таҳлили омориро муайян хоҳанд намуд ва дар ниҳояти амр бар рўйи боварибахш будани натиҷаҳои бадастомада таъсири муайян хоҳанд гузошт. Ташаккули методологияи муосири таҳқиқотҳои клиникӣ ҳамзамон бо такмилёбии усулҳои таҳлили миқлории маълумотҳои илмӣ ба амал меояд.

Қисме аз усулҳои оморӣ, аз ҷумла баъзе аз навъҳои таҳлили шифохонаӣ (ANOVA), таҳлили бақияи каҷхатаи умр (кривое достижение) маҳз барои анҷом додани таҳқиқотҳои клиникӣ таҳия гаштаанд. Зимни қисми бештари дастурҳои оморӣ диққати асосӣ ба принсипҳои математикӣ равона гардида, вале аз бобати истифодаи тестҳои мазкур дар амалияи таҳқиқотҳои илмӣ камтар сухан ронда мешавад.

Хушбахтона, солҳои охир оид ба омори биологӣ дастурҳое пайдо шудаанд, ки муаллифонашон фикру андешаи хешро бо забони барои муҳаққиқони соҳаи тиб нисбатан дастрасу фаҳмотар баён мекунанд. Зимни чунин дастурҳо диққати асосӣ ба истифодаи амалии тестҳои оморие  равона гардидааст, ки барои  тафсиру шарҳи натиҷаи  таҳқиқот мусоидат хоҳанд кард. Дар ҳақиқат, барои як олим ҳангоми анҷом додани таҳқиқот аз дарки ҳисобу китоби математикии омор дида, ёд гирифтани тарзи дурусти истифода аз омор ва бо ёрии он шарҳ додани натиҷаҳои ҳосилшуда муҳимтар менамояд.

Вале ҳатто дар шароити Русия дастуру тавсияҳои дахлдор оид ба муаррифии натиҷаи таҳқиқот вуҷуд надоранд; на дар доираи мактабҳои олии тиббӣ ва на дар чаҳорчўбаи аспирантура  усулҳои таҳқиқоти клиникӣ дарс дода намешаванд. Ҳарчанд дар шароити каишварҳои ғарбӣ чунин мушкилот вуҷуд надорад.

Илова бар ин дар Ғарб барномаҳои компютерие вуҷуд доранд, ки мутахассиси ногоҳ ҳам метавонад бе ёрии дигарон тести заруриро интихоб намуда, ҳисобу китоби дахлдорро анҷом диҳад.

Дар шароити Русия нахустин китоб дар заминаи методологияи таҳқиқоти клиникӣ зери номи « Эпидемиологияи клиникӣ, Асосҳои тибби далелнок» ба қалами Р.Флетчера, С.Флетчер ва Э Вагнера чоп шуд.

Илова бар ин, дар услуби илмӣ ҳамзамон бо далелу рақам боз муҳокимаронии мантиқӣ зарур менамояд, то ин ки як натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд. Ба ибораи дигар, ҳангоми фикрронӣ як навъ риояи пайравии мантиқӣ бояд сурат гирад. Бо ин мақсад ҳар як далелу рақам дар тарозуи ақл гузошта шуда, робитаидуҷонибаи байни онҳо ба назари эътибор гирифта мешавад. Муҳокимаронии мантиқӣ гуфта, он қисми тафаккурро меноманд, ки ба таври ғайритабиӣ, ба дур аз ҳар гуна эҳсосоте, ки қалби шунавандаро дучори ҳаяҷону изтироб гардонад ва мутобиқи омодагии пешакӣ ҷараён мегирад. Чунин навъи муҳокимаронӣ асосан ба аклу хиради гўянда такя намуда, ашёи дахлдор ё фарзияи илмиро ба исбот мерасонад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *