Адабиёти муосири тоҷик — Садриддин Айнӣ

Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар  зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодзодагон кард ва партаве бар ҷаҳони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурў нахоҳад нишаст, дар миён ҳаст ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд.

Саид Нафисӣ

Тарҷумаи ҳол

          «Ёд дорам, — мегӯяд шодравон адабиётшинос Турақул Зеҳнӣ, — ки саҳни Регистон моломоли одам буд. Ман ҳам тамошо доштам. Як вақт садои ғул-ғул баланд шуд, ки мегуфтанд: «Айниро оварданд, Айниро оварданд!». Айниро оварда ба пушти як нафар шахсе, ки чун Деви Ғул истода буд, гузоштанд. Аз ду даст ва китфаш маҳкам медоштанд. Як банд чўби зарангро оварда, ба наздаш гузоштанд. Агар чўбе шиканад, дигарашро ба кор бурданӣ буданд. Фармондеҳи он девсиратон фармони «Як, ду»-ро медод. Чўбдорон бо чўби якунимметрӣ ба тахтапушти бараҳнаи устод мезаданд. Бадани ў аввал сурх шуд, баъд нилӣ гардид ва сипас дар зери зарбаи чўб парчаҳои гўшти бадани устод ба ҳар тараф пош хўрдан гирифтанд. Баъзе ҷоҳилони ҳайвонтабиат барои он ки садоқати хешро ба амир нишон диҳанд, бо дасту мушти худ Айниро мезаданд. Аммо дар ҳангомаи хунин одамоне низ буданд, ки дарун-дарун сўхта, дуд аз димоғ бароварда, чакраҳои хуни ҷигар аз дидаҳо шашқатор мерехтанд.

Айниро пас аз зарби ҷонгудози 75 чўб дар ҳолати мадҳушӣ ба зиндон андохтанд. Фардои он рўз, яъне 8-уми апрели соли 1917 сарбозони рус аз Когон ба Бухоро ворид гардида, зиндониён, аз он ҷумла устод Айниро озод карданд».

Ҳамаи ин ранҷу озорҳо, зарбаҳои ҷонгудоз, ки насиби устод Айнӣ гардид, ба чӣ хотир буд? Чӣ гуноҳи азим содир кард? Гуноҳи ў он буд, ки мехост дар байни мардум чароғи илму ирфон, машъали маърифатро фурўзон намояд, ба фарзандони халқ дониш омўзонад, китобҳои дарсӣ иншо кунаду ҷавононро ба ростӣ, ба покӣ раҳнамо созад. Танҳо ҳамин«гуноҳаш» буд. Хушбахтона, толеъаш саъд омад, аз зиндони амирӣ раҳо ёфт, озод гардид ва ба халқи азизу кишвараш хизмати шоиста кард ва сазовори номи баланд — Асосгузори адабиёти навини тоҷик ва рутбаи олӣ — Қаҳрамони Тоҷикистон гардид.

Садриддин Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи (Айнии ҳозира) вилояти Бухоро таваллуд ёфтааст. Падари устод Айнӣ Саидмуродхоҷа марди деҳқон буда, аз касби деҳқонӣ рўзгори хешро таъмин мекард. Вале азбаски замин кам дошт, ба хотири қути лоямути аҳли оила боз ба касби сангиосиётарошӣ машғул мегардид. Саидмуродхоҷа марди оқил буд ва хату савод ҳам дошт. Чанд сол дар мадраса ҳам таҳсили илм кард. Вале рўзгор ўро имкон надод, ки таҳсилашро дар Бухоро давом диҳад. Маҷбур шуд, ки боз ба деҳа баргардад. Аз ин рў, ў бисёр мехост, ки ба ҷояш фарзандонаш хонанд ва соҳибмаърифат гарданд.

Садриддин таҳсили ибтидоиро нахуст дар назди Бибихалифа, дар мактаби духтарона оғоз кард. Дар он ҷо хату савод баровард. Вале дар ҳамин айём дар музофоти Бухоро, аз ҷумла дар деҳи Соктаре касалии вабо доман густурд. Ин дарди бедармон аввал падари Айнӣ Саидмуродхоҷа ва пас аз 40 рўз модари ўро ба коми худ фурў бурд. Дар ин ҳангом Садриддин ёздаҳ сол дошт. Акнун ятимӣ, бори зиндагӣ ба сараш афтод. Сарпарастии оила- бародарони хурдсолаш Сироҷиддин ва Киромиддин ба дўшаш афтод.

Баъд аз як сол Айнӣ бародаронашро ба тарбияи модаркалонаш супорида, барои давом додани таҳсил роҳи Бухороро пеш гирифт. Ин ҳодиса соли 1890, дар синни дувоздаҳсолагиаш рўй дода буд.

Устод Айнӣ дар Бухоро дар мадрасаҳои Мири Араб, Бадалбек, Хоҷа Зоҳид, Кўкалтош дар назди донишмандон таҳсили илм карда, дар баробари ин барои пайдо кардани қути лоямут дар ҷойҳои гуногун ба кори ҷисмонӣ машғул гардид. Махсусан, чанд муддат дар хонаи Садри Зиё хизмат ва зиндагӣ кард. Маҳз устод дар ҳамин ҷо бо аҳли адаби Бухоро шинос шуда, дар маҷлисҳои адабии онҳо иштирок кард. Хонаи Шарифҷонмахдум барои ташаккул ёфтани ҷаҳонбинии нависанда, муайян намудани роҳи эҷодии ў роли муҳим бозид.

Нуктаи назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводирулвақоеъ» нисбат ба сохти пўсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ў як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рў, дар ибтидои асри XX устод дар эҷодиёташ идеяҳои пешқадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд.

Ғайр аз ин, нависанда дар ин давра хеле рушду камол ёфт. Ба масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвараш аз диди дигар назар кард. Ҷаҳолат ва қафомондагии Бухорои Шарифро амиқтар дарк намуд. Махсусан, мутолиаи рўзномаҳои «Чеҳранамо» ва «Тарҷумон», ки дар Ҳиндустон ва Боғчасаройи Қрим ба табъ мерасиданд, чашмони устодро кушод. Баъд аз ин устод ба шаҳру деҳоти кишвар баромада, бо мардуми оддӣ вохўрӣ ва сўҳбатҳо орост. Кушодани мактабҳои навро ба эшон тавсия намуд. Ҳамин тавр, устод яке аз аввалинҳо шуда барои мактабҳои нав китобҳои дарсӣ иншо намуд. « Таҳзибуссибиён»-ро Айнӣ маҳз ба ҳамин хотир соли 1909 барои шогирдон офарид, ки имрўз ҳам басо арзишманд аст.

Чунин корҳои хайр ба амиру қушбегӣ маъқул набуданд. Аз ин хотир ҳамеша чунин ашхоси ҷонсупор ва бомаърифатро таъқиб менамуданд, мекуштанд, ба зиндон мепартофтанд, ки устод Айнӣ ҳам, чунон ки қаблан ёдовар шудем, шаҳди онро чашида, зиндонӣ шуда, 75 чўб хўрда буданд.

Инқилоби Октябр ғалаба кард. Айнӣ нафаси тоза гирифт. Акнун устод ба ҳар як кор пешвою раҳнамо буд. Аз Самарқанд ба Тоҷикистон — ба Ду-шанбе омад. Мирзо Турсунзода омадани устодро дар достони « Чароғи абадӣ» бо ифтихору ҳаяҷони беандоза, бо садоқату самимияти хос чунин ба қалам додааст:

Қатор омад, вагон-поезд омад,
Ба ҷони интизорон, ҷон даромад.
Ду чашми ман ба дарҳои вагон шуд,
Мана, аз дар адиби мо аён шуд,
Намоён гашт фарзанди Бухоро,
Ҳамон тавре, ки дидӣ дар «Алифбо».
Сафедӣ риши ў ишғол карда,
Танашро хастагӣ беҳол карда.
Валекин дил ҷавон, пурҷўш сина,
Асо дар даст по монад ба зина.
Қариб аз нур монда чашмҳояш,
Шуда ларзон садояш, дасту пояш.
Адиби хешро оғўш кардем,
Заданҳои дилашро гўш кардем.
Ба устоди қаламкаш дод пайғом,
Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом.
Салом омад, дуруд омад ба Айнӣ,
Саломи чун суруд омад ба Айнӣ.

Пасон устод Айинӣ дар Душанбе манзил ихтиёр кард ва сарвару роҳбари аҳли фарҳанг гардид. Пеш аз ҳама, барои такмилу инкишофи забони адабии тоҷик миён баст. Ба муқобили душманони миллат бо ду роҳ мубори-заи беамон бурд. Нахуст бо навиштани асарҳои илмӣ ва сониян, бо эҷоди асарҳои бадеӣ. Ғолибият насибаш гашт ва забони тоҷикӣ пойдору бегазанд монд. Аз ҳама муҳимаш боз он, ки забони адабии тоҷик ва фонди луғавии он бой гардид, ташаккул ёфт ва дар арсаи байналхалқӣ мақому манзалати пешини хешро пойдор намуд.

Соли 1951 дар Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Академияи улум ташкил ёфт ва устод Айнӣ нахустин Президенти он интихоб гардид. Дар тўли солҳои зиёд ў дар ин даргоҳ хизмат кард ва дар густариши соҳаҳои мухталифи илму адаби ҷумҳурӣ, тарбияи олимон ва адибон саҳмгузор гашт.

Оре, устод умри бобаракати хешро ройгон нагузаронида, барои ягонагӣ ва ваҳдати миллат, илму фарҳанги он ҷоннисорӣ намуд. Устод Айнӣ 15 июли соли 1954 дар Душанбешаҳр вафот кард. Ҳоло мақбараи устод Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Он ҷойро Боғи Айнӣ мегўянд. Боғи устод обод аст. Гулгаштҳои сабзу хуррам, дарахтони сарву чинор ва ғайра, ки сар ба афлок кашидаанд, гўё аз чор тараф устодро посбонӣ доранд. Рафтуомади меҳмонон ва мухлисон поён надорад. Дар ин гулбоғи устод ҷамъомадҳои фарҳангӣ, базми шеъру суруд баргузор мегарданд. Қабри устод гулпўш аст. Халқи тоҷик бо номи ин фарзанди фарзонаи худ ифтихору сарбаландӣ дорад. Яке аз мавзеъҳои бошукўҳтарини Душанбе Майдони Айнӣ номгузорӣ шудааст, ки дар маркази он ҳайкали устод бо шукўҳу ҷалол қомат афрохтааст. Ин ҷой низ зиёратгоҳи мардум аст, ҷашни Наврўзи Аҷам дар назди ҳайкали устод таҷлил меёбад.

Оре, хизмати ин марди бузург дар вақташ низ қадрдонӣ шуда буд. Пас аз он ки ҷумҳурӣ соҳибистиқлол гашт, мақому мартабаи устод Айнӣ боз ҳам боло гирифт. Соли 1998 ба устод унвони олӣ-Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Ў аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон аст.

Чунон ки дидем, хизмати устод Айнӣ дар пойдории миллат ва рушду камоли илму адаб ва такмили забони адабии имрўзаи тоҷик пурарзиш аст. Боз пурқиматтарин хизмати устод Айнӣ мероси илмию адабии ўст, ки ба наслҳои имрўзу оянда чун дурри ноёб, волотар аз зару зевар мерос гузоштааст.

Мероси илмию адабии устод Айнӣ ба забонҳои англисӣ, немисӣ, ҳиндӣ, хитоӣ, фаронсавӣ ва ғайра тарҷума ва нашр гардида ва аз тарафи шарқшиносон баҳои арзанда гирифтаанд. Аз ин хотир, устод Айниро дар радифи бузургтарин адибони дунё гузоштаанд. Бесабаб нест, ки соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО ҷашни 100-солагии зодрўзи Садриддин Айнӣ дар тамоми кишварҳои дунё бо тантана таҷлил гардид.

МЕРОСИ ИЛМӢ ВА АДАБИИ УСТОД

Садриддин Айнӣ ба эҷоди асарҳои илмӣ ҳанўз дар ибтидои асри XX шурўъ карда буд. Аввалин асарҳои  илмии устод китобҳои дарсӣ буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардиданд. Яке аз онҳо «Таҳзибуссибён» аст, ки устод аз нигоҳи нав барои толибилмони хурдсол онро иншо кард. Дар китоб дар баробари додани қоидаҳои забон ҳикояҳои хурди пандомез, ки бештари онҳо эҷоди худи муаллиф буданд, дохил гардидаанд.

Пас аз Инқилоби Октябр як гурўҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, китоби «Наму-наи адабиёти тоҷик»-ро соли 1926 иншо намуд. Устод дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннаҳру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар на-мунаҳои знёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рўдакӣ, Кисоии Марвазӣ, Абўҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурўзон карда буданд

Ба ҳамин тариқ, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи куҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омўзиши таърихи адабиёти тоҷик маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки имрўз ҳам  « Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст ва мардуми моро дар рўҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.

Пас аз ин устод Айнӣ дар бораи симоҳои барҷастаи фарҳанг ва адаби тоҷик ба навиштани асарҳои илмию тадқиқотӣ мепардозад. Соли 1934 асари пурарзиши худ дар бораи Фирдавсӣ ва«Шоҳнома»-и ўро ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пай дар ҳам асарҳои «Шайхурраис Абўалӣ Сино», «Шайх Муслихиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рўдакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳо ба табъ мерасанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тўлонӣ доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эҷодии Абулқосим Фирдавсӣ чи дар байни муаллифони сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони Шўравию хориҷӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавҷуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро ҳамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд.

Вале, чунон ки устод Айнӣ мегўяд, ҳаёти Фирдавсӣ бевосита дар «Шоҳнома»-и ў ба хубӣ инъикос ёфтааст. Бинобар ин, ҳангоми навиштани асар устод, пеш аз ҳама, ба «Шоҳнома» такя мекунад. Дар ин бора С. Айнӣ чунин мегўяд: «Ман дар ин ҷо ба тарзи мухтасар чизҳоеро, ки дар бораи чӣ гуна навиштани «Шоҳнома» тазкира ва тарҷумаи ҳолнависони Шарқ навиштаанд, нақл мекунам ва пас аз он бо гуфтаҳои худи Фирдавсӣ ростӣ ва дурўғии онҳоро ҷудо карда нишон медиҳам».

Яке аз фикрҳои ғалате, ки дар сарчашмаҳо ва асарҳои шарқшиносон паҳн шудааст ин аст, ки гўё Фирдавсӣ бо супориши Маҳмуди Ғазнавӣ бо ваъдаи ба ҳар як байташ як мисқол тилло инъом додан бо машварату далолати Аёз, Унсурӣ, Ҳасани Маймандӣ ё барои муҳайё намудани чиҳози духтараш қалам ба даст гирифта, 35 сол ранҷ бурда, «Шоҳнома»-ро эҷод кардааст.

Устод С. Айнӣ барои исботи ин фикрҳои ғалат «Шоҳнома»-ро пурра мутолиа мекунад ва дар асоси абёти «Шоҳнома» нодуруст будани ақидаҳои онҳоро собит менамояд ва ниҳоят ба чунин хулоса меояд:

«Аз ин сатрҳо ошкоро маълум мешавад, ки Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро на бо фармуди Султон Маҳмуд, на ба номи ў, на бо далолати Аёз, на бо машварати Ҳасани Маймандӣ ё Унсурӣ ё Моҳак ба номи султон навишта-аст ва на дар вақти навиштани «Шоҳнома» аз Султон ваъдаи ба ҳар байт як мисқол тиллоро гирифтааст, на боғ ва на дигар муованат дидааст. Балки пеш аз ҷулуси Султон Маҳмуд дар вақти ба инқироз рў овардани давлати Сомониён, дар айёми набудани харидор… ва дар вақти ноосуда, пур аз ҷанг будани ҷаҳон («Замона саросар пур аз ҷанг буд) бо машварати дўсти худаш корро сар кардааст».

Дигар ҷиҳати муҳими асари устод боз дар он аст, ки сабабҳои объективии ба Султон Маҳмуд пешкаш намудани «Шоҳнома» ва ба Султон писанд нааф-тодани он, ҳаҷвномаи Фирдавсӣ, сарсону саргардониҳои зиёди шоир, азобу ранҷҳои кашидаи ў ва ниҳоят дар бораи рўзҳои вопасини ҳаёти Фирдавсӣ хеле муфассал маълумот дода, фикрҳояшро бо факту далелҳои раднопазир исбот намудааст.

Ғайр аз ин, устод ба масъалаҳои соли таваллуду вафоти шоир, солҳои навиштани «Шоҳнома», авлоди Фирдавсӣ, муқаллидони «Шоҳнома», забонӣ асар ва ҳамин барин масъалаҳои ҳалнашуда равшанӣ андохтааст.

Чунон ки маълум аст, пас аз асари устод роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ чи дар хориҷа ва чи дар кишвари мо асарҳои зиёди илмию тадқиқотӣ ба табъ расидаанд. Дар ин мавзўъ як гурўҳи калони олимон рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ карданд. Дар оянда боз ҳам паҳлуҳои ҳанўз омўхтанашудаи асари Фирдавсӣ аз шоҳасари ў давом мекунад. Зеро «Шоҳнома» асари бузург аст ва таҳлилу таҳқиқи ҳаматарафаи он аз тарафи мутахассисон солҳои зиёдро талаб мекунад.

Аз ин ҷиҳат хизмати устод Садриддин Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба таҳқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омўзиши муҳаққиқонро муайян намуд.

Ҳамин тавр, асари устод дар омўзиши минбаъдаи эҷодиёти адиб як қутбнамои махсус ҳисоб мешавад. Муҳаққиқон махсус асари устодро сар-чашмаи илҳом ва асоси асарҳои худ қарор доданд ва дар зери таъсири бавосита ё бевоситаи он тадкиқотҳои муҳими илмӣ иншо намуданд ва он дар оянда ҳам сарчашмаи асосӣ ба ҳисоб хоҳад рафт.

Устод С. Айнӣ ҳанўз дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар бораи сардафтари адабиёти классикии тоҷикӣ-форсӣ Абўабдулло Рўдакӣ маълумот дода буд. Минбаъд омўзиши ҳаёту эҷодиёти ин сипаҳсолори назм боз ҳам вусъат меёбад. Соли 1940 ду мақолаи муҳими С. Айнӣ «Устод Рўдакӣ» ва «Қабри устод Рўдакӣ ва деҳаи Рўдак» дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» нашр мешаванд.

Бояд зикр кард, ки қимату арзиши ин ду мақолаи устод С. Айнӣ дар таърихи омўзиши ҳаёт ва осори Рўдакӣ басо бузург аст.

Барои эҷоди мақолаҳои мазкур С. Айнӣ чандин сол заҳмат кашида, асарҳои тазкиранависон ва муаррихони гузаштаро варақ зада, маводи фаровоне ҷамъ намуд. Бо вуҷуди ин ҳангоми таҳқиқи ҳаёту эҷодиёти Рўдакӣ барои устод Айнӣ басо душвориҳо пеш омад. Зеро маълумоти сарчашмаҳои адабию таърихии роҷеъ ба Рўдакй мухталиф буданд. Сониян, осори адиб то замони мо ниҳоят кам боқӣ мондааст. Дастранҷҳои Рўдакӣ дар натиҷаи задухўрдҳои амирони саркашу ҷангҷўй ба тороҷ рафтаанд. Аз ин ҷост, ки С. Айнӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳои асосии ҳаёту эҷодиёти Рўдакӣ ба маъхазу сарчашмаҳои қадимтарин такя намуда, масъалаҳои мураккаби ҳаёти ўро равшан месозад. Ў давраи ҳаёти Рўдакиро ба чор қисм тақсим мекунад ва дар бораи ин давраҳо маълумоти пурарзиш медиҳад. Инчунин ҳангоми омўхтани сарчашмаҳо баъзе намунаҳои ашъори устод Рўдакиро пайдо карда, онҳоро дар асараш таҳлил менамояд. Дар ин мақола хусусиятҳои асосии эҷодиёти Рўдакӣ, мундариҷаи ғоявии ашъори боқимонда, салосату фа-соҳати забони адиб, санъати баланди шеърҳои ў, қобилияту истеъдод ва маҳорати шоирии устод ва умуман симои Рўдакӣ ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс ба таври эътимодбахш нишон дода шудаанд.

Дар ҳамон солҳо дар байни олимон дар масъалаи тахаллус ва зодгоҳи устод Рўдакӣ баҳси доманадоре мерафт. Зеро фикрҳои сарчашмаҳои қадим низ мухталиф буданд. Аз ин ҷост, ки С. Айнӣ пас аз мақолаи боло ба навиштани асари «Қабри устод Рўдакӣ ва деҳаи Рўдак» шурўъ кард ва он дар шумораи 5 журнали «Шарқи Сурх» соли 1940 чоп шуда баромад. Мақолаи мазкур ба баҳси ҳазорсолаи уламои гузашта ва имрўза нуқта гузошта, зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Рўдакиро муайян намуд. Пас аз ин экспедисияи махсус бо сардории С. Айнӣ ва бо иштироки Бузургзода Л. ба Панҷруд ташкил карда шуд.

Мақолаи мазкур соли 1956 ба забони русӣ тарҷума ва чоп мешавад. Маҳз тавассути ҳамин мақола қабри устод Рўдакӣ муайян мегардад ва мақолаи С. Айнӣ ҳамчун дастуруламали асосӣ дар равшан намудани қабри ин шоири шаҳир хизмати фавқулоддае кардааст.

Ба ҳамин тариқ, устод Садриддин Айнӣ бо асарҳои ҷовидонаи худ ба илми адабиётшиносии тоҷик такони судманде дод. Ме